Президенти Сурия Башор Асад дар як ҳамоиш, ки 17- уми феврал дар ин кишвар доир шуд, гуфт, нақши нерӯҳои низомии Русия барои пешгирикунии қудратталабии мухолифони Ҳукумати Сурия хеле калон буд.
Ӯ афзуд, ки “бо вуҷуди паст шудани шиддати ҷанг ҳанӯз муноқишаҳо поён наёфтаанд”.
— Мо медонем, ки ин озодшавӣ маънои хотимаи ҷанг ё таслиму нобуд кардани ҷангҷӯёнро надорад, — таъкид кард Башор Асад. Ин як пешгӯйии мағлубияти ниҳоии онҳо хоҳад буд.
Ба қавли Башор Асад мубориза барои озод кардани Ҳаллепо ва Идлиб, инчунин, озодкунии хоки Сурия, баргардонии садҳо ҳазор шаҳрванди Сурия, ки бар асари ҷанги нӯҳсола ба хоки Турия паноҳанда шуданд, ҳанӯз идома доранд.
Ҷанг дар Сурия нӯҳ сол ба ин сӯй идома дошта, дар охири соли 2018 бо ёрии неруҳои низомии Русияву Амрико шиддати ҷанг ва нооромиҳо пасттар гардид.
Дар чанд рӯзи охир бо ёрии низомиёни рус ва полиси эронӣ тазоҳуроти опозитсионӣ дар шимолу ғарби Сурия ба эътидол дароварда шуд. Ин омил ба неруҳои низомии Башор Асад имкон дод, то назорати аксарияти деҳаҳои Идлибу Ҳаллепоро зери даст гирад.