.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Дар чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ ва Назаршоеви Душанбе як марди тақрибан 25-30-сола зери чархи мошин монда, дар бемористон ба ҳалокат расидааст, ки шахсияташ маълум нест.

17-уми сентябри соли 2018, тахминан соати 20:10а, ронандаи автомашинаи тамғаи “Опел-Астра” Гулов Фариддун Нурмаҳмадович, соли таваллудаш 2000, сокини кӯчаи Садриддин Айнии шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Аҳмади Дониш ба самти кӯчаи Валаматзода, дар ҳудуди чорроҳаи кӯчаи Рӯдакӣ ва Назаршоеви пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ҷинсаш марди шахсияташ номаълум, тахминан 25-30-соларо зер кардааст. Дар натиҷа ин пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”-и Душанбе ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари рӯз

Дирӯз Суди олии Тоҷикистон нсибати роҳбари ширкати «Умед-88» Раҷабалӣ Одинаев ҳукм баровард, ки дар асоси он ин соҳибкори тоҷик ба муддати 24 сол бояд дар паси панҷара монад.

Раҳбарияти ширкат ба азхудкунии воситаҳои давлатӣ ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз гунаҳкор дониста шудааст. Мудири ширкат Идибек Иброҳимов ба 22 соли зиндон маҳкум шудааст.

Муассиси ширкат Раҷабалӣ Одинаев ба иттиҳоми азхудкунии воситаҳои давлатӣ, камомад ва ғайримақсаднок истифода бурдани қарз ба 24 сол аз озодӣ маҳрум гардиааст. Адвокатҳои судшавандагон аз шарҳу тавзеҳи масъала худдорӣ варзиданд.

Раҳбарияти ширкати “Умед-88” 14 октябри соли гузашта боздошт шуда будШ. Гуфта мешуд, ки ин ширкат аз Вазорати молия дар ҳаҷми 170 млн. сомонӣ қарз гирифта, муддати қариб 4 сол аст онро ба давлат баргардонидааст. Охири моҳи майи соли ҷорӣ парвнада ба баррасии суд дода шуд. Моҳи июл раиси Суди олии Тоҷикистон Шермуҳаммад Шоҳиён ба журналистон хабар дод, ки роҳбари ширкати “Умед-88” дар содир намудани ҷиноят аз рӯи 7 модда гумонбар дониста шуда, бо сабаби махфӣ будани баъзе ҳолатҳои ҷиноятҳои Одинаев, мурофиаи судӣ пушт дарҳои пӯшида баргузор мешавад.

Ширкати “Умед-88” муддати беш аз 20 сол ба воридот ва фурӯши чаканаи маҳсулоти нафтӣ дар Тоҷикистон машғул буд. Ширкат асосан аз Русия ва Қазоқистон бензин ва сӯзишвории дизелӣ ворид мекард.

Шумо дар Слайд

Аз Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ки имрӯз дар Душанбе ҳамоиши (бизнес-форуми) доираи соҳибкорони Ҷумҳурии Тоҷикистону вилояти Синдаои  Ҷумҳурии Чин баргузор мегардад. Ҳамоиш соати 14:00 дар  меҳмонхонаи «Шератон» оғоз хоҳад шуд.

Мақсад аз  баргузор намудани ҳамоиши мазкур- ин рушди минбаъда ва таҳкими муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ, ҷалби сармоя ба соҳаҳои афзалиятноки Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳои истеҳсолии муштарак, пайдо намудани ҷойҳои нави корӣ ва шарикони ҳамкор,  дарёфти самтҳои нави корӣ ва таҳкими робитаҳои соҳибкорони ватанӣ бо хориҷӣ  мебошад.

Шумо дар Хабари рӯз

Имрӯз дар Варзоб  ҷаласаи сенздаҳуми Шӯрои вазирони  адлияи кишварҳои узви ИДМ дар Кохи «Малика»-и ноҳияи Варзоб  ба кор оғоз кард. Ҷаласаи  мазкур дар доираи  татбиқи Консепсияи раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 2018  роҳандозӣ мегардад.

Дар ҳошияи чорабинии  мазкур 17 сентябри соли 2018 гузаронидани ҷаласаи коршиносон оид ба омода сохтани маводи ҷаласаи Шӯрои  вазирони  адлияи   давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ ва ҷаласаи сеюми Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи пешниҳодот ҷиҳати такмилдиҳии афзори татбиқи  конвенсияҳои Минск ва Кишинев дар бораи  ёрӣ ва      муносибатҳои  ҳуқуқӣ  оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва    ҷиноятӣ дар  назар дошта шудааст.

Ҷаласаи  якуми  Гурӯҳи кории мазкур 16 майи соли 2016 дар шаҳри Санкт-Петербурги  Федератсияи Россия ва ҷаласаи дуюми он 10 октябри соли 2017 дар шаҳри Еревани Ҷумҳурии  Арманистон баргузор  гардида буданд.

«Ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ таҳти раёсати Раиси Шӯрои  вазирони  давлатҳо-иштирокчиёни ИДМ – Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида  шуда, дар он вазирони адлияи   ҷумҳуриҳои Арманистон,  Беларус,  Қирғизистон, Тоҷикистон  ва    Федератсияи Россия  иштирок мекунанд. Инчунин  ба ҳайси  намоянда дар Шӯро вазирони адлияи ҷумҳуриҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон ширкат мекунанд», — афзуд Б. Қобилов.

Тибқи рӯзномаи маҷлис, дар ҷаласаи Шӯрои вазирони адлия масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи истифодаи  технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ дар самти расонидани хизматрасонии ҳуқуқӣ, танзими қонунгузории назорати ҷамъиятии фаъолияти мақомоти иҷрои  ҷазои  ҷиноятӣ дар давлатҳои ИДМ, фаъолият дар самти баландбардории фарҳанг, тафаккури ҳуқуқӣ ва дигар масъалаҳои мубрами ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, дар он муболилаи   афкор   ва  таҷриба  сурат мегирад.

Ёдовар мешавем, ки Шӯрои вазирони адлияи давлатҳо-иштирокчиёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил бо қарори  Шӯрои  сарони    давлатҳои ИДМ «Дар бораи   Шӯрои вазирони    адлияи     давлатҳо —   иштирокчиёни ИДМ» аз 26 августи соли 2005 таъсис  дода     шудааст. Қарор дар бораи   таъсиси     Шӯро аз ҷониби    панҷ     давлат — ҷумҳуриҳои Арманистон, Беларус, Қирғизистон, Федератсияи Россия ва  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб   расидааст.

Ваколатҳои асосии  Шӯро аз таҳияву  таъмини татбиқи қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо ва Шӯрои сарони ҳукуматҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба масъалаҳои ба салоҳияти    вазоратҳои   адлия  марбутбуда, мусоидат дар баҳамназдиккунии қонунгузории  давлатҳо –иштирокчиёни ИДМ ва дигар масъалаҳои ба ин соҳа марбут иборат мебошанд.

Аз лаҳзаи таъсиси Шӯро дувоздаҳ ҷаласа ташкил  ва   гузаронида  шудааст. Аввалин ҷаласаи он  12 апрели соли 2006 дар шаҳри Москваи Федератсияи Россия доир гардида  буд. Ҷаласаи  шашуми ин  Шӯро  23 сентябри соли 2011 дар шаҳри  Душанбе  доир шуда буд.

Охирин ҷаласаи Шӯрои вазирони  адлияи давлатҳо — иштирокчиёни ИДМ 11 октябри  соли 2017 дар   шаҳри Ереван баргузор гардида буд.

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 12 аз 40

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.