Дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд мусобиқаҳои ҷумҳуриявии дучархаронӣ дар шоҳроҳ ва трек баргузор шуданд. Дар сабқати дучархаронӣ дар шоҳроҳ қариб 60 варзишгар аз вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳри Душанбе ширкат варзиданд.
Ғолибони мусобиқа бо нишону сипосномаҳо аз ҷониби ширкатиTcell, Федератсияи велосипедронҳои ҶТ ва Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Бино ба қавли Президенти Федератсияи велосипедронҳо, ҳамзамон ва сарвари кулли ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев, натоиҷи варзишии дучархасаворон аз мусобиқа то мусобиқаи дигар беҳтар гардида, дар оянда ният доранд дар мусобиқаҳои байналмилалӣ боз ҳам дар сатҳи беҳтар сабқат намоянд.
Ширкати мухобиротии Tcell сарпарасти аслии Федератсияи велосипедронони Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, барои ширкат дастгирӣ ва кӯмаки молиявии чорабиниҳои варзишӣ аз аҳамияти муҳиму масъулияти иҷтимоӣ бархӯрдор мебошад. Бо тарғиби тарзи ҳаёти солим ва баргузориву дастгирии мусобиқоти варзишӣ, Тcell саҳми худро дар ташаккули миллати солим ва ҷомеаи солим мегузорад.
Мусобиқа аз ҷониби Федератсияи велосипедронони Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии Кумитаи ҷавонону варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати Tcell гузаронида шуд.