Ин матлабро рӯзи душанбе ҷонишини вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати берунаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Бадриддин Обидов дар ҷараёни ток-шоуи шабакаи аввали телевизиони кишвараш баён дошт. Ба гуфтаи ӯ аз вусъат бахшидани робитаҳои тиҷоратии миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон ҳарду ҷониб хеле манфиатдоранд.

— Вақте мо бо ҳамтоёни тоҷики худ вориди гуфтугӯву музокирот шудем, онҳо иброз доштанд, ки сифати маҳсулоти тавлиднамудаи корхонаҳои саноатии Ӯзбекистон ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавоб медиҳанд. Аз ин рӯ, ин маҳсулот дар Тоҷикистон низ харидорони зиёд пайдо кардаанд, — гуфт Бадриддин Обидов.

Ба таъкиди ӯ, дар ду соли охир бар асоси барқарор гардидани робитаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон тоҷирони зиёди ин кишвари ҳамҷавор маҳз аз бозорҳои Ӯзбекистон маводи мавриди ниёзро харидорӣ мекунанд ва бо худ мебаранд. Бадриддин Обидов мегӯяд, пӯшида нест, ки агар ин маҳсулот талабу эҳтиёҷоти мардуми ин кишвари ҳамҷаворро қаноат надиҳад, равуои харидорон низ кайҳо коҳиш меёфт.

Вай тазаккур дод, ки дар нишастҳои Ашқобод ва Остона низ роҷеъ ба тавсеаҳои ҳамкориҳои ҳамаҷонибаи миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули назар сурат гирифт. Ин гуфтушунидҳо дар мулоқоти машваратии сарони панҷ давлати Осиёи Марказӣ дар Тошканд аз сар гирифта шуд, ки ҳамчун мулоқоти таърихӣ арзёбӣ мегардад.

— Хушбахтона, ин раванд хеле хуб идома пайдо мекунад. Омилҳое, ки барои идома пайдо кардани раванди мазкур сабаби асосӣ мешаванд, ғайр аз бозоргир будани маҳсулоти корхонаҳо мо, ҳамчунин дастрас ва арзон будани ин маҳсулот низ  мебошанд. Дар айни ҳол, миёни Ӯзбекистону Тоҷикистон тамоми монеаҳо бартараф карда шудаанд. Барои ҳамин тоҷирону соҳибкорони ду тараф бидуни садде метавонанд, биёянд, ё раванду харид кунанд, — изҳор дошт ҷонишини вазири сармоягузорӣ ва тиҷорати Ҷумҳурии Ӯзбекистон.

Вакили палатаи поёнии Олий Маҷлиси Ҷумҳурии Ӯзбекистон Акмал Умрзоқов ба хабарнигори “Фараж” гуфт, ки аз тарафи Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев ба ҳузур пазируфтани сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ баёнгари он аст, ки робитаҳои миёни ду кишвар беш аз пеш беҳтар мешаванд.

— Мардуми мо як халқеанд, ки ба ду забон гуфтугӯ мекунанд. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки бо ташаббуси сарварони ин ду кишвари дӯсту бародар робитаҳоямон барқарор ва рӯз аз рӯз мустаҳкам мешавад. Мо ҳамкориҳоро дар самтҳои гуногун ривоҷ медиҳем. Албатта, аз рушду ривоҷи ҳамкориҳои тиҷоратии миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон мардуми ду самти марз баҳраманд мешаванд. Ин робитаҳои ҳамкорӣ бояд боз ҳам бештар доман фарох кунанд ва  тоҷрону соҳибкорон бозорҳоямонро бо маводи зарурӣ таъмин кунанд, — мегӯяд Акмал Умрзоқов.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, шаҳри Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here