.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ
Шанбе, 15 Сентябр 2018 17:11

Хуршеди Истиқлол беғуруб бод!

 “Мову Шумо дар даврони соҳибистиқлолӣ борҳо марҳалаҳои мушкилу сангинро паси сар намуда, аз ҳолатҳои бисёр вазнин сарбаландона баромадем, аз ҷумла, хатари нестшавии давлат ва парокандашавии миллатро бартараф кардем ва ба пешрафти давлату ҷомеа муваффақ шудем.”

 (Эмомалӣ Раҳмон).

Пас аз заволи давлати бузурги Сомониён, ки тоҷиконро муттаҳид ва рушди илму адаб ва забони миллиро таъмин намуда буд, миллати соҳибтамаддуни мо солҳои тӯлонӣ аз шавкати давлатдории миллӣ бебаҳра монд.

Пас аз таҳаммули ҳазорон дарду ранҷи таърих билохира 9 сентябри соли 1991 Тоҷикистон соҳиби Истиқлолияти давлатӣ гардид ва зарур буд, ки ҳамаи мо сарҷамъонаи баҳри эъмори давлатдории миллӣ талош варзем. Мутаассифона, бо ҷурми мухталифи нофаҳмиҳои сиёсӣ, ки ба хоҷагони дохилию хориҷӣ такя мекарданд, дар ҷамъияти мо нооромиҳо сар зада, сабабгори заиф шудани пояҳои давлатдорӣ, аз фаъолият бозмондани аксар сохтору мақомоти давлатӣ ва ҳатто шурӯи ҷанги шаҳрвандӣ гардиданд. 

Таърих он ҳама даҳшату кирдорҳои ноҷавонмардона ва қатлу куштори шаҳрвандони бегуноҳро дар солҳои аввали соҳибистиқлолӣ аз ҷониби душманону бадхоҳони миллат, ки супоришҳои хоҷагони хориҷии худро иҷро мекарданд, аъмоли экстремистӣ ва терористӣ эътироф карда, маҳкум намудааст. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид хеле дурусту оқилона фармудаанд: “Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ҳанӯз солҳои навадуми асри гузашта даврони фоҷиабори муқовимат ба экстремизм ва терроризмро аз сар гузаронида, дар ин роҳ даҳҳо ҳазор талафоти ҷонӣ дода буд, ҳамеша дар сафи пеши мубориза  бо ин зуҳуроти даҳшатноку нафратовар қарор дорад.”

Дар чунин даврони сарнавиштсоз, ки хатари парокандагию заволи аркони давлат моро таҳдид мекард, нафаре лозим буд, ки Хуршеди Истиқлолиятро аз зери абрҳои тираи ҷаҳолату маҳалгароӣ ва мансабхоҳӣ берун оварад. Маҳз дар чунин лаҳзаҳои тақдирсоз фарзанди фарзонаи миллат, шахсияти ҷасуру донишманд Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳадяи илоҳӣ ба миллати тоҷик зимоми давлатро ба даст гирифт. Аввалин сухане, ки ӯ гуфт ин буд: “Ман ба шумо сулҳ меорам!” Ин ҷумла дар худ як ҷаҳон маънӣ дошт ва ба қалби миллионҳо тоҷику тоҷикистонӣ нури умед бахшид. Сулҳ овардан, яъне якпорчагию истиқлолият ва иттиҳоди миллиро таъмин намудан, инфрасохтори давлатиро барақарор ва рушди соҳаҳои хоҷагии халқро  суръат бахшидан, дар маҷмуъ шароити беҳтари зиндагии мардумро аз нав сохтан фаҳмида мешуд. 

Таърихи 27-солаи Истиқлолияти давлатӣ исбот намуд, ки ин марди шариф тавонист, Истиқлолият ва ягонагии миллату давлатро ҳифз кунад, Ваҳдати миллиро асос гузорад, пояҳои фалаҷгаштаи ҳокимиятро барқарор кунад, рушди соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқро суръат бахшад ва дар маҷмуъ барои сокинони мамлакат шароити зиндагии садҳо маротиба беҳтару хубтарро фароҳам оварад.

Бунёди нерӯгоҳҳои барқи обии хурду бузург ва нақбу роҳҳои пайвандгар, таъсиси корхонаҳои гуногун, сохта ба истифода додани садҳо мактабу беморхона, донишгоҳу донишкада ва марказҳои илмию фарҳангӣ, симои нав касб кардани пойтахт ва ҳамаи шаҳру навоҳии мамлакат ва аз ҳама муҳим тарбияи насли худогоҳу ватандӯст аз ҷумлаи неъматҳои пурфайзи Истиқлолияти давлатӣ ва сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Ин ҳама дастоварду пешрафт ва рушди рӯзафзуни мамлакат ба мо итминон мебахшад, ки Хуршеди Истиқлолияти давлатии мо беғуруб ва файзу баракати он беинтиҳост. Пас ҳамаи мо, махсусан насли даврони Истиқлолро зарур аст, ки ба қадри чунин неъмати бузург бирасем ва аз доштани озодию иттиҳод шукргузорӣ намоем.

Иззатуллозода Акобир Қурбон,

прокурори ноҳияи Мастчоҳ

Шумо дар Ҳукумат
Шанбе, 15 Сентябр 2018 16:54

Хатсайре, ки автобусаш гум шуд...

Ҳаштуми сентябр роҳи Саразми Панҷакент ба худ қабои идона гирифта буд. Қад-қади роҳ байрақҳои ду кишвари ба ҳам дӯсту ҳамсоя Тоҷикистону Ӯзбекистон партавафшонӣ мекарданд. 

Ҳарчанд соат 5-и субҳ буд, вале аз қисмати гузаргоҳи гумрукии Саразми Панҷакент то қисмати Ҷартеппаи вилояти Самарқанди Ӯзбекистон даҳҳо ҷавонону бонувон, масъулону сокинон бо либосҳои идона дар даст парчаму плакатҳо саф кашидаанд, ҳамаи онҳо мунтазири меҳмонони вилояти Самарқанд буданд. Дар сӯи дигари сарҳад ҳунармандон ба вижа карнайнавозону нақорабозон бо мусиқии мутантан ва карнаю сурнай  оҳанги дилнавозеро менавохтанд. 

Меҳмонони вилояти Самарқандро аз дарвозаи гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппа бо сарварии иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Самарқанд Эркинҷон Турдимов, намояндагони воломақоми Тоҷикистон ва раиси шаҳри Панҷакент Ислом Зиёзода бо шукӯҳу шаҳомат таҳти садои карнаю нақораву дуҳул ҷавонону духтарон истиқбол намуданд.

Соати 10-и худи ҳамин рӯз боз як чорабинии дигар ҳамоиши тантанавӣ ба муносибати ифтитоҳи хатсайри Панҷакент – Самарқанд тавассути автобуси ширкати “Asian Express” дар терминали “Қавола” баргузор гардид. Баъди анҷоми ҳамоиши тантанавӣ автобуси ширкати “Asian Express” бо мусофирони аввалини худ, ки аз кормандону роҳбарони ширкат, меҳмонон аз маркази ҷумҳуриву вилояти Суғд, кормандони масъули ҳукумати шаҳри Панҷакент, намояндаҳои ВАО иборат буданд, ба сӯи гузаргоҳи сарҳадии Панҷакент равон шуд. Кормандони гузаргоҳ мусофиронро хуш истиқбол намуда, дар як муддати кӯтоҳ расмиятҳои гумрукиро ба анҷом расониданд. Сипас автобус рӯ ба ҷониби гузаргоҳи гумрукии Ҷартеппаи вилояти Самарқанд ҳаракат кард. Байни ин гузаргоҳҳо чандон масофаи дуре нест. Кормандони гумруки Ӯзбекистон мегуфтанд, ки кулли мусофирони дохили автобус бояд берун оянд ва пиёда то ғурфаҳои қабулу бақайдгирӣ бираванд. Кулли мусофирони дохили автобус бо шиносномаҳои биометрӣ аз қайди махсус гузаштанд. Пас аз 3 соат кормандони гумруки Ӯзбекистон автобуси моро иҷозаи вуруд ба шаҳри бостонии Самарқанд доданд. Мусофирони рейси техникӣ баъди ин қазия бо табъи хираву хастагиҳои зиёд равонаи шаҳри Самарқанд шуданд. Дар истгоҳи машҳури Улуғбек касе аз намояндагони ширкати нақлиётии Ӯзбекистон набуд. Тариқи телефонӣ гуфтанд, ки онҳо ба кори муҳиме банд ҳастанду омада наметавонанд.Намояндагони ширкати “Asian Express” гуфтанд, ки онҳо дигар ба Панҷакент бар намегарданд ва бо меҳмонони хуҷандиву душанбегӣ ба Тошканду аз он ҷо ба Хуҷанд мераванд. Яке аз намояндагони ширкати “Asian Express” ба мусофирон гуфт, ки  аз автобус фароянду худашон ба Панҷакент раванд. Мо ҳайрон будем ва намедонистем ба куҷо равем. Онҳо ба мо дуои сафар доданд. 

Ниҳоят вориди гузаргоҳи Ҷартеппаи Ӯзбекистон шудем. То ғурфаҳои қайди шиносномаҳо 4 маротиба нафарони низомӣ шиносномаҳои моро варақгардон карданд. Бинобар кор накардани компютерҳо ҳама дар як нуқта аз қайд мегузаштанд. Мардуми зиёде навбатпойӣ мекарданд. Аз гармии ғурфа одам нафастанг мешуд. Кормандони гумруки Ӯзбекистон ин ҳолатҳоро бо чеҳраи гирифта тамошо мекарданд. Пас аз гузаштан аз қайд мо ҷониби гузаргоҳи сарҳадии Тоҷикистон равон шудем. 

Дар гузаргоҳи гумрукии Саразми Панҷакент моро пиёда дида, бо тааҷҷуб пурсиданд, ки автобус куҷо шуд? Мо ҳодисаро қисса кардем. Аз нақли кормандони гумруки Панҷакент маълум гардид, ки бори аввал нест, ки чунин ҳолат рух медиҳад. Убури марз тариқи нақлёт душвор будааст. 

Ба қавли як корманди гумруки Тоҷикистон, ки нахост номаш ифшо шавад, кормандони гумруки Ӯзбекистон танҳо ду ҳафтаи аввали баъди кушода шудани  сарҳад бо хушӣ мардумро мепазируфтаанд. Баъдан ба қавли ӯ кормандони гумруки Ҷартеппа мисли солиёни пешин бо дағаливу беназокатӣ мардумро қабул ва гусел мекунанд.

Шоҳин Облоқулзода, 

Панҷакент – Самарқанд – Панҷакент, 

махсус барои “Фараж”

Шумо дар Слайд

Садсолаи Ҷанги гражданӣ то ҳадде тафаккури таърихии ҷомеаро такон дод ва масъалаи қатли саросарии хонаводаи шоҳи охири Рус Николаи II- ро ҷиддан дар миён гузошт.

Баҳсҳо атрофи сарнавишти хонаводаи шоҳ онро чун як “қатли маросимӣ” ба ҷилва меорад. Даъвоҳову мулоҳизаҳо дар бораи қатли маросимӣ будани рӯйдод на танҳо ба дақиқ кардани асоси воқеъии он чизе, ки сад сол пеш дар Е катеринбург иттифоқ уфтод, дахл дорад, балки эътирофу шинохти дар паси пардаи инқилоб мавҷуд будани ким-кадом тарҳи динӣ ва ё ба ном диниро, ки дорои системаи маросимии худ аст, дар назар дорад.

То ба имрӯз ду фарзияи ин қатл мавҷуд аст: муфаттиши гвардиячиёни сафед Н.А.Соколов дар бораи дафн ё гуручӯб дар ноҳияи Ганина Яма ва гуруҳи ташаббускорони шӯравӣ А.Н.Авдонин-Г.Т.Рябов дар бораи дафн дар оббурда ё ҷарии Поросёнков. Тибқи иттилоҳое, ки баъдан ба даст омаданд, дар ҳақиқат талошҳои гуручӯби хонаводаи шоҳ дар ноҳияи Ганина буданд, вале ин маросим, яъне дафни хонаводаи Николай маҳз дар оббурдаи Поросёнк баргузор шуд.  

Фарзияи маросимӣ будани қатли хонаводаи шоҳро илми академӣ “ғайриилмӣ” номид. Вале ҷомеа ин иддиоро чун ҳақиқати пӯшида дар бораи тирборон шудани оилаи шоҳ қабул кард. 

Аз ҷониби калисои православии Рус рад шудани “боқимондаҳои ҷасадҳои екатеринбургӣ” чун узвҳои бадани хонаводаи шоҳ шубҳаҳоро дар бораи боэътимод будани фарзияи расмии тафтиши қатли шоҳ, ки солҳои ҳукмронии Елсин ба омма расонда шуда буд, таҳким мебахшад.  

Маърӯзаи калисои православӣ: Қатл маросимӣ буд

27 ноябри соли 2017 дар остонаи анҷуман Архиерейск бо ширкати усқуфи аъзам Кирилл конфронс дар мавзӯи “Оид ба қатли хонаводаи шоҳ: ташхисҳо ва маводҳои нав. Баҳсҳо” доир гардид. Дар ин ҳамоиш асосан маърӯзаи олимони варзида қироат шуданд, натиҷаи кори комиссияи калисо оид ба ташхиси “боқимондаҳои екатеринбургӣ” эълон гардид. Дар ин конфронс усқуф Тихон (Шевкунов) изҳороти ҳангомабарангезе кард: “Мо ба фарзияи куштори маросимӣ муносибати басо ҷиддӣ дорем. Гузашта аз ин аксари аъзои комиссияи калисо шубҳае надоранд, ки маҳз чунин будааст”. 

Муфаттиш М.В.Молодсов, ки тафтишотро сарпарастӣ мекард, эълон намуд, ки қасд дорад як ташхиси психологӣ-таърихии судӣ бо иштироки Академияи илмҳо, донишгоҳҳои машҳур, хадамоти бойгонӣ ва калисоро барои пайдо кардани посух ба суоли оё қатли хонаводаи шоҳ хислати маросимӣ дошт ё на, роҳандозӣ кунад. Муҳим он буд, ки ҳам сармуфаттиш ва ҳам котиби комиссияи калисои православӣ ҷомеаро ба он талқин карданд, ки ба ин масъалаи хеле муҳим аз дидгоҳи илмӣ наздик шаванд. Аммо пешниҳоди лағви мамнуъияти коркарди илмии мавзӯ мавриди интиқодҳои шадид қарор гирифт. Аз он дар ташвишу изтироб буданд, ки таҳлилу баррасии ин мавзӯ метавонист боиси фитнаву иғво гардад ва ангезаҳои зиддияҳудиятро афзоиш диҳад. Усқуф Тихон ногузир шуд бори дигар ба минбар боло шавад ва фаҳмонад, ки ин ҷо ҳарфеву қасде барои афзоиши ангезаҳои миллӣ вуҷуд надорад, баръакс иғво он аст, ки талош мекунанд калисоро ба афрӯхтани ангезаҳои яҳудибадбинӣ муттаҳам созанд. Ва таърих ин гуна ҳодисаҳоро зиёд дар хотир дорад, аз ҷумла қатли шоҳи Франсия Людовики 16 дар ҷараёни инқилоби бузурги ин кишвар.  

Муаммои қатли хонаводаи шоҳи рус

Қатли Николаи дуввум ва хонаводаи вай аз ҷониби навкарони ҳокимияти шӯроҳо як баҳси тӯлонӣ, бепоён ва анҷомношудаест. Аммо ахиран ба назар мерасад омилҳоеро мавриди таҳлил қарор медиҳанд, ки хусусиятҳои ин қатлро мушаххас созанд. 

1.Муфаттиш И.А.Сергеев дар хонаи Ипатов (хонаи шахсие дар кӯчаи  Карл Либкнехти Екатерингбург, ки то имрӯз нарасидааст ва гуфта мешавад, ки шаби 16 ба 17-уми июли соли 1918 императори охирини Русия Николайи дуввум ҳамроҳ бо аҳли хонавода ва хидматгораш ба қатл расонда шуда буд. Ф.М.) порае аз шеъри Генрих Гейнеро бо забони олмонӣ пайдо кард, ки матни комил ва диқиқи он то ин замон чоп шудааст ва ин мисраҳо дар мутуни чопшуда дида нашуда буданд: «Валтасар (ишора ба ҳокими охирини Бобул Валтасар, ки зикраш ба Инҷил омада. Ф.М.) имшаб аз ҷониби раияти худ кушта шуд». Образи марги шоҳ Валтасар ҳам дар анъанаҳои динӣ  ва ҳам мафҳумҳои рамзии инқилобӣ барои роҳандозии ғояҳои қасоси ҳокими золиму беадолат, ки соатҳои ҳаёташ башумор мондаанд, истифода мешуд. 

2.Муфаттиш Соколов дар хонаи Ипатов чор нишони кобалистӣ (кобализм-улуми асроромез аз қабили илми арвоҳ. Ф.М.) бо навиштаи “Ин ҷо бо фармони қувваҳои ниҳонӣ Шоҳ ба қатл расонда шуд...” пайдо кард.  

3.Муфаттиш Соколов криптограммаи сабти рақамии «24678 ру. года», «1918 года», «148467878 р», «87888» пайдо намуд.

4.Чун ҷойи тирборони хонаводаи шоҳ интихоб шудани хонаи Ипатев муҳим аст, чун калисои Ипатев (ибодатгоҳи мардона дар қисмати ғарбии Кострома, дар соҳили рӯдхонаи ҳамноми он, ки соли 1432 аз бунёди он хабар дода шудааст. Ф.М.) гаҳвораи сулолаи Романовҳо маҳсуб мешуд. 

5.Овозаҳо дар бораи шаҳодати баъзе кормандони масъули идораҳои зирабти Шӯравӣ дар бораи пора карда шудани узвҳои бадани сарвари империя ва аъзои хонадони вай, ахбори иловагӣ дар мавриди гӯё аз Екатеринбург ба Маскав интиқол додани аҷсод. Асос барои ин даъвоҳо дандонҳои ёфтшуда дар ноҳияи Ганина Яма, ки ҳатто баъди сӯзонидан ҳам боқӣ мондаанд.     

6.Маълумоти дигаре ҳам дар мавриди фарзияи зинда оташ задании касони баъди тирборон зиндамонда низ мавҷуд аст.  

7.Дар хонаи Ипатев мавҷуд будани свастикаи “нишони ҳиндӣ”, ки малика Александра Фёдровна бо худ дошт. 

8.Чопи руқъаи иғвоангез дар ИМА ва Франсия дар рӯзҳои инқилоби аввали рус, ки дар он шоҳ Николайи II ба унвони як паррандаи қурбоншудаи оинӣ муаррифӣ шудааст. 

9.Қатли шоҳ дар остонаи маросими эҳтироми хотираи княз Андрей Боголюбов, яке аз пешсафони густариши масеҳият дар қаламрави Рус роҳандозӣ мешавад. Боголюбов низ дар натиҷаи сӯиқасд ба ҳалокат расонида шуда буд.  

10.Дар миёни китобҳои мутааллиқ ба хонаводаи шоҳ китоби Сергей Нилус (адиби мазҳабии рус, ки солҳои 1862-1929 зистааст. Ф.М.) «Великое вмалом и Антихрист» дида шудааст, ки дар он асари машҳури вай «Протоколов сионских мудрецов» низ роҳ ёфта. Бино ба ақидаи ҷонибдорони қатли маросимӣ ин нишон медиҳад, ки Николаи дуввум худро бошуурона зидди сӯиқасди “қувваҳои сиёҳ” қарор додааст.  

11.Дар қабристон мавҷуд набудани боқимондаи мӯйи одамӣ. 

12.Ҷасади саги шоҳзодабону Анастасия аз насли кинг-чарлз спаниел Ҷеммӣ, ки ҳамроҳ бо ҷасади кушташудагон аз Ганина Яма берун оварда шудааст.  

13.Баҳс байни ширкаткунандагони тирборони ханаводаи шоҳ дар он бора, ки қотили аслии ин маҷаро кӣ буд ва ин баҳси бепоён гувоҳи он аст, ки рӯйдод басо рамзӣ сурат гирифтааст. 

14.Анъанаи пешини қатли шоҳон, ки на танҳо чун ҳокимон ба ҳалокат расонда мешуданд, балки чун сояи Худо ва масеҳи мавъуд ҳам шинохта мешуданд.    

15.Аз оббурдаи Поросёнков берун оварда шудани косахонаҳои сар аз ҷониби гуруҳи Рябов-Авдонин дар охири солҳои 1970 ва баъдан бозпас он ҷо гӯр кардани онҳо шаҳодат аз сӯистифодаи устухонҳо барои пинҳон кардани моҳияти маросимӣ будани қатли хонаводаи шоҳ ва фароҳам овардани иттилооти бардурӯғ аст.  

16.Далелҳо дар мавриди он ки муаллифи «Записки Я.М.Юровского» академик ва яке аз шахсиятҳои машҳур дар илми таърихи СССР Н. Покровский мебошад.  

17.Аз саҳнаи тафтиши рӯйдодҳои қатли шоҳ берун карда шудани тафтишоте, ки Борис Немсов сарварӣ мекард. Ин боз як далели пинҳон доштани қатли маросимӣ будани хонаводаи шоҳи рус аст.

18.Муаммои марги муфаттиш А.А.Соколов дар синни 42-солагӣ, чанд моҳ пештар аз ширкатаи тарҳрезишудаи вай дар мурофиаи додгоҳӣ аз ҷониби Хазинаи Генри Форд зидди гунаҳгорсозии вай ба яҳудибадбинӣ. 

19.Фарзияҳо дар бораи он ки дар китоби Н.А.Соколов, ки баъди марги муаллиф чоп шуд, шаҳодатҳои дигаре дар ин маврид дида мешавад. 

20.Шаҳодати Р.Вилтон дар бораи дар арафаи қатли шоҳ аз Маскав ба хонаи Ипатев омадани шахси номаълум ба сифати хидматрасони ким-кадом оин. 

21.Хулосаи М.К.Детерихс ва Вилтон, ки шарики гуруҳи тафтишот оид ба қатли маросимӣ будани хонаводаи шоҳ буданд. 

22.Гум шудани далелҳои шайъии муфаттиш Соколов дар хориҷи Русия гумону шубҳаҳоро бештар мекунад. 

23.Натиҷаҳои ташхисоти алтернативии биогенетикии амрикоиҳо ва ҷопониҳо, ки “боқимондаҳои екатеринбургиро” мансуб ба хонаводаи шоҳ надонистанд. 

24.Кашфи косахонаи сари Николаи дуввум дар соли 2017 бо изи самурайи ҷопонӣ ҳангоми сафараш ба Ҷопон. Ин дар ҳолест, ки комиссияи соли 1990 дар косахонаи сари шоҳ ин гуна изро мушоҳида накарда будааст. 

25.Дар боқимондаи дандонҳои шоҳ нишон ё пайи табобат нест, дар ҳоле, ки маълум аст шоҳ дандонҳои худро муолиҷа карда буд. Шубҳаҳо дар мавриди иваз карда шудани сари шоҳ афзуданд. 

Ва боз далоили дигар, ки сар то по шубҳаоваранд ва ба асл мувофиқати комил надоранд.  

Ҳар далели овардашуда ва далелҳое, ки оянда низ оварда мешаванд, ба сари худ маросимӣ будани қатли шоҳ ва хонаводаи онро тасдиқ намекуннад. Ҳамаи онҳо дар зоти худ камбуде доранд. Ҳоло ташхиси ҷиддиву фарогир гузаронида нашудааст. Барои он ки маросимӣ будани қатл исбот шавад, далелҳо ҳамоно кофӣ нестанд. Аммо ин яқин аст, ки қатли шоҳ ва оилаи вай сиёсӣ буд. 

Дар мавриди қатли хонаводаи шоҳи охири рус баҳсҳо идома доранд ва гумон аст ҳатто даҳсолаи оянда ба ин баҳсҳо нуқта гузошта шаванд. Аз миён сад сол гузашт, исботи фарзияҳо мушкиланд, чун шоҳидони он рӯйдод зинда нестанд, ҳатто овозаҳову гумагуҳо ҳам шубҳаовар шудаанд. То ҳол ҷасадҳои аслӣ пайдо нашудаанд ва чун ҷасад дақиқ нест, исботи фарзияҳо низ номумкин аст... 

Вардан БАГДАСАРЯН

"Совершенно секретно", No.8/409 августи соли 2018

 Таҳияи Ф.Муҳаммад 

Шумо дар Таърих

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин соли 1938 ташкил ёфтааст. Ноҳия яке аз ноҳияҳои вилояти Хатлон аст ва дар ҷанубу шарқи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад. Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №29 аз 2 феврали соли 2016 ва Қарори Маҷлиси Миллии МО ҶТ таҳти № 204 аз 3 марти соли 2016 ноҳияи Шӯрообод ба номи Шамсиддин Шоҳин иваз карда шуд. Маркази ин ноҳия шаҳраки Шӯрообод аст, ки дар доманаи куҳсори Ҳазрати Шоҳ ва дар ҷанубу ғарбии шаҳри Кӯлоб ҷой дорад.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар шимол бо ноҳияҳои Дарвоз, Муъминобод, дар ғарб бо ноҳияи Кӯлоб, дар ҷануб бо ноҳияи Ҳамадонии вилояти Хатлон ҳамсоя ва дар шарқ бо рӯди Панҷ, ноҳияҳои Хвоҳон, Роғистон ва шаҳри Бузурги вилояти Бадахшони Афғонистон ҳаммарз аст.

Аз январи соли 2016 Зарифзода Почохони Ҳабибулло раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин мебошад. 

Терайзамин 

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар садаҳои миёна бахше аз вилояти таърихии Хутталон буда ва то замони шӯравӣ Терай ё Терайзамин хонда мешуд. Бархе номпажуҳон маънии ин ҷойномро «сарзамини бодхез ва шамолӣ» донистаанд. Устод Зафар Мирзоён маънии ҷойномро «гузаргоҳ» пешниҳод карда бо ин эҳтимол ки «шояд ин макон гузаргоҳи мардуми водии Кӯлоб аз ин соҳили Ому ва мардуми Чоҳобу Русток аз варои Ому ба ин тараф будааст». Пас аз инқилоби Бухоро дар соли 1920 ва таъсиси Ҷумҳурии Мухтори Шӯравии Тоҷикистон Терайзамин бахше аз вилояти Кӯлоб шуд.

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин диёри афсонаҳост. Афсонаҳои табиат. Ин ҷо ҳар куҳу камар, дараю адир, дашту гулгашт, сангу харсанг, чашмаю ҷӯйбор, рӯду обшор афсона дорад. Ин афсонаҳо беохиранд. Афсонаҳои аз ҳама шуниданӣ, афсонаҳои чашмасорон ва рӯдҳои равони беқароранд. 

Аз ёдгориҳои таърихии ин сарзамин мазори Ҳазрати Имом Аскар, Оромгоҳи Махсуми Мулло Бодурҷон, оромгоҳи Шайх Муҳаммадамони Валӣ аст.

Мардуми ин ноҳия бештар кишоварзанд ва боғдорӣ, чорводорӣ ва занбурпарварӣ мекунанд. Дармонбахшии асали Шӯрообод дар саросари Тоҷикистон шинохташуда аст.

Бар асоси тақсимоти ҳудудию маъмурӣ, ноҳияи Шамсиддин Шоҳин 1 шаҳрак ва 7 ҷамоат дорад, аз ҷумла: Шӯрообод, Дашти Ҷум, Доғистон, Йол, Лангардара, Саричашма ва Чагам.

Сарзамини муъҷизаҳо

Дар олам хеле кам аст маконе, ки рӯзгори одамонаш ба куҳҳои баланду сарбаафлок ин қадар вобастагӣ дошта бошанд. Фарзандони ин сарзамин ҳар куҷое рафтанд, дар кулворашон китобу дар қалбҳояшон муҳаббати ин ин диёрро бо худ бурданд. Саранҷом аз ин диёр ҳунармандону санъаткороне рӯиданд, ки ҳама шамъи маҳфилҳою чароғи анҷуманҳо гаштанд; Ҳофизи дӯстдоштаи халқ, булбули санъати тоҷик, Одина Ҳошимов, устоди шоирони Хатлонзамин Ашӯр Сафар, ки аз каломаш дар маҳфилу маъракаҳо шакар мерехт, сарояндаю муғании бемисл Давлатманд Холов, фалаксаро ва дуторнавози мумтоз Гулчеҳра Содиқова, ҳунармандони нотакрор: Ҳошим Гадою Ҳабибуллои Абдураззоқ, шоири ширинсухан Хайрандеш, ки бо таронаҳои дилошубаш маҳбуби тоҷикистониён гардидааст, ҳама зодагони ин диёри куҳҳои сарбаафлоку парвардаи обу хоки ин сарзамини бисёрчашмаанд...

Куҳҳои подору устувор бо қуллаҳои ҳамеша сафеди ин диёр ба муйсафедони нуронию донишманде шабеҳанд, ки аз диданашон ба ҷони одам қувват ва ба дил нуру зиё медамад. 

Рӯду дарёчаҳои шӯхобе, ки аз ин куҳҳо шилдирросзанон ба поён ҷорӣ мешаванд, ҳақиқати ин зебогиҳоро қисса мекунанд. Ҷӯю чашмасоронаш бошад, бо садои маҳину латиф суруди зиндагиро месароянд ва шукронае аз ин ҳама зебоӣ ва амонии мулк мекунанд. 

Калонтрин санг дар Осиёи Марказӣ

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин воқеан як сарзамини зебоиҳо ва як макони муъҷизаҳост. Дар ин диёри сабзпӯшу фарохдоман, беҳтарин офаридаҳои табиат бо ҳам омада, ҷилванамоӣ мекунанд. 

Дар ин макон даҳҳо ва садҳо мавҷудоте ҳастанд, ки воқеан ба ҳайси бозёфтҳои табии таърихӣ метавонанд хизмат намоянд. Чунончи куҳи Эмомаскара, худ на танҳо як куҳест, балки он як санги азиму бузургест, ки садҳо гектарро ташкил медиҳад. Он калонтарин санг дар Осиёи Марказӣ маҳсуб мешавад. Дар пояи ин куҳи саропо санг, дар баландии 3,7 ҳазор метр, боз як чашмаи серобе арзи ҳастӣ мекунад...

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маконест гуногуниқлим. Агар дар як тарафи он баҳор бошад, дар тарафи дигараш ҳанӯз зимистон аст. Дар як ҷонибаш деҳқонон кишту кор менамоянд, дар ҷониби дигараш ҳосил меғундоранд. Дар деҳаи Баҳораки мавзеи Саричашма ҳангоме ҷавро медараванд, ки дар Сафедоби Терай, айни кишту кор аст. Бисёр шудааст, ки аз ҷави Баҳорак оварда, дар Терай кишт карда ҳосили фаровон рӯёнидаанд. Ё айёме, ки дар Анҷироб тут мепазад, дар деҳаи Ҳазрати Эмом, ба қавле, он ҳанӯз гул накардааст.

Ин гуфтаҳо гувоҳи он аст, ки ин диёр як сарзамини калону серпаҳно ва  як мулки файзбахшу ганҷрезест, ки саховати табиат интиҳо надорад. Лазизтарин меваҳои Тоҷикистон: туту анҷиру анори шаҳдбор маҳз дар ин сарзамин мерӯянд. 

Ривоят мекунанд, ки амирони Бухорои Шариф танҳо аз тутҳои шаҳдбори Қумроғу Яхшо ва анҷиру анорҳои шакарини Анҷиробу Даштиҷум истифода мекардаанд. Ҳатто амир Олимхон як қисмате аз ин анорҳоро, ки барояш мефиристоданд, ӯ боз ба императорони рус ва Аврупо туҳфа медодааст. Зирае, ки дар ин диёр мерӯяд, аз рӯи бӯй, тамъ ва ғизонокиву шифобахшиаш дар ҷаҳон беназир аст. 

Дар бораи саховати ин сарзамин сухан ронда, аз обҳои шифобахшу мусаффояш ном набурдан гуноҳ аст. Дар маркази ноҳия маконест, ки онро «Терай» меноманд. Ин мавзеъ дар сарчашмаҳои таърихӣ номи «Терайи ҳазорчашма» ёд мешавад. Ҳоло ҳам агар ҳама чашмаҳои ин маконро дуруст бишмарем, аз ҳазор ҳам бештаранд... 

Лозим ба ёдоварист, ки ноҳия ба тозагӣ табдили ном кард ва ба худ исми яке аз абармардони адабиёти оламгири тоҷик, Шамсиддин Муҳаммад Шоҳини Кӯлобиро гирифт. Ин рамзӣ ва табиӣ буд. Сарзамине, ки дар худ ин қадар бузургон ва нобиғаҳои фарҳангу ҳунарро парвардааст, бояд номи яке аз онҳоро дошта бошад. Хушбахтона, ҳамин гуна каси арзанда ва сазовор дар шахсияти Шамсиддин Шоҳин ва исми мубораки эшон падидор гашт.

Шоҳин, воқеан шоири бузург аст. Адабиётшинос ва тазкиранигори тоҷик Шарифҷонмахдуми Садри Зиё Шамсиддин Шоҳинро дар шеър беназир ҳисобида, ӯро дар қатори Фирдавсию Анварию Саъдӣ чорумин пайғамбари адабиёти форсӣ-тоҷикӣ номидааст: 

Назираш набвад ба рӯи замин,

Зи пайғамбари шоирон чорумин.

Итминон дорем, ки мардуми заҳматқарини ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, бо кору амали шоистаи худ, номи ин шоири бузургро чун шеъри баландаш, зинда хоҳанд дошт...

Ғановати куҳистон беинтиҳост ва бузургтарин сарвате, ки мо дорем, ин табиати зебо, манзараҳои нотакрор, обҳои софу зулол, чашмаҳои шифобахш, рӯду дарёҳои тезҷараён, гулу гиёҳҳои шифобахш ва дар маҷмуъ ҳама афсункориҳои куҳистони ин диёранд, ки мехоҳем мавриди истифодаи ҳамагонӣ қарор бигиранд. 

Мо он қадар чашмаҳои зиёд, гулу гиёҳҳои фаровон, меваҳои ширину шаҳдбор ва манзараҳои зебою нотакрор дорем, ки барои ҳама мардуми кишвар басанда аст. Бигузор ҳамагон ин ҷо биоянд ва аз ин неъматҳои Худованд, ки дар ин диёр арзонӣ доштааст, истифода баранд. 

ФАРҲАНГ

Дар ноҳия 32 муассисаи фарҳангӣ фаъолият менамояд. Аз ҷумла;5 хонаи фарҳанг, 7 клуби деҳотӣ, як боғи фарҳанг, як китобхонаи марказӣ, 17 филиали китобона ва як мактаби бачагонаи санъат. Дар китобхонаи марказии ноҳия якҷоя бо филиалҳояш 71275 китоб дар хизмати мардум қарор дорад. 

Боғи фарҳангии ноҳия бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва соҳибкорони муваффак бо тариқи ҳашар соли 2016 мавриди баҳрабрадорӣ қарор дода шуд.

Дар муассисаҳои фарҳангии ноҳия 163 нафар фаъолият доранд. Аз ин шумор 13 нафар бо маълумоти олии соҳавӣ, 25 нафар бо маълумоти олии ғайрикасбӣ, 24 нафар бо маълумоти миёнаи махсус, 3 нафар бо маълумоти олии нопурра, 10 нафар бо маълумоти миёнаи махсус ва 88 нафар бо маълумоти умумӣ фаъолият менамоянд.Аз шумори умумии кормандон 80 нафарашонро занон ташкил медиҳад. 

АҲЛИ ИЛМ ВА ФАРҲАНГУ ҲУНАР

Ноҳияи Шамсиддин Шоҳин чун сарзамини донишмандони асил ва фаҳангиёни беназир шинохта шудааст. Аз ин диёр басо касони бофазлу фарҳанг бархоста, дар пешрафти фарҳангу адаби кишвар саҳми муносиб гузошта тавонистанд. 

Шамсиддин Шоҳин аз бузургтарини онҳо буда, дар радифи он боз шоирону фозилони дигаре чун; Бисмил, Муҷрим, Мирзо Қадам, Мирзо Лиқо, Мирзо Наим, Мирзои Хокӣ, Домулло Бурҳон (шарикдарси устод Айнӣ), Бобо Халил, Абдӣ, Алимуҳаммад Муродӣ, Раҷабалии Роғӣ, Назар Халил, Неъматулло Худойбахш, Муродалӣ Набӣ, Хайрандеш, Сафар Аюбзодаи Маҳзун, Мираҳмади Амиршо, Маҷид Салим, Нуруллоҳи Ориф, Зикруллои Файзулло, Саттор Муслим, Мадхони Шариф, Ҷиёнхон Латифӣ, Одина Шермад, Ёри Роғӣ, Рашиди Қодириён, Саодат Одинаева ва боз даҳҳо нафари дигар бо сеҳри суханашон маҳбуби дилҳо гардидаанд. 

Донишмандоне чун Тағай Раҳмонов, Ҳайдар Сафиев, Аламхон Кӯчаров, Ҳайдар Одинаев, Абдураҳмон Қурбонов, Шариф Раҳимзода, Ҳамидуллохон Фақеров, Искандар Икромов, Аҳрор Ҷалолов, Қамчин Чиллаев ва боз даҳҳо нафари дигар дар бахшҳои гуногуни илм тадқиқотҳои пурарзише анҷом дода тавонистанд.

Вале аз ҳама бештар мардуми ноҳияи Шамсиддин Шоҳинро бо мутрибону ҳунармандон ва санъаткорони мумтозаш мешиносанд. Номи Ҳошими Қосим, Одинаи Ҳошим, Ҳошими Гадо, Давлатманд Холов, Ҳабибулло Абдураззоқов, Гулчеҳра Содиқова, Файзалӣ Ҳасан, Мирзоватан Миров, Озодамо Муҳтарамова, Исо Абдурашид, Тағаймуроди Розиқ, Ҷумъахон Сафаров, Шокири Қодир, Ҳотам Юнусов ва Ҷумъахон Сироҷов, барои ҳама мардуми кишвар шиносу ошност. Имрӯз ҳам дар ноҳия ҳунармандоне аз ҷумлаи Тилло Гадоев, Шодӣ Мирзоев, Назаршо Ҳошимов ва чанд тани дигаре кору эҷод менамоянд, ки ин анъанаи неки гузаштагони худро идома медиҳанд. 

ФАЛАКИ РОҒӢ 

«Фалаки роғӣ» маҳсули ҳунари мардуми воҳаи Роғи Афғонистон аст. Сокинони ин мавзеъ ҳама сароасар тоҷиканд ва аз Тоҷикистон ба он ҷо рафтаанд. Бо тақозои қисмат, боз як гуруҳи онҳо дубора ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар мавзеи Терайи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин маскан ихтиёр мекунанд. Ин мардум ҳунари фалаксароиро бо худ меоранд ва бо  таъсири онҳо фалаксароӣ дар ин диёр рушд мекунад. 

Баъдан, дар ин чо ҳунармандони маъруфе чун: Сафари Байдгӯ, Ашӯри Шоҳкулоҳ, Ғулом Назар, Раҷабмади Валӣ, Шарифи Мирзонабот, Махсуми Шакур, Асои Байдгӯ, Икроми Гӯрғулигӯ, Қорӣ Мадохир, Сӯфии Байдгӯ, Мадисои Гӯрғулигӯ, Ҳоҷии Байдгӯ, Наими Байдгӯ рӯзгор карданд, ки миёни мардум хеле маъруф буданд. 

ЗИРОАТКОРӢ

Зироаткорӣ пешаи асосии мардуми ноҳия маҳсуб ёфта, соли равон дар майдони 8541 гектар кишт гузаронида шудааст. Аз ин 8195 гектар ғалладонагиҳо, аз ҷумла гандум 7395 га, ҷав 150 га, лубиёгиҳо 650 га, зағер 200 га, картошка 80 га, сабзавот 21 гектар заминро ташкил медиҳад. 

ЗАНБУРИ АСАЛ

Ин соҳа аз шумори соҳаҳои сердаромади ноҳия маҳсуб мешавад. Ҳоло дар ҳама шаклҳои хоҷагидории ноҳия шумораи оилаҳои занбури асал ба 3290 адад расонида шудааст. Истеҳсоли асал 56 тоннаро ташкил медиҳад.

БОҒДОРӢ

Боғпарварӣ соҳаи сердаромади ноҳия ба шумор меравад. Айни ҳол дар ноҳия 2576 гектар дарахтони мевадиҳанда, аз ҷумла; 1983 га боғҳои себу нок, 30 га зардолу, 3 га гелос, 108 га чормағз, 182 га анор, 4 га бодоми шириндона, 37 га тут ва 143 га ток парвариш меёбад.

Танҳо соли ҷорӣ боғдорони ноҳия 100 гектар боғи нав, аз ҷумла 62 га боғи себ, 3 га боғи дарахти нок, 19 га боғи зардолу, 3 га боғи гелос, 1га боғи чормағз, 8,5 га боғи анор ва 4 гектар боғи бодоми шириндона бунёд намуданд. Иловатан 15 гектар боғи куҳна аз нав барқарор карда шуд ва то соли 2020 ин рақам ба 400 га расонида мешавад.

Алихон ЗАРИФӢ

Шумо дар Минтақа
саҳ 18 аз 42

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.