Дар 8 моҳи соли равон барои таъмири 181,1 километр роҳҳои аҳамияти маҳаллидоштаи ноҳияи Ҷайҳун тамоман аз ҳисоби буҷети ноҳия маблағгузорӣ карда нашудааст, аммо бо дасгирии соҳибкорону аҳолӣ ва маблағҳои ҷумҳуриявӣ роҳҳои ин ноҳия таъмир шудаанд.
Сардори муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия Исроил Ҳалимзода дар суҳбат қайд кард, ки дар 8 моҳи соли равон барои таъмири 181,1 километр роҳҳои аҳмияти маҳаллидоштаи ноҳия аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия тамоман маблағгузорӣ нашудааст.
Сардори шуъбаи хазинадории Раёсати молияи ноҳия Идибек Нақибов гуфт, ки далели ҷудо нашудани маблағ барои таъмири роҳхои маҳаллӣ дар 8 моҳи соли равон дар вақти таҳияи буҷети ноҳия ба нақша гирифта нашудани маблағ мебошад. Ӯ қайд кард, ки бояд аз ҳисоби қисми барзиёдии даромади буҷет барои таъмири роҳҳо маблағ ҷудо карда шавад.
Сардори идораи роҳхои ноҳия илова кард, ки бо дасгирии соҳибкорон ва аҳолии ноҳия дар ин давра бо харҷи 308,1 ҳазор сомонӣ 1 километр роҳ таъмири асосӣ, 9,1 километр таъмири ҷорӣ, 52,2 километр сангфарш карда шуда, як пул бо дарозии 12 метр аз таъмир бароварда шудааст.
Ҳамчунин, аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар дар ин давра ба идора 165, 7 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст, ки бо ин маблағ 1 километр таъмири асосӣ, 66 километр таъмири ҷорӣ ва 18 адад аломати роҳ насб карда шудааст.
Дар ноҳияи Ҷайҳун роҳхои аҳмияти маҳаллидошта, ки солҳои пеш сохта шудаанд, имрӯз ба таъмиру таҷдиди ҷиддӣ эҳтиёҷ доранд ва тибқи қарори вижаи Ҳукумати ҷумҳурӣ, таҳти №639, аз 2-юми декабри соли 2009, таъмиру нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди маҳаллӣ ба зимаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо вогузор гардидааст.