23-юми март дар Хитой як нафар аз ҳантавирус даргузашт, ки ин воқеа сабаби сару садоҳои зиёд шабакаҳои иҷтимоӣ гардид.
Яке аз нашрияҳои расмии Чин Global Times гузориш додааст, ки як нафар дар ин кишвар аз ҳантавирус фавтидааст.
“Марде аз вилояти Юнан рӯзи душанбе ҳангоми сафар тавассути автобус ба музофоти Шандонг ба ҳалокат расид. 32 нафари дигари мусофири автобус низ ташхис шуданд”, – гуфта мешавад дар хабар.
Имрӯз 25-уми март, вожаи ҳантавирус дар шабакаи иҷтимоии “Твиттер “дар садр қарор гирифтааст.
Тибқи иттилои табибони аврупоӣ ҳантавирус аз мушҳо сироят шуда, хавфи ба эпидемия табдил ёфтани он дар гумон аст. Ба истисони як навъи вирусе, ки дар Анд (Амрикои Ҷанубӣ) пайдо шудааст, ягон шакли дигари ҳантавирус аз одам ба одам интиқол намеёбад.
Маркази амрикоӣ оид ба назорат ва пешгирии бемориҳои вирусологӣ, иттилоъ медиҳад вирусҳое ки ба оилаи ҳантавирус мансубанд, асосан дар байни хояндаҳо маъмул гашта, ҳангоми гузаштан ба одам якчанд бемориҳои гуногунро ба вуҷуд меорад.
Одамон танҳо тавассути тамос бо хояндаҳо, тавассути пешоб ва дар натиҷаи газидани хояндаҳо ба ҳантавирус сироят меёбанд.
Ҳангоми сироятёбӣ шахс ду синдроми гуногун — яке бемории шуш ва дигаре табларзаи геморрагикӣ бо норасоии гурдаро аз сар мегузаронад.
Дар ҳолати аввал, беморӣ аз табларза, заъф, дарди мушакҳо сар мешавад ва дар баъзе ҳолатҳо дарди сар ба вуҷуд меояд. Агар табобат карда нашавад он эҳтимоли то 38 дарсад ба марг бурда расондани он ҳаст. Шакли дуюми синдром аз нишонаҳои шабеҳ, ки метавонад ба паст шудани фишори хун, ҳолати шок дарди шадиди гурда оварда расонад.