.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 11 Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Ҳайати мақомсароён ва коршиносони тоҷик дар аввалин Ҳамоиши  байналмилалии санъати мақом, ки 6-10 сентябри соли ҷорӣ дар шаҳри Шаҳрисабзи Ҷумҳурии Ӯзбекистон баргузор шуд, ба гирифтани мукофоти асосӣ —  Шоҳҷоиза мушарраф   гардиданд.

Ҳайати мақомсароёни Тоҷикистон дар  ҳамоиши мазкур бо истеъдод ва маҳорати мақомнавозӣ ва мақомсароӣ иштирокчиён ва доварони чорабиниро мафтун намуда, сазовори чунин баҳои баланд гардиданд.

Њамоиши  мазкур бо дастгирии ЮНЕСКО ва  ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев баргузор гардид.

Дар форуми мазкур қариб 300 нафар мақомсароён, мутрибон, мусиқишиносон ва муҳаққиқон аз 73 давлати дунё ширкат варзиданд.

Шумо дар Хабари рӯз

Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар вебгоҳи худ соати ҳисоботи мутақобила насб карда кардааст, ки тибқи он то ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» 66 рӯз мондааст.

Дар назар аст, ки агрегати нахустини НБО «Роғун» 16 ноябри соли равон, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода шавад.  Дар ин бора оғози соли равон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд.

НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Ин неругоҳ бо истеҳсоли «неруи сабз», яъне бе партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ яке аз беҳтарин неругоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.

Шумо дар Хабари рӯз

Boeing 777-200, ки 8 марти соли 2014 дар роҳи Куала-Лумпур - Пекин нопадид шуд, эҳтимолан дар куҳҳои Камбоҷа сарнагун шудааст. Пайшиноси британиёӣ Ян Уилсон ба ин бовар аст, ки вай маҳз ҳамин ҳавопайморо дар харитаи Google Maps кашф кардааст. Вай мегӯяд зарур аст ҷангалҳои ин кишвар пурра аз назар гузаронида шаванд, то ҳавопаймои асроромез гумшуда пайдо гардад, менависад Daily Star Online.

«Шумо чӣ гуна метавонед ҷойи ҳавопайморо ба роҳатӣ бубинед, дар ҳоле ки як макони сарсабз ва торики беша аст, - гуфтааст муҳаққиқ ва илова кардааст, - Ин ҷо сухан дар бораи мушкилгузартарин қисмати беша меравад».

Тибқи параметри объекте, ки дар харитаи Google Earth пайдо кардааст, он ба дарозии Boeing 777-200 MH370 наздик аст. Дарозии он қариб 70 метр ва андозаи он каме бештар аз андозаи маъмулии ҳавопаймои гумшуда (63,7 м) мебошад, вале қисмати думи он канда шудааст ва ин гувоҳи он аст, ки ҳавопаймо вақти ба замин бархӯрдан хароб шудааст.

Уилсон ба ин нуқтаи назар розӣ нест, ки дар расм шояд ҳавопаймои дигаре аккосӣ шудааст, ки аз болои ин бешазор мегузарад. Вай мегӯяд, бо истифода аз яке аз вазифаҳои Google Earth бовар ҳосил намуд, ки объекти кашфкардаи вай дар боло мехобад. Уилсон ҳамчунин мегӯяд мехоҳад ба макони эҳтимолии ҳавопаймои сарнагуншуда равад, чун бовар надорад, ки мутахассисоне, ки ба ҷустуҷӯи Boeing саргарманд, гумон аст фарзияи ӯро ба инобат гиранд.

Boeing 777-200, ки мутааллиқ ба ширкати ҳавонавардии «Malaysia Airlines» буд, аз Куала-Лумпур бо 227 мусофир аз 14 кишвари олам ва 12 ҳайати халабонҳои он ба самти Пекин парвоз карда буд. Ҳавопаймо аз назари радарҳо шаби 8 марти соли 2014 ғайб зад. Тахмин меравад, ки вай дар қисмати ҷанубии уқёнуси Ҳинд афтод. Шикастапораҳои ҳавопаймо ва ҷасади мусофирони онро пайдо накарданд. Ҷустуҷӯи он солҳо идома кард. Ҳисобот аз ин ҷустуҷуҳо якуним ҳазор саҳифаро ташкил медод. Аммо ба ин ҳавопаймо чӣ шуд ва чаро сарнагун гардид, касе чизе намедонад.

Парвиз Аминзода

Шумо дар Хабари рӯз

Узбекистон ва Тоҷикистон боз се хатсайри автобусро ба ҳудуди ин кишварҳо роҳандозӣ кардаанд. Акнун мусофирон метавонанд бо хатсайрҳои «Тирмиз – Душанбе», «Деҳнав – Душанбе» ва «Самарқанд – Панҷакент» ба ҷонибҳо рафтуомад кунанд.

Дарозии роҳи хатсайри «Тирмиз – Душанбе» 251 километр буда, замони умумии сафар тақрибан 5 соату 40 дақиқаро дар бар мегирад. Нархи роҳкиро дар ин самт 70 ҳазор сӯм (наздики 9 доллар) будааст.

Хатсайри «Деҳнав – Душанбе» нисбатан масофаи кам дошта, 107 километр будааст. Мусофирон дар 2 соату 25 дақиқа аз истгоҳи аввал ба охир мерасидаанд. Нархи роҳ дар ин самт 40 ҳазор сӯм будааст.

Мусофирони хатсайри «Самарқанд – Панҷакент» 64 километр роҳро бо 20 ҳазор сӯм тай карда, баъди 1 соату 25 дақиқа ба мақсад мерасидаанд.  

 

Шумо дар Хабари рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.