Роҳбари бошгоҳи варзишии “BeIN”-и Қатар Носир Ал-Хелайфӣ барои тақаллуб ва сохтакориву додани пора дар Ҷоми ҷаҳонии FIFA-2022, айбдор карда шуд.
Қаблан рузномаи “Sunday Times” гузориш дода буд, ки Қатар 21 рӯз пеш аз баргузории қуръакашии Ҷоми ҷаҳон-2022 , ба таври махфӣ ба FIFA 400 миллион доллар пешниҳод кардааст. Бар асоси таҳқиқи полиси Швейтсария, бо гузашти се сол, Қатар пениҳоди дигареро барои FIFA бо маблағи 480 миллион доллар кардааст.Дар изҳороте, ки FIFA дар хусуси тақаллубкории Носир доааст, ин ташкилот Валкеро бо тақаллуби ҳуҷҷатҳо ва гирифтани пора ва Ал-Хелайфиро бо як нафари дигар бо мусоидат барои иҷрои ҷиноят, айбдор мекунад.
Аз тобистони соли 2019 ба ин сӯ бошгоҳи варзишии “BeIN” чанд садамаи моливу кориро аз сар гузаронд. 17-уми июни соли 2019 додгоҳи Фаронса бар зидди “BeIN” бо айби дуздии варзишӣ тавассути операторҳои моҳвораӣ, парвандаи ҷиноӣ боз кард. Лекин бо сабаби пайдо накардани далелҳои рӯшан ин парванда бекор гардид. Муддате баъд ,тобистони ҳамон сол, ин бошгоҳ бо баҳонии гаронии андоз 300 корманди худро ба рухсатии дарозмуддат равон кард. Онҳо то ҳол ба кор барнагаштаанд.