.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Август 2018 - || ФАРАЖ
Панҷшанбе, 30 Август 2018 09:48

Вазъи ҳаво: То 34 дараҷа гарм мешавад

Имрӯз, 30-юми август, дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, вазиши шамол аз самти шарқ дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 метр дар як сония мерасад. Рӯзона 32-34 ва шабона 15-20 дараҷа гарм хоҳад шуд. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт, хабар медиҳад Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 ва дар баъзе ҷойҳо то 12-17 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +13+18 ва рӯзона +24+29 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +15+20 ва рӯзона 32+37 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 26-31 ва дар шарқи ин вилоят шабона 0-5 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +11 +16 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ карда шуда, шабона +13+15 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари-рӯз

Паҳлавони маъруфи тоҷик, чемпиони ҷаҳон дар намуди гуштии самбо, Беҳрӯз Хоҷазода дар финали кураши Бозиҳои Осиё-2018 бо намояндаи Эрон Илёс Алиакабрӣ, ки дар нимфинал Сарвар Шомурдови ӯзбекро мағлуб кард, ба майдон баромад.

Хоҷазода, ки 73 кг вазн дорад дар вазни -81 кг ба муқобили ҳарифи эронӣ майдондорӣ кард. Ӯ то финал се ҳарифи худро аз сари роҳ бо дилпурӣ бардошта буд. Илёс Алиакбарӣ 81 кг вазн дошт ва ҳамин бартарӣ ба ӯ имкон дод, ки ғолиб ояд ва соҳиби медали тиллои Бозиҳо гардад. Беҳрӯз бо медали нуқра мукофотонида шуд, ки ин дуюмин медали Тоҷикистон дар Бозиҳои тобистонаи Осиё ба ҳисоб меравад. Пеш аз ин варзишгари маъруфи кишвар Дилшод Назаров дар гурзпартоӣ медали нуқра ба даст оварда буд.

Шумо дар Слайд

Имрӯз дар Бозиҳои Осиё-2018 ду варзишгари тоҷик дар намуди кураш майдондорӣ карданд, ки аз инҳо яке ба финал роҳ ёфт.

Акмал Муродови 22-сола дар вазни -81 кг дар даври аввал бар варзишгари Вйетнам Буи Мун Гуани 26-сола бо натиҷаи 10:0 дастболо шуд. Дар даври 1\16-финал ин паҳлавони тоҷик бо варзишгари 24-сола аз Сурия Муҳаммад Қосим ба майдон баромад ва бо ҳамин натиҷа пирӯз гардид. Дар даври чорякниҳоӣ кори Акмал Муродов омад накард ва ӯ аз варзишгари Узбекистон Сарвар Шомуродови 23-сола мағлуб гардид.

Намояндаи дигари Тоҷикистон Беҳрӯз Хоҷазодаи 23-сола аз даври 1\16 ба майдон баромад ва бо дилпурӣ паҳлавони ӯзбекистонӣ Мусо Собирови 21-соларо аз пеши роҳаш бардошт. Сипас, дар даври чорякниҳоӣ Беҳрӯз Хоҷазода камари паҳлавон аз Тайбэйи Чин Чунта Ҳуанги 33-соларо хам кард. Беҳрӯз дар даври нимниҳоӣ бо паҳлавони 23-солаи эронӣ Умед Тезтак бояд майдондорӣ кард ва ӯро низ аз пой афтонд. Ин варзигари Тоҷикистон ба хазинаи кишвар боз як медал зам хоҳад кард, ки ҳадиаққал он нуқра аст. Ӯ дар фурсатҳои баъдӣ дар финал бо намояндаи дигари Эрон Илёс Алиакбарӣ, ки дар нимфинал Сарвар Шомуродви ӯзбекро мағлуб кард, ба майдон мебарояд.

Шумо дар Хабари-рӯз

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи «Фараҳ-2018» дар Тоҷикистон барои бори чаҳорум доир гардид. Аз соли 2012 ба ин сӯ, Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) беҳтарин бонувони тоҷиру ҳунармандро аз тамоми гӯшаву канори кишвар пайдо ва қадрдонӣ менамояд. Тибқи анъана, ширкати Tcell аснои баргузории чорабинӣ ва маросими тӯҳфасупорӣ АМБСТ-ро дастгирӣ мекунад.

«Дар ҳоли ҳозир ислоҳоти муносибатҳои иҷтимоӣ идома дошта, нақши бонувон дар ҷомеъа ба куллӣ тағйир хоҳад ёфт. Бонувон бештару пештар фаъол мешаванд, онҳо ба идоракунӣ, роҳбарӣ дар зинаҳои ҳокимияти давлатӣ ва бахши хусусӣ ҷалб гардида, ба кишвари худ, рушду пешрафти иқтисоду тиҷорат кӯмак мерасонанд. Ҷоизаи “Фараҳ”-и  Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон як чунин майдони заруриро барои муаррифӣ ва шинохти занони муваффақ муҳайё месозад. Тавассути ин тарҳ, тоҷирони навроҳ аз таҷрибаи бонувони муваффақ сабақ мегиранд ва бо таърихи дастоварду комёбиҳои занони қавииродаву фаъол ошно мешаванд. Ҳадафи аслии дастгирии ҷоизаи “Фараҳ” аз ҷониби ширкати Tcell – ин рӯҳбаланд кардани бонувон ва ба онҳо муҳайё намудани дарки имконият ва зарфияти инфиродиашонмебошад. Намунаҳое аз кору ҳаёти занони муваффақ ба дигар бонувон имкон медиҳад, ки ба худ эътимод пайдо кунанд ва ин боиси дар амал татбиқ кардани орзуву омолашон мегардад”,- иброз дошт Озодхон Давлатшоев,  директори генералии ширкати Тсеll.

Озмун моҳи марти соли равон оғоз гардида, ба он 403 дархост ҷиҳати иштирок ворид шуд. Ба даври аввали он 93 нафар роҳхат гирифта, ҳайати коршиносон куллияи ҷанбаҳои фаъолияти корӣ ва тиҷоратии ҳар як довталабро таҳқиқу омӯзиш кард: бо онҳо мусоҳибаҳо сурат гирифта, тарзи кору фаъолияти онҳоро дар корхонаҳояшон дар кунҷу канори кишвар санҷиданд, бо тиҷорати онҳо ошно шуданд. Ҳамин тавр, 34 нафар ба озмуни ниҳоӣ роҳхат гирифтанд. Дар бораи ҳар як довталаб филми мустанад таҳия шуд, ҳар кадоме аз онҳо таҷрибаи вижаи тиҷорат ва дастёбӣ ба комёбиҳоро доранд.

Дар соли 2018 инҳо беҳтаринҳо дар бахши тиҷорати марбут ба соҳоти худ эълон шуданд:

         Бахши тавлидот (истеҳсолот) - Мамадкаримова Лутфия, шаҳри Хоруғ, ВМКБ

         Бахши кишоварзӣ - Тиллоева Зулайхо, ноҳияи Ёвон, вилояти Хатлон

         Бахши хизматрасонӣ ва ғизорасонӣ - Маҳмудова Раъно, шаҳри Исфара, вилояти Суғд

         Ҳунарҳои мардумӣ - Ашӯрматова Каромат, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд

         Бахши тиб ва омӯзиш - Гадойбоева Умеда, шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд

         Барномаи аввалияи тиҷорат (Старт ап) - Ҷумъаева Мавҷуда, ноҳияи Шаҳритус, вилояти Хатлон

Зимнан, Зулайхо Тиллоева, сарвари хоҷагии деҳқонии “Зулайхо-2015” барандаи ҷоизаи асосӣ-гран-прии озмуни “Фараҳ-2018” дар ҳаҷми 100 ҳазор сомонӣ гардид.

Tcell ба ғолибони озмуни мазкур таҷҳизоти васлшавӣ ба интернет- модем бо бастаи ройгони интернети бемаҳдуд ҳадя кард, зеро дар замони муосир бе иртиботи боэътимод ба роҳ мондани тиҷорат ва амалӣ кардани барномаҳои вижа ғайриимкон аст. 

Мақсади асосии озмун- ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеъа ба рушди тиҷорати бонувони соҳибкор ва мушкилоти занон, дарёфти бонувони кордону корофар, паҳн кардани таҷрибаи занони муваффақ дар кишвар мебошад. 

Озмуни «Бонуи соҳибкори сол - ҷоизаи «Фараҳ-2018» аз ҷониби Ассотсатсияи миллии бонувони соҳибкори Тоҷикистон (АМБСТ) бо дастгирии USAID, Ҳукумати кишвар ва ширкатҳои ватаниву созмонҳои байналмилалӣ доир мегардад. 

Шумо дар Хабари-рӯз
саҳ 6 аз 47

Хабари-рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.