.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Август 2018 - || ФАРАЖ
Ҷумъа, 31 Август 2018 10:28

Президент 261 нафарро афв кард

Амр дар бораи афви 261 шаҳрванде, ки адои ҷазои худро ба сурати маҳкум аз озодӣ мегузаронанд, аз ҷониби президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев 30-юми август ба имзо расид.

Мувофиқи ин амр дар маҷмӯъ 261 маҳбус афв мешаванд, ки аз ин 215 нафар ба озодӣ мебароянд ва муҳлати адои ҷазои 46 нафари дигар кам карда мешавад. Аз нафарони афвшуда 135 кас барои ҳамкорӣ бо созмонҳои дар Узбекистон мамнуъ зиндонӣ шудаанд. Дар ин байн 5 нафар синнашон аз 60 боло будааст.

Моҳи декабри соли 2017 Мирзиёев бо як амри худ бори аввал 2,7 ҳазор нафарро афв карда буд. Моҳи июни ҳамин сол ба муносибати иди Рамазон 226 каси дигар афв карда шуданд.

Шумо дар Хабари рӯз

 

UEFA ниммуҳофизатгари клуби шоҳонаи «Реал Малрид»-и Испания Лука Модричи хорватиро беҳтарин футболбози мавсими 2017\2018 эълон кард. Маросими супоридани ҷоиза шоми дирӯз дар Монако, дар қуръакашии даври гуруҳии Лигаи чемпионҳои Аврупо, баргузор гардид.

Футболбози хорватӣ дар мавсими гузашта ғолиби Лигаи чемпионҳо, барандаи Суперҷоми UEFA, Суперҷоми Испания, ғолиби чемпионати ҷаҳонии клубҳои FIFA, иштирокчии финали чемпионати ҷаҳон ва соҳиби унвони бозигари беҳтарини Чемпионати ҷаҳонии футбол-2018 шуда буд. Лука Модричи 32-сола дар Лигаи чемпионҳо дар 11 вохӯрӣ ширкат карда, як гол задааст ва як партофти головар кардааст. Дар 26 бозии чемпионати Испания ба майдон баромада, як гол задааст.

 

Барои ба даст оварди ин унвон собиқ ҳамдастаи Модрич футболбози португалӣ Криштиану Роналду, ки ҳоло дар «Ювентус» (Турин, Италия) бозӣ мекунад ва футболбози мисрии «Ливерпул» (Англия) Муҳаммад Салоҳ талабгор буданд. 

 

 

Шумо дар Хабари рӯз

Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки имрӯз дар бештари ноҳияҳои ҷумҳурӣ ҳаво софу беғубор буда, ҳарорати шабона нисбат ба рӯзҳои қаблӣ то 2 дараҷа паст мефарояд. Ин гуна вазъи обу ҳаво то охири ҳафта идома хоҳад ёфт

Имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри тағйирёбанда шуда, дар ғарби вилоят шабона 8+13, рӯзона 27-32 ва дар шарқи ин вилоят шабона 2-3 ва рӯзона +16+21 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар вилояти Суғд ҳаво қисман абрноки тағйирёбанда шуда, шамол аз самти шарқ 3-8 метр дар як сония мевазад. Дар водиҳо шабона +12+17 ва рӯзона +27+32 дараҷа гарм мешавад.

Дар вилояти Хатлон ҳаво cофу беғубор пешгӯӣ шуда, шамол аз самти шарқ 2-7 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона +14+19 ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм хоҳад шуд.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво тағйирёбандаи камабр гашта, шабона +12 +17 ва рӯзона +30+35 дараҷа гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво софу беғубор пешгӯӣ карда шуда, шабона +14+16 ва рӯзона +32+34 дараҷа гарм мешавад.

Шумо дар Хабари рӯз

Як гурӯҳи падару модарон аз шаҳри Панҷакент барои дидори фарзандону наздикони наваскарашон, ки дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон адои хизмат мекунанд, ба шаҳри Душанбе омаданд.

Дар ин бора сардори маркази матбуоти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ Муҳаммад Улуғхоҷаев ба «Фараж» иттилоъ дод.

Бино ба маълумоти манбаъ, ин иқдом бо ташаббуси кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент сурат гирифтааст.

Нахуст падару модарон дар ин маркази таълимӣ ҷойи хобу ғизохӯрӣ, синфхонаҳои таълимӣ, китобхона ва осорхонаро аз назар гузаронида, аз шароитҳои хуби мавҷуда барои сарбозон изҳори қаноатмандӣ кардаанд. Ҳамчунин, ба падару модарон иттилоъ дода шуд, ки сарбозони ин маркази таълимӣ баъд аз маросими савгандёдкунӣ самти фаъолияти худро интихоб карда, аз рӯи 17 самт ба омӯзиш фаро гирифта мешаванд.

Сарбози қаторӣ Қудратулло Ҷалилов, ки бештар аз панҷ моҳ дар Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадӣ хизмат мекунад, аз фароҳам овардани ҳама шароити зарурӣ барои сарбозон дар қисми ҳарбӣ  таъриф намуда иброз доштааст, ки сарбозон бо се вақт хӯроки гарм, сарулибос ва хобгоҳи замонавӣ таъминанд.

- Аз Президенти кишвар, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле миннатдор ҳастем, ки маҳз дар партави сиёсати ин марди хирад тӯли 27-соли Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чунин пешравиҳо ноил гардид. Аз иқдоми пешгирифтаи Ҳукумати ҷумҳурӣ ва ҲХДТ низ истиқбол мекунем, ки чунин як ташаббуси хуб нишон дода, падару модарони сарбозонро аз шаҳру навоҳии дурдаст ба дидорбинии фарзандонашон меоранд. Дар ҷавоб ба ин ғамхориҳо мо хизмати содиқона ба Ватан, ҳифзи марзу буми онро вазифаи ҷонии худ шумурда, барои дифои сарҳадамон аз таҳоҷуми бегона сина сипар хоҳем кард,- гуфтааст сарбоз дар вохӯрӣ бо волидон.

Ҳамчунин, ба қали сардори ин қисми ҳарбӣ Абдулвоҳид Мирзозода ин аввалин маркази таълимӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад, ки соли 1930 таъсис ёфтааст: «Баъд аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ 23 марти соли 2005 ин марказ ба тобеияти Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ гузашт. Бо ташаббус ва дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми шароити хизматӣ барои ҳайати шахсӣ фароҳам оварда шуд».

Дар охири вохӯрӣ ансамбли «Марзбон»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои падару модарон ва сарбозон барномаи фарҳангӣ доир кардааст.

Шумо дар Хабари рӯз
саҳ 4 аз 47

Хабари рӯз

Календар

« Август 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
    1 2 3 4 5
6 7 8 9 10 11 12
13 14 15 16 17 18 19
20 21 22 23 24 25 26
27 28 29 30 31    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.