.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 28 Август 2018 - || ФАРАЖ

Дирӯз дар роҳҳои кишвар чанд садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки мутаассифона талафоти ҷонӣ доштанд. Дар ду садама ду хурдсол аз беэҳтиётӣ зери чархи нақлиёт монда, ҷон додаанду дар садамаи дигар ронанда ба ҳалокат расидааст.

Рӯзи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 09:30-дақиқа, ронандаи трактори тамғаи “МТЗ-82”, Идрисов Насимҷон Муллоевич, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Тоҷикобод ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Шарқиён ба самти деҳаи Сари-пул, дар ҳудуди деҳаи Нушори-поён қоидаҳои ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, хурдсол, Назаршоев Аҳадулло Наврӯзшоевич, соли таваллудаш 2013, сокини деҳаи Нушори-поёнро пахш намудааст. Дар натиҷа, хурдсол ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Санаи 27-уми августи соли 2018, тахминан соати 11:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “ГБАСНГ-ДАМАС”, шаҳрванди Ҷумҳурии Ӯзбекистон Равшанов Муҳриддин Шеруғлӣ, соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Гиждувони вилояти Бухоро, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи “Душанбе-Турсунзода”, дар ҳудуди деҳаи Зарбдори ш.Турсунзода аз ӯҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагарди ноболиғ, Донаева Фотима Рустамбековна, соли таваллудаш 2008, сокини деҳаи Зарбдорро пахш намудааст. Дар натиҷа, духтарчаи ноболиғ ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

27-уми августи соли ҷорӣ, тахминан соатҳои 01:05 ронандаи автомашинаи тамғаи «БМВ», аломати қайди давлатияш 8797СЕ01 Умарзода Ҳикматулло Неъматулло, соли таваллудаш 1997, донишҷӯи соли 4-уми Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, сокини ноҳияи Ховалинг, ҳангоми ҳаракат бо кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ ба самти кӯчаи Саъдии Шерозии шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба девори яке аз манзилҳои истиқоматии кӯчаи Лермонтов бархурдааст, ки дар натиҷа ронандаи автомашинаи мазкур дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шумо дар Хабари-рӯз

Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ хабарҳои ба хоки Афғонистон ҳамла кардани ҷониби Тоҷикистонро рад карда, иттилоъ медиҳад, ки ин хабарҳо асоси воқеӣ надоранд, аммо амалиёт барои пайдо кардани гуруҳи ҷиноятие, ки шаҳрвандони кишвари моро ҳадафи тир қарор доданд, дар марз идома дорад.

Чуноне дирӯз хабар дода будем, 26 август, соати 15:00, аз минтақаи таҳти назорати отряди сарҳадии «Ҳамадонӣ» дар ноҳияи Фархор як гурӯҳи 10-12-нафараи номаълуми афғон ғайриқонунӣ сарҳадро убур карда, аз 50 то 100 метр вориди хоки Тоҷикистон шудаанд.

Ба иттилои сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадӣ Муҳаммад Улуғхоҷаев, шахсони мусаллаҳ ба автомашинаи давлатии тамғаи «Нива», рақами давлатиаш 975 ХВ 03 РТ, ки дар он се нафар шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракат доштанд, бо яроқҳои АК-74, қутраш 5,45 ва 7,62,  РПГ 7В  оташ кушодаанд.

«Дар натиҷаи ҳамла ду корманди хоҷагии ҷангал Ҳамрохон Саидов ва Давлат Сангинов, ки дар асоси иҷозатномаи махсус барои ҷамъоварии хӯроки чорво машғул буданд, мутаассифона, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидаанд. Мусофир Сафархон Раҳмонов ба тарафи қамишзор фирор кардааст», - гуфтааст ин манбаъ ба «Ховар».

Дар ҳамин ҳол дар баъзе аз воситаҳои ахбори оммаи дохил ва хориҷи кишвар хабарҳое нашр гардиданд, ки гӯё ҷониби Тоҷикистон бо истифода аз чархболу ҳавопаймо баъзе минтақаҳои Афғонистонро ҳадафи мушакборон қарор додааст.

Ин матлабро сардори Маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Муҳаммад Улуғхоҷаев рад намуда, зикр кардааст, ки «дар ин ҳодиса аз ҷониби Тоҷикистон ягон чархбол ё ҳавопаймо истифода нашудааст. Дар айни ҳол дар минтақаи сарҳадии «Ҳамадонӣ» амалиёт барои ошкор ва нобуд сохтани гурӯҳи мусаллаҳи  афғон идома дорад».

Шумо дар Слайд
Сешанбе, 28 Август 2018 09:48

Вазъи ҳаво: Муътадил мешавад

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон  хабар медиҳад, ки имрӯз, 28-уми август, дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбандаи камабр ва бебориш шуда, дар баъзе ноҳияҳо вазиши шамол аз самти шарқ то 10-15 метр дар як сония мерасад. Дамои ҳаво шабона то 2-3 ва рӯзона то 1-2 дараҷа паст мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 10-15 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +29+34 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво тағйирёбандаи камабр пешгӯӣ шуда, шамол аз самти ғарб 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 25-30 ва дар шарқи ин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона +14+19 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  2 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 2 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.