.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Август 2018 - || ФАРАЖ

Русия барои бастани паёмрасони Telegram ва чанд паёмрасони дигар технологияи навро озмоиш мекунад. Дар ин бора хабаргузории Reuters бо такя ба ҳуҷҷате иттилоъ медиҳад, ки нусхаашро дар ихтиёр дорад.

Озмоишро комисияе анҷом медиҳад, ки ба ҳайати он намояндагони ФСБ (Хадамоти федеролии амният), Роскомнадзор ва Вазорати алоқаи он кишвар шомиланд. Ба иттилои Reuters, озмоиши шеваи нави бастани сомонаҳо сар аз 6-уми август дар шаҳри Реутовои наздикии Москва сурат мегирад.

Пештар аз ин муовини вазири алоқаи Русия Алексей Волин эътироф кард, ки пурра бастани Telegram имкон надорад ва «бо ин воқеият бояд созиш кард».

Моҳи апрели соли 2018 суди ноҳияи Тагани Москва дархости Роскомнадзорро дар бораи бастани Telegram дар Русия қонеъ кард.

Шуруъ аз он замон ин паёмрасон расман баста шудааст. Ин боис гардид, ки фаъолияти бонкҳо, мағозаҳои онлайнӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар хизматрасониҳо халал ёбад, аммо Telegram дар Русия ҳамоно дастрас аст.   

Шумо дар Хабари-рӯз

Ба гуфтаи коршиноси масоли ифротгароӣ Саидаҳмад Қаландаров айни замон дар ҷангҳои Сурияву Ироқ на танҳо ҷавонон, балки 40-50 солаҳо ва то 60-солаҳо низ иштирок мекунанд, ки ҳатто аз истифодаи телефону интернету компютер бехабаранд.

Ин суханонро Саидаҳмад Қаландаров дар як тренинги дурӯзае, ки 29-30-юми август аз ҷониби Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) дар шаҳри Душанбе миёни журналистон баргузор гардид, иброз намуд.  

“Вақте мегӯем бештар ҷавонон ба ДИИШ мепайванданд, танҳо ҷавонон не, мо дар байни ин ба ифрот гирифторшудаҳо ва дар марзҳои ҷанг ширкат кардаҳо 40-50 солаҳоро мебинем. Ҳатто дар оморе, ки аз ҷанги миёни давлатҳо муайян намуданд,  аз 60-солаҳо боло ҳам будаанд ва ҳатто касоне, ки аз компютер ва телефонҳо истифода бурда наметавонистанд, иштирок мекарданд”,-қайд намуд Саидаҳмад Қаландаров.

Ҳамзамон коршиноси тоҷик афзуд, ки сабаби пайватшавиҳо ба гуруҳҳои ифротӣ танҳо васоити интернетӣ нест: “Ин олудашвиҳо танҳо васоити интернетӣ нест. Дар дунё имомхатибҳо, муфтиҳо, донандаҳои ҳуқуқҳои динӣ ҳастанд, ки мардумро даъват мекунанд, ихтилоф меандозанд, якеро ҳақ дигареро ноҳақ мебароранд ва инро як каси шунида ба дигарон нақл мекунад. Яъне инсонҳо ҳам омили осебпазирии дигарон мешавад”. 

Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон омили асосии гаравиш дар ҷангҳои Сурияву Ироқро тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ арзёбӣ мекунанд. 

Шумо дар Хабари-рӯз

Медали панҷуми Бозиҳои Осиё-2018-ро паҳлавони маъруф Шакармаҳмад Мирмаҳмадов дар гуштии ҷудо дар вазни +100 кг бе заҳмати зиёд ба даст овард.

Шакармаҳмад Мирмаҳмадов аввал бар ҳарифи қазоқ Санҷар Ҷабборов дар вазни +100 кг бо як иппон ғолиб омад. Дар чорякфинал аз муғул Дууренбайар Улзллбайар бо як вазаарӣ мағлуб шуд. Дар даври дигар, ки барои ҳавасмандкунӣ тасаллобахш гуфта мешавад, бар ҳарифи қирғиз Бекболотӣ Токтогонӣ бо як иппон пирӯз гардид. Дар нимфинал бояд бо ҷопонӣ Такешӣ Оҷитанӣ ба майдон мебаромад. Ҷопонӣ ба муқобили ҳариф аз техникаи мамнуъ истифода кардааст, аз ин рӯ баъди муҳокимаи доварон аз муборизаи минбаъда маҳрум карда шуд.

Ҳамин тавр, Шакармаҳмад Мирмаҳмадов соҳиби медали биринҷӣ шуд ва шумораи медалҳои Тоҷикистонро дар Бозиҳои Осиё-2018 ба 5 расонд. Ҳоло Тоҷикистон бо 5 медал – 3 нуқра ва 2 биринҷӣ дар ҷойи 30-юм аст.

Шумо дар Слайд

Имрӯз ба варзишгари тоҷик Саидҷалол Саидов муяссар нашуд, ки дар гуштии намуди ҷудои Бозиҳои Осиё-2018 муваффақ шавад.

Саидҷалол Саидов дар даври аввал дар вазни -100 кг варзишгар аз Лубнон Ҷад Фаделро бо як иппон мағлуб кард. Дар даври якчорфинал бо Гуҳам Чо аз Кореяи Ҷанубӣ ба майдон баромад ва ду шидо гирифту бо як вазаарӣ бар суди ҳариф мағлуб шуд. Дар даври тасаллобахш ҳарифи қазоқ Виктор Демяненкоро бо як иппон шикаст дод. Дар нимфинал бо варзишгари муғул Отгонбаатар Лхагвасурен мубориза бурд ва бо иппон мағлуб гардид. Ҳарифи ӯ медали биринҷӣ ба даст овард, аммо Саидов аз ҷоиза маҳрум шуд.

Ҳоло боз як варзишгари тоҷик Шакармаҳмад Мирмаҳмадов барои ба даст овардани медали биринҷӣ интизори ҳариф аст. Ҳарифи ӯ варзишгари ҷопонӣ Такешӣ Оҷитанӣ дар муҳокимаи доварон аст, зеро ба муқобили ҳариф аз техникаи мамнуъ истифода кардааст.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 47

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.