.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Сешанбе, 14 Август 2018 - || ФАРАЖ
Сешанбе, 14 Август 2018 16:45

Номи Кумитаи дин ислоҳ шуд

Дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8-уми августи соли 2018 номи "Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" мутаносибан ба "Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" иваз карда шудааст.

 Тибқи ҳамин Фармон минбаъд номи зерсохторҳои Кумита - "Шӯъбаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ба "Шӯъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" ва "бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ" ба "бахши дин, танзими анъана ва ҷашну маросим" иваз карда шудаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Имрӯз дар сафорати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Душанбе 71-умин солгарди Истиқлолияти давлатии ин кишвар таҷлил карда шуд.

Дар оғоз, маросим бо тилловати пора аз китоби муқаддаси Қуръон шуруъ гардида, тамоми иштирокчиён бо даъвати сафири Покистон дар Тоҷиикстон ҷаноби Тариқ Иқбол Сумро дар маросими парчамбардорӣ ширкат варзиданд.

Дар ин маросим шаҳрвандони покистонии муқими Тоҷикистон, кормандони сафорат ва рӯзноманигорон ширкат варзиданд.

Тариқ Иқбол Сумро гуфт, ки рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҳамасола бо шукуҳу шаҳомати хосса дар худи Покистон ва берун аз он таҷлил карда мешавад.

- Ҳамаи шуморо ба муносибати Рӯзи Истиқлолияти давлатии Покистон самимона табрику муборакбод намуда, ба ҳамаи шумо бахту саодат ва иқболу хушрӯзгориро таманно дорам, - изҳор дошт сафир.

Сипас, аз ҷониби масъули сафорат пайғоми президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон ҷаноби Мамнун Ҳусайн ва сарвазири ин кишвар ҷаноби Имрон Хон қироат карда шуд.

Дар анҷом бахшида ба ин санаи таърихӣ кулчақанд аз ҷониби сафир Тариқ Иқбол Сумро ва ҳамсари ӯ бурида шуд, то ҳозирин тавонанд даҳон ширин кунанд ва зиндагиашон низ саршор аз ширину гувороӣ бошад.

Рухсораи Илҳом

Шумо дар Хабари-рӯз

Чанде қабл дар осоишгоҳи “Явроз”–и ҷамоати Ромити шаҳри Ваҳдат  бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони воситаҳои ахбори омма семинари омӯзишӣ баргузор гардид.

Семинари мазкур ба ташаккули андешаи ҷамъиятӣ дар бораи ислоҳоти полис  дар заминаи ташкили ҳамкории байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма равона гардида буд.

Мураббиёни семинари омӯзиши Александр Шиханов ва Шаҳло Акобирова бо барномаҳои таҳиякардаи худ баромад карданд.

Шаҳло Акобирова гуфт, ки мақсад аз баргузории ин семинари омӯзишӣ пеш аз ҳама ҳамкори судманд байни мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва воситаҳои ахбори омма мебошад. Ӯ ба кормандони мақомоти ҳифзи ҳуҳуҳ муроҷиат карда изҳор дошт, ки бояд бо намояндагони воситаҳои ахбори омма ҳамкории зич дошта бошанд, аз додани иттилоъ худдорӣ накарда, сари вақт ба дархостҳои рӯзноманигорон ҷавоб гардонанд ва бигзор маълумотро рӯзноманигорон аввалтар аз ҳама аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ба даст оранд.

Нигора Саидбекова

Шумо дар Хабари-рӯз

Тибқи қароре, ки аз ҷониби Шӯрои уламои Маркази исломии Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шудааст, иди Қурбон дар Тоҷикистон 21-уми август таҷлил карда мешавад.      

Тибқи қарори мазкур, 21-уми август соати 6:30-и субҳ дар тамоми масҷидҳои ҷомеи мамлакат намози Иди саиди Қурбон баргузор мегардад.

Ёдовар мешавем, ки рӯзи 13-уми август аз ҷониби мақомоти Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ба сокинони Тоҷикистон таъкид шуд, ки муқаррароти қонуни танзими расму оинҳоро риоя кунанд, вагарна барои дастурхонҳои пурхарҷ ҷаримаи ҳангуфте ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон, ба гуфтаи мақомоти кишвар, бо ҳадафи назорат аз иҷро шудани ин муқаррарот дар рӯзи иди Қурбон дар манзили шаҳрвандон рейд гузаронида мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 3

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.