Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон давоми 28 соли истиқлолияти давлатии кишвар ягон мактаби наву замонавӣ, ки дорои шароиту имкониятҳои хубу муосир бошад, бунёд нашудааст.

Тавре зимни суҳбат мудири шӯъбаи маорифи ноҳия Назирмад Давлатзода гуфт, давоми ин солҳо ба ҷуз синфхонаҳои иловагӣ, ки онҳо низ шароити наонқадар хуб доранд, ягон муассисаи таълимии наву замонавӣ бунёд нашудааст.

— Аз ин ҳисоб, ҳоло дар чор муассисаи таълимии ноҳия хонандагон дар се баст таълим мегиранд. Дар солҳои  оянда эҳтимол боз ҳам зиёд шудани ин шумора хоҳад буд, — илова кард мудир.

Мусоҳиби мо бо нигаронӣ гуфт, сохтмони мактаб барои 624 хонанда дар маркази ноҳия аз  соли 2008 бо маблағгузории буҷети вилоят оғоз гаштаю то ба имрӯз нотамом боқӣ мондааст, ки сабаби он саривақт маблағгузорӣ нашудан аст.

Сардори Раёсати молияи ноҳия Давлат Гуреззода перомуни ин масъала гуфт, ки барои сохтмони мактаб аз ҳисоби буҷети вилоят 18 миллион сомонӣ ба нақша гирифта шуда буд. Аз ин маблағ 7 миллион сомониаш аз худ шуда, боқӣ 11 миллиони дигар то кунун ҷудо нагардидааст.

Давлатзода Назирмад афзуд, ки ба Барномаи давлатии  «Рушди муассисаҳои  таълимии вилояти Хатлон барои солҳои 2017-2021» 4 муассисаи таълимӣ ва бинои шӯъбаи маориф ворид гаштаанд, ки бо гузашти се сол аз ин барнома то кунун ягон муассиса бунёд ва аз таъмири асосӣ бароварда нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here