ҶДММ “Ғаюр”- яке аз корхонҳои калонтарин ва бо шиддат рушдкунундаи сармоягузорие мебошад, ки дар ҷалби сармояи хориҷӣ ба бахшҳои гуногуни иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бунёди корхонаҳои азими истеҳсолӣ нақши муҳим дорад. Ҷамъият дар як мудати кӯтоҳ бо ҷалби сармояи хориҷӣ якчанд лоиҳаҳои сармоягузориро бо маблағи 330 миллион доллари ИМА амалӣ намуд, ки бештари онҳо барои иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши калидӣ доранд.

Муассис, раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр” Ғуломов Акбар Асадуллоевич, 15-уми феврали соли 1981 таваллуд шудааст. Соли 2002 Донишкадаи андоз ва ҳуқуқро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Осимӣ бо ихтисоси сохтмончӣ ва соли 2013 Академияи хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Россияро хатм намудааст.

Акбар Ғуломов бо мақсади дастгирии молиявии варзишгарони тоҷик ва оммавигардонии варзиш сарпарастии расмии Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ба ӯҳда гирифтааст. Маблағҳои аз ҷониби Ҷамъият барои Кумита ҷудогардида барои гузаронидани чорабиниҳои варзишӣ, иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ, баргузории тамринҳои таълимию варзишӣ, таъмин бо витаминҳо ва ташхиси тибии варзишгарон, таъмири иншоотҳои варзишӣ истифода мегардад.

Бояд қайд кард, ки муассис ва раиси Шӯрои директорони ҶДММ “Ғаюр” Ғуломов Акбар Асадуллоевич тибқи қарори Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, ки роҳбарии онро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, интихоб гардидааст.

Акбар Ғуломов дар якҷоягӣ бо ҶДММ “Хуаксин Ғаюр Семент” фонди ҷамъиятии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам”-ро таъсис додааст, ки лоиҳаҳои гуногуни хайриявиро дар соҳаҳои мароиф, тандурустӣ, фарҳанг, нақлиёт, варзиш ва ғайра маблағгузорӣ менамояд. Соли 2014 аз ҳисоби фонди мазкур лоиҳаҳои гуногуни хайривӣ ба андозаи 680 ҳазор сомонӣ ва соли 2015 ба андозаи 3 миллион сомонӣ барои 4 соли оянда маблағгузорӣ гардидааст.

ҶДММ “Ғаюр” бо мақсади рушди футбол ва дастгирии молиявии дастаи футболи ватанӣ сарпарасти кулли дастаи футболи “Вахш” (Қурғонтеппа) гардидааст. Тибқи шартнома дар либосҳои бозингарони даста ва дигар ашёҳое, ки даста истифода мебарад логотипи Сарпарасти кул — ҶДММ “Ғаюр” ҷойгир карда мешавад.

Ширкати мазкур мактаби нави таҳсилоти умумии ҳамагонӣ барои 640 нафар хонанда дар ноҳияи Ёвони вилояти Хатлон сохта ба истифода додааст, ки дар маросими кушодашавии он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иштирок намудааст.

Акбар Ғуломов инчунин аъзои Шӯрои машваратии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки роҳбарии онҳоро Асогузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ӯҳда дорад, мебошад.

Айни замон ширкати ватании мазкур таҳти роҳбарии ҷавони кордону боирода Акбар Ғуломов сохтмони чанд иншооти дигарро дар миқёси ҷумҳурӣ ба уҳда дорад, ки мо аминем, мисли иншооти дигари бунёднамуда саривақт ва бо сифати баланд ба анҷом мерасонад.

Хотиррасон бояд кард, ки Акбар Ғуломов фарзанди яке аз шахсиятҳои баруманди ҷумҳурӣ, собиқ муовини сарвазири ҶТ марҳум Асадулло Ғуломов буда, дар зиндагии худ умеду ормонҳои падари барӯмандашро сармашқи кори худ намудааст. Ин аст, ки руҳи падар ва дуои халқ барои қуллаҳои баланди муроду мақсад расидан, ҳамеша ҳамроҳу мададгораш аст.

Мо ҳам дар ин рӯзи муборак зодрӯзашонро хуҷастабод гуфта, таманнои онро дорем, ки танашон сиҳат, иқболашон баланд ва дар ҷодаи пешгирифтаашон ҳамеша бурдбору комёб бошанд. Зодрӯз муборак Акбар Асадуллоевич!

Бибиҷон Ашӯрова, «Фараж»

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here