Аз шаҳри Бохтар, маркази маъмурии вилояти Хатлон, соли 2019-ум 27 ҳазору 217 тонна маҳсулоти кишоварзӣ ба хориҷи кишвар содирот шудааст.

Муовини раиси шаҳри Бохтар  Сайфиддини Исмол қайд кард, ки  бештар пиёз ва помидор аз ин шаҳр ба кишварҳои Қирғизистону Қазоқистон  содирот шудааст.

— Ҳаҷми маҳсулоти умумии кишоварзӣ соли рафта дар шаҳр  63,9 млн сомониро ташкил намуда, нисбати соли 2018 ба маблағи 6,8 млн сомонӣ зиёд аст, — гуфт муовини раиси шаҳр.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта дар майдони 155 гектар кишт карда шуда буд, ки аз он зиёда аз 16 ҳазору 272 ҳазор тонна сабзавот ва 231 тонна мева гирифта шуд. Ин нишондод нисбати соли 2018-ум 2270 тонна сабзавот ва 35 тонна мевагӣ  зиёд мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here