Дар рӯзи авали сафарбаркунии ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз вилояти Хатлон 1000 нафар ҷавони бо нангу ор ба хизмати Ватан-Модар сафарбар карда шуданд.

Имрӯз дар маркази маъмурии вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, бахшида ба рӯзи сафарбаркунии ҷавонон дар варзишгоҳи ДДБ ба номи Носири Хусрав чорабинии бошукуҳ баргузор гардид.

Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ҳамаи ҷавононеро, ки аввалин шуда ба сафи Артиши миллӣ аз вилоят сафарбар карда мешаванд, табрик гуфта, ба онҳо барои адои хизмати софдилона бурдборӣ таманно намуд.

Туҳфаҳои омоданамудаи ҳукумати вилоятро Ҳакимзода Қурбон ба даъватшавандагон тақдим кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here