Ба муқобили ҳантавирус то кунун доруи таъсирбахше мавҷуд нест, танҳо тадбирҳо барои  баланд бардоштани масуният қабул карда мешаванд. Рӯзномаи Глобал Таймс менависад, ки роҳи пешгирӣ аз ин беморӣ наздик нашудан ба мушҳо ва каламушҳо аст.

Ҳантавирус вируси нав набуда, дар давоми ҷанги Корея солҳои 1950-1953, зиёда аз 3000 сарбози Корея ва Амрико ба ин вирус гирифтор шуда, 10 дарсади онҳо вафот кардаанд. Сабаби баъд аз чоряк аср баъд кашф шудани ин беморӣ, мавҷудияти он дар ҷисми мушҳои саҳроӣ мебошад.

Соли 1993, дар чор иёлати ИМА, беш аз 20  ҳолати сирояти ҳантавирус ба қайд гирифта  шуда, 12  нафар ҳалок шуданд. Байни солҳои 1995 то соли 2017, дар ИМА 728 парванда ва танҳо дар соли 2006 дар  Федератсияи Русия  1919 ҳолати гирифтори ба ҳантавирус ба қайд гирифта шудаанд.

Номи вирус аз дарёи Ҳантан воқеъ дар Кореяи Ҷанубӣ гирифта шуда, оилаи ҳантавирусҳо даҳҳо вирусро дар бар мегиранд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here