Соли 2019 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо созмонҳои молиявӣ, татбиқи 64 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ бо маблағи умумии 3,3 миллиард доллари амрикоӣ анҷом дода шуд.

Тибқи иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон то 1- уми январи соли 2020 дар кишвар, дар доираи амалисозии лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ 3 ҳазору 134 миллион сомонӣ маблағ аз худ карда шуд. Дар ин давра 30 созишномаи қарзию грантӣ ба маблағи умумии 541,9 миллион доллари амрикоӣ ба имзо расиданд. Аз ин миқдор, барои амалигардонии лоиҳаҳо 66,4 фоиз маблағҳои грантӣ 27 фоиз маблағҳои қарзӣ ва 6,6 фоиз саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Инчунин, барои амалигардонии лоиҳаҳои таҷдид ва рушд дар як қатор шаҳру ноҳияҳо корҳои татбиқӣ ҷараён доранд. Дар вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ки нисфи ҳудуди кишварро ташкил медиҳад, дар се соли минбаъда бо ҷалби сармояи хориҷиву ватанӣ, як қатор лоиҳаҳо амалӣ хоҳанд гашт.

Вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода дар нишасти хабарии ниҳодаш гуфт, дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонии рушд дар панҷ соли охир дар ВМКБ лоиҳаҳои зиёде амалӣ гардидаанд.

— Алъон, барои рушди вилоят лоиҳаҳои грантӣ татбиқ мешаванд. Мо баҳри коркарди партовҳои сахти маишӣ ва обрасонӣ ба аҳолии ин минтақа, як қатор маблағҳои қарзӣ ва грантиро ба имзо расонидем. Инчунин, барои рушди иқтисодиву иҷтимоиии вилоят низ маблағҳоро равона кардем, — гуфт ӯ. — Фақат барои таъмини аҳолӣ ва татбиқи лоиҳаи вобасташудаи деҳот дар Бадахшон, дар ҳамкорӣ бо Бонки ҷаҳонӣ, тақрибан 90 миллион доллари амрикоӣ маблағ ҷудо шудааст.

— Барои дастгирии бахши хусусии мардуми ВМКБ татбиқи се лоиҳаи дигар пешбинӣ шудааст. Мо ҳамаи имконоти доштаи худро барои рушди иқтисоиву  иҷтимоии вилоят равона мекунем, – гуфт Файзиддин Қаҳҳорзода.

1 бинависед

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here