Дар рӯзи нуҳуми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони мо соҳиби 4 медал – 2 нуқра ва 2 биринҷӣ шуданд.

Медалҳои нуқраро Ҷомии Ҳасан дар самбо ва Искандари Рустам дар гуштини озод ба даст оварданд. Ҷомӣ дар даври чорякфинал варзишгари Қазоқистон Ербол Ардухан ва дар даври нимфинал варзишгари Узбекистон Саттор Эргашевро шикаст дода, дар финал аз варзишгари дигари Қазоқистон Беймет Канжанов мағлуб гашт. Искандари Рустам дар даври ҳаштякфинал варзишгари афғон Сардор Нодирӣ, дар чорякфинал Такашӣ Ишигурои ҷопонӣ, дар нимфинал Бакдайлет Алментайи қазоқистониро мағлуб карда, дар финал аз варзишгари Эрон Моҷтаба Голейҷ шикаст хурд.

Медалҳои биринҷиро бошад, Фотима Холова дар намуди кикбоксинг ва Умед Ҳасанбеков дар намуди самбо сазовор шуданд. Фотима Холова, ки дирӯз дар вазни -55 килои даври чорякфинал бар варзишгари Урдун Реҳам Абуғазала пирӯз шуда буд, имрӯз дар нимфинал аз варзишгари эронӣ Шаҳноз Мирҳайдарӣ шикаст хурд. Умед Ҳасанбеков дар вазни -90 кг дар даври ҳаштякфинал бар варзишгари мизбон Нурмурат Танирбердиев, дар чорякфинал бар Пиерре Боу аз Лубнон ғалаба карда, дар нимфинал аз варзишгари узбекистонӣ Немат Ёқубов шикаст хурд. Сипас, дар рақобат барои ҷои сеюм бар варзишгари Қирғизистон Туралбек Жолдошқазиев пирӯз шуд.

Дар кикбоксинг Фарҳод Расулов дар вазни -74 кг бар Никеш Шрестаи непалӣ ва Сиёвуш Ибрагимов дар вазни -69 кг бар варзишгари Узбекистон Рӯзимурод Туротқулов ғолиб шуда, ба даври нимфинал роҳ ёфтанд.

Дар рӯзи чоруми мусобиқоти шоҳмот, дар даври 7-ум намояндагони Тоҷикистон Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев бар Ҳандсзар Одеев (Туркманистон), Мутриба Ҳотамӣ бар Ниҳая Аҳмад (Малдив) ғалаба, Алишер Каримов бо Сулаймон Ашрафӣ (Афғонистон) мусовӣ карданд. Бозии шоҳмот дар намуди инфиродӣ анҷом ёфт. Миёни мардон се ҷои аввалро Кван Лӣ (Ветнам), Шанглей Лу (Чин) ва Сасикиран Кришнан (Ҳиндустон) сазовор шуданд. Варзишгарони мо Муҳаммад Ҳусейнхоҷаев ҷои 10 ва Алишер Каримов ҷои 36-умро миёни 44 нафар иштирокчӣ ишғол карданд. Миёни бонувон бошад, ду намояндаи Чин Зонгу Тан ва Тенгҷи Ли ду ҷои аввал ва намояндаи Қазоқистон Динара Садуакассова соҳиб шуданд. Намояндагони кишвари моМутриба Ҳотамӣ дар ҷои 22 ва Надежда Антонова дар ҷои 33 дар миёни 39 иштирокчӣ қарор гирифтанд. Фардо рақобатҳо дар намуди рапира ва блитс идома меёбад.

Шумораи медалҳои Тоҷикистон ба 38 адад расид – 10 нуқра ва 28 биринҷӣ ва дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 65 дастаи иштирокчӣ дар ҷои 27-ум қарор дорад. Туркманистон, ки 206 медал, аз ҷумла 79 тилло дорад, дар ҷои аввал аст. Чин бо 61 медал, аз ҷумла 23 тилло ба ҷои дуюм баромад. Эрон бо 89 медал, аз ҷумла 22 тилло дар мақоми сеюм аст.

То имрӯз варзишгарони 34 давлат соҳиби медал шудаанд. 26 давлат медали тилло ба даст овардаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here