Ба қавли директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шерхон Салимзода, аксари маводи мухаддир дар худи сарҳад ё минтақаҳои наздисарҳадӣ мусодира гардидаанд.

Ӯ 14 -уми феврал дар нишасти матбуотии ниҳодаш гуфт, ки дар соли 2019 дар Тоҷикистон дар маҷмӯъ аз муомилоти ғайриқонунӣ 1 тоннаву 637 киллограм маводи мухаддир мусодира гардидааст.

— Дар се соли охир дар кишварҳои хориҷӣ ягон ҳолати қочоқи маводи мухаддир тавассути нақлиёти автомобилӣ, ҳавоӣ ва роҳи оҳани Тоҷикистон ошкор нашудааст, ба истиснои як ҳолат дар кишвари Қазоқистон, ки аз нақлиёт 12 килограмм героин мусодира шудааст, — гуфт директори Агентӣ.

— Дар масъалаи тирпарронӣ ҳангоми интиқоли маводи мухаддир дар дохили Тоҷикистон, хушбахтона ягон ҳолати тирпарронӣ ба амал наомааст, — таъкид намуд Шерхон Салимзода. – Дар соли 2019 фақат дар сарҳад 8-10 ҳолати тирпарронӣ бо қочоқчиёни маводи мухаддир ба амал омада буд.

Ӯ гуфт, ки дар панҷ соли охир дастгиршавии шаҳрвандони мо 2,5 маротиба ва ҳаҷми мусодираи маводи нашъаовар аз шаҳрвандон дар хориҷи кишвар 6,3 маротиба кам шудааст.

Ҳамасола мақомоти салоҳиятдори Тоҷикистон аз 500 то 1000 ҳолати вобаста ба ин ҷиноятро муайяну ошкор мекунанд. Дар соли 2019-ум 582 ҷинояти вобаста ба қочоқи маводи мухаддир ба қайд гирифта шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here