Дар натиҷаи ҳамлаи як маргталаб дар вилояти Қандаҳори Афғонистон дастикам 12 корманди нерӯҳои амниятии ин кишвар кушта ва чанд тани дигар захмӣ шуданд. Дар ин бора 28 сентябр ВКД-и Афғонистон хабар дод.

Ба иттилои ин ниҳод, маргталаб мошини «Ҳамвӣ»-ро, ки маводи тарканда дошт, дар назди бинои ҳукумат ва милисахонаи маҳаллии ноҳияи Маъруф таркондааст. Масъулияти ин ҳамлаи хунинро ҳаракати даҳшатафкани Толибон ба зимма гирифтааст.

Толибон эълон кард, ки ҷангиёнаш маркази ноҳияи Маъруфро ишғол карданд, вале Дурронӣ ва ду намояндаи шӯрои вилоят ин иддаоро рад мекунанд.

Низомиёни амрикоӣ садҳо мошини “Ҳамвӣ”-ро дар ихтиёри артиши Афғонистон қарор додаанд. Тайи чанд соли ахир ҷангиёни Толибон даҳҳо мошини гаронарзиши мазкури низомиро тасарруф кардаанд.

Дар ҷараёни сафари вазири дифои ИМА Ҷим Мэттис ва дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг ба Кобул дар рӯзи 27 сентябр шӯришгарон ба сӯи фурудгоҳи байналмилалии Афғонистон чанд мушак партоб карданд. Масъулияти онро Толибон ва гуруҳи даҳшатафкани “Давлати исломӣ” ба зимма гирифтанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here