.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Муроҷиати шаҳрвандон

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ман Раҳмонова Замира, маъюби гуруҳи 3-юм, ношунавою безабон ҳастам. Мани муштипар дар зиндагӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаам. Соли 2004 ба бемории фалаҷ гирифтор шудам, ки дар натиҷа аз шунавоӣ ва ҳарф задан маҳрум гаштам. Баъди ба ин беморӣ гирифтор шуданам, муҳтоҷу бечора шудам.
Медонам, ки Шумо ятимпарвару меҳрубон ҳастед. Вақте дар оинаи нилгун тамошо мекунам, ҳарчанд намешунавам, вале эҳсос мекунам, ки Шумо ба маъюбон ғамхориҳои падарона мекунед, онҳоро навозиш мекунед ва дар оғӯш мегиред ва ман ҳамаи инро дида, ашки шодӣ мерезам. Ғамхориҳои Шумо, Пешвои миллат, мо маъюбонро хеле руҳбаланду дилшод мекунад, ки чунин Пешвои ғамхору дилсӯз дорем, ки ҳаргиз моро хор шудан намегузоранд.

Муҳтарам Пешвои миллат!
Ман ҳоло аз сабаби надоштани ҷойи зист дар хобгоҳ (Маяковский 74) истиқомат мекунам. Вале моро аз хобгоҳ бароварда истодаанд. Агар ин тасмим амалӣ гардад, намедонем дар ин сардиҳо ба куҷо паноҳ мебарем. Мо пушту паноҳе надорем, бо модару хоҳарам танҳо зиндагӣ мекунем. Яъне, чун падар болои сарамон нест, танҳоем. Болои бехонагиву дарбадарӣ, вазъи саломатиам ҳам хуб нест.

Муҳтарам Пешвои миллат!
Ба ҷуз Шумо касе надорем, ки ба додамон расад. Аз Шумо, падари ғамхор, хоҳиш мекунам, ки барои ҳалли мушкилии мо ёрӣ расонед. Агар вобаста ба шароит соҳиби ягон манзили истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони манзил мешудем, нигарониҳоямон паси сар мешуд. Умедворам, ки муроҷиати мани маъюбро ба эътибор гирифта, кӯмакамон мекунед.
Дар охир ба Шумо, Пешвои миллат, тани сиҳат, вақти хуш ва давлати пойдор орзу мекунам! Бигзор Шумо, падари ғамхор, болои сари мо соябон бошед.

Бо эҳтиром ва як ҷаҳон умедворӣ,
Раҳмонова Замира

Хонданд 1091

Оё судяи Суди шаҳри Хуҷанд суханрониҳои президентро гӯш мекунад?

“Ватанро обод кунем, ё муҳоҷир шавем?”. Ин аввалин саволе буд, ки 25-уми сентябр пас аз эълони ҳалномаи судӣ аз ҷониби Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ба сари мо омад. Ин ҳалнома на танҳо роҳи корҳои ободониву созандагӣ дар маркази Хуҷандро боз медорад, балки барои бекор мондани даҳҳо сохтмончии ватанӣ боис мешавад.
Ширкати сохтмонии “Каскад” барои иҷрои корҳои сохтмонии бинои нуҳошёна, ки мағоза ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ низ дорад, бо фармоишгар Хайрулло Ёқубов шартнома баста буд. Корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. Аммо Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд бо қабули як ҳалномаи судӣ тақозои қатъи сохтмонро пеш овард. Сабаби қабули ҳамчунин ҳалнома он будааст, ки гӯё ин сохтмон ба сохтмони як ширкати сохтмонии дигар монеъ мегардад. Ҳол он ки, дар маҳалли сохтмоне, ки мо кор мекунем, ҳеҷ гуна бино сохта намешавад, балки биноҳое мавҷуданд, ки хеле куҳнаву фарсуда шудаанд ва ба таҷдиду навсозӣ ниёз доранд.
Ҳалномани судие, ки судя Эраҷ Ализода қабул кард, мо - 30 сохтмончии ширкати “Каскад”-ро аз шуғлу иҷрои вазифаҳои касбии худ маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки қабл аз бастани шартнома ҶДММ “Каскад” бо фармоишгар Хайрулло Ёқубов - соҳибмулки замини сохтмонӣ - ҳама ҳуҷҷатҳои зарурии сохтмони 9-ошёна дар кӯчаи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои шаҳри Хуҷанд таҳия шуда, аз ташхиси идораҳои зидахл гузаштааст ва ҳеҷ каму костие дар онҳо вуҷуд надорад. Балки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 1109,0 метри мураббаъ ҳама идораву мақомоти давлатии шаҳру вилоят бо имзо ва муҳри худ ҳуҷҷати тасдиқкунанда додаанд, ки нусхаи ин ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри мо низ ҳаст. Аммо баъд аз қабули ҳалномаи судӣ, ки боз доштани корҳои сохтмониро тақозо мекунад, мо дар ҳолати шок қарор гирифтем. Зеро чӣ тавр мешавад, ки як бастаи иҷозатномаву хулосаи идораҳои давлатӣ пеши ин судяи Суди шаҳри Хуҷанд арзиш ва эътибор надоранд? Акнун мо ба худ меандешем, ки барои баъзе судяҳо ободии шаҳр ва масъалаи бе ҷойи кор мондану муҳоҷир шудани сохтмончиҳои ватанӣ аслан фарқе надоштааст. Вагарна, Эраҷ Ализода қабл аз қабули ҳалномаи судӣ аз паёмади он андеша мекард.
Дигар ин ки, мо ба як саволи дигар мехоҳем ҷавоб пайдо кунем: оё судя Эраҷ Ализода суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамасола соҳибкорони ватаниро ба обод кардани ватан даъват мекунанд, мешунавад ё не? Агар не, ба ӯ бояд хотиррасон кунем, ки Ҷаноби Олӣ саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳиму муассир арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии ахири худ бо соҳибкорону сармоягузорон дар рӯзи 15-уми октябр чунин таъкид намуданд, ки огоҳӣ аз онро пеш аз ҳама барои мақомоти масъул, пеш аз ҳама, онҳое, ки барои ободии ватан монеа эҷод мекунанд, муҳим медонем: “Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ҳоло ба тамоми сохторҳои давлатӣ бори дигар супориш дода мешавад, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд. Соҳибкорон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона намоянд. Шумо - соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоед, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунед, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастед. Бинобар ин, ба ҳамаи шумо - соҳибкорони ҳимматбаланд сидқан миннатдорӣ баён карда, итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми бештар мегузоред“.
Роҳи миёни Суди шаҳри Хуҷанд ва маҳалли корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ҳудуди 500 метр аст, ки агар боре ҳам Эраҷ Ализода тай менамуд ва ба вазъи кору бори мо сохтмончиҳо назар меандохт, шояд фикри дигар мекард. Судя, ки дар курсии мулоим нишаста, ба баррасии масъалаи кору тақдири инсонҳо дар додгоҳ сарукор мегирад, масъалаи ободии шаҳр, ҷои кор ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардумро низ бояд донад. Аммо, мутаассифона, баъзе судяҳои мо қодир ба ин кор намешаванд ва ба қабули ҳалномаи шитобзадае даст мезананд, ки аз ҳар лиҳоз паёмади он бар зарари кори мо - сохтмончиҳо тамом мешавад.
Ин аввалин маврид аст, ки мо - сохтмончиҳо дар тӯли фаъолияти чандсолаи худ бо он рӯ ба рӯ мешавем. Тӯли ин муддат мо сохтмони як қатор иншооти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили сохтмони маҷмааи таълимии Шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба иҷро расонидаем. Боре ҳам нашуда, ки иҷрои корҳои сохтмонии мо ба кори кадом ширкати дигар халал ворид кунад, ки моро аз шуғлу кори худ боздоранд. Аммо бори аввал шоҳиди он мешавем, ки чӣ гуна иҷозатномаҳои ҳамаи идораҳои давлатӣ оид ба сохтмон назди судяи Суди шаҳри Хуҷанд беэътибор мешаванд...
Аз чунин ранг гирифтани масъала мо ҳоло намедонем, ки чӣ кор кунем ва ҳисоби зиндагиамонро аз кадом роҳ ёбем? Вақте дар ватан сохтмон ва сохтмончиҳо бо ин гуна мушкил дучор меоянд, ростӣ, кас сардаргум мешавад, ки дар чунин ҳол чӣ кор карда метавонад? Ҳоло боз ҳам дар сар ин фикр мечархад, ки беҳтару хубтар аз ҳама як роҳ дорем: муҳоҷират! Аммо то кай мо шуғли худро дар кишвари бегона ба иҷро расонем? То кай нерӯи худро барои ободии кишвари ғайр сарф кунем? Чаро намегузоред, ки мо Ватани худро обод кунем?
Мо умедворем, ки кори сохтмони бинои нуҳошёна дар кӯчаҳои Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд, ки фармоишгари сохтмон Хайрулло Ёқубов иҷозаи қонунии онро дорад, дар зинаҳои болоии судҳои Тоҷикистон одилона баррасӣ мешавад. Бовар дорем, судяҳои дигар дар фикри ободии Ватан ҳастанд ва мо - сохтмончиҳо, ки шуғламон сохтану обод кардан аст, ватанро тарк намекунему рӯ ба муҳоҷират намеорем.

Набиҷонов Умед Негматҷонович,
сохтмончии бинои 9-ошёна дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо дар шаҳри Хуҷанд

Хонданд 1079

Баъзе судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд бо қабули ҳалномаи судӣ сатҳу сифати худро собит мекунанд. Баргузории мурофиаҳои судӣ бо раисии ин қабил судяҳо хеле ташвишовар мебошад. 

Ин ҷо сухан аз касбияти Ализода Эраҷ, судяи Суди шаҳри Хуҷанд меравад. Дар ҳалномаи судӣ, ки ахиран дар мурофиаи судии рӯзи 25-уми сентябр қабул кард, ин судяи Суди шаҳри Хуҷанд чӣ гуна судяи ғайрикасбӣ будани худро маълум намуд. Дар ин ҳалномаи судӣ ӯ бештар сари он тамаркуз кардааст, ки лоиҳаи ангоравии ҶДММ “Диёри Хуҷанд” барои сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ, ки дар ҷаласаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасӣ гузоштаро ҳамчун ҳуҷҷати аслӣ ҳисобид ва иҷозаи корҳои сохтмонии мо дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд, ки он тибқи иҷозаи сохтмон ва нақшаи муфассали шаҳрдорӣ бо розигии ҳама мақомоти дахлдорро ғайриқонунӣ хонд. Ҳатто иҷоза ва розигии муовини аввали раиси вилояти Суғд оид ба сохтмон ҳам пеши судя дуруст ҳисобида нашуд, ки ғайриқонунӣ ҳисоб кард.
Аз ин шеваи баррасӣ ва қабули ҳалномаи судии Ализода Эраҷ як чиро мешавад хулоса кард, ки кори ҳама идораҳои давлатии шаҳри Хуҷанд бесаводона будааст. Ва агар чунин нест, шояд ӯ чунин ҳалнома қабул намекарду онҳоро дуруст ҳисоб мекард. Аммо ин амалкарди ӯ на ба доираи ақл рост мегираду на ба қонун, ки гӯӣ наход ҳамаи идоранишинони ҳукуматҳои шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва ҳатто ҷумҳурӣ бесаводонанд ва кору хулосаи вазифавии онҳо аз ҷониби судя ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Ҳол он ки, пеш аз тасдиқи ҳуҷҷатгузорӣ гирифтани хулоса ва иҷозаи беш аз 50 мақомоти давлатӣ лозим меояд ва барои ин камаш якуним сол вақт сипарӣ мегардад, ки Ализода Эраҷ ҳеҷ ба дарк ва моҳияи ин кору ҳол нарафту ин ҳамаро ғайриқонунӣ донист. Дар чунин ҳол ё мо акнун ҳамаи идораҳои давлатиро барои додани хулоса ва иҷзатномаи аз ҷониби судя ғайриқонунӣ ҳособида ба суд диҳем?
Баргардем сари лоиҳаи маҷмаавие, ки аз ҷониби ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба баррасӣ гузошта шудааст. Ин лоиҳаи ангоравӣ ва нақшаи ҷойгиршавии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии ш. Хуҷанд дар суратҷаласаи №3-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2015 ҷонибдорӣ шудааст. Ба баррасӣ гузошта ва ҷонибдорӣ шудани лоиҳа ҳанӯз маънои ба иҷро расонидани кори сохтмониро надорад. Аз ҷумла, аз сӯи лоиҳапешниҳодкунанда ҶДММ “Диёри Хуҷанд”. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи меъёри сохтмон, лоиҳа барои оянда пешниҳод шуда, бо мурури замон амалӣ намудани он сурат мегирад. Албатта бо иҷозаи мақомоти давлатӣ ва соҳибмулкон. Аммо судяи Суди шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасии мурофиаи судӣ ин меъёри сохтмониро аслан нодида гирифт. Ё ҳамин қадар диду дарк кард, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ дар чунин кӯчаҳо бояд аз сӯи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” сурат гирад, ки ин мутлақо хатост. Агар чунин бошад, мешавад як нафар ҳамаи лоиҳаи сохтмонии кулли шаҳри Хуҷандро дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасӣ гузорад ва кай хоҳад, худаш онро сохтмон кунад. Ё ин ки, барои наслҳои баъдини авлодонаш, ҳатто барои набераву абераҳо пеш аз маргаш лоиҳаи сохтмонӣ омада карда монад? Ин ҳол низоми сохтмони монополистиро ба вуҷуд меорад ва дар ҳеҷ кадом шаҳри дунё ин кор нест. Вале қабули ҳалномаи судии Ализода Эраҷ ба монополистии сохтмонӣ дар Хуҷанд асос мегузорад. Зеро ҶДММ “Диёри Хуҷанд”, ки ҳеҷ иҷозаи ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлобеков ва кӯчаи Фирдавсии Хуҷандро надорад, аммо бо баҳонаи он, ки иҷрои корҳои сохтмонии мо барои амалишавии лоиҳаи ин ширкат халал ворид мекунад, намемехоҳанд корҳои сохтмонӣ ба иҷро расанд. Ин даъвои беасос ва ғайқонунии ин ширкати сохтмонӣ боис мегардад, ки даҳҳо нафар сохтмончиҳо бе шуғли касбии худ монанд. Ё роҳи монополияи сохтмонӣ боз шавад. Гузашта аз ин, бо ин шеваи кор чӣ гуна Хуҷанд обод шавад? Сари ин масъалаҳо ҳеҷ не, боре Ализода Эраҷ бояд меандешид. Аммо ӯ на дар фикри ободии шаҳр ва на дар фикри сохтмончиҳову сармоягузории соҳибкорони ватанӣ набуд.
ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бо он, ки лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматиро ба баррасӣ гузоштааст, ки зимнан бо ҳеҷ кадом сокинони биноҳо ва ҳеҷ кадом аз идораҳои давлатӣ - Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, идораи савдо ва саноати вилояти Суғд, бонки «Имон интернешнл», меҳмонхонаҳои “Ваҳдат”, “Хуҷанд” ва каҳвахонаи “Хони Хуҷанд”, ки дар кӯчаҳои зиркгардида воқеъанд, ягон шартномаи сохтмонӣ надорад. Яъне ҶДММ “Диёри Хуҷанд”танҳо лоиҳаи ангоравиеро дорад, ки барои ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ кай ва аз тарафи кӣ бояд сурат гирад, инаш ҳанӯз дақиқ нест. Маълум мешавад, ки барои амалишавии он даҳсолаҳо вақт лозим меояд. Чун ин ширкат тавре аз рафти иҷрои корҳои сохтмониаш дар кӯчаи И. Сомонӣ дар масофаи 656, 0 м.м. маълум аст, ба муҳлати зиёда ду сол ба ҷуз аз таҳхонаву ошёнаи аввал дигар кори сохтмониро ба таври назаррас ба иҷро нарасонидааст. Бояд инро ҳам таъкид кард, ки ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба суд оид ба надоштани маблағ дар суратҳисобаш маълумотнома пешниҳод кардааст. Модоме, ки ширкат маблағ надорад ва зиёда аз ду сол боз сохтмони як даромадгоҳи биноро идома дода наметавониста бошад, чи гуна лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматиро, ки зиёда аз 50 подезд иборат аст, ба иҷро расонида метавонад? Ё талаботи Нақшаи Генералии шаҳри Хуҷандро, ки сохтмонҳои хуштарҳу замонавиро дар назар дорад, амалӣ мекунад?!
Маълум, ки ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ҳанӯз ба чизе, ки маълум нест иҷро шавад, дар суд даъво кардаст. Ва ин даъвои судии ин ширкат танҳо ҳасади сохтмониро дар пай дорад. Ҳасад ба кори сохтмонии мо, ки инро мешавад «ҳасади сохтмонӣ» номид. Зеро, мо дар замини худ, ки ҳама ҳуҷҷатҳо ва иҷозаи лозимро дорем, аммо набояд сохтмон кунем! Инро худи судя Ализода Эраҷ ҳам хуб медонисту медонад. Агар не, то баровардани ҳамчунин ҳалномаи судӣ моро ба суҳбати як ба як ба утоқи кориаш даъват намекард?! Мо ҳам ин ҳамаро ба қазовати худи додрас вогузор карда, аз суҳбати як ба як дар утоқи судя парҳез кардем. Аммо судя Ализода Эраҷ дар ҳалномаи 14-саҳифаии судияш ин қазовати моро бо он собит намуд, ки ӯ на дар фикри адолати судиву на дар фикри бе ҷои кор мондани даҳҳо нафар ва ҳам рушду ободии шаҳр, ки ин ҳама дар барномаҳои давлатии рушди кишвар таъкид шудаанд, андеша намекунад.
Раҳмат ба судя Ализода Эраҷ, ки бо қабули ин ҳалномаи судӣ сатҳи касбии худро маълум намуд.

Х. Ф. ЯЪҚУБОВ,
соҳибиҷозаи сохтмони бинои 9-ошёна дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, Мавлобеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд

Хонданд 1207

Ман ҳамчун ҳуқуқшинос ва инсон маҷбурам барои ҳалли арзи тамоми соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов тамоми кӯшиши худро сарф намоям. Агар бозори мазкур дар ҳақиқат ба талабот ҷавобгӯ намебуд, хулосаҳои СЭС, Хадамоти оташнишонӣ ва дигар сохторҳои марбутаро дар даст намедоштам, ин қадар бо дилпурӣ дари мақомоти болоиро намекӯфтам. 

Дар бозори мазкур қисми зиёди соҳибкоронро асосан занҳо ташкил мекунанд ва аксаран камбизоатанд. “Бозори марказӣ” барои бо ҷои корӣ таъмин кардани занони бекору хонашин тамоми шароитро фароҳам оварда буд. Вале соли 2014 раиси ноҳия Комил Салимзода ва додари ӯ Буттаев бозори “Ашроф”-ро бунёд карданду халалрасонӣ ба оромии соҳибкорон оғоз шуд. Аз замони бунёди бозори “Ашроф” додарон кӯшиш карда истодаанд, ки соҳибмулкони “Бозори марказӣ” ба он ҳамчун иҷорашин раванд. Вале дар ин роҳ ягон бор хоҳиши худи соҳибкоронро напурсидаанд ва мувофиқи қонун пештар (1 ё 2 сол) огоҳ ҳам накардаанд.

То шамол нашавад...
Аз 2 то 11-уми сентябри соли 2017 барои соҳибкорони «Бозори марказӣ» рӯзҳои сахт шуд. Чунки ба ҷои истироҳат кардан, онҳоро дар рӯзҳои истироҳатӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва кормандони милитсия бисёр безобита карданд, таҳдиду фишор оварданд. Ҳатто дар ин асно Ҳокимова Буйсуной ном зане, ки монеи вайронкорӣ шуд, қариб буд зери булдозер монад. Ӯ машғули савдо буд, ки булдозер омада аз атрофи растаи ӯ кӯчонидани бозорро сар кард. Зан ба молу маҳсулоташ дилаш сӯхта, хост пеши роҳи ин вайронкориро бигирад. Ҳамин вақт як корманди мақомоти милитсия ба сари ӯ даст бардошта, дастони ӯро сиёҳу кабуд кард. Ҳоло ин зан дар хонаи истиқоматияш бистарӣ аст (қоғазҳои ташхис дар дасти мо) ва кормандони МИҲД-и ноҳия нагузоштанд, ки бемор дар беморхона бистарӣ шавад. Зеро оқибати ин корро дар оғоз хуб медонистанд ва намехостанд дар қатори дигар “минус”-ҳояшон боз ин минуси дигар илова шавад.
Ана ҳозир бисёр соҳибкорон таҳти фишору таҳдид ба бозори «Ашроф» рафтанд. Дар бозор фақат соҳибмулкон монданд.
Дигар ҳодисаи нохуш дар давоми 9 рӯз ин буд, ки барои соҳибкоронро кӯчонидан директори бозори сабзавот Ҷӯрабоев Бобурро ба ҳабс гирифта, ба соҳибкорони бозори сабзавот гуфтанд, ки агар накӯчанд, мисли Ҷӯрабоев ҳар яки онҳоро низ ҳабс мекунанд. Бечора соҳибкорон аз тарс бо вуҷуди хоҳиш надоштан, ба бозори “Ашроф” рафтанд.
Дар мардуми мо як масал ҳаст: “То шамол нашавад, барги бед намеҷунбад”. Ҳоло дар забони тамоми мардуми ноҳия як гап ҳаст, ки имрӯз раиси ноҳия нисф зиёд объектҳои давлатиро хусусӣ кардааст, аз ҷумла худи раис Салимзода Комил соҳиби тарабхонаи «Диёрбек», осоишгоҳи «Гиппократ», меҳмонхонаи «Салимбек», якчанд нуқтаи фурӯши сӯзишворӣ, ошхонаҳо, заводи ғишт ва мумфарш, тегирмон, якчанд хонаҳои бисёрошёна. Ҳамаи ҳамин барои раис намерасад магар, ки бечора соҳибкоронро ин қадар азоб медиҳад? Охир, набояд фаромӯш кард, ки насиби тамоми бандаҳои муъмин се газ кафан аст. Лекин кори Салимзода Комил на ба қонуни давлат рост меояду на ба қонунҳои зиндагиву мусулмонӣ.

Қонун дар қоғаз аст ё амалӣ ҳам мешавад?
Ин ҳама дар ҳолест, ки ба гуфтаи соҳибкорони бозор, раиси даври ноҳия ва кормандони МИҲД-и ноҳия ваъда дода будаанд, ки дар бозори мазкур то соли 2035 метавонанд савдои худро ба роҳ монанд. Аммо санаи 6.04.2017 зимни дар бозор будан мо шоҳиди он гаштем, ки як гуруҳ кормандони ҳукумати ноҳия ба соҳибкорон маҷбурӣ огоҳинома медоданду як гуруҳ сохтмончиён ба соҳибкорону харидорон аҳамият надода, ба вайрон кардани бозор шуруъ карда буданд.
Дар моддаи 18-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимоя ва дастгирии соҳибкорӣ” оид ба дастгирии давлатии соҳибкорӣ гуфта шудааст:
“- Такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои соҳибкорӣ.
- Имконияти озодона амалӣ намудани ҳамаи намудҳои соҳибкорие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст”.
Ин ду самт далолат аз он медиҳад, ки ҳар соҳибкоре, ки дар асоси қонун фаъолияташро роҳандозӣ кардаасту илова бар ин, кори ӯ ба талаботи СЭС ва Хадамоти оташнишонӣ ҷавобгӯ аст, бояд озодона фаъолият барад. Аммо беш аз як сол аст, ки ба сари соҳибкорони “Бозори марказӣ” донак мешикананд! Магар қонуне, ки соҳибкоронро дастгирӣ ва ҳуқуқҳои эшонро ҳимоя мекунад, танҳо дар рӯи қоғаз асту дар сухан?

Раиси ноҳия: Нисфи бозор аз ман аст
Шашуми сентябр бо соҳибкорон ва фурӯшандагон 5 “Газел” шуда, ба прокуратураи вилоятӣ рафтем. Прокурори вилоят Ҳабибулло Воҳидов моро қабул кард ва гуфт, ки “ҳатман ин масъаларо мебинем”. Баъдан худи ҳамон рӯз ба қабули раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ рафтем. Раиси вилоят моро қабул кард, арзамонро гӯш кард. Вақте соҳибкорон ба шӯр омаданд, ки бозори “Ашроф” аз они худи раис ва додари ӯст, Қодирӣ аз раиси ноҳия ҳамагӣ як савол кард: Бозор аслан аз они кист? Раиси ноҳия Комил Салимзода бо ҳиси тарс аз ошкоршавии сохтакориҳояш гуфт: “Нисфи бозор аз они ман аст, боқимонда аз они дигар нафар”.

Қарзҳои калони соҳибкорон аз бонкҳо
Имрӯз ҳолати дигар, ки боиси нигаронӣ аст, бо гирифтани кредит савдои худро ба роҳ мондан аст. Масалан, Бобур Ҷӯрабоев барои бунёди ин бозор ва ба роҳ мондани савдо аз бонкҳои “Эсхата” (80 ҳазор доллар), “Арванд” (70 ҳазор доллар) ва “Имон итернешнл” (50 ҳазор доллар) қарздор аст ва ҳар моҳ фоиз месупорад ба ин бонкҳо. Вале акнун “бозор ба генплан даромадагӣ” гӯён, ҳамарӯза масъулини ҳукумат бо фармони бевоситаи бародари раиси ноҳия Комил Салимзода ба ин ҷо меоянд. Минбаъда тақдири мо соҳибкорон ва дигар кормандони ин бозор чӣ мешуда бошад, ба ғайр аз худову раиси ноҳия ва гуруҳи ӯ касе намедонад. Танҳо бо умеди таҳлили одилонаи Прокуратураи генералӣ то ҳол умедамонро наканда, кӯшиш ба харҷ дода истодаем.

Ку бетарафию беғаразӣ?
Дар бозор ҳар як бозорчӣ ё тариқи кредит ё охирин маблағашро сарф карда, савдогарӣ мекунад. Вале молу маҳсулоти бо хуни ҷигар пайдо кардаву ба фурӯш баровардаи онҳо аз ҷониби шикамсероне, ки парвои гурусна надоранд, ба хоку чанг оғӯшта шуд (дар акс ҳаст). Пас ин ҷо кӣ бояд ҳуқуқи соҳибкоронро таъмин кунаду корбарии сохтмончиёнро назорат? Магар намешуд, ки пеш аз оғози кор фурӯшандагонро огоҳ намоянду баъдан ба кор шуруъ кунанд? Ё коре мекунанд, ки соҳибкорони сарсони бозор ғайр аз маҳсулоту оромияшонро аз даст додан, саломатиашонро ҳам барбод диҳанд?
Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва давлат зиндагии шоистаи халқро кафолат медиҳад. Магар ин аст шоистагӣ? Магар ин аст адолати иҷтимоӣ? Магар ин аст тарзи корбарию роҳбарӣ? Ҳол он ки, раиси муҳтарами ноҳия, ки бародари роҳбари бозори нав аст, бояд дар ин масъала бетарафиро риоя мекард, на ин ки ҳамарӯза барои тинҷию оромии соҳибкорон, фурӯшандагон ва ҳатто харидорону аробакашони бозорро халалдор кардан гуруҳи кориро сафарбар менамуд.

“Нонамро аз даҳонам кашида гирифтанд”
Зумрат Муллоева: - Беш аз 20 сол боз ба савдо машғулам. Дар оила ғайр аз 4 фарзанд боз 7 набераамро мехӯронаму мепӯшонам. Бистсола ҷои кор ва манбаи зиндагии маро намедонам чаро бо ҳар баҳонаҳо мехоҳанд вайрон кунанд. Чаро пеш аз он, ки моро ба ин ҷо ҷалб кунанд ва сертификат диҳанд, огоҳ накарданд, ки ин ҷо муқимӣ не, соли 2017 бозорро вайрон ва шуморо сарсон мекунанд? Чаро дар рӯи мо ва маҳсулотамон, ки ҳар грами онро бо ҳазор мушкилӣ ва гоҳо бо кредит ба савдо мегузорем, хоку чанг мекунанд? Магар намешуд, ки қаблан огоҳ кунанду баъд ба кор шуруъ намояд? Ё намешуд, ки шабона баъди аз кор рафтани мо шуруъ кунанд, то ба мо ва маҳсулоти мо зарар нарасад?
Фарида Ортиқова, фурӯшандазан: - 2 моҳ дар бозори “Ашроф” ба савдо машғул шудам, вале на танҳо ягон фоида ба даст наовардам, балки зарар дидам. Моро маҷбур мекунанд, ки ба бозори нав рафта, савдои худро ба роҳ монем: “Чӣ фарқ дорад, ин ҷо ҳам бозор, он ҷо ҳам бозор!?”. Аммо чӣ фарқ дорад не, аз замин то осмон фарқ ҳаст. Ҳам аз ҷиҳати ҷойгиршавӣ, ҳам аз ҷиҳати шароит ва ҳам ташрифи харидорон. Думоҳа зарареро, ки дар бозори нав дидам, дар 5-6 моҳ ҳам барқарор карда наметавонам. 100 % бовар дорам, ки дигар ҳамкасбонам ҳам хоҳиши дар бозори нав кор карданро надоранд. То дами пурра умедкан шудан танҳо ба қарори одилонаи Пешвои муззамамон умед дорем, ки ҳоли моро дида, пеши роҳи ин иқдомҳои зидди хоҳиши халқро пешгирӣ мекунанд.
Модоме, ки ҳукумат то соли 2035 дар “Бозори марказӣ” иҷозати ба роҳ мондани савдоро ба ҳамаи соҳибкорон ваъда ва кафолат дода буд, ба ваъдааш содиқ истодани роҳбари ноҳия ва кормандони бахши шаҳрсозӣ зарур аст.
Мо аз роҳбари ноҳия ҳамагӣ як хоҳиш дорем, ки тинҷию оромии моро вайрон ва аҳли оилааморо сарсон накунад. Як бор ба ҷои ҳар зани дармондаву бечора ва маъюбу ятимдор худаш ва пайвандонашро монда, тасаввур кунад, ки чӣ қадар гарон аст як касро аз рӯзияш маҳрум кардан. Дар тарозуи адл баркашад, ки чӣ қадар увол аст бо назардошти манфиати шахсии як нафар наздику хешованди худ ашки чашми ҳазорон занону модаронро рехтан! Магар ин иқдоми раиси ноҳия хилофи гуфтаҳои Сарвари давлат, ки ҳар доим оид ба баланд бардоштани мавқеи зан сухан меронанд, нест?
Асила Абдуллоева: - Модарам баъди марги падарам ба ғаму ғурбат тоб намеовард. Бо вуҷуди он, ки сиҳату саломат буд, вале кӯшиш мекардем аз ягон чиз ғам нахӯрад. Ҳатто рӯзи маргаш ҳам аввал тинҷ буд, нонуштаашро карда аз хона баромад. Моҳи ноябр буд, ки масъалаи кӯчонидани бозор ба миён омад. Аз рӯзи ба кори бозор шуруъ кардан то дами маргаш 3-4 бор қоғазча тақсим карданд. Кам-кам ғам мехӯрд, аммо ҳеҷ дар гӯшаю гумони мо набуд, ки ғам ӯро якбора аз пои равон мемононад. Фавти модарамро қариб 9 моҳ шуд, ҳоло зиндагии мо беҳад бад аст. Хулоса, моҷарои бозор сари модарамро хӯрд.
Мансур Юлдошов, фурӯшанда: - Ман дар оила як марди ёбанда ҳастаму 5 нафар нонхӯр. Аз пешравии ноҳия ва ободии рӯзафзуни он доимо шодӣ мекардам, аммо мисоли он ки хоби хуше буду гӯё аз хоб бедор шуда бошам, ҳама шодиҳоям ба ғам табдил ёфт. Ҳол он ки, ман кори худро бо гирифтани қарз аз бонк ба роҳ монда будам. Вале чанд моҳ боз ин масъала ба миён омаду тамоми реҷаи кории мо вайрон шуд. Ҳама кор бо табъи болида ва хотири ҷамъ мешавад. Дар ҳоле, ки 5-6 корманд дар даст папкаву портфелҳо болои сари шумо рост меистанду бо овози баланд ба шумо фармонравоӣ мекунанд, чи тавр корро пеш бурда мешавад?
Замоне, ки ин нуқтаро барои кор гирифтам, 20 мошин партовро бо маблағи худам бароварда партофтам. Ба ҷои он 40 мошин шағал оварда рехтам. Аммо имрӯз акнун ба даҳонам нон расида истода буд, ки “ин бозор ба генплан даромадагӣ” гуфта, моро нороҳат карданро сар карданд.

Қатрае аз камбудиҳои бозори “Ашроф”
Ба ҳама маълум аст, ки чандин сӯхтор дар бозорҳо маҳз аз сабаби ба талабот ҷавобгӯ набудани хати қувваи барқ, ё ғайриқонунӣ истифода бурдани таҷҳизоти гармидиҳӣ ба вуқуъ омадааст. Дар ин бозори ҷанҷолӣ ҳам як не, якчанд камбудиҳо ҷой доранд, ки дар он ҷо савдо кардан номумкин аст. Аз ҷумла, хати роҳи поезд маҳз аз байни бозори “Ашроф” гузашта, дар наздиктарин масофаи бозори мазкур ду нуқтаи сӯзишворӣ вуҷуд дорад. Инчунин, дар ҳавлии бозор кишти ҷуворимакка ҳаст, ки калламушҳо дорад ва то имрӯз ба молу маҳсулоти чандин соҳибкор зарар расонидаанд. Илова бар ин, сементзавод дар наздикии бозори “Ашроф” фаъолият мекунад, ки чангу гарди он ба фурӯшандагон бетаъсир буда наметавонад. Пас, саволи матраҳ ин аст, ки кормандони бехатарӣ аз сӯхтор ва СЭС ба куҷо нигоҳ мекунанд? Чаро ин камбудҳоро, ки чашми оддӣ мебинад, чашми эшон намебинад?
Ин аст ҳоли зори беш аз 1000 нафар соҳибкорони “Бозори марказӣ”-и ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки дар давоми як моҳ нисф зиёди онҳо иҷборан ба бозори “Ашроф” кӯч бастанд.

Лола Ёқубова, адвокат, Насим Ҳалимов, Маҳмуд Маърупов, Заррина Муъминова, Бахтиёр Алиқулов, Марҳабо Ғоибова, ҷамъ 50 нафар

Хонданд 1166

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.