.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Муроҷиати шаҳрвандон

Судяи шаҳри Хуҷанд ва судяҳои вилояти Суғд чӣ гуна беадолатии судиро таъмин мекунанд?

Ба таваҷҷуҳи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ба таваҷҷуҳи раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Шермуҳаммади Шоҳиён

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон!

Мо лозим намедонистем тавассути матбуот унвонии Шумоён муроҷиат кунем, аммо муносибати Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ва С. Ҷ. Шерзода, М. Латифзодаву М. Очилзода, судяҳои Суди вилояти Суғд ба қонуну қонунгузории Тоҷикистон ва барқарор кардани адолати судӣ моро водор кард, ки қалам ба даст гирем. Мехоҳем ба Шумо - ҳомиёни қонун ва адолати судӣ дар Тоҷикистон дар мисоли парвандае, ки мо иштирокдораш ҳастем, аён гардад, ки кадом судяҳо ба арзишҳои волои ҷомеаи ҳуқуқбунёд беэҳтиромӣ мекунанд. Онҳо бо истифода аз салоҳиятҳое, ки қонун ба судяҳо додааст, ҳалномаву таъиноти судие содир мекунанд, ки сар то по нақзи қонунҳои Тоҷикистон аст.
Ин ҷо гап дар бораи шартномаи хонае меравад, ки 24 сол пеш ҳадя шудааст, аммо бар асоси ҳалномаи судя Эраҷ Ализода бекор карда мешавад. Судя гузашта ва таърихро ба майлу хости худ ва хилофи қонунгузории Тоҷикистон мехоҳад тағйир диҳад. Агар судя ин гуна аз мантиқ кор намегирад, пас вой бар ҳоли мардуме, ки корашон ба дасти онҳо афтад.
Хонаро бар асоси “шаҳодатномаи мерос” ҳанӯз соли 1986 бобоямон Абдулло Исмоилов вобаста ба шароити оилавӣ ба аммаамон Маҳбуба Исмоилова қонунан ҳадя дода буд. Дар навбати худ, соли 1993 аммаамон ба падари мо - бародарашон Ғайбулло Исмоилов шартнома доданд, ки хона моликияти ӯ шавад. Эраҷ Ализода далелҳоеро, ки ҳаққу ҳуқуқи қонунӣ ва маънавии моро ба мероси падар собит менамоянд, аслан ба эътибор нагирифт ва шартномаи ҳадяеро, ки 24 сол пеш байни хоҳару бародар баста шуда буд, беэътибор намуд.
Ин хонаи истиқоматӣ дар суроғаи шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, тангкӯчаи Дуредгарон, хонаи №5 дар қитъаи замини 422 метри мураббаъ ҷойгир буда, 49,6 метри мураббаъи фоиданок дорад, ки аз 35,7 метри мураббаъ масоҳати зист, ду шипанг, се анбор, сарой, се хона, ду ошхона таркиб ёфта, моликияти падари мо Исмоилов Ғайбулло мебошад. Ин хонаро 18-уми феврали соли 1986 бобоямон Абдулло Исмоилов ба аммаам - Маҳбуба Исмоилова ҳадя дода, 5-уми апрели соли 1993 аммаам онро ба бародараш, падари мо - Ғайбулло Исмоилов ҳадя кардааст. Шартномаи ҳадя вуҷуд дорад, ки ин моликияти падариро барои мо собит мекунад.
Аммо Суди шаҳри Хуҷанд 22-юми феврали соли 2017 аризаи даъвогии мо - Исмоилов Мухтор, Исмоилов Мурод, Исмоилов Дилшод - оид ба муқаррар намудани воқеъияти қабули мерос ва тақсими амволи меросӣ нисбати ҷавобгарон - Исмоилова Меҳрӣ, Абдуллоев Ғуфрон, Исмоилов Баҳодур, Исмоилова Биоминаро рад кард. Дар навбати худ, аризаи даъвогии ахириҳо, бо ҳамроҳии Идораи нотариалии давлатии вилояти Суғд, КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул”-и шаҳри Хуҷандро дар бораи беэътибор донистани шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ воқеъ дар шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Камоли Хуҷандӣ, тангкӯчаи Дуредгарон, хонаи №5 қонеъ кард. Яъне шартномаи ҳадяи манзили истиқоматӣ аз 5-уми апрели соли 1993-ро беэътибор донист.
Судяи Суди шаҳри Хуҷанд Эраҷ Ализода дар вақти қабули ин ҳалнома чанд асоси ғайривоқеӣ, ғайримантиқӣ ва ғайриқонуниро истифода карда, беадолатии судиро таъмин намуд:
Якум. Эраҷ Ализода барои беэътибор донистани шартномаи ҳадяи манзил маълумоти намояндаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд Ф. Машариповро асос кардааст. Ф. Машарипов дар мурофиаи судӣ иштирок карда, гӯё баён кардааст, ки соли 1993 бо дархости Маҳбуба Исмоилова барои ба расмият даровардани шартномаи ҳадя маълумотнома дода шуда, аммо дар ин маълумотнома манзили истиқоматӣ (қисми манзили истиқоматӣ бо литери 1А 1М бо масоҳати 25 м2, масоҳати зисташ 18,1 м 2) ҳамчун хонаи худсохт нишон дода шудааст ва ҳатто бо забони русӣ навишта шудааст, ки “не подлежит”, яъне “ҳадя карда намешавад”. Ба қавли Ф. Машарипов, нотариуси давлатӣ ин ҳолатро ба назар нагирифта, шартномаи ҳадяро ба расмият даровардааст.
Ин дар ҳолест, ки Ф. Машарипов боре ҳам дар мурофиаи судӣ иштирок накардаву ҳеҷ гуна баёнот надодааст. Ҳатто кормандони КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд аз баргузории ҳамчунин мурофиа хабар надоштанд. Аз ҷониби суд ҳеҷ гуна хабарнома ба унвонии ин идора ирсол карда нашудааст. Аммо Эраҷ Ализода дар қисми асосноккунии ҳалнома маҳз ин нуктаи нишондоди ӯ (Ф. Машарипов)-ро яке аз асосҳои беэътибор донистани шартномаи ҳадя донистааст.
Дуюм. Дар қисми дигари ҳалнома судя Эраҷ Ализода овардааст, дар шаҳодатнома, ки ба номи Абдулло Исмоилов аз моҳи феврали соли 1986 барои ба расмият даровардани шартномаи ҳадя байни ӯ ва Исмоилова Маҳбуба навишта шудааст, дар сутуни рӯйхати иншоот дар муқобили литери 1А 1М бо забони русӣ “не подлежит” навишта шудааст. Инчунин илова кардааст, ки дар маълумотномаи дигаре, ки ба номи Исмоилова Маҳбуба аз 31-уми марти соли 1993 дода шудааст, ҳолати хонаи истиқоматӣ ҳамон тартиб нишон дода шудааст, ки “не подлежит”, яъне ҳадя кардани он бо сабаби сохтмони худсарона буданаш манъ карда шудааст.
Аммо ин таҳрифи ҳуҷҷат аст. Баъди ба миён омадани ин баҳс оид ба ин масъала мо ба КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд бо мактуб муроҷиат намудем ва тибқи посухи масъулини ин идора (пештара МБТИ - Межрайонный бюро технической инвентаризации - Бюрои барӯйхатгирии фаннии ноҳиявӣ) аз 5-уми апрели соли 2017 дастурамали Вазорати Хоҷагии Коммуналии РСС Тоҷикистон (аз соли 1983), ки ин масъаларо танзим мекард, то соли 1998 амал менамуд. Дар замимаи №12-и он ишораи “отметка подлежит ли сносу” омадааст, яъне ин хона кӯчонда мешавад ё не. Маънои “не подлежит”-е, ки Эраҷ Ализода асос кардааст, “не подлежит сносу”, яъне мувофиқи нақшаи кулли шаҳрдорӣ ҳавлии мазкур “набояд кӯчонда шавад” аст, на “набояд ҳадя дода шавад”.
Аммо судя Эраҷ Ализода маълумотномаи идораи “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷандро ба таври худ шарҳ дода, истифода кардааст. На ба ин маъно, ки “набояд кӯчонда шавад”, балки “набояд ҳадя карда шавад”. Оё қонун ин иҷозаро медиҳад, ки маълумотномаи як идораро судя барғалат маънидод кунад? Агар аз рӯи ин мантиқ гирем, пас ҳеҷ кас дили пур дошта наметавонад, ки пас аз маргаш моликияти ӯ воқеан ба фарзандаш насиб мекунад ё не.
Сеюм. Вақте бар асоси маълумотномаи КДФ “Бақайдгирии молу мулки ғайриманқул” дар шаҳри Хуҷанд ҳалномаи суди марҳилаи якум қабул шудааст, пас оё мешавад онро қонунӣ ҳисобид? Албатта, не. Яъне ин ҳалнома ғайриқонунӣ аст.
Чорум. Судя Эраҷ Ализода таъиноти судиро замоне ба мо дод, ки аз қабулаш 15 рӯз сипарӣ шуда буд. Ин дар ҳоле буд, ки мо барои иштирок накардани Ф. Машарипов дар мурофиа бо ариза муроҷиат намудем, аммо Эраҷ Ализода як рӯз баъд аз аризаи мо - 4-уми апрел, бо санаи 20-уми март, яъне 15 рӯз қафо таъинот қабул карда, ба мо дод. Инро чӣ гуна мешавад фаҳмид? Оё ин таъинот қонунӣ буда метавонад?
Панҷум. Падари мо соли 2009 оламро тарк карданд. То будани он кас 16 сол ва пас аз 8 соли даргузашташон хоҳари он кас - аммаи мо чаро ба додгоҳ муроҷиат накарданд? Судя Эраҷ Ализода чаро ин суолро матраҳ накард?
Шашум. Тибқи қонун давомнокии муҳлати ба даст овардани мерос 15 сол муқаррар шудааст. Аз соли 1993 то ба ҳол 24 сол мегузарад. Худ баррасии ин масъаларо чаро судя дидаву дониста ба роҳ монд?
Хулоса, суди марҳилаи якум бо ҳамин гуна асосҳои ғайриқонунӣ ва тафсири шахсии судя аз маълумоти расмӣ ва қабули таъиноти судӣ 15 рӯз қабл аз санаи содираш ба охир расид.
Мо барои супоридани шикояти кассатсионӣ ба назди С. Ҷ. Шерзода, судяи Суди вилояти Суғд рафтем. Ӯ маводҳоро аз назар гузаронда гуфт, ки ба ин Шумо ҳақ доред. Мо ба ӯ гуфтем, ки парванда камбудиҳои ҷиддӣ дорад, аммо ӯ гуфт, ки парванда ягон камбудӣ надорад ва дар ҳолати камбуди ҳуҷҷатҳо моро худаш огоҳ менамояд. Аммо ҳамон рӯз ҳузури Меҳрӣ Исмоилова, яке аз ҷавобгарони аризаи даъвогии мо, ки гӯё барои расонидани нусхаи шиносномааш ба утоқи Эраҷ Ализода ба Суди шаҳри Хуҷанд омада буд, шакку гумони моро ба вуҷуд овард. Дар ҳоле, ки парванда барои баррасӣ ба суди вилоятӣ рафтааст ва С. Ҷ. Шерзода гуфт, ки тамоми ҳуҷҷатҳо такмил шудаанд, чӣ гуна ба суди шаҳрӣ нусхаи шиноснома бояд мерасонданд? Агар камбуди ҳуҷҷат буд, пас онро бояд суди вилоятӣ талаб мекард, на шаҳрӣ.
Як рӯз баъд, яъне 16-уми майи соли 2017, дар ҳузури судяҳо С. Ҷ. Шерзода, М. Очилзода ва муовини раиси Суди вилояти Суғд - М. Латифзода мурофиа оғоз шуд. Мо ба онҳо рафтани Меҳрӣ Исмоилова ба назди судяро мисол оварда, гуфтем, ки аз баррасии шикояти кассатсионӣ нохушбин ҳастем ва баргузории онро рад мекунем. М. Латифзода ба ин ҳаққи қонунии мо эҳтиром нагузошта, гуфт: “Ин ҷо бозори Панҷшанбе нест, ки Шумо инро рад кунед!”.
Ҳамин тавр, М. Латифзода, С. Ҷ. Шерзода ва М. Очилзода дар муддати 15 дақиқа шикояти моро дар суди вилоятӣ баррасӣ намуда, қарор қабул карданд, ки таъиноти суди марҳилаи якум бетағйир монда шавад. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар ин баррасӣ танҳо ҷониби мо ширкат кард ва аз тарафи ҷавобгарон ҳеҷ кас набуд.
Дар қарори судие, ки таҳти раисии М. Латифзода, судяҳо Шерзода С. Ҷ. ва М. Очилзода қабул карда шуд, ҷойҳое, ки номи мо дар ҳалномаи судии марҳилаи якум хато рафта буд (масалан, ба ҷои “Исмоилов” “Исматов” навишта буданд), айнан нусхабардорӣ шудаанд. Аз ин мо ба хулоса расидем, ки қарори суди вилоятӣ бар асоси ҳалномаи суди марҳилаи якум содир шудааст ва шикояти мо аслан ба баррасӣ гирифта нашудааст. Шикояти касатсионии мо дар Суди вилояти Суғд ҳамин тавр “баррасӣ” шуд.
Баъдан боз ҳам барои воқеъбинона муносибат кардани судяҳо ба парванда мо ба Суди вилояти Суғд шикоят кардем. Ин навбат парвандаро судя А. Воситзода баррасӣ намуд. Мо умед доштем, ки ин судя ҳақро ба ҳақдор мерасонад. Аммо ин танҳо хаёл буд ва он ҳам ҳалномаи суди марҳилаи якумро бетағйир боқӣ гузошт.
Баъди чанд муддат мо ба назди раиси Суди вилояти Суғд Б. Оқилзода даромадем. Парвандаро аз назар гузаронд ва намояндаи суди вилоятро ба наздаш хонда, таъкид кард, ки ин ҷо кор хеле ғайриқонунӣ бандубаст шудааст. Ба мо гуфт, ки шумо равед, ман инро худам меомӯзам. Мо ариза кардем. Гуфтанд, ки ҷавобатонро мо бо почта мефиристем.
Аз миён як моҳ гузашт. Вақте модарамон ба суди вилоят раванд, ба он кас гуфтаанд, ки дар хулосаи суд ҳеҷ тағйирот нашудааст. Аммо дар посух ба аризаи мо Б. Оқилзода, раиси Суди вилояти Суғд аз ҷумла овардааст: Маҳбуба Исмоилова, ки манзили истиқоматии меросиро ба падари мо ҳадя намудааст, баёнот додааст, ки ӯ на ҳамаи манзил, балки қисми онро ба падари мо ҳадя карда будааст.
Ин даъво маълум аст, аммо ҷаноби раиси суди вилоят инро ба назар нагирифтаанд, ки чаро маҳз баъд аз 24 сол Маҳбуба Исмоилова, намояндаи як хонадони маъруфу барӯманди Хуҷанд ба ёди мероси падар рафтанд? Метавонанд пурсанд, ки хонум Исмоилова, 24 сол боз чаро хомӯш будед?

Муҳтарам Пешвои муаззами миллат ва раиси Суди Олии Тоҷикистон!
Қисса кӯтоҳ, моро мехоҳанд аз мероси падарамон маҳрум кунанд ва дар ин кор судяҳои шаҳри Хуҷанд - Эраҷ Ализода ва вилояти Суғд - С. Ҷ. Шерзода, М. Латифзода, М. Очилзода, А. Воситзода ва раиси Суди вилоят Б. Оқилзода мусоидат мекунанд. Шумо худ пай бурдед, ки аз суди марҳилаи якум то марҳилаи кассатсиониву назоратӣ чӣ гуна беадолатии судӣ шудааст.
Ҳоло мо аз Шумо умедворем, ки дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикояти назоратии мо моҳиятан дар доираи қонун ва адолат баррасӣ карда мешавад. Мо фақат мехоҳем, ки ҳама баррасиҳо аз рӯи қонун ва фақат қонун сурат гиранд, на тафсиру фаҳмишҳои шахсии судяҳо.

Бо эҳтиром, Мухтор, Мурод ва Дилшод Исмоиловҳо, сокинони шаҳри Хуҷанд

Хонданд 1144

Қарори рӯякӣ

Сен 23, 2017
Хонданд: 1303

Ба таваҷҷуҳи Суди Олии ҶТ

Ба таваҷҷуҳи Прокуратураи генералии ҶТ

Ба таваҷҷуҳи Вазорати адлияи ҶТ

Оё як нафари дигар метавонад вазифаи муфаттишро иҷро кунад?

Рӯзи 16.10.2016 сол соати 15:30 дақиқа пиёдагард Муҳаммаднасими 3-сола дар рӯ ба рӯи хонаи 20, кӯчаи Дӯстии халқҳои шаҳри Душабе аз пушти автомашинаи «Старекс» давида баромада, ба қаноти қафои тарафи рости автомашинаи «ДЭУ Нексия», рақами давлатиаш 7037 АЕ 08, ки онро Ильёсзода Шаҳбоз Ильёс идора мекард, бархӯрда, ҷароҳати ҷисмонӣ мебардорад.
Суди ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо ҳукми худ аз 24.01.2017 сол Ильёсзода Шаҳбоз Ильёсро дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 212 қисми 2 КҶ ҶТ гунаҳгор дониста, ба ӯ ба муҳлати се сол маҳрум сохтан аз озодӣ, бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаи нақлиёт ба муҳлати ду сол, бо адо намудани ҷазо дар коллонияи ислоҳии сукунат ҷазо таъин кард.
Он чӣ, ки дар мурофиа ва ҳукми суд дидам, ба гуфта ва нишондодҳои писарам мувофиқат намекард. Барои ҳамин, ба хулоса омадам, ки адвокат гирифта, бегуноҳии писарамро исбот кунам. Вақте адвокат бо маводҳои парванда шинос шуд, маълум гардид, ки муфаттиши ШТ РВКД дар шаҳри Душанбе Раҷабов Асадулло Файзуллоевич ҷойи ҳодисаро нодуруст, мавҷуд будан ё набудани пайҳо дар қисми берунаи автомашина ва механизми пайдошавии онҳоро муайян накардааст. Ӯ тафтишотро яктарафа, ғайри объективона ва бо равияи айбдоркунӣ бурдааст.
1). Барои зиёд кардани масофаи дури автомашина аз ҷои бархӯрӣ:
а) автомашинаи «Старекс»-и пиёдагард аз пушташ давида баромадаро дар тафтишот нишон надода, саршави ҳаракати пиёдагардро аз канори роҳ гирифта, масофаи тайкардаи пиёдагардро зиёд кардааст;
б) тарзи давидани оҳиста, миёна ё бо суръати пиёдагард ва ҷойи бархӯрии пиёдагард дар қаноти пеши паҳлуи рост, қисми паҳлуи ақиб, қаноти ақиби автомашинаро муайян накарда, суръати ҳаракати пиёдагардро кам кардааст.
2). Барои кам кардани масофаи боздории автомашина бошад, се мусофири дар дохили автомашина бударо ҳангоми таъин намудани таҳқиқи автотехникӣ нишон надода, ҳангоми таъин намудани ташхиси автотехникӣ нишон дода, судро ба гумроҳӣ бурдааст.
Мутахассис Раҷабов А. Н. суръати ҳаракати пиёдагард ва қимати сустшавии ба амал омадаи автомашинаро хато гирифта, хулосаи нодуруст додааст.
Муфаттиш Раҷабов А. Ф. озмоиши тафтишотӣ нагузаронида, протоколи ҳаракати тафтишотиро, ки танҳо шахси ба он салоҳиятдошта - муфаттиш тартиб дода метавонад, шахси дигар бо номи “Шодӣ”, ки кор намекунад, тартиб дода, ба ҷои Ильёсзода Ш. И. имзо гузоштааст. Маълумотҳои дар таҳқиқи автотехникӣ пешниҳодшударо дарҷ карда, ташхиси автотехникӣ таъин намудааст.
Эксперт Усмонов Аҳадҷон маълумотҳои пешниҳодшудаи муфаттишро ба эътибор нагирифта, фомулаҳои: 1) масофаи дури автомашина аз ҷои бархӯрӣ; ва 2) масофаи боздории автомашинаро аз хулосаи нодурусти мутахассис Раҷабов А. Н., - «автомашинаи бемусофир пиёдагардро бо қаноти пеши тарафи рост зада» рӯйнавис карда, хулосаи бардурӯғ додааст. Дар ҳоле, ки барои ташхис «автомашина бо се мусофир пиёдагардро бо қисми паҳлуи ақиби тарафи росташ задааст» дода шудааст.
Бояд гуфт, барои хулосаи дуруст додан Усмоновро лозим буд, ки: а) тарзи давидани пиёдагард; б) ҷойи бархӯрии пиёдагард ба автомашина; ва в) нуқтаи саршавии ҳаракати пиёдагардро, ки муфаттиш муайян ва пешниҳод накарда буд, бо дархост аз муфаттиш муайян карда, суръати ҳаракати пиёдагардро аз ҷадвали ҳисобҳо дуруст гирифта, аз рӯи формулаи 1) масофаи дури автомашина аз ҷойи бархӯрӣ; 2) масофаи боздории автомашина ҳангоми бо мусофир муҷаҳҳаз будани онро гирифта, сипас хулоса медод. Зеро, мувофиқи мушоҳидаҳои Лабораторияи маркази криминалистикӣ (Москва, с. 1960) суръати ҳаракати кӯдакони 3-4-сола бо давидан 6,5-10 км/с, миёна 8,2 км/с ташкил медиҳад ва экспертро лозим буд, ки бинобар пешниҳод нашудани тарзи давидани пиёдагард, суръати ҳаракатро барои ҳар се ҳолат гирифта ҳисоб мекард.
Дар сурате, ки: а) протокол ва нақшаи ҷойи ҳодиса бе гузаронидани озмоиши тафтишоти нодуруст ва бархилофи қонун тартиб додашуда, в) тарзи давидани пиёдагард, ҷойи бархӯрии ӯ ба автомашина ва суръати ҳаракаташ дуруст муайян карда нашуда, г) қимати сустшавии ба амал омадаи автомашина нодуруст гирифта, д) масофа аз ҷойи бархӯрӣ то қисми пеши автомашинаро ба ҳисоб нагирифта, е) формулаҳо нодуруст гирифта шуда бошанд, пас чи тавр дурустии хулосаи эксперт зери шубҳа қарор намегирад?
Бинобар ин, экспертизаи гузаронидашуда беасос ва ғайриқонунӣ буда, парвандаи ҷиноятӣ дар асоси маводҳои ҷамъовардашуда ва хулосаи экспертиза оғоз карда шуда, беасос ва ғайриқонунӣ мебошад. Вайронкунии бандҳои 10.1 ва 14.5 ҚҲР овардашуда боиси фарорасии оқибатҳои дар моддаи 212 КҶ ҶТ қайдгардида шуда наметавонанд.
Бо вуҷуди дар парванда ҷой доштани мухолифатҳои зикршуда суд маводҳои нодуруст ҷамъовардашуда: маълумотнома, нақша ва протоколи азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, нақша ва протоколи озмоиши тафтишоти ғайриқонунӣ тартибдодашуда ва хулосаи ташхиси автотехникии нодуруст ва зери шубҳа қарор доштаро асос намуда, ҳукми ғайриқонунӣ баровардааст.
Ҳамаи ин аз он шаҳодат медиҳад, ки тафтишоти пешакӣ яктарафа ва бо равияи айбдоркунӣ бурда шуда, далелҳои ғайриқонунӣ бадастовардашуда барои айбдоркунӣ асос ва барои исботи ҳолатҳои ба парванда исботшаванда татбиқ намешаванд.
Инчунин, худиқроршавӣ барои гунаҳгор эътироф намудан асос нашуда, айбдоршаванда вазифадор нест, ки бегуноҳии худро исбот кунад. Дар ҳамин ҳол, ариза оид ба даст кашидан аз адвокат ва худиқроршавии Ильёсзода Ш.И.-ро гирифта, ӯро бо адвокат таъмин накардаанд.
Тафтишот ва прокурор маводҳои парвандаро омӯхта, бе муайянкунии камбудиҳои ҷойдошта фикри айбдориро тасдиқ намуда, суд бошад, хулосаи бардурӯғ ва далелҳои сохтакорона ба даст овардашударо асос намуда, нисбати Ильёсзода Ш. И. ғайриқонунӣ ҷазо таъин намудааст.
Тибқи талаботи м. 342 КМҶ, дар қисми муқаддимавии ҳукм инҳо инъикос мегарданд: номи суде, ки ҳукмро баровардааст, ҳайати суд, котиби маҷлиси суд, айбдоркунанда, ҳимоягар.
Ҳангоми нишон додани ҳайати суд дар ҳайати раисикунанда Саидозода Г. И. нишон дода шуда, дар қисми баёниву асосноккунӣ ва эълон намудани ҳукм ному насаби судя Саидзода Г. И. нишон дода шудааст. Пас, чӣ тавр ду нафар судя вобаста ба ҳукм қарор қабул менамоянд!?
Ҳангоми баррасии шикояти назоратӣ аз тарафи судяи Суди Олӣ Самадзода Т. дар қисмати муқаддимавӣ ва хулосавӣ нишон дода шудааст, ки таъиноти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олӣ нисбати ҷинояти содирнамудаи Ильёсзода Ш. И. бе қаноат мононда шавад. Ҳол он ки, Ильёсзода Ш. И. 22.02.2017 сол ба Коллегияи судии Суди Олӣ оид ба парвандаҳои гаражданӣ бо шикоят муроҷиат накарда, бо шикояти кассатсионӣ ба коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди шаҳри Душанбе муроҷиат намуда буд. Дар шикояти назоратӣ ба Суди Олӣ бошад, оид ба бекор намудани ҳукми Суди шаҳри Душанбе аз 24.01.2017 сол, таъиноти кассатсионии Суди шаҳри Душанбе аз 22.02.2017 сол ва қарори назоратии Суди шаҳри Душанбе аз 29.03.2017 сол оварда шуда буд.
Инчунин, ҳангоми қабули қарор аз тарафи судяи Суди Олӣ Самадзода Т. дар қарор оид ба бекор намудани таъиноти коллегияи Суди шаҳри Душанбе ва қарори назоратии Суди шаҳри Душанбе ягон чиз дарҷ накардааст. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки раисикунандаи кор шикояти назоратӣ ва парвандаи ҷиноятиро мавриди омӯзиш қарор надода, рӯякӣ қарор қабул намудааст.
Оид ба норозӣ будан ба ҳукми судӣ ва нодуруст бурда шудани тафтишоти пешакӣ зиёда аз 10 маротиба ба мақомот арзу шикоят намудам, аммо касе ба додам нарасид. Прокуратураи генералӣ шикоятро ба Прокуратураи шаҳри Душанбе, Прокуратураи шаҳри Душанбе ба РВКД дар шаҳри Душанбе фиристодаанд. Ниҳоят, таҳти рақами содиротии 36/155 Х-91, аз 05.07.2017 аз ҷониби РВКД дар шаҳри Душанбе посух омад, ки айнан чунин аст: «Ба самъи Шумо мерасонем, ки аризаи Шумо, ки санаи 30.06.2017 сол ба РВКД дар шаҳри Душанбе ворид шудааст, аз ҷониби мо мавриди баррасӣ қарор дода шуда, муайян шуд, ки парвандаи ҷиноятӣ нисбати писари Шумо санаи 15.12.2016 сол ба итмом расонида шуда ва он бо фикри айбдоркунӣ ба суд ирсол карда шудааст. Аз ин лиҳоз, ба Шумо зарур аст, ки ваҷҳҳои дар аризаи худ овардаро дар вақти баррасии парвандаи ҷиноятии мазкур дар суд пешниҳод намоед».
Ин ҳам дар ҳоле, ки вобаста ба парвандаи ҷиноятии мазкур аллакай ҳукми суд, таъиноти зинаи кассатсионӣ ва қарори зинаи назоратӣ бароварда шудааст.
Ҳамзамон, чанд маротиба ба Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят кардем.
Дар ду посух - аз 5-уми июни соли 2017 ва аз 12-уми июни соли 2017 Сардори Марказ Қодирӣ Н. Т. аз ҷумла чунин ҷавоб гуфтааст, ки «…экспертони Маркази ҷумҳуриявии экспертизаи судӣ ва криминалистии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаро дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи тафтишот иҷро намудаанд».
Модоме, ки мутахассисон дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи тафтишот хулоса бароварда бошанд, пас чаро маълумоти пешниҳоднамудаи муфаттиш - «автомашина бо се нафар мусофир пиёдагардро бо қисми паҳлуи ақиби тарафи росташ задааст» ба эътибор гирифта нашудааст? Барои муайян кардани масофаи дурии автомашина аз ҷои пахши пиёдагард формулаи марбут ба пахши пиёдагард бо қисми пеши воситаи нақлиёт ва формулаи муайян намудани масофаи боздории воситаи нақлиёт барои автомашинаи бебор ва бемусофир гирифта шудааст.
Дар посухи дигар - №483, аз июли соли 2017 сардори Марказ Қодирӣ Н. Т. иттилоъ медиҳад, ки мутахассисон хулосаро дар асоси маълумотҳои пешниҳоднамудаи тафтишот иҷро намудаанд ва ба мо тавсия дода мешавад, ки дар сурати норозӣ будан бо хулосаи пешниҳодшуда ҳуқуқ дорем тибқи қонунгузории амалкунандаи ҶТ қарори қабулнамудаи суди зинаи аввалро ба тариқи муроҷиат намудан ба суди болоӣ бекор намуда, гузаронидани экспертизаи такрориро аз ҷониби дигар муассисаи экспертӣ талаб намоем. «Дар ҳолати тасдиқ нагаштани хулосаи коршиносон ва мутахассисон роҳбарияти Марказ нисбати онҳо дар асоси қонунгузории ҷумҳурӣ чораҳои қатъӣ андешида, маводҳоро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ирсол менамояд»,- оварда шудааст дар посух.
Аҷоибаш дар он аст, ки аз тарафи мо барои дидани чораҳои қонунӣ нисбати мутахассисони автотехникӣ нусхаи ҳамаи ҳуҷҷатҳо оид ба нодуруст будани хулосаи онҳо аз маводҳои парвандаи ҷиноятӣ нусхабардорӣ ва ба шикояти ирсолнамудаамон замима карда шуда бошад ҳам, аммо аз тарафи роҳбарияти Марказ ягон чорабинии назаррас дида нашуда, айнан ҳамон як посухро тақрибан нусхабардорӣ намудаву такрор ба такрор ирсол медоранд.
Ба ҳамин хотир, аз мақомоти масъул хоҳиш дорам, ки барои холисона баррасӣ кардани далелҳое, ки вобаста ба парвандаи ҷиноятӣ дар боло овардем, мусоидат намоянд ва вокуниши расмӣ диҳанду адолат барқарор шавад. Аммо на мисли посухҳои такрори дигар вокунишҳо! Зеро, ин қазияест, ки тақдири як нафар инсони соҳибҳуқуқро ҳал мекунад ва набояд бо гуноҳи ин ё он нафар одами бегуноҳ паси панҷара равад!

И. Г. ҲАЛИМОВ,
падари маҳкумшуда Ильёсзода Шаҳбоз Ильёс, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, ҷамоати деҳоти Симиганҷ, деҳаи Диамон 

Хонданд 1303

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, ман духтари 24-солае ҳастам, ки то хатми мактаб маъюби гуруҳи 2 будам, вале аз соли 2016 маъюби гуруҳи 1-ум мебошам. Баъд аз хатми мактаб ба беморие гирифтор шудам, ки то ҳол аз ҷой хеста наметавонам. 

Банда мактаби миёнаро бо баҳои хубу аъло хонда, ба ДДОТ дохил шуда, онҷоро низ бо баҳои аъло хатм намудаам. Вале пас аз хатм ин беморӣ маро намегузорад, ки ягон ҷо кор кунаму ба халқу ватани хеш хизмат намоям. Афсӯс, ки ин беморӣ маро аз по афтонду акнун ман бо аробача роҳ меравам.
Барои шифо ёфтани ин беморӣ маро ба Русия бурданд. Табибони онҷо ин бемориро табобатшаванда гуфтанд. Вале барои табобати ин беморӣ, ки “Атаксияи ирсии Фридрейх, дараҷаи вазнин” ном дорад, маблағи калон лозим буда, ин намуди доруҳо танҳо аз Олмон ёфт мешудаанд. Волидонам бошанд, шароити пардохти табобатро надоранд.
Муҳтарам Ҷаноби олӣ, Шумо нисбати маъюбону нодорон хеле меҳрубон ҳастед ва инро мо ҳамарӯза мебинему мешунавем. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш менамоям, ки ба ман дасти ёрӣ дароз кунед.
Ман борҳо ба идораҳои дахлдор арз кардам ва ҳар бор дасти холӣ баргаштам. Дарди худро мехоҳам ба Шумо баён кунам. Ман тамоман аз по мондаму ҳоло таҳти бадтарин шароит истиқомат дорам. Дар баробари ин, хонаам роҳи аробагард надорад ва таъмир ҳам надорад, хеле танг буда, аз дидани офтоб низ маҳрумам. Дар хонаи пурнам наметавонам ҳатто нафас гирам, бемориам авҷ гирифт.
Мо дар оила ду бемор ҳастем ва волидайнам тавони хонагирӣ надоранд. Аз Шумо эҳтиромона хоҳиш мекунам, ки маро бо манзили зист таъмин намоед. Ман худ ба касе ғамхорӣ карда наметавонам, вале аз сиёсати ғамхоронаи Ҳукумати Тоҷикистон умедворам. Барои ҷавоне, ки худ дасти касеро нагирифтаасту боз аз нафаре кӯмак талаб мекунад, дар ягон чаҳорчӯба рост намеояд. Чӣ кунам, ки тақдирам талх будааст. Наметавонам дасти мадади худро ба касе дароз кунам, баръакс, аз дигарон кӯмак мепурсам. Дарди дилам зиёд аст, вале шукронаи давлати орому осоишта мекунам, ки то ҷои тавон баъзе муассисаҳо ба мо барин шахсон дасти мадад дароз мекунанду аз ҳолу аҳволи мо бохабаранд.
Дар охир гуфтаниам, ки агар имконият медоштед, як маротиба омада аз аҳволам хабар мегирифтеду вобаста ба имкониятатон дар зиндагиям кӯмак менамудед. Аз Худованди мутаъол талаб мекунам, ки оҳи дили мани маъюбро ба гӯши Шумо, Ҷаноби Олӣ расонад.

Аюбзода Хомисаи АБДУКАРИМ,
маъюби гуруҳи 1, истиқоматкунандаи кӯчаи Меҳнат, хонаи №17, ноҳияи Исмоили Сомонӣ 

Хонданд 1402

МАКТУБИ КУШОДА

Сен 23, 2017
Хонданд: 1294

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Бо камоли эҳтиром аз Шумо хоҳиш менамоем, ки ба ин муроҷиати мо таваҷҷуҳ намоед:
29-уми ноябри соли 2001 мо “Корхонаи таъминоти кимиё”, мансуб ба собиқ идораи “Селхозхимия”-и Вазорати хоҷагии қишлоқ, воқеъ дар деҳаи Шаҳристони ноҳияи Рудакиро бо риояи талаботи қонун дар бораи хусусигардонӣ, тавассути музояда харидорӣ намудем. Бо ин асос 7.07.2003 сол ба соҳибмулки аввал Ҳасанов М. Х. Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият дода шуд. Соҳибмулки дуввум Шарипов М. А. корхонаро қонунӣ гардонд ва ба ӯ Шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулк таҳти №60 аз 20.05.2008 с. дода шуд.
Корхона ҳангоми хусусигардонӣ валангор буду дару девор надошт, ҳудудаш чарогоҳи чорвои деҳа буд. Амборхонаҳояш аз таъсири заҳрхимикатҳо то андозае бӯйнок буданд, ки ворид шудан дохили онҳо ва ба ягон мақсад истифода шуданаш номумкин буд. Ба замми он, боми онҳо мавриди боронгарӣ мечакиданд. Дар ҳудуди корхона мавсими гармо бо сабаби бӯйнокӣ гаштан имконнопазир буд.
Мо, бародарон Файзуллоевҳо ҷавобан ба даъвати Шумо, Ҷаноби Олӣ, оид ба обод намудани Ватан ва бо мақсади барои фарзандони худ ва мардуми ба ҷойи кори эҳтиёҷманд заминаи иқтисодӣ муҳайё намудан, маблағҳои дар Федератсияи Россия даромад кардаи худро оварда, дар таъмиру сохтмонҳои ин корхона сарф намудем.
Барои амалӣ намудани иқдоми пешгирифтаи худ дар давоми 3 соли охир боми амборхонаҳоро дар масоҳати зиёда аз 10 ҳазор м2 аз болопӯши пӯсида ва мечакида тоза карда, ба ҷои он болопӯши тунукагии занг намезада васл намудем, фарши бӯйноки амборхонаҳоро ғафсиаш 15 см., масоҳаташ зиёда аз 6000 м2 тоза намуда, аз нав бетонфарш намудем, тирезаҳои амборхонаҳоро, масоҳаташ зиёда аз 800 м2 бо сетка васл намудем ва 40 дона дарвозаҳоро аз нав таъмир намудем. Ба ҷои бинои маъмурии фарсудашудаи корхона аз нав бинои сеқабата сохтем. Зиёда аз 2 гектар майдони корхонаро аз теппаи хоки баландиаш то 2,5 метр тоза намуда, сангфарш намудем, 515 метр пешайвони (навеси) оҳании масоҳаташ 6180 м2 сохтем, аз чуқурии 70 метр об бароварда, обамбор сохтем, деворҳои атрофи корхонаро бо баландии 2,5 метр ва дарозии зиёда аз 800 метр бо таҳкурсии бетонӣ ва сементблок аз нав сохтем, роҳи оҳани дохили корхона, дарозиаш 1800-метрро таъмир намуда, трансформатори нав васл намудем. Барои иҷрои ин корҳо дар маҷмуъ то соли 2015 зиёда аз 36 тонна трубаи оҳанӣ, 90 тонна профили оҳанӣ, 66 тонна “уголок”, 24 тонна тунука, 20 тонна арматура, 22 рулон сетка, 46 тонна семент, зиёда аз 70 ҳазор дона “сементблок” ва хишти пухта, зиёда аз 100 м3 чӯбу тахта ва бисёр дигар намуд масолеҳи сохтмонӣ масраф намудаем.
Хуллас, барои таъмиру тармими корхона ва пардохти андозҳо дар давоми 14 сол аз ҷониби се нафар харидор зиёда аз 15 млн сомонӣ сарф карда шудааст ва то ҳол касе фоида нагирифтааст. Баръакс, то ҳол азоби бозгашти 100 ҳазор кредити аз бонкҳо гирифтаро кашида истодаем. Дар натиҷа, корхонаи валангори аз ҳисоби заҳрхимикатҳо бӯйнокшуда, бе дару девор ба як корхонаи обод табдил ёфт ва дар оянда барои 300-500 нафар заминаи ҷойи корӣ муҳайё карда шуд (аксҳо ҳамчун далели ҳолати куҳна ва нави корхона мавҷуданд).
Дар шафати корхона қисми ҳарбӣ, баталёни қӯшунҳои зудамали Вазорати мудофиа дар ҳудуди 22 га замин ҷойгир буда, амборхонаҳои зиёд дорад. Мо ба хотири ҳамсоягии нек ба ин қисми ҳарбӣ мунтазам кӯмаки бебозгашт мерасонидем ва дар муддати сипаришуда ба ин мақсад зиёда аз 70 ҳазор доллари ИМА сарф намудаем.
Ба ҳамаи ин нигоҳ накарда, ёвари Президент, муҳтарам Шералӣ Хайруллоев дархост намудаанд, ки дар шафати қисми ҳарбӣ мавҷуд будани корхона барои қисми ҳарбӣ хатаровар аст ва дар ин маврид чораҷӯӣ карда шавад. Дар натиҷа, Прокуратураи генералӣ, дар симои Вазорати мудофиаи ҶТ ба Суди Олии иқтисодӣ аризаи даъвогӣ пешниҳод намуда, талаб намуд, ки санадҳои вобаста ба хусусигардонии корхона бекор карда шуда, корхона ба манфиати давлат баргардонида шавад. Дар ҳоле, ки прокуратура мутобиқи моддаи 51 Кодекси мурофиавии судии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолати мазкур ҳуқуқи овардани даъворо надорад. Вазорати мудофиа бошад, ба корхона ягон муносибати молу мулкӣ надорад ва дар симои ин Вазорат овардани даъво низ аз мантиқ дур аст.
Бо вуҷуди он, Суди Олии иқтисодӣ бо ҳалномаи худ аз 8.12.2015 сол санадҳои хусусигардонӣ ва шартномаҳои хариду фурӯши минбаъдаи корхона ва ҳатто шаҳодатномаи қонунигардонии молу мулкро баъди 7 соли амалаш беэътибор дониста, тарафҳоро ба ҳолати аввала ва корхонаро ба манфиати давлат баргардонида, моро ба ҷабрдида табдил дод. Лекин барои чӣ бошад, ки корхонаро ба Кумитаи амвол не, балки ба Вазорати мудофиа супорид. Вазорати мудофиа дар навбати худ корхонаро ҳамчун ғанимати ҷангӣ ба ихтиёри худ гирифта, роҳи моро ба корхона баста, моро аз “ба ҳолати аввала баргардонидани корхона” маҳрум намуд. Ин амал дар ҳоле сурат гирифтааст, ки Шаҳодатномаи ҳуқуқ ба моликият ба ин корхона аз ҷониби суд бекор карда нашудааст ва то ҳол ҳукми амал дорад. Гӯё мо ҷиноят кардаему моликияти мо мусодира карда шуд.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Шубҳае нест, ки ҳангоми баррасии ин қазия дар натиҷаи фишороварӣ беадолатӣ зоҳир шудааст. Мо дар ҳайратем, ки барои чӣ муҳтарам Хайруллоев ҳангоми Вазири мудофиа буданашон 14 сол ин корхонаро, ки валангор буд, нодида гирифтанд? Баъди он, ки мо бо заҳмат ва харҷи зиёд онро обод намудем, мисли он ки ҳоҷатхонаро ба хонаи истиқоматӣ табдил додем, таваҷҷуҳи беандоза зоҳир намуданд. Агар ин корхона баъди обод шуданаш ба давлат ба ягон мақсаде зарур шуда бошад, хуб мешуд, ки дар чорчӯбаи қонун, бо роҳи ҷуброни хароҷоти соҳибмулк ва ё пешниҳоди корхонаи дигари баробарарзиш ҳал карда шавад, на бо роҳи дидаву дониста поймол намудан ва паст задани эътибори қонун дар ҷомеа.
Мутобиқи талаботи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи авфи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар хусусигардонии молу мулк” баъди гузаштани муҳлати даъво, ки баъд аз хусусигардонӣ як сол пешбинӣ шудааст, чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешаванд. Лекин суд баъд аз 7 сол чунин даъворо қонеъ намудааст.
Дар моддаи 12-и ҳамин қонун омадааст, ки давлат ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки молу мулки худро тибқи қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, кафолат медиҳад.

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мо ба ҳамаи зинаҳо шикоят овардем, лекин бенатиҷа. Мутобиқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президент ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандонро кафолат медиҳад ва ягона умеди мо ба Шумо мебошад. Аз ин хотир, аз Шумо, Пешвои миллат, Президенти мамлакат ва роҳбари давлат, муҳтарам Ҷаноби Олӣ, эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки ба хотири таъмини адолати судӣ ва обрӯи қонун дастур фармоед, ки адолати судӣ барқарор карда шавад ва ё маблағи масраф намудаи мо ҷуброн карда шавад. Дар ҳолати мушкил будани ҷуброни маблағ аз буҷаи давлат, хоҳиш менамоем, ки пешниҳоди корхонаи баробарарзиш ба ивази корхонаи мо баррасӣ карда шавад.

Бо эҳтиром, Ҳасанов М. Х., Шарифов М. А., Файзуллоев Ҷ. Ш. 

Хонданд 1294

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.