.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ҷавонони 16-солаи футболбози Тоҷикистон, ки дар Малайзия қарор доранд, вохӯрии аввалинро дар даври финалии Чемпионати наврасони Осиё-2018 бо дастаи соҳибони майдон баргузор карданд.

Ин вохӯрӣ бо бартарии соҳибони майдон гузашт ва онҳо ба дарвозаи наврасони Тоҷикистон 6 гол заданд. Дастаи мунтахаби наврасони то 16-солаи кишвари мо бо ду гол ҷавоб гардонд. Натиҷаи ин бозӣ бо ҳисоби 6:2 бар нафъи Малайзия ба охир расид.

Дар даври дуюм шогирдони Зайниддин Раҳимов 23-уюми сентябр бо Ҷопон ва дар даври охир 26-уми сентябр бо Тайланд қувва месанҷанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев 19-уми сентябр фармон дар бораи такмили тартиби озодии шаҳрвандонеро аз ҷавобгарии ҷиноятӣ имзо кард, ки иштибоҳан ба сафи созмону гуруҳҳои мамнуъ, тундрав ва даҳшатафкан пайвастаанд.

Бар асоси фармон, дар Ӯзбекистон барои баррасии шикояти ин гуруҳи сокинон комисияи байниидоравие таъсис шуда, онро прокурори генералӣ Отабек Муродов раҳбарӣ мекунад.

Дар асоси хулосаи комисияи мазкур, шаҳрвандони Ӯзбекистон, ки иштибоҳан ба сафи гуруҳҳои даҳшатафкан пайвастаанд, аз 1-уми ноябри соли 2018 аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод хоҳанд шуд. Дар сурати хулосаи манфии комисия, парванда тибқи қонунҳои амалкунанда баррасӣ мешавад.

Иҷрои қароре, ки комисия дар доираи салоҳиятҳои худ қабул мекунад, барои тамоми ниҳодҳои давлатии Ӯзбекистон ҳатмӣ хоҳад буд.

Ёдрас мешавем, соли гузашта беш аз 18 ҳазор шаҳрванди Ӯзбекистон аз рӯйхати маъруф ба аъзои равияҳои тундгароии динӣ хориҷ шуда буданд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт Муассисаи таълимии таҳсилоти умумии ғайридавлатии «Академияи умумиҷаҳонии Кембриҷ» ба истиофда дода шуд, ки дар расми ифтитоҳи он президент Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ширкат доштанд.

Ба сохтмони ин муассисаи байналмилалии Тоҷикистону Бритониё 28 апрели соли 2017 санги асос гузошта шуда буд, ки дар давоми яку ним сол бо тарҳи замонавӣ ва сифати баланди меъморӣ бунёд карда шуд.

Масоҳати умумии қитъаи замини муассисаи таълимии мазкур 6847 метри мураббаъ ва масоҳати умумии сохтмони он 2345 метри мураббаъро ташкил медиҳад. Муассиса аз ду бинои сеошёна бо таҳхонаю болохона ва як бинои дуошёна иборат мебошад.

Дар мактаби мазкур 500 ҷой барои таълиму тарбияи томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ фароҳам оварда шудааст.

Ошхона бо 150 ҷойи нишаст, нуқтаи тиббӣ, китобхона ва синфхонаҳо барои таълиму тарбияи томактабӣ ва синфҳои болоӣ мавҷуд аст. Дар муассиса синфхонаҳо барои омӯзиши фанни таълими меҳнат, аз ҷумла, азхудкунии пухту паз, синфхонаи муҳандисӣ барои омӯзиши технологияи муосир, ҳавзи оббозӣ, синфхонаи махсус барои омӯзиши рақсҳои гимнастика ва балет, толори варзишӣ, ҳуҷраи ивази сару либос ва толори маҷлис барои 90 ҷойи нишаст ҷойгир мебошанд.

Таълим дар ин муассиса тибқи барномаҳои таълимии зинаҳои таҳсилоти томактабӣ ва таҳсилоти умумӣ дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилоти Британияи Кабир ва мутобиқ ба стандартҳои давлатии таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифта, забони таълим забони англисӣ мебошад. Таълиму тарбияи томактабӣ дар маркази инкишофи кӯдакон ва таҳсилоти умумӣ дар се зина - ибтидоӣ, умумии асосӣ ва миёнаи умумӣ амалӣ мегардад.

Пас аз хатми ин муассиса ба хатмкунандагон ҳуҷҷатҳои таҳсилоти намунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дода шуда, онҳо метавонанд таҳсили худро дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии кишварҳои Аврупо, Амрико, Япония ва ғайра идома диҳанд.

Омӯзгорону устодон дар ин муассиса аз доираи беҳтарин муаллимони соҳибкасбу соҳибтаҷрибаи Британияи Кабир ва Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват гардида, машғулиятҳову дарсҳо ба хонандагон бо истифода аз усулҳои муосири таълим ба роҳ монда мешаванд.

Ба ғайр аз ин, муассисон ба нақша гирифтаанд, ки то соли 2020 баъди аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ ҷудо гардидани қитъаи замин барои хонандагони аз 18 то 23- сола коллеҷ бунёд намоянд.

Шумо дар Хабари-рӯз
Панҷшанбе, 20 Сентябр 2018 09:49

Куштори набера ба дасти модарбузург

Ваҳшонияти модар ба ҷойе расидааст, ки набераи хурдсоли худро зинда зери хок кардааст. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД ҶТ хабар дод.

Рӯзи 18-уми сентябри соли 2018, соати 16:30-дақиқа, аз назди ҷӯйбори обгузари ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҷасади писарбачаи хурдсол дарёфт гардидааст.

Бо гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия маълум гардидааст, ки ҷасади дарёфтгардида писарбачаи 3-солаи сокини ҷамоати деҳоти Ифтихори ноҳияи мазкур мебошад.

Ӯро 12-уми сентябри соли 2018, тахминан соатҳои 10:00, модарбузургаш, зани 58-сола, тариқи маҷбурӣ, зинда таги хоку лой намудааст, ки дар натиҷа хурдсол ба ҳалокат расидааст. Ҳодиса аз ҷониби милитсия тафтиш мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.