Аз 48 ҳазор  кӯдаки  аз 3 то 6-солаи ноҳияи Ёвон ҳамагӣ 2 ҳазору 293 нафар ба муассисаҳои томактабӣ ва марказҳои инкишофи кӯдак дар назди муассисаҳои таълимӣ ҷалб шуда, боқӣ 45 ҳазору 707 нафар аз чунин шароит маҳруманд.

Сармутахассиси шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон Раҳматулло Зубайдуллоев гуфт, ки фарогирии кӯдакони синни томактабӣ  ба кӯдакистонҳо ва марказҳои инкишофи кӯдак 4,5 дарсадро ташкил медиҳад. Яъне, 96,5 дарсади кӯдакони ноҳия аз муассисаҳои томактабӣ дуранд.

— Барои фарогирии пурраи  кӯдакон ба муассисаҳои томактабӣ 30 боғчаи дигар лозим аст. Ҳоло дар ҳудуди ноҳия 7 муассисаи томактабӣ бо фарогирии 1181 кӯдак фаъолият доранд. Ҳамчунин, дар назди 51 мактаб маркази инкишофи кӯдакон ташкил карда шудааст, ки ба онҳо 1112 нафар фаро гирифта шудаанд”, — гуфт ӯ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here