.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Материалы отфильтрованы по дате: Декабр 2017 - || ФАРАЖ

Чанде пеш дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабари ғорат шудани манзили як рӯҳонии саршинос дар ноҳияи Вахш нашр шуд, ки дуздон аз хонаи ӯ зиёдтар аз 6 000 доллар ва 40 000 сомониро ғорат кардаанд. Дар пайи ин ғорат дар ҳудуди вилояти Хатлон тафтиши роҳҳо аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқ афзуда буд.

Хабаргузории «АП» дар такя ба иттилои як манбаъ аз прокуратураи ноҳияи Вахш хабар дод, ки шоми дирӯз се нафар гумонбари ин ғоратгарӣ боздошт шудаанд. Инҳо сокини деҳаи Оқгазӣ, пештар судшуда Юсуф Сафарови 34-сола, сокини ҷамоати Гулистони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Анвар Абирови 30-сола ва ҳамдеҳаи ӯ Темир Қурбонбоеви 28-сола мебошанд. Боз як сокини ҳамин ноҳия Наврӯз Зулфиқоров мавриди ҷустуҷӯ қарор доштааст.

Баъди боздошт аз гумонбарон говсандуқ бо 6,3 ҳазор доллар ва 40 ҳазор сомонӣ дарёфт шудааст. Нисбати онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шуда, онҳо дар боздоштгоҳ қарор доранд.

Гуфта мешавад, ки гумонбарон соати 1-и шаби 19-уми ноябр ба манзили сокини деҳаи Янгиҳаёти ноҳияи Вахш, нафақахӯр Муҳриддин Файзиддинов ворид шуда, бо таҳдиди корд говсандуқро бо худ бурдаанд. 

Маркази матбуоти ВКД ҶТ низ боздошт шудани ғоратгаронро тасдиқ кард ва аз як дуздии дигар дар ноҳияи Ҷалолиддин Балхӣ хабар дод, ки ҷинояткорон дар он ҷо низ говсандуқро бо худ бурдаанд.

Ба ШВКД ин ноҳия марди 42-солаи муроҷиат намудааст, ки шаби 10 ба 11-уми ноябри соли 2018, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз  хонаи истиқоматиаш, як адад сандуқи оҳанин, ки дар дохилаш ҷавоҳироти тиллоӣ, 1 адад планшет ва 300 доллари амрикоӣ буд, дуздидааанд. Зарари расонидашуда 17000-сомониро ташкил медиҳад.

Аз ҷониби кормандони милитсия 4 марди аз 24 то 30-солаи сокини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ ва 1 нафар марди 30-солаи сокини ноҳияи Вахш бо гумони дуздӣ дастгир карда шудаанд.

Шумо дар Слайд

Кормандони хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон  дар 11 моҳи соли равон  593  нафар сокини вилоятро барои зарар расонидан ба ҷангал ба малағи 106 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд.

Иҷрокунандаи директори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Мираҳмад Давлатов зимни тасдиқи ин хабар гуфт, ки дар ин давра 338 санад оид ба буридани ғайриқонунии дарахтон ба маблағи 48 ҳазор сомонӣ, 163 санад барои чидани  ғайриқонунии маҳсулоти ҷангал, аз қаблили пиставу чормағз, ба маблағи 32 ҳазор сомонӣ, 33 санад барои шикори ғайриқонунии ҳайвонҳои нодир ва парандагон ва  54 санади дигар чорвочаронии ғайриқонунӣ нисбати сокинон   тартиб дода шудааст.

Муовини сардори Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангали вилояти Хатлон Қуваталӣ Назиров гуфт, ки соли 2017 аз тарафи кормандони муассиса 789 санад оид ба қонунвайронкунии ҷангал ба маблағи беш аз 195 ҳазору 588 ҳазор сомонӣ тартиб дода шуда буд.

Инчунин, дар соли 2017-ум 42 сокини вилоят барои шикори ҳайвоноти нодир,  ба маблағи 4002 ҳазор сомонӣ ҷарима карда шудаанд.

Шумо дар Хабари-рӯз

20 ноябр дар Қасри миллат Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон раиси Палатаи қонунбарори Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овардааст, ба ҳузур пазируфт.

Дар ҷараёни мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ баррасӣ карда шуд.

Эмомалӣ Раҳмон меҳмонро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, иброз дошт, ки натиҷаҳои ин сафар ва мулоқоту музокирот омили муҳим барои рушди муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад.

Нурдинҷон Исмоилов сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмонро бо ба истифода додани агрегати аввалини Неругоҳи барқи обии “Роғун” табрику таҳният намуда, изҳор дошт, ки  аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадааст».

Дар мулоқот таъкид гардид, ки муносибатҳои мо ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромад ва барои ноил гардидан ба ин сафари давлатии президенти Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла ҷоннок кардани фаъолияти гуруҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд.

Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, афзоиши гардиши мол, татбиқи амалии санадҳои муҳими зимни сафарҳои давлатии сарони давлатҳо баимзорасида, рафтуомади бераводид, ифтитоҳи нуқтаҳои назоратӣ, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, ҳамкории фарҳангию гуманитариро муҳим шуморида, онро воситаи асосии баҳамоии мардумони дӯсти тоҷику ӯзбек маънидод карданд.

Зимни баррасии масъалаҳои амниятӣ таъмини амну субот дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллӣ, аз самтҳои афзалиятноку барои мардумон судманд, зарур шумурда шуд.

Дар мулоқот ҳамчунин дигар масъалаҳои мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо баррасӣ гардид.

Шумо дар Хабари-рӯз

20 ноябр раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев раиси Палатаи қонунгузории Олий Маҷлисии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро ба ҳузур пазируфт.

Зимни мулоқот раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки маҳз тавассути сиёсати хирадмандонаю ташаббусҳои созандаи сарварони давлатҳо муносибатҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз пеш тавсеа, тақвият, таҳким ва рушд намуда, баҳри пешрафти пайвастаи соҳаҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоии кишварҳоямон дар таъмини шароити зиндагии арзандаи шарҳрвандонамон  саҳми беназир мегузоранд. 

Нурдинҷон Исмоилов дар навбати худ бо қаноатмандӣ аз барқарор гардидани муносиботи неки ҳамҷаворӣ, аз дастовардҳои Тоҷикистон, бахусус дар бахши гидроэнергетика ва ба истифодадиҳии нахустин агрегати Нерӯгоҳи барқии обии “Роғун”, ки ба манфиати минтақа ва дар навбати аввал ҳамсоякишварҳо садсолаҳо хизмати судовар хоҳад расонд, ёдовар шуда,  барои қабул ва муҳтавои мулоқот изҳори сипос кард.

Дар мулоқот ҷонибҳо бо истифода аз дипломатияи парламентӣ омодагии худро баҳри истифодаи самараноки он дар доираи созмонҳои байналмилалию минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи манфиатҳои миллӣ зикр намуданд.

Таъкид гардид, ки сафари ҳайатҳои парлумонии ҳарду кишвар дар оянда идома ёфта, барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷанба нақши муассир хоҳад гузошт.

Мулоқот дар фазои ҳусни тафоҳум ва созанда ба итмом расид.

Шумо дар Хабари-рӯз
  •  << 
  •  < 
  •  1 
  •  > 
  •  >> 
саҳ 1 аз 601

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.