Таҳлилгарони биржаи молии ҷаҳонӣ дар охири ҳафтаи гузашта гуфтаанд, ки нархи саҳмияҳои Apple то 233 доллар поён фуромада, 20 доллар коҳиш ёфтааст. Мутахассисони “Годмен Сачс” сабаби ин ҳолатро ба коҳишёбии талабот ба маҳсулоти электронӣ гуфтаанд.
Бори саввум аст, ки аз 17-уми феврал, таҳлилгарони “Годмен Сачс” коҳиши нархи саҳмияи “Apple”-ро пешгӯйи мекунанд. Ин дафъа онҳо нархи ҳар як саҳмияро 233 доллар муқаррар карданд. Мувофиқи маълумоти BI, ин аз нархи воқеӣ дар охири рӯзи панҷшанбеи гузашта 20 фоиз камтар аст.
— Фурӯши Apple дар семоҳаи дуввум 36 дарсад коҳиш хоҳад ёфт, — менависад “Голдман”. – Бар асари дунёгир шудани коронавирус қатъи бесобиқа дар занҷири таъминоти телефонҳои буҷетии IРhone SE-и ширкат таҳдид мекунад.
Таҷрибаи буҳронии ширкати Apple нишон доааст, ки нархи миёнаи фурӯши маҳсулоти ширкат дар ояндаи наздик якбора коҳиш меёбад ва дар соли 2021 тайғир намеёбад.
— Паст шудани даромад метавонад ширкатро маҷбур кунад, ки хусусияти 5G-ро аз Iрhone оянда берун барорад, зеро истифодабарандагон ба дастгоҳҳои арзон ниёз доранд, — гуфтаанд маъмурияти ширкати Apple.