Раиси навтаъйини шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷовиддин аз фарсуда шудани  муҷасамаи Бобоҷон Ғафуров ва таҳкурсии он ҳиҷолатзада шудааст. Дар ин бора ӯ дар нишасти хабарӣ иттилоъ дод.

Дар маркази маъмурии вилояти Хатлон шаҳри Бохтар, дар наздикии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр муҷасамаи Бобоҷон Ғафуров, ки солҳои пеш сохта шуда буд, ҳоли хароб дорад.

Иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Бохтар Саломзода Сиҷоҳиддин  дар нишасти хабарӣ гуфт, ки аз рӯзи аввале, ки ҳамчун раиси шаҳр таъйин шудааст,  хиҷолат кашидааст, ки дар назди бинои мақомот муҷасамаи шахсияти бузург  Бобоҷон  Ғафуров фарсудаву ҳоли хароб дорад.

Раис қайд кард, ки дар сурати пайдо шудани маблағ аввалин коре, ки иҷро мекунад, навсозии муҷасамаи ин шахсияти бузург аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here