Ба гуфтаи раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, Фарррух Ҳамрализода дар соли 2018 ширкати холдингии “Барқи тоҷик” хусусӣ гардонида намешавад. Ӯ ин нуқтаро рӯзи 13-уми феврал зимни нишастӣ хабарӣ дар ҳузури рӯзноманигорон қайд кард.

Ба гуфтаи раиси тозаинтихоби Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Фарррух Ҳамрализода барои хусусӣ гардонидани ширкати холдингии “Барқи тоҷик” таҳлилҳои ҳамаҷониба намуда, баъд ба хулоса омадан лозим аст.      

“Вобаста ба масъалаи “Барқи тоҷик” нақшаи таҷдиди ин ташкилот қабул шудааст ва нисбати ин масъала гуфта метавонам, ки татбиқи нақша идома дорад ва дар соли ҷорӣ “Барқи тоҷик” хусусӣ гардонида намешавад. “Барқи тоҷик”, ташкилотест, ки ба он тамоми шабакаҳои барқии Тоҷикистон дохил мешаванд. Барои ҳамин, ҳар як қадаме, ки вобаста ба таҷдиди ширкати “Барқи тоҷик” ниҳода мешавад, танҳо дар мувофиқа ва дар асоси таҳлилҳои ҳамаҷониба тасмим гирифта мешавад. Мо кӯшиш дорем, ки таҷрибаи дигар давлатҳоро дар самти хусусигардонӣ омӯзем ва инро мо бояд дуруст фаҳмем, ки натиҷаи ин таҷдид ба чӣ оварда мерасонад”, — қайд кард ӯ.

Тибқи иттилои кумитаи мазкур дар соли 2017 танҳо се ширкати саҳҳомӣ хусусӣ гардонида шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here