.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Ҷумъа, 10 Август 2018 - || ФАРАЖ

КАТИБАЕ БЕРУН АЗ ҚОЛАБ

 “Раҷаби Мирзо инсони хуб аст. Дар донишҷӯйӣ хубияш ба ҳамагон мерасид ва ҳоло ҳам мерасад. Хоксор аст. Новобаста аз  ҷойгоҳи шахсияташ, ҳатто ба саволи кӯдаки яксола ҳам ҷавоб медиҳад. Ҷиддӣ аст ва фикр мекунам ҳама медонанд журналист ба кадом хотир бояд ҷиддӣ бошад. Пӯшида аст, яъне фикри ӯро аз рӯяш хондан имкон надорад, дарду мушкилоти худро доимо пинҳон мекунад. Ҳамкурсон ва ҳамкасбон зиёд дидаанд вазнинии Раҷаби моро ва фикр мекунам вазнинтарин журналист аст, ки то охирин лаҳзаҳо метавонад худро дар дилхоҳ масъала идора кунад. Пеш аз нуқта гузоштан метавонам бигӯям, ки Раҷаби Мирзо як инсони воқеӣ ва самимист. 

P.S: Узр, як чизро фаромӯш кардам: Раҷаби Мирзо як одати бад дорад, ки аз ҳад зиёд сигор мекашад ва ман бисёр мехоҳам, ки вай аз ин амали одатшуда даст кашад”.

(Раҷаби Мирзо дар шинохти ҳамкурсашон муаллимаи факултаи журналистикаи ДМТ Дилафрӯз Рустамова)

СИГОРИ АВВАЛ

Қалам хиёнат намекунад

Сигори аввал ба сӯхтан даромад. Устод Раҷаби Мирзо чашмонашро нимпӯш карда, онро ба лаб бурд, нафас гирифт ва ҳамчунин аз кунҷи лаб дуди сигорро берун овард. Курдуде дар миёни мо падид омад. Агар суҳбати мо дар ягон ҳуҷраи хурд мегузашт, яқин буд, ки устодро намеёфтам, аммо шукр, ки мо дар як утоқи кушоду барҳавои Ташкилоти ҷамъиятии “Хома” нишастаем ва ба зудӣ дуди талх ба гирду атрофи ҳуҷра паҳн шуд.

- Устод, сухтану тамом шудани сигоратон маънои онро дорад, ки фурсати мо ҳам танг шуда истодааст...

- Маро бе сигор пайдо кардан, имкон надорад. Барои ҳамин, агар тамомшавии сигори маро интизор шавӣ, фурсати зиёдеро аз даст медиҳӣ. Беҳтараш вақти худро зоеъ магзарону агар саволе дорӣ, бифармо (бо табассум).

- Пас суҳбатро бо саволи маъмулӣ оғоз менамоем: Шумо бо қалам кай, дар куҷо,  дар кадом фазову муҳит ва бо таъсири кӣ ё чӣ шинос шудед?

- Тақрибан синфи 4-5 будам. Албатта пештар низ зиёд мехондам, аммо маҳз ин замон ба хонаи язнаам Рузимади Тоҳирӣ, ки ҳам муаллиманду ҳам фаъоли матбуот буданду ҳастанд, зиёд мерафтам. Китобхонаи шахсии бузурге доранд ва дар он ба ҷуз китоби бисёр, ҳамчунин бастаи қариб ҳама матбуоти фаъол гирдоварӣ мешавад. Фикр мекунам, муҳити ҳамин хонавода ва меҳмонҳои он, ки ҳамеша аз аҳли қалам пур буд, таъсири амиқ ба касби ояндаи ман гузошт.

- Ман дар ҷое хонда будам, ки Шумо дар аввал ҳуқуқшинос шудан мехостаед ва...

- Бале, замони мактабхонӣ ин гуна орзу ҳам доштам. Ҳатто дар озмуни фаннӣ аз ҳуқуқшиносӣ иштирок мекардаму дар озмуни вилоятӣ ҷойи 2-юм ва дар ҷумҳуриявӣ ҷойи 4-умро гирифтам. Чаро ман орзуи ин касбро доштам? Зеро аз кӯдакӣ тафтишоту одилона ҳал кардани масъалаҳо дар вуҷудам ҷӯш мезад. Аммо он замон дохил шудан ба факултаи ҳуқуқшиносӣ махсусиятҳо дошт. Ҳамагӣ 25 нафар қабул мешуд ва авлавият ба онҳое дода мешуд, ки дар сафи артиш хизмат кардаанду собиқаи корӣ доранд. Дертар, умумиятҳое байни журналистикаву ҳуқуқшиносӣ дарёфтам ва ҳамин тавр дуввумиро интихоб намудам. 

- Аввалин матолибатон дар кадом нашрияҳо чоп шудаанд?

-Дар “Машъал”, “Пионери Тоҷикистон” ва “Мубориз” – нашрияи ноҳияи Восеъ, ки беш аз 10 000 адади нашр дошту яке аз нашрияҳои муваффақи ноҳиявии Тоҷикистон буд. 

- Аз аввалин гонораратон чӣ монда ба хотир?

- Синфи 7 ё 8 будам, ки аз “Машъал” ё “Пионери Тоҷикистон” ба номам квитансия омад. Бо ҳамсинфам Ҷамшед аз почтаи деҳа 10 рублро (пули андак набуд) гирифта, ба маркази ноҳия омадем. То бегоҳ гонорар обу лой шуд. Вале дақиқан чанд китобе харида будам бо он пул, ки ҳоло ҳам дар китобхонаам ҳифз мешавад.

- Устод, Шумо тарона ҳам доред?

-Замони ҷавонӣ як дафтари тарона доштам бо номи “Поизи баҳор” ва қисме аз онҳо дар “Паёми Душанбе” чоп шудаанд.

- Шумо имзои мустаор доштед?

- Замоне доштам, аммо аз тарс ё чизи дигар набуд. Аз сабабе, ки зиёд менавиштам ва ба хотири пешгирӣ аз истифодаи як имзо дар як шумораи нашрия, онҳоро истифода менамудам. Ёдам ҳаст, солҳои 2000 –ум дар як маъракаи зодрӯзам журналистони саршиноси зиёде ҳузур доштанд. Мирзо Салимпур зимни табрикоти худ аз чанд имзои ман ном бурду бо ифтихор гуфт, ки шукр ҷавонҳои зиёде ба майдон омадаанд. Камоли Қурбониён, ки як замон сармуҳаррири “Ҷумҳурият” ҳам буд, ба Мирзо гӯшзад кард, ки аксари номҳои гуфтаат, имзои мустаори Раҷабанд.  

- Қалам метавонад ба соҳибаш хиёнат кунад?

- Қалам не, вале қаламкаш метавонад ба қалам хиёнат кунад. Мутаассифона, ҳоло зиёд мешунавем, ки ба истиллоҳ ҳамкасбони мову Шумо аз усули шантаж истифода менамоянд, ё ғаразнок касеро сиёҳу сафед карданӣ мешаванд. Ин сабабҳои ба худ хос дорад, хоса, дар ҷамъиятҳое, ки ҳама зарфиятҳои журналистикаву журналистон истифода намешаванд. Фикр мекунам, агар фазои муносиб мебуду журналистикаву журналистони касбӣ низ фаъоли бозор мебуданд, хиёнаткорони қалам ва касби мову Шумо низ аллакай набуданд, чун бозор онҳоро барвақт ҳазф мекард. Бадбахтӣ дар ин аст, ки дар майдон мо онҳоеро ҳам дорем, ки ҳадафашон ба ҳич ваҷҳ хидмат ба журналистика (ҳол он ки онҳо доду войи хидматгузорӣ ба миллату Ватанро доранд) нест. Мутаассифона барои пайдоиши бархе ингунаҳо дар бозори матбуот хоставу нохоста ман ҳам “саҳм” дорам ва инро хиёнате аз ҷониби худ ба касби муқаддаси журналистӣ мепиндорам. Ба ҳар сурат, худро бахшида наметавонам, ки дар пайдо шудани ин гунаҳо (2-3 нафаранд) мусоидат кардаам... 

 - Иваз шудани самт, мавзӯъ, хосият ва услуби эҷодкор аз чист?

- Сабаб метавонад мухталиф бошад. Барои бархе дониста, чун пай мебаранд, ки дар ин ё он самт бошад, барояш роҳаттар аст. Ҳастанд онҳое, ки аслан аз рӯи шиори “хари ҷӯгиро об деҳу пулашро бигир” кор мебаранд. Ононе низ кам нестанд, ки “тақозои замона” гоҳ ба ин самт ва гоҳ сӯи дигар “мекашонадашон”. Онҳоеро низ мешиносем, ки ин ҳама даҳшатҳоро дида, майдонро тарк гуфтанд. Зеро виҷдону имонашон набардошт...

- Эҷодкоре, ки барои дигарон роҳкушо аст, оё метавонад худ роҳгумзада бошад?

- Эҷодкор  ҳам як инсон аст ва одами пурэҳсос. Худкушӣ ё аз ақл бегона шудани эҷодкорони баномусро мо кам дидаем? Таи се соли ахир таги 50 нафар аксаран то 50 солаи ҳамкасбони мову Шуморо марги ногаҳонӣ аз байн бурд. Ёдатон ҳаст, ки боре дар Фейсбук навиштам, ки бояд ягон ниҳоди журналистӣ ҳади ақалл журналистонро аз ташхиси кардиологӣ ва асабшинос гузаронад? Касе инро ҷиддӣ гирифт? Решаи ҷавонмаргии ҳамкасбонамонро бояд аз ин бетафовутии атрофиён ҳам ҷӯё шавем. Дунёи эҷодкор дигар аст. Вақте мебинад, ки муҳит як чизи муқаррарӣ ва фиреб шудааст, зистанро баробари дигарон ҳайф медонад. Тимсоли инро дар саргузашти нависандаи маъруфи англис Ҷек Лондон дидаем, ки онро дар образи Мартин Иден инъикос намудааст.

- Эҳсос мекунед, ки хонандаатон Шуморо дарк мекунад?

- То наздикӣ ҳамин гуна фикр доштам. Чанде пеш дар нишасте як дӯстамон гуфт, ки дар як маъракаи одамони хос нафаре гуфтааст, ки “Мо навиштаҳои Раҷабро ба дурустӣ намефаҳмем. Шояд андактар ба умқи онҳо сарфаҳм равем”. Ин иқрор маро таккони дигаре дод...

Мо дар истгоҳи аввал чунон зиёд суҳбат кардем, ки аз сигори аввал ҳатто бӯе намонда буд ва маҷбур шудем, ки барои дуд кардани сигори дуввум лаҳзае танаффус кунем.

СИГОРИ ДУВВУМ

“Бачаҳои соли 91”

- Устод, чун сигори дуввум ҳам ба сӯхтан оғоз кард, ин ҷо бисёр қулай аст, агар замони донишҷӯиатонро варақ занем?

- Аслан бемории сигоркашӣ ба ман замони донишҷӯӣ “сироят” кардааст. Намедонам, кӣ ё чӣ сабаб шуд. Аммо яқинан одати бадест. Тасаввур кунед, ки гоҳҳо дар дастам сигор, аммо қутии сигорамро мекобам. Яъне, ман аз ин одати бад, ҳатто кайфият ҳам намебардоштаам...

- То ҷое медонам, Шумо мактаби миёнаро бо медал хатм намудаед, аммо соли аввал муваффақ нашудед дар донишгоҳ...

- На танҳо ман. Мо аз вилояти Кӯлоб 3 нафаре будем, ки мактабро бо нишон (медал) хатм кардаву танҳо соли дуюм ба факултаи журналистика дохил шудем – Адолати Мирзо, Барот Юсуфӣ ва ман. Чун он замон дохил шудан ба донишгоҳҳо, хусусан ба Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, “махсусиятҳои” худро дошт.

- Яку як бора дар ду донишгоҳ ҳуҷҷат супоридан, ин хоҳиш буд, ё қасдгирии соли аввал?

- Солҳои 1991-92 довталаб имкон дошт, ки якбора дар ду донишгоҳ ҳуҷҷат супорад. Ман ҳам ба шуъбаи журналистии ДМТ  ва “барои мабодо” ба факултаи забонҳои хориҷии Донишгоҳи омӯзгорӣ (бахши англисӣ) ҳуҷҷат супоридам. Хушбахтона дар як вақт донишҷӯи ду донишгоҳи олӣ шудам. 

- Давоми филм чиро нишон дод?

- Ҳамроҳи ҳамсабақам Моҳира Раҳимова – духтари академики машҳур Раҳимов, соати 12:10 аз ДМТ мебаромадем ва саросемаву аксари вақт бо таксӣ то соати 12:30 худамонро ба ДОТ мерасондем. Ҳамин аҳвол як нимсола давом кард. Ахиран ба қароре омадам, ки бароям мушкил мешавад. Аз баҳри факултаи забонҳои хориҷӣ гузаштам. Воқеан Самариддин Афғонов, ки як замон декани факултаи забонҳои хориҷӣ буду ҳоло дар Вазорати маориф ва илм кор мекунад, ҳамсабақи ман дар ин факулта ва низ дар ДМТ буд.

 - Дар бораи гуруҳи Шумо дар факултаи журналистикаи ДМТ то ҳанӯз устодон зиёд мегӯянд ва онро барои донишҷӯён намуна медонанд. Мегуфтед, ки чӣ вижагиҳо дошт гуруҳи Шумо?

- Дар гуруҳи мо 7-8 нафаре буданд, ки мактабро бо нишон (медал) хатм карда буданд. Донишҷӯии мо ба замони ҳаводисе рост омад, ки Тоҷикистон истиқлолият ба даст овард. Гуруҳи моро “парлумони кӯчак” низ мегуфтанд, чун дар он намояндаҳои ҳамаи гуруҳҳои иҷтимоӣ – ба истиллоҳ “сурх” -у “сафед”- у “сабз” –ҳо вуҷуд дошт. Аммо ҳамагӣ ба мавқеъгириҳои ҳамдигар эҳтиром мегузоштанд, ҳарчанд баъзан эҳсосоти ҷавонӣ зӯр меомад. Бо ин вуҷуд, Муҳаммадрозиқ Неъматзода ин шиорро барои мо ҳатмӣ карда буд: “Мо набояд дӯстони идеологӣ бошем!”.

 Нашрияҳои деворие доштем, ки аз берун мардум барои хонданашон меомаданд. 

Бадбахтона, дар айни ҳодисаҳо ду ҳамсабақи худ – Наргис ва Ҷӯраҷонро аз даст додем. Пас аз ин ҳаводис ду каси дигар дар ғурбат фавтиданд – Собирҷон ва Баҳодур.

Худоро шукр, ки дигарон дар ҷодаи худ муваффақ ва зиндагии хубе доранд. Хуршед Атовулло, Дориюши Раҷабиён, Муҳаммадрозиқ Неъматзода, Шоиста Раҳимова, Барот Юсуфӣ, Адолати Мирзо, Шаҳло Наҷмиддинова ва дигарон журналистони хуби моанд. Дуруст аст, ки бо сабаби мушкилоти иҷтимоӣ ман дар соли охири таҳсил ду сол ба истилоҳ “академотпуск” гирифтаву аз ҳамсабақон дертар хатм кардам. Ҳамсабақҳои дигарамон низ ҳоло ҷойгоҳи ба худ хос доранд. Зуд – зуд бо ҳам дидор дорем ва дар Фейсбук низ гуруҳи бастае дорем, ки ҳамаи моро ҷамъ меорад...  

- Шумо бо ҳамкурсонатон дар фикри таълифи  “Гулбонги маърифат”-е нашудаед?

- Будем ва ҳастем. Дар 25-солагии хатм мо тасмим гирифтем, ки хотираҳои худро ҷамъ карда, китобе бо номи рамзии “Бачаҳои соли 91” омода намоем, аммо он замон ба сари банда мусибатҳои вазнин омаданд. Худо хоҳад, ин корро анҷом хоҳем дод.

Сигори дуввум  кайҳо сӯхта тамом шуда буд. Устод пайт меҷуст, ки лаҳзае ман савол надиҳам, то ки фурсати оташ задани сигори савум пайдо шавад. Танаффус.

СИГОРИ САВУМ

Журналистика + Журналист

- Устод, оё бори номи журналистиро бардоштан осон аст?

- Барои журналист осон аст, барои онҳое, ки “журналист” шудаанд, худашон медонанду Худо.

- Журналист, яъне кӣ?

- Ман як тафсир дорам: Журналистика ин касб не - тарзи зиндагист! Мантиқан, барои ман журналист ҳамонест, ки зиндагиашро ба он мебахшад...

- Рисолати журналист назди ҷомеа чист?

-Хабар расонидан ва таъсир ба афкори ҷомеа! Рисолати сеюмашро намедонам...

- Аммо эҳсос мекунед, ки рисолати хабаррасониро истифодабарандагони шабакаҳои иҷтимоӣ ва блогерон аз журналистон гирифта истодаанд?

- Барои ҳамин фарзияҳое вуҷуд дорад, ки шояд самти хабаррасонии журналистика аз байн равад, аммо на худи журналистика, ки дар қолабҳои нав зуҳур мекунад. Чандрасонаӣ, дата – журналистика, журналистикаи таҳқиқотӣ ва далелсанҷӣ (фактчекинг) ба сифати василаҳое ном бурда мешавад, ки эҳтимолан журналистикаро дар оянда ҳифз намоянд. Муҳимтар аз ҳама, бардошти ман чунин аст, ки журналистикаи боэътимод барои ҳамеша боқӣ мемонад. Аммо онҳое, ки журналистикаро танҳо барои “рӯзгузаронӣ” –и худу оилаи худ истифода кардан мехоҳанд, умри тӯлонӣ надоранд. 

- Устод, журналистика монандии журналистонро тавлид мекунад?

- Агар тақлидро дар назар дошта бошед, он буд, ҳаст ва хоҳад монд. Аз ҷумла, дар журналистика.

- Шумо ба кӣ ё киҳо тақлид мекардеду мекунед?

- Ҳоло мушаххасан гуфта наметавонам, ки ба фалонию фалонӣ тақлид мекардаму мекунам. Албатта, замоне буд, ки ман навиштаҳои Субҳон Раҷаб, Абдулқодири Раҳим, Додоҷони Атовулло, Салими Аюбзод ва Соҷидаи Мирзоро азёд медонистам. Вале ҳоло бархе муҳаққиқони босалоҳият мегӯянд, ки ман ҳам пайхати ба худ хос дорам. Ба қавле, “ман”-и худро дарёфтаам. Худо мегӯям, ки ин воқеият дошта бошад. Инро хонандаи матолибам шояд беҳтар донад...

- Ҳоло журналистикаи мо чӣ мушкили аслӣ дорад?

- Мушкилиҳо зиёданд, аммо ба назари ман мушкилтарин масъала дар назди журналистикаи тоҷик набуд ё камбуди менеҷменти ВАО, ё бозорёбии он аст, ки бархе аз журналистони ҳатто касбиамонро ба душворӣ, ё ҳолатҳое рӯ ба рӯ кардааст, ки аслан ба тавонмандиву касбияти эшон иртибот намегирад. Бархе инро ҷавонмардона қоиланд. Баъзеи дигар шантажу ба зӯр бор кардани нашрияҳо ё ба ном нашрияҳояшонро ба ин ё он корхонаву идора низ бозорёбӣ унвон мекунанду сурх намешаванд... 

- Мо бисёр мешунавем, ки журналистика соҳаи камбағал аст дар Тоҷикистон. Ба ин фикр розиед?

- Нодор ҳамонест, ки фикр карда наметавонад! Хоса, дар шароити ҷаҳонишавӣ, ки як дари пӯшида бошад, сад дари боз ҳаст. Ман махсусиятҳои муҳити умумиро, бешак, сарфи назар карда наметавонам. Мушкилоти системавиро низ медонам, аммо ҳамоно дар андешаи худ устуворам... 

СИГОРИ ЧАҲОРУМ

 “РӮЗИ НАВ”

Танаффуси мо анҷом ёфт. Мунтазири “гиря”-и сигори чаҳорум будам. Сигор миён лабҳо қарор гирифт. Оташгирон наздик шуд. Нафас дарун рафт. Курдуд баромад. Ман қаҳваи таги истоконам мондаро то ба охир нӯшидам. Ин замон устод бори чаҳорум дуди сигорро ба сақфи ҳуҷра пуф кард. Риштаи суҳбатро ба даст гирифта оҳиста-аҳиста ба гап даромадам.

- Матбуот аз чӣ бояд озод бошад?

- Замоне Маркс мегуфт, ки бе матбааи озод матбуоти озод буда наметавонад. Дар замони худ ин ҳақиқат буд. Ҳатто то чанд соли пеш, аз ҷумла замони аз нашр бозмондани “Рӯзи нав”. Ҳоло дунё тағйир хӯрдааст. Пас, агар чизе ба озодии матбуот халал расонад, фикр мекунам, баднафсиву ғаразолудагии он аст. 

- Шумо дар суҳбате гуфта будед, ки “Рӯзи нав” ба журналистикаи тоҷик самти нав дод. Яъне чӣ?

- Ин гапи ман не, мавқеи муҳаққиқон аст. Ва фикр намекунам, ки ноҷост. Тасаввур намоед, ки дар замони худ, ҳатто нашрияҳои самташон дигар, водор гардиданд ба мавзӯъҳои сиёсӣ рӯ биёранд, ҳарчанд то он замон ин самтро камхонанда меҳисобиданд...

- Чун мо дар арафаи тавлиду заволи “Рӯзи нав” қарор дорем, мехостем аз тавлидёбияш чизе бигӯед?

- Пурсиданиед, ки сабаби пайдоишаш чӣ буд? Бигзор як навъ барои хонандаи Шумо ин сухани ман лоф намояд, аммо ба Худо, фикр мекардам, ки дар нашрияи дигарон меҳнати мо на хуб қадр мешавад ва на тавонмандиҳоро ошкор менамояд. Баъдан, чӣ ҷои пинҳон кардан, ки дар мо андешае роиҷ буд, ки нашрияҳои тоҷикӣ наметавонанд мисли нашрияҳои русзабон таъсиргузору касбӣ бошанд. Шукри Худо, дар шумораи сеюми “Рӯзи нав” теъдоди чопи он аз пуртиражтарин нашрияи русзабон бештар шуд. Шояд инро Шумо надонед, ки тавлиди “Рӯзи нав” туҳфаи худам дар 30-солагии зодрӯзам ҳам буд. 

- Номашро худатон гузоштед?

- Ҳамроҳи Фахриддини Холбек.

- Ман аҳамият додам “Рӯзи нав” анонс надошт, чаро?

- Ба хотире, ки хонанда танҳо барои як шумора онро харидорӣ нанамояд ва донад, ки аз ҳар шумора барои худ чизе пайдо мекунад. Хонандаи мо аз ҳамин ҳисоб устувор ва собит буд. Шукри Худо хонандаро ҳич гоҳ фиреб надодаем.

- Як дигаргунии “Рӯзи нав” дар он буд, ки колонкаҳое, ки дар саҳифаи аввал нашр мешуданд, ҳаммуаллифӣ буданд. Яъне як колонкаро Шумо ҳамроҳи устод Фахриддини Холбек менавиштед. Чаро як нафар нею ду нафар менавиштед?

- Ману Фахриддин натанҳо сутуни сафҳаи аввал, балки бисёр мавзӯъҳоро ҳамроҳ менавиштем. Пеш аз навиштан баҳсу баррасиҳое мекардем ва ин ҳама дар навишта акси худро меёфт. Аз ин хотир, бештари вақт якеамон менавишт, дигаре таҳриру иловаҳо ворид мекард.  

Танаффус.

СИГОРИ ПАНҶУМ

“АХБОР БАРОИ АФКОР”

- Устод, Шумо яке аз онҳое ҳастед, ки ба қавле дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиндагӣ мекунед, оё аз зарару фоидаашон огаҳ ҳастед?

-Гоҳҳо ба шӯхӣ мегӯянд, ки интернет ва шабакаҳои иҷтимоӣ давлати комилан дигар аст. Агар ҷиддӣ бингарем, интернет ба воқеияти рӯзгори мо ва дунёи нав табдил ёфтааст ва миллионҳо нафарро дар худ муттаҳид карда. Пас ҳар одами ҳушманд наметавонад аз ин раванд қафо монад. 

- Шумо гуфта метавонед, ки Фейсбук моро ба куҷо мебарад?

- Аслан на Фейсбук ва на чизи дигар моро набояд ҷое барад. Ин моем, ки бояд онро дунболи худ барем. Шояд Шумо пурсиданиед, ки оё он хавф надорад? Бубинед, дунё сӯи шаффофият меравад, ҳукуматҳо электронӣ мешаванд... Акнун тақрибан сирре ниҳон намемонад. Мантиқан, оне метавонад тарс дошта бошад, ки чизе (ва ҳатман чизи баде!) барои пинҳон кардан дорад. Ман надорам. Агар дигарон доранд, мушкили онҳост. Албатта ин ба маъное нест, ки аз эҳтиёт кор намегирам...

- Чаро вақтҳои охир ба навиштаҳои Шуморо аксаран дар Фейсбук дучор меоем, магар дар матбуоти имрӯз минбар ёфтан мушкил шудааст? 

- Не, мушкил нест, аммо баҳонае барои навиштан дар матбуоти фаъол надорам. Бубинед, нашрияҳо ҳоло на ҳаққи қалами хуб доранд, на мухотаби (аудиторияи) бузург. Пас барои чӣ ё кӣ нависам? Фейсбук, агарчӣ манфиати молӣ надорад, аммо капитали хуби иҷтимоӣ дошта метавонад.

- “Ахбор барои афкор” - гуруҳи фейсбукии Шумо чӣ ҳол дорад? 

- Шукр, дар муддати қариб ду сол таги 30 000 нафарро ҷамъ овард.

- Оё таъсисдиҳандаи ин гуруҳи калони фейсбукӣ ҳоло ҳам бемаош сари вазифа аст?

- Корбарони гуруҳ чанд бор пешниҳод намуданд, ки барои маъмурон маоше ихтисос диҳанд (мисли обуна), ки ман комилан мухолифат намудам. Зеро пул ин пеш аз ҳама манфиат аст. Ман аз ташкили он чунин ҳадаф надорам. Пас чӣ мехоҳам? Биёед инро ҳоло як навъ машғулият (ҳоббӣ) ном барем...

Танаффус                                                           

СИГОРИ ШАШУМ

ТОХТАНУ СОХТАН

- Устод, дар зиндагӣ аз чӣ бояд тарсид?

- Шахсан ман аз беимонӣ ва беимонон метарсам.

- Шуҳрат, нон, ном, обрӯ, мардум... Дар  45 соли зиндагӣ аз пушти кадоме аз инҳо давидед? 

- Замоне буд, ки барои як бурда нон медавидам. Замоне шуд, ки шуҳрат, ном, муҳаббати мардум гуфтам. 

- Мегӯянд, ки машҳуру шинохта, ки шудӣ, ҳама мушкилиҳои зиндагӣ бартараф мешаванд...

- Мутаасифона на дар Тоҷикистон. Ба ҳар сурат, мушкилоти аслии ман замоне бештар шуд, ки маро акнун мешинохтанд. Аммо аз ин руҳафтодаву пушаймон нестам... 

- Охирин бор кай аз худатон розӣ шуда будед?

- Аз худ розӣ будан ба маънои нуқта гузоштан ба худу фаъолияти худро дорад. Ман ҳоло ба худу фаъолиятҳоям нуқта гузоштан намехоҳам. Худо аз мо розӣ бошад! 

- Ҳодисае, ки Шумо фаромӯш карда наметавонед, кадом аст? 

- Албатта ин гуна ҳолатҳо бисёранд. Аммо он чи ки ба мардум ва муҳаббати онҳо дахл дорад...Чанд сол пеш дар кӯча як марди ношиносро вохӯрдам, ки ҳамроҳаш як кӯдак буд. Раҷаби Мирзо буданамро аниқ карду гуфт, ки ман қасам хӯрдаам, ки ҳар вақте ки Шуморо бубинам, дар ҷайбам чанд пуле, ки дошта бошам, баротон медиҳам. Ҳарчанд ман муқобилат нишон додам, аммо он мард маҷбуран як миқдор пул ба ҷайбам монд. 500 доллар будааст. Ман то ҳол намедонам, ки он кас кӣ буд ва чаро ин қасамро хӯрдааст...Бори дигар, як шахс, ки дар “Рӯзи нав” сахт интиқод шуда будааст, маҷбуран 200 долларам дод. Ин чанд сол пас аз нашр бозмондани нашрияи мо буд. Ӯ гуфт, ки аз он бархӯрди Шумо ман одами дигар шудам. То он замон фикр мекардам, ман як одами истисноӣ ва бегуноҳаму касе маро чизе гуфта наметавонад...

Гуфтанӣ нестам, ки муҳаббати мардум танҳо дар пул ифода меёбад. Ин қадар мардум маро дар кӯча дида, самимона ба пешвозам меоянд, ки худро хушбахттарин ва бадавлаттарин одам меҳисобам. 

- Бо 44-солагӣ чӣ гуна хайру хуш доред?

- Мисли 43-солагӣ. Ин ба бардоштҳои умумии ман рабт дорад. Вагарна 43 солагиро бо ду мусибати сахт пушти сар кардаам...

- Дар охир мегуфтед, ки Раҷаб Мирзои 45-сола кист?

- Замоне як дӯсту бародари мо 50 солагиашро таҷлил намуд ва аз ӯ, ки ба гирифториҳои сахте рӯ ба рӯ шуда буд, мардум бо тааҷҷуб пурсиданд: “Охир дар 49 –солагиатон, ки мушкилоти аз ин камтар доштед, бархӯрди сахт намудед, пас чаро ҳоло оромед”? 

Посух дод: Он вақт 49 сола будам, ҳоло 50 сола!

Ман ҳам шукри Худо мекунам, ки ба 45 солагӣ расидам ва фикр дорам як сол боақлтар шудаам.

СИГОРИ ҲАФТУМ

...

Мо бо устод Раҷаби Мирзо пас аз хомӯш кардани диктофон чанде дигар суҳбат кардем. Пасон устод сигори ҳафтумро ба даст гирифта бандаро то баромадгоҳи ТҶ “Хома” гусел карданд ва пас аз “хайр” гуфтан сигор ҳам ба сӯхтан оғоз кард. 

Ҳикмат: Хонандагони гиромӣ, агар аҳамият дода бошед, сигор оварандаи илҳоми Раҷаби Мирзо будааст ва худ бубинед, ки ҷавобҳои эшон дар аввали ҳар мавзуъ, ки бо дуди сигор баромадаанд, аз охирҳояшон фарқ мекунанд. Пас бояд камтар сигорро бад бубинем.

Мусоҳиб: Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Шумо дар Слайд

Хадамоти гумруки назди Ҳукумати ҶТ ворид шудани 1300 автомашинаи соли бароришашон то 2005-ро, ки дар истгоҳҳо ва тавақуфгоҳҳои гумруки вилояти Суғд меистоданд, ба кишвар иҷозат додааст.

Дар ин бора “РО” хабар дода, навишт, ки як манбаъ гуфтааст ин тасмим рӯзи 6-уми август дар ҷаласаи Хадамоти гумрук гирифта шудааст. ИА ”АП” дар ин бора навишт, ки аз Хадамоти гумрук ин хабарро шарҳ надоданд.

Ҳукумати Тоҷикистон 27-уми январ қарореро қабул кард, ки мувофиқи он ворид кардани автомашинаҳои соли бароришашон то 2005-ум ба ҳудуди кишвар аз 15-уми фверал манъ мешуд. Ба ҳамин далел ҳазорҳо мошин дар сарҳади Тоҷикистон ва истгоҳҳои муваққатии Хадамоти гумрук банд монданд.

Бино ба омори Хадамоти гумрук дар шаш моҳи соли 2018 ба Тоҷикистон наздики 9 000 автомашина ворид карда шудаанд, ки маблағи умумиашон 106 миллион 897 ҳазор доллар будааст.

Шумо дар Слайд

Аввлин чемпионати футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои бонувон бо ғалабаи дастаи “Зебонисо”-и Душанбе зери роҳбарии мураббӣ Зебо Гасимова анҷом ёфт.

Дар чемпионат дастаҳои «Зебонисо» (Душанбе), «Хатлон» (Бохтар), «Равшан» (Кӯлоб), «Суғд» (Хуҷанд), «Барқ Норак» (Норак) ва «Регар-ТадАЗ» (Турсунзода) иштирок карданд.

Бозиҳо дар ду марҳила баргузор шуда, ҳар даста бо ҳамдигар дар хона ва меҳмонӣ бозӣ карданд.

Тақдири медалҳои тиллои чемпионат дар даври охир – дар бозӣ миёни дастаҳои “Хатлон” ва “Зебонисо” ҳал шуд. Дар марҳилаи аввал бонувони футболбози пойтахт бо ҳисоби 1:0 ғолиб шуда буданд. Ба дастаи “Хатлон” зарур буд, ки бо фарқияти 2 гол пирӯзӣ ба даст оварад. Бозии ҳалкунанда миёни ин ду даста бо ҳисоби мусовии 1:1 ба поён расид.

Ҳамин тариқ, ғолибияти аввалин чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои бонувон насиби тими “Зебонисо” гардид. Ин даста дар 10 бозӣ 28 хол ба даст овард. Дастаи “Хатлон” медалҳои нуқра (25 хол) ва дастаи “Регар-ТадАЗ” медалҳои биринҷии (18 хол) чемпионатро сазовор шуданд.

Маросими ҷоизасупорӣ имрӯз – 9 август – дар варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе бо иштироки ноиби президенти Федератсияи футболи мамлакат Алишер Урунов, роҳбари маъмурияти ФФТ Шавкат Ахмедов ва роҳбари шуъбаи футболи занонаи ФФТ Дилором Нусратуллоева доир гашт.

Кумитаи тадорукоти чемпионат беҳтарин бозингаронро низ муайян намуд. Адолат Комилова аз дастаи “Хатлон” беҳтарин дарвозабон, ҳамдастааш Лайло Ҳалимова бо 16 гол беҳтарин ҳамлагар ва Мадина Фозилова аз дастаи “Зебонисо” беҳтарин бозингар дониста шуданд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Даҳҳо падару модари хонандагони муасссиаҳои таълимии минтақаи Бохтари вилояти Хатлонро пастсифат будани либосҳои мактабӣ ва ҷамъоварии пули таъмир ба ташвиш овардааст.

Бибигул, сокини шаҳри Бохтар, мегӯяд ду фарзанди мактабхон дорад, вале шароити зиндагиаш вазнин аст, дар баробари ин, ӯро барои ҷамъоварии пули таъмири мактаб ва ҳам барои харидории сарулибоси мактабӣ маҷбур кардаанд. “Ду фарзандам мактабхон ҳастанд, гарчанде шароити зиндагиам сангин аст, барои таъмири бинои он 25 сомонӣ додам. Ба ҷуз ин, боз ҳоло моро маҷбур кардаанд, ки барои фарзандонамон сарулибоси мактабиро бо нархи 150 то 170 сомонӣ аз мактаб харидорӣ кунем”.

Ҳамзамон ӯ афзуд, ки либоси ягонаи мактабӣ хуб аст, аммо матоаш худ набуда,  духташ низ пастсифат аст.

Рухшона, сокини дигари ҳамин шаҳрро, ки фарзандаш имсол ба синфи якум меравад, низ маҷбур кардаанд, ки барои фарзандаш либоси ягонаи мактабӣ харидорӣ намояд. Ҳамсуҳбати мо гуфт, ӯ аллакай барои фарзандаш аз бозор либоси мактабӣ харидорӣ намудааст ва барои аз мактаб бори дигар харидорӣ намудан маблағ надорад.

- Барои фарзандам ман алакай либосҳои мактабиро харидорӣ кардам, аммо дигар маблағ надорам, ки либос харам, зеро шавҳарам дар муҳоҷират аст ва барои зиндагиамонро пеш буран базӯр маблағ меёбем, - гуфт Рухшона.

Ӯ мегӯяд агар маҷбурият ва сахтгириашон ҳамин гуна идома ёбад, маҷбур аст, қарз карда ба фарзандаш либос харад. Барои дақиқ кардани ин вазъ мо рӯзи 7-уми августи соли равон ба шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар муроҷиат намудем ва хостем бо масъулон сари ин масъала суҳбат кунем. Мудири шуъбаи маорифро дар утоқи кориаш пайдо кардем ва интизори он будем, ки бо мо суҳбат мекунад, аммо Қурбонзода Қурбоналӣ мудири шуъбаи маориф ба мо гуфт: “ман ҳукумат меравам, саростема ҳастам” ва ба сармутахассиси шуъбаи маориф Саъдулло Раҷабов супориш дод, ки “бо рӯзноманигор суҳбат кунад”. Саъдулло Раҷабов низ дар посух чунин гуфт: “Ман ягон маълумоти аниқ надорам ва бо шумо суҳбат намекунам, ҳоло интизор, шавед мудир меояд ва бо худаш суҳбат кунед”.

Ҳамин тавр дар утоқи сармутахасиси маорифи шаҳр як соату 30 дақиқа интизор шудем ва ҳеҷ кас ба наздамон наомад ва инҷо маълум шуд, ки мудир ҷонашро аз суҳбат халос кардаву рафтааст. Мутахассис бошад бо баҳонаи “ман намедонам” бо мо суҳбат накард.

Ин рафтори кормандони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар зидди қонунҳои амалкунандаи Ҳукумати кишвар мебошад, зеро дар модаи 23-и Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар васоити ахбори омма» омадааст, ки “Воситаҳои ахбори омма ҳуқуқи аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор, тибқи тартиби муқарарнамудаи Қонунгузории ҶТ гирифтани ахборро доранд. Мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор ба ВАО маълумоти зарурӣ дода, барои шинос шудан бо ҳуҷҷатҳо имконият фароҳам меоранд”.

Аммо қонуни мазкур аз тарафи бархе аз роҳбарон сарфи назар шуда, аз ноогоҳиашон аз қонунҳои амаликунандаи кишвар шаҳодат медиҳад. Кормандони шуъбаи маориф аз суҳбат бо кормандони ВАО худдорӣ кунанд, пас аз дигар ташкилоту идораҳо чӣ ҷойи гила?

Раҳмоналӣ Додархӯҷаев

Шумо дар Слайд
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 2

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.