Сарфи назар аз вазъияти ҳассос дар ҷаҳон, аз ҷумла дар кишвари мо, муваффақ шудем, ки бо ҷойгир кардани навори Бонки Эсхата дар чанд рӯз ба Шумо каме ҳиссиёти мусбат бахшем. Ин навор тӯли 2 рӯз дар тамоми саҳифаҳои Бонки Эсхата дар шабакаҳои иҷтимоӣ беш аз 58 ҳазор назарро ба даст овардааст ва мардумро водор мекунад, ки аз хизматрасонии фосилавии “Эсхата Онлайн” истифода баранд.
«Ҳамкадами замон бошед!» — бо ин суханон ҳунарманди Театри мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ Гавҳар Тоҷибоева навори Бонки Эсхатаро ба итмом мерасонад. Ҳунарпешаи маъруф ба синну солаш нигоҳ накарда, ҳамаи сокинони кишварро даъват мекунад, ки аз тамоми рӯйдодҳои замона бохабар бошанд.
Хизматрасонии «Эсхата Онлайн» — ин бонк дар телефони мобилии шумост, ки ба воситаи он шаҳрвандон ҳангоми дар хона будан метавонанд беш аз 100 намуди пардохтҳоро анҷом диҳанд. Агар шумо «Эсхата Онлайн”-ро дар телефонатон ҳифз карда бошед, пардохт барои алоқаи мобилӣ, интернет, коммуналӣ, пур кардани кортҳои бонкӣ, пардохти қарз, гирифтани интиқол ва дигар пардохтҳо ва амалиётҳои бонкӣ имконпазир аст.
Видеоро тамошо кунед ва ҳама чиз равшан хоҳад шуд!