Арабистони Саудӣ тасмим гирифтааст, ки дар моҳи Рамазон низ дари масҷидҳо ба рӯи сокинон баста боқӣ хоҳанд монд. Мақомоти Арабистони Саудӣ ба хотири пешгирӣ аз густариши бештари сирояти коронавирус дар мамлакат ба чунин хулоса омадаанд.
Дар ин бора ОИР “Новости” бо истинод ба сомонаи иттилоотии «Хабр оҷил» хабар додааст.
Намояндаи расмии Вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ Муҳаммад Абдул Алӣ гуфтааст, ки «Ҳама пазмони ҷамъомадҳои динӣ дар моҳи Рамазон шудаанд, аммо тадбирҳои андешидашуда то аз байн рафтани пандемияи коронавирус идома хоҳанд ёфт».
Номбурда ҳамчунин, изҳор доштааст, ки “моҳи мубораки Рамазон дар ҷаҳони ислом аз охири моҳи апрел то охири моҳи май рост меояд. Феълан дар мамлакат ҷамъ шудани гуруҳи зиёди одамон иҷозат нест. Баргузории намозҳои дастаҷамъӣ низ дар масҷидҳо мамнуъ боқӣ хоҳад монд”.
Ёдовар мешавем, ки қаблан мақомоти Арабистони Саудӣ аз мусалмонҳои ҷаҳон даъват карда буд, ки бинобар таҳдиди пандемияи коронавирус, дар гирифтани омодагиҳо барои адои ҳаҷи соли 2020 интизор шаванд.
Муҳаммад Абдул Алӣ дар идома гуфтааст, ки аз рӯзи душанбеи 6-уми апрел дар баробари Маккаву Мадина, ҳамчунин, маҳдудияти гаштугузори шабонарӯзии безарурати мардум дар шаҳрҳои Ар-Риёз, Ҷидда, Даммом, Заҳрон, Ал-Катиф ва Ал-Хобар, ки шумораи зиёди мубталоён ба коронавирус ба қайд гирифта шудаанд, низ ҷорӣ гардидааст. Ин тасмим дар бораи пешгирӣ аз паҳншавии “вируси тоҷдор” ба манфиати ҳама хоҳад буд.
Тибқи маълумоти охирин, шумораи ҳолатҳои сирояти коронавирус дар Арабистони Саудӣ ба 2605 нафар расида, 38 нафар аз бемории мазкур ба ҳалокат расида, 551 нафар шифо ёфтаанд.