15-уми декабр, дар бинои 11-ошёнаи истиқоматии хиёбони Рӯдакӣ, № 55/1-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе сӯхтор ба амал омадааст, ки дар натиҷа як нафар ба ҳалокат расидааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар дод.
Ин сӯхтор соати 15:43 сар зада то ба ҷойи ҳодиса расидани оташнишонон аз таъсири дуди ғализ иҷоранишини бинои мазкур Гугинева Натела Хурамовнаи 39-сола, миллаташ гурҷӣ, шаҳрванди вилояти Чимкенти Ҷумҳурии Қазоқистон, ба ҳалокат расидааст.
Гуфта мешавад, ки ба ҷойи ҳодиса бо 6 адад нақлиёти асосиву махсус сафарбар карда шуданд. Ҳангоми ба маҳалли ҳодиса расидани кормандони оташнишонӣ шахтаи барқии бинои истиқоматиро дар долонҳои бинои мазкур, аз ошёнаи 8-ум то 11-ум оташ фаро гирифта, дуди ғализи бошиддат сокинони биноро ба таҳлуқа овардааст. Дар натиҷаи гузаронидани амалиёти саривақтӣ аз ҷониби кормандони Хадамоти давлатии оташнишонӣ ва дуруст сафарбар шудани қувваю воситаҳо имкон пайдо гардидааст, ки сӯхтор ба ҳуҷраҳои истиқоматӣ паҳн нагардида, зуд хомӯш карда шавад.
Коршиносони соҳа муайян карданд, ки сабаби сӯхтор сарбории зиёд дар ноқилҳои барқӣ ва истифодаи аз меъёр зиёди неруи барқ аз тарафи сокинон будааст.