.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сентябр 2018 - || ФАРАЖ

Нимаи якуми имрӯз, 24-уми сентябр, раиси Маҷлиси намояндагон Шукурҷон Зуҳуров Раиси гуруҳи дӯстӣ ва ҳамкории Маҷлиси миллии Ҷумҳурии Корея бо МНМО ҶТ КИМ Сонг Тэ ва ҳамроҳони ӯро барои мулоқот пазируфт. Дар ин бора Мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи МН Муҳамадато Султонов ба «Фараж» хабар дод.

Бино ба иттилои манбаъ, Шукурҷон Зуҳуров зимни мулоқоти судманду самимӣ меҳмононро хайру мақдам гуфта, аз дастовардҳои кишвари дӯсти Корея изҳори хушҳолӣ намуд.

Ҳамчунин, раиси Парламенти кишвар гуфт, ҳамкориҳо бо Ҷумҳурии Корея рӯз то рӯз аҳамияти бештар касб намуда, ин тамоюл дар дурнамои наздик ба эҳтимоли зиёд чунин боқӣ хохад монд.

Бо боварӣ гуфта шуд, узвияти Тоҷикистон дар Созмони умумиҷаҳонии савдо сатҳи ҳамкориҳоро васеъ намуда, низоми савдои хориҷии кишвар шаффоф ва монеаҳои маъмурию техникӣ батадриҷ бартараф ҳоҳанд гашт.

- Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Корея метавонанд бо сохтмони нерӯгоҳҳои барқӣ-обии хурду бузург ва хатҳои интиқоли барқ ва ҳамзамон дар интиқоли он ба кишварҳои дигар нақши фаъол дошта бошанд. Таҷрибаи Ҷумҳурии Корея дар татбиқи технологияҳои замонавии иттилоотию коммуникатсионӣ дар соҳаҳои гунгогуни ичтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ метавонад мавриди омӯзиш ва истифодаи сохторҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирад,- гуфт Зуҳуров.

Раиси МНМО ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон, ташкили намоишгоҳҳои маҳсулоти саноатии Корея дар Тоҷикистонро ниҳоят муфид арзёбӣ кард ва кушодани Дафтари Агентии Корея оид ба ҳамкориҳои байналмилалиро дар Тоҷикистон қобили дастгирӣ донист.

Шукурҷон Зуҳуров дар анҷоми мулоқот ба зиёд намудани бурсияҳои таҳсилиро ба донишчуёни тоҷик дар чорчӯбаи барномаи бурсиявии глобалии Корея (Global Korean Scholarship) таъкид намуд.

Шумо дар Хабари рӯз

Кормандони Маркази санитариву эпидимиологии ноҳияи Шаҳритус дар 8 моҳи соли равон 230 кг маҳсулоти пастифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузаштаро аз муомилот гирифтанд, ки маблағи он 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Директори Маркази санитариву эпидимиологии ноҳияи Шаҳритус Ҷӯрабой Саидов гуфт, ки барои аз муомилот гирифтани маҳсулоти пастифату қалбакӣ ва муҳлати истифодаашон гузашта санҷишҳо гузаронида шуданд. “136 нафар соҳибкор барои риоя накардани ҳолати санитарӣ  ба маблағи 14 ҳазор сомонӣ ҷарима шуданд. Инчунин, фаъолияти 7 ошхонаро муваққатан қатъ кардем, зеро ин ошхонаҳо ба талаботи санитарӣ ҷавобгӯ набуданд”,-  афзуд ҳамсуҳбати мо.

Манбаъ гуфт, дар 8 моҳи соли равон аз тарфи кормандони марказ 463 нуқтаи фурӯш аз санҷиш гузаронида шуда, 230 кг маҳсулоти пастифату қалбакӣ ва муҳлати истифодабариашон гузашта ошкор ва  аз муомилот гирифта шуданд, ки маблағи онҳо 2 ҳазору 600 сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, Ҷӯрабой Саидов илова намуд, ки ин ҳама заҳматҳои кормандони марказ баҳри солимии ҷомеа ва пешгирӣ аз ҳар гуна бемориҳои хатарнок миёни аҳолӣ мебошад.

Шумо дар Хабари рӯз

Як хафта мешавад, ки дар баъзе шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон бо реҷа додани нерӯи барқ ба аҳолӣ оғоз гардидаааст. Ин вазъ сокинони вилоятро ба ташвиш овардааст.

Сокини ноҳияи Кӯшониён Қурбоналӣ Бердиев гуфт, ки: “Хурсанд шуда будем, ки ду сол боз барқро хомӯш намекунанд, аммо ин хурсандии мо дер давом накард, зеро як ҳафта боз қувваи барқ аз соати 9-и субҳ то 5-и бегоҳ ва аз соати 23-и шаб то 4-и бомдод хомӯш карда мешавад. Яку якбора хомӯш шудани қувваи барқ боиси вайрон шудани таҷҳизоти барқӣ гаштааст”.

Сокини дигар аз ноҳияи Ховалинг донишҷӯ Абдураҳмон зимни тамоси телефонӣ гуфт, ки дар ин ноҳия низ хомӯш кардани қувваи барқ як ҳафта боз мушоҳида мешавад. Ӯ гуфт, ин ҳолат боис мегардад, ки ба донишгоҳ бе тайёрӣ равем.

Ба мисли ин сокинон, даҳҳо нафари дигар аз хомӯш шудани қувваи барқ изҳори нигаронӣ намуда гуфтанд, ки бармаҳал хомӯш шудани барқ сабаби вайрон шудани асбобҳои барқӣ, аз қабили телевизору яхдон ва дигар таҷҳизот шудааст.

Дар ҳамин ҳол, сармуҳандиси шабакаҳои Барқи Ҷануб дар минтақаи Бохтар Раҷабалӣ Бояков гуфт, ки сабаби асосии хомӯш шудани барқ дар минтақа ва умуман вилоят омодагии шабакаҳои барқ ба давраи тирамоҳу зимистон аст. Манбаъ гуфт: “Дар кутоҳтарин муҳлат ин мушкилӣ ҳалли худро пайдо хоҳад кард  ва аҳолӣ бо барқи доимӣ таъмин хоҳанд шуд”.

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Слайд

 

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикии шабакаҳои обтаъминкунии Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» барои омодагӣ  ба  давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2018-2019  дар истгоҳҳои обтозакунии «Фишорӣ», «Худҷореъ», «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»  интиқоли оби нӯшокӣ  муваққатан катъ мегардад.

Бо  қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ нақшаи чорабинии муваққатан қатъ кардаги интиқоли оби нӯшокӣ дар ин истгоҳҳо тасдиқ  гардидааст.

Аз соати 23:00 рӯзи 3 октябр то соати 00:00 рӯзи 5 октябр дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Фишорӣ» интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарони  ноҳияи Сино ва хиёбони Рӯдакӣ (аз кӯчаи Бухоро то кӯчаи С.Ғанӣ), хиёбони Исмоили Сомонӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрони ноҳияи Исмоили Сомонӣ  қатъ мегардад.

Дар истгоҳҳои обтозакунии «Кофарниҳон» интиқоли оби нӯшокӣ дар  маҳаллаҳои Гулбутта, Маърифат, Крупская-1,2, 61, 63, 64, 65, кӯчаҳои Н.Қарабоев, Қаҳҳоров, Фучик ва Абдуллоев Наҷмиддини ноҳияи Фирдавсӣ ва кӯчаҳои Назаршоев, Қаротегин, Ховарон, Гулобод, Зебуниссо, Чиноро-1,2, К.Хуҷандӣ, Восифӣ, Хайробод, Ҷавонон, Фучик, Карин Манн, Зафар, С.Р.Афардӣ, Улуғбек, У.Зоконӣ, А.Савдо, Афзалӣ, хиёбони Рӯдакӣ, аз бинои роҳи оҳан то КВД меҳмонхонаи «Душанбе» ва қисмати кӯчаи С.Айнӣ, то гардиши КВД «Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе», маҳаллаҳои 191, 192, Бинокорон ва комбинати коркарди чӯби ноҳияи Шоҳмансур  аз соати 23:00 рӯзи 10 октябр то соати 00:00 рӯзи 12 октябр қатъ мегардад.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии «Худҷореъ» интиқоли оби нӯшокӣ дар маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустии  ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77-и  ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои  10-15, 15А, 31, 82, 91, 92, 101, 102, 112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароуннаҳр, Камонгарон, Шишхона, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдами  ноҳияи Сино ва  дар ноҳияи Фирдавсӣ дар  кӯчаҳои Қаҳҳоров, Миралӣ, Мушфиқӣ, Соҳилӣ, Н.Қарабоев то кӯчаи Шестопалов, маҳаллаҳои 23, 24, Равшангарон, Дарвоз, Яккачинор ва Маркази истеҳсоли  барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе   аз соати 23:00 рӯзи 17 октябр то соати 00:00 рӯзи  19 октябр қатъ мегардад.

Дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ ва васлкунии таҷҳизот дар истгоҳҳои обтозакунии  «Ҷанубӣ-Ғарбӣ» дар маҳаллаҳои 43, 64, 65, кӯчаҳои Борбад ва Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ ва маҳаллаҳои Меҳнатобод, Наврӯз, Роҳи нав, 32, 33, 52, 53, 83, 84, 103, 104, кӯчаҳои Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, А.Қаҳҳорӣ, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев ва  Ханжини  ноҳияи Сино  аз соати 23:00 рӯзи 31 октябр то  соати  00:00 рӯзи 2 ноябр қатъ мегардад.

Тибқи қарори дахлдори раиси шаҳри Душанбе,  раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» вазифадор гардидаанд, ки  дар давраи иҷрои корҳои ба нақшагирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.

 

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 38

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.