.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Муроҷиати шаҳрвандон

Ё чаро хатоҳои содиркардаи намояндагони САҲШ-ро волидайн бояд ҷуброн кунанд?

Ба таваҷҷӯҳи вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Шоҳмурод

 

Ба таваҷҷӯҳи вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Раҳимзода

Ҳафтаи гузашта дар ҳафтаномаи «Фараж» мақолаи банда таҳти унвони «Тағйири ному насаб ва оворагиҳо дар САҲШ, ё чаро хатоҳои содиркардаи намояндагони САҲШ-ро волидайн бояд ҷуброн кунанд?» чоп шуда буд. Баъд аз чопи мақола ба редаксия занги зиёд шуда, бархе маводро дастгирӣ карданд ва баъзе маҳкум намуданд, ки ман беҳуда масъулини САҲШ-и ноҳияи Панҷакентро танқид кардаам.

Нахуст мехоҳам ба арзи ҳамагон бирасонам, ки ҳадаф аз навиштани мақола на танқиди роҳбарият ва кормандони САҲШ-и ноҳияи Панҷакент, балки муроҷиат ба вазири адлияи кишвар буд, то минбаъд ба волидайн ҳангоми ислоҳ намудани ному насаби фарзандон сабукӣ дода шавад. Ман шахсан аз роҳбарияти САҲШ-и Панҷакент ва кормандони он ҳеҷ шикояте надорам. Зеро маро раиси САҲШ-и шаҳри Панҷакент Фатҳуллозода Заррина худ шахсан қабул намуд, гӯш кард, ба саволҳоям посух гуфт ва ба зердастонаш дастур дод, ки кори маро буд кунанд ва ман аз эшон миннатдорам.

Ҳадаф аз навиштани мақолаи «Тағйири ному насаб ва оворагиҳо дар САҲШ, ё чаро хатоҳои содиркардаи намояндагони САҲШ-ро волидайн бояд ҷуброн кунанд?» он буд, то ба самъи вазири адлияи кишвар мӯҳтарам Рустами Шоҳмурод бирасонам, ки волидайн на бо гуноҳи худ, балки бо гуноҳи САҲШ-ҳо, ки дар расмиятдарории номҳо дар вақташ ба иштибоҳҳои ҷиддӣ роҳ додаанд, хеле овораву сарсонанд. Банда дар мақола ҳамчун корафтода аз мушкилоти хеле ҷиддие сухан рондам, ки дар САҲШ-ҳои тамоми кишвар, алъон ҳангоми тағйир додани ному насаб ба чашм мерасад. Бояд зикр кард, ки ҳар сол дар ҷумҳурӣ даҳҳо ҳазор нафар мактабро хатм намуда, бори нахуст шиноснома мегиранд. Вале, бинобар он, ки САҲШ-ҳо ба аксари онҳо ному насаби тоҷикиро бо иштибоҳҳои зиёд додаанд, волидайни эшонро зарур меояд, ки маҷбуран ному насабро ислоҳ намуда, шаҳодатномаи нав гиранд ва танҳо баъд барои гирифтани шиноснома ба мақомоти шиносномадиҳӣ муроҷиат намоянд. Масалан то соли 2008 ному насаби аксари кӯдакон дар шакли дунома, яъне бе насаб дода шуда буд, аз қабили Ашӯри Мирзо, Қодири Абдураҳим ва ғайра. Имрӯз ҳамаи онҳое, ки чунин номҳоро доранд, маҷбуранд бо оворагиву сарсониҳои зиёд, ҷамъоварии маълумотномаҳо, дар ба дари САҲШ-ҳо ва ШВКД-ҳо инчунин бо сарфи маблағи зиёд ному насабро на тағйир диҳанд, балки ислоҳ намоянд. Ба назар чунин мерасад, ки на танҳо дар додани дуномаҳо, балки ҳангоми барасмиятдарории сеномаҳои тоҷикӣ низ масъулин иштибоҳҳои зиёде содир кардаанд ва шаҳрвандон пеш аз гирифтани шиноснома маҷбуранд онро низ ислоҳ кунанд. Масалан ба фарзанди дуюми ман чунин ному насаб дода шуда буд: Муҳаммадназариён Салмоншоҳи Холиқназар. Вақте мо барои гирифтани шиноснома муроҷиат кардем, маълум шуд, ки дар ном як ҳарфи «и» зиёдатӣ аст ва бояд Салмоншоҳ Холиқназар бошад, на Салмоншоҳи Холиқназар. Ин аст, ки маҷбур шудем нахуст ному насабро ислоҳ карда, танҳо баъд шиноснома гирем. Ман аз чор фарзанд номи се нафари онҳоро ислоҳ карда, ба онҳо ному насаби нав гирифтам, вале ба фарзанди чорумам, ки дар синфи 7 мехонад, бинобар камбудии маблағ натавонистам ному насаби нав гирам. Бинобар ин, онро ба солҳои оянда гузоштам. Яъне, ҳанӯз натавонистам ба ин сарсониҳо хотима диҳам.

Ҳадаф аз навиштани мақола ин аст, ки мехоҳам бипурсам: Чаро барои иштибоҳҳои Шумо мо - волидайн бояд посух гӯем ва чаро мо иштибоҳҳои Шуморо ҷуброн кунем? Зеро мушкилоте, ки имрӯз дар натиҷаи ин инштибоҳҳо ба сари мо волидайн омадааст, мушкилоти оддӣ нест ва бояд иқрор шуд, ки ин мушкилот ба сари мо дар натиҷаи иштибоҳҳои САҲШ-ҳо омадааст. Чаро Вазорати адлия натавонист, ки дар давоми 25 соли истиқлолияти кишвар як дастури муайянеро барои кормандони САҲШ пешниҳод намояд, то онҳо ба чунин иштибоҳҳо роҳ надиҳанд? Инҳо саволҳоеянд, ки посухи хеле ҷиддӣ мехоҳанд. Ҳадафи банда дар матраҳ намудани мавзӯи мазкур он аст, ки мо волидайн воқеан сабукӣ мехоҳем ва талаб мекунем, ки иштибоҳҳо аз тарафи худи САҲШ, бе овора намудани мо ҷуброн карда шавад.

Бигзор онҳое, ки синну солашон аз 18 боло асту аллакай шиноснома гирифтаанд, маълумотнома гиранду дар пайгард қарор доштан ва ё надоштани онҳо мавриди омӯзиш қарор гирад, вале ба назари ман ҳеҷ зарурияти гирифтани чунин Маълумотнома барои хонандаи мактаб вуҷуд надорад. Бояд барои аҳолӣ қарорҳои сабуккунанда ҷорӣ карда шаванд, на ин ки баръакс.

Инчунин дар мавриди нархи Шаҳодатномаи таваллуд низ бори дигар қайд мекунам, ки 150 сомонӣ барои як шаҳодатнома хеле нархи гарон аст ва он бояд бознигарӣ шавад.

Бо дарназардошти ишораҳои боло, омӯзиши масъалаву дидани сарсониҳои мардум, якчанд пешниҳод дорам:

1. Аз вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Рустам Шоҳмурод хоҳиш мекунам, ба ҳама шӯъбаҳои САҲШ дастур диҳанд, ки дар ислоҳ намудани ному насаб ва аз дунома ба сенома гардонидани он ба волидайн сабукиҳо диҳанд. Зеро воқеан волидайн на бо хоҳиши худ, балки аз ноилоҷӣ ба ин иқдом даст зада, маҷбурӣ ному насаби кӯдакони худро на тағйир медиҳанд, балки ислоҳ карда истодаанд. Зеро бе ислоҳ кардани ному насаб мақомоти шиносномадиҳӣ ба онҳо шиноснома намедиҳанд.

2. Арзиши шаҳодатномаҳои таваллуд то 50 фоиз поён оварда шуда, қимати он 70-75 сомонӣ муайян карда шавад. Зеро 150 сомонӣ воқеан нархи гарон буда, на ҳама имконияти пардохти чунин маблағро доранд.

3. Барои ислоҳ намудани ному насаб, дастур дода шавад, ки шаҳодатномаҳо на бо фиристодан ба маркази вилоятҳо, балки дар мӯҳлати 2-3 рӯз дар худи САҲШ-ҳои ноҳиявӣ тайёр карда шаванд.

4. Аз вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Рамазон Раҳимзода хоҳиш мекунем, ки қарори додани маълумотнома оид дар пайгард қарор доштан ва ё надоштанро нисбати талабагони мактаб боздоранд ва волидайнро аз сарсонӣ дар назди ШВКД-ҳо наҷот диҳанд. Инчунин, аз рӯи имконият ба мақомоти шиносномадиҳӣ дастур диҳанд, ки дар мактабҳо чорабиниҳо гузаронида, хатмкунандагонро акс гиранд ва барояшон шиноснома омода намуда, дар худи мактабҳо тақсим намоянд. Ин воқеан як дастгирӣ ба кулли волидайн хоҳад шуд, ки мо бовар дорем, дар сурати пиёда шудани чунин иқдом мардум миннатдорӣ баён хоҳанд кард.

Ин буд чанд пешниҳоди банда ва умедворам, ки мавриди дастгирии мақомот қарор мегирад.

Холиқи МУҲАММАДНАЗАР,

махсус барои «Фараж»

Хонданд 1179

Мо, 80 нафар аъзои хоҷагии деҳқонии «Саховат-2», деҳаи Боғчаи шаҳри Панҷакент ҳар як шумораи ҳафтаномаи «Фараж»-ро мехонем ва он дар мушкилотамон роҳнамо мебошад. Имрӯз бо умед ба шумо арз дорем, ки дар ҳалли мушкилие ба мо кӯмак расонед. Шояд бо дастгирӣ ва мадади шумо як баҳси доманадор ба поён расад.

Баробари навиштани дарди дили худ, ба шумо маълум менамоем, ки бо қарори раиси шаҳри Панҷакент мӯҳтарам Х. Абдулназаров аз 21.05.2012 таҳти рақами 246 хоҷагии деҳқонии «Саховат-2» аз ҳисоби заминҳои хоҷагии деҳқонии «Ҳақиқат» ташкил карда шудааст. Ба хоҷагии деҳқонии «Саховат-2» аз ҳисоби заминҳои меросии якумраи хоҷагии деҳқонии «Ҳақиқат» қитъаи замин ба майдони умумии 853,68 га, аз он ҷумла, замини корами обӣ 6,55 га, замини корами лалмӣ 4,81 га, боғзор 0,65 га, тутзор 0,10 га, чарогоҳ 508,80 га, зери об 15,77 га, зери роҳ 1,69 га, дигар заминҳои ғайри кишоварзӣ 315,31 га барои ҳуқуқи истифодабарии якумра ҷудо карда шудааст. Дар ин бора аз 26-уми ноябри соли 2012 таҳти рақами 2994 сертификати ҳуқуқи истифодаи замин вуҷуд дорад, аммо 2,20 гектари ин заминро шахсони ба хоҷагӣ тааллуқ надоштаву дар ҷамоати деҳоти мо дар қайд набуда бо роҳҳои ошнобозӣ соҳиб шуда, ғайриқонунӣ истифода бурда истодаанд. Ин шахсон Азизов Муродулло, Мирзоев Исмат, Раҳмонов Турабой, Насруллоев Шамсиддин, Амиров Шодмон, Алиев Комил, Валиев Ёралӣ мебошанд, ки истиқоматкунандаи деҳаи Боғча нестанд ва дар қайди ҷамоати мо набудаву аъзои хоҷагии «Саховат-2» ҳам намебошанд.
Дар бораи ғайриқонунӣ истифода бурдани заминҳои хоҷагиҳои деҳқонии «Саховат-2» дар шаҳри Панҷакент ҳамаи масъулони шаҳр огоҳанд. Ҳатто Суди шаҳри Панҷакент 12-уми апрели соли 2016 ҳалномаи худро ба манфиати хоҷагии деҳқонии «Саховат-2» таҳти раисии муовини раиси Суди шаҳри Панҷакент Пулодӣ Таҳмина Сӯҳробзода баровардааст. Аз ҷумла, дар ҳалномаи суд омадааст: «Бо дастрасии моддаҳои 198-202-и Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон суд ҳал кард:
… Қарори комиссияи қонунигардонии молу мулки шаҳри Панҷакент таҳти рақами 38 аз 20.06.2009 ва шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк таҳти рақами 3619 аз 20-уми июни соли 2009, ки ба Азизов Муродилло ба манзили истиқоматии воқеъ дар деҳаи Заврони ҷамоати деҳоти Лоиқ Шералӣ дода шудааст, дар қисми қитъаи замин ба масоҳати 4107,54 метри мураббаъ бекор карда шавад.
Даъвои Раҳимов Абдухолиқ бо ҷавобгарии Азизов Муродилло, Мирзоев Исмат, Раҳмонов Турабой, ҷамоати деҳоти Шинг, Кумитаи заминсозии шаҳри Панҷакент, Хоҷагии деҳқонии «Ҳақиқат»-и ҷамоати деҳоти Шинг, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент дар қисми бартараф намудани монеа ва барқарор намудани ҳуқуқи истифодабарии замин қонеъ карда шавад.
Ҳуқуқҳои истифодаи замин ба Раҳимов А. барқарор карда шуда, ҷавобгарон Азизов Муродилло, Мирзоев Исмат ва Раҳмонов Турабой ӯҳдадор карда шаванд, ки барои истифодабарии 2,20 га замини корами хоҷагии дехқонии «Саховат-2» воқеъ дар мавзеи Заврони ҷамоати деҳоти Шинги ноҳияи Панҷакент, ки ба Раҳимов Абдухолиқ тааллуқ дорад, монеагарӣ эҷод накунанд».
Бо вуҷуди баромадани ҳалномаи суд ҷавобгарон заминҳои хоҷагиро барнагардонида, ғайриқонунӣ истифода бурда истодаанд ва бо аъзои хоҷагии деҳқонии «Саховат-2», ки соҳиби асосии замин мебошанд, ҷангу ҷанҷол бардошта, барои истифода монеагарӣ мекунанд.
Агар масъулон дар шаҳри Панҷакент аз як гиребон сар мебароварданд, муаммо кайҳо ҳал мешуд, аммо дар инҷо баъзе шахсони масъул бетарафанд ё гунаҳгоранд, чунки ҷавобгаронро пинҳонӣ тарафдорӣ мекунанд. Ҳол он ки, тарафдории ҷавобгарон - ин поймолкунии қонун, беҳурматӣ нисбати давлату ватан ва иҷро накардани қарори ҳукумати шаҳри Панҷакент мебошад.
Мо, аъзои хоҷагии деҳқонии «Саховат-2», ки 80 нафар мебошем, пешакӣ ба масъулон барои чораандешиашон миннатдории худро баён мекунем.

Бо эҳтиром, Ғаффоров Ҳусейн, Раҳимов Абдухолиқ, Қараев Шодибой, Ғайбуллоев Абдулло, Қурбонова Раҷабмо, Раҳимова Назира, Саидов Насрулло, Шамсиев Абдуазиз, Бекназарова Ҳокима, Холова Муҳаббат, Раҳимов Абдукарим ва дигарон 

Хонданд 1010
  •  << 
  •  < 
  •  8 
  •  > 
  •  >> 

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.