.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Муроҷиати шаҳрвандон

Ба Ёсуман кӯмак кунед!

Нояб 11, 2017
Диданд: 612

Дарди як нафар тоҷик бояд дарди тамоми тоҷикон бошад ва имрӯз, ки як зани тоҷик дар роҳи зиндагии ноҳамвор сарсону саргардон шудааст, биёед кӯмаки худро дареғ надорем.
Ёсумани нуҳсола духтари хурдии Тахмина - як зани тоҷик аст, ки солҳои зиёд фалаҷи кӯдаконаи мағзи сар мебошад. Ёсумани бемор айни ҳол ба як аробачаи маъюбӣ эҳтиёҷ дорад. Ҳоло нархи як аробачаи маъюбӣ аз 1200 сомонӣ боло аст. Ин зан бошад, 156 сомонӣ нафақа мегирад. Ба гуфтаи модараш, Ёсумани нуҳсола ҳам гунг, ҳам фалаҷ, яъне роҳ рафта наметавонад ва ҳам аз ақл маҳрум аст. Ин зани тоҷик мегӯяд: “5 сол мешавад, ки интизори замин ҷудо кардани масъулин ҳастем, аммо ҳатто намедонем, ки кай мерасад навбати мо”. Тахмина мегӯяд: “Ёсуман дусола шуда буд, ки гапу калоча зиёд шуд дар хонаи шавҳарам ва ман 3 кӯдакамро гирифта ба хонаи волидонам омадам. Аз ҳамон вақт ин ҷониб дар парастории волидонам ҳастам бо 3 фарзандам”.
Шахсоне, ки ба Ёсуман кӯмак карданианд, ба рақами модари ӯ занг зананд: (+992) 908-08-15-75.

Хонданд 612

Шояд нигарониҳоямон паси сар шавад

Окт 28, 2017
Диданд: 831

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!

Ман Раҳмонова Замира, маъюби гуруҳи 3-юм, ношунавою безабон ҳастам. Мани муштипар дар зиндагӣ ба мушкилиҳои зиёд рӯ ба рӯ шудаам. Соли 2004 ба бемории фалаҷ гирифтор шудам, ки дар натиҷа аз шунавоӣ ва ҳарф задан маҳрум гаштам. Баъди ба ин беморӣ гирифтор шуданам, муҳтоҷу бечора шудам.
Медонам, ки Шумо ятимпарвару меҳрубон ҳастед. Вақте дар оинаи нилгун тамошо мекунам, ҳарчанд намешунавам, вале эҳсос мекунам, ки Шумо ба маъюбон ғамхориҳои падарона мекунед, онҳоро навозиш мекунед ва дар оғӯш мегиред ва ман ҳамаи инро дида, ашки шодӣ мерезам. Ғамхориҳои Шумо, Пешвои миллат, мо маъюбонро хеле руҳбаланду дилшод мекунад, ки чунин Пешвои ғамхору дилсӯз дорем, ки ҳаргиз моро хор шудан намегузоранд.

Муҳтарам Пешвои миллат!
Ман ҳоло аз сабаби надоштани ҷойи зист дар хобгоҳ (Маяковский 74) истиқомат мекунам. Вале моро аз хобгоҳ бароварда истодаанд. Агар ин тасмим амалӣ гардад, намедонем дар ин сардиҳо ба куҷо паноҳ мебарем. Мо пушту паноҳе надорем, бо модару хоҳарам танҳо зиндагӣ мекунем. Яъне, чун падар болои сарамон нест, танҳоем. Болои бехонагиву дарбадарӣ, вазъи саломатиам ҳам хуб нест.

Муҳтарам Пешвои миллат!
Ба ҷуз Шумо касе надорем, ки ба додамон расад. Аз Шумо, падари ғамхор, хоҳиш мекунам, ки барои ҳалли мушкилии мо ёрӣ расонед. Агар вобаста ба шароит соҳиби ягон манзили истиқоматӣ ва ё қитъаи замин барои сохтмони манзил мешудем, нигарониҳоямон паси сар мешуд. Умедворам, ки муроҷиати мани маъюбро ба эътибор гирифта, кӯмакамон мекунед.
Дар охир ба Шумо, Пешвои миллат, тани сиҳат, вақти хуш ва давлати пойдор орзу мекунам! Бигзор Шумо, падари ғамхор, болои сари мо соябон бошед.

Бо эҳтиром ва як ҷаҳон умедворӣ,
Раҳмонова Замира

Хонданд 831

Як монеа дар роҳи ободии Хуҷанд

Окт 21, 2017
Диданд: 810

Оё судяи Суди шаҳри Хуҷанд суханрониҳои президентро гӯш мекунад?

“Ватанро обод кунем, ё муҳоҷир шавем?”. Ин аввалин саволе буд, ки 25-уми сентябр пас аз эълони ҳалномаи судӣ аз ҷониби Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд ба сари мо омад. Ин ҳалнома на танҳо роҳи корҳои ободониву созандагӣ дар маркази Хуҷандро боз медорад, балки барои бекор мондани даҳҳо сохтмончии ватанӣ боис мешавад.
Ширкати сохтмонии “Каскад” барои иҷрои корҳои сохтмонии бинои нуҳошёна, ки мағоза ва дигар нуқтаҳои хизматрасонӣ низ дорад, бо фармоишгар Хайрулло Ёқубов шартнома баста буд. Корҳои сохтмонӣ оғоз шуданд. Аммо Эраҷ Ализода, судяи Суди шаҳри Хуҷанд бо қабули як ҳалномаи судӣ тақозои қатъи сохтмонро пеш овард. Сабаби қабули ҳамчунин ҳалнома он будааст, ки гӯё ин сохтмон ба сохтмони як ширкати сохтмонии дигар монеъ мегардад. Ҳол он ки, дар маҳалли сохтмоне, ки мо кор мекунем, ҳеҷ гуна бино сохта намешавад, балки биноҳое мавҷуданд, ки хеле куҳнаву фарсуда шудаанд ва ба таҷдиду навсозӣ ниёз доранд.
Ҳалномани судие, ки судя Эраҷ Ализода қабул кард, мо - 30 сохтмончии ширкати “Каскад”-ро аз шуғлу иҷрои вазифаҳои касбии худ маҳрум кард. Ин дар ҳолест, ки қабл аз бастани шартнома ҶДММ “Каскад” бо фармоишгар Хайрулло Ёқубов - соҳибмулки замини сохтмонӣ - ҳама ҳуҷҷатҳои зарурии сохтмони 9-ошёна дар кӯчаи Зариф ва Солеҳ Раҷабовҳои шаҳри Хуҷанд таҳия шуда, аз ташхиси идораҳои зидахл гузаштааст ва ҳеҷ каму костие дар онҳо вуҷуд надорад. Балки барои иҷрои корҳои сохтмонӣ дар масоҳати 1109,0 метри мураббаъ ҳама идораву мақомоти давлатии шаҳру вилоят бо имзо ва муҳри худ ҳуҷҷати тасдиқкунанда додаанд, ки нусхаи ин ҳуҷҷатҳо дар ихтиёри мо низ ҳаст. Аммо баъд аз қабули ҳалномаи судӣ, ки боз доштани корҳои сохтмониро тақозо мекунад, мо дар ҳолати шок қарор гирифтем. Зеро чӣ тавр мешавад, ки як бастаи иҷозатномаву хулосаи идораҳои давлатӣ пеши ин судяи Суди шаҳри Хуҷанд арзиш ва эътибор надоранд? Акнун мо ба худ меандешем, ки барои баъзе судяҳо ободии шаҳр ва масъалаи бе ҷойи кор мондану муҳоҷир шудани сохтмончиҳои ватанӣ аслан фарқе надоштааст. Вагарна, Эраҷ Ализода қабл аз қабули ҳалномаи судӣ аз паёмади он андеша мекард.
Дигар ин ки, мо ба як саволи дигар мехоҳем ҷавоб пайдо кунем: оё судя Эраҷ Ализода суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки ҳамасола соҳибкорони ватаниро ба обод кардани ватан даъват мекунанд, мешунавад ё не? Агар не, ба ӯ бояд хотиррасон кунем, ки Ҷаноби Олӣ саҳми соҳибкоронро дар рушди соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар муҳиму муассир арзёбӣ мекунанд. Аз ҷумла Пешвои муаззами миллат дар вохӯрии ахири худ бо соҳибкорону сармоягузорон дар рӯзи 15-уми октябр чунин таъкид намуданд, ки огоҳӣ аз онро пеш аз ҳама барои мақомоти масъул, пеш аз ҳама, онҳое, ки барои ободии ватан монеа эҷод мекунанд, муҳим медонем: “Ҳукумати кишвар ташаббусу пешниҳодҳои созандаи соҳибкоронро ҳамеша дастгирӣ намуда, барои амалӣ гардидани онҳо ҳамаи имкониятҳоро муҳайё намудааст. Ҳоло ба тамоми сохторҳои давлатӣ бори дигар супориш дода мешавад, ки ташаббусҳои соҳибкорону сармоягузоронро ҳамаҷониба дастгирӣ карда, барои амалӣ гардидани иқдомоти созандаи онҳо мусоидат намоянд. Соҳибкорон бояд ҷавобан ба ин ғамхориҳо дар доираи имкониятҳои мавҷуда саъю кӯшиши худро барои васеъ намудани фаъолияти истеҳсоливу хизматрасонӣ, қонеъ гардонидани талаботи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми содироти молу маҳсулот, таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойҳои корӣ ва боз ҳам ободу зебо гардонидани кишвари азизамон равона намоянд. Шумо - соҳибкорони бонангу номус, ҳамеша иқдомоти Ҳукумати мамлакатро бо дарки амиқи масъулият самимона пуштибонӣ менамоед, барои имрӯзу ояндаи кишвар ва пешрафти давлат кӯшиш мекунед, дар раванди ташкили коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ, бо ҷойи кор таъмин намудани шаҳрвандон, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, хулоса, дар таҳкими иқтидори иқтисодии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ саҳмгузор ҳастед. Бинобар ин, ба ҳамаи шумо - соҳибкорони ҳимматбаланд сидқан миннатдорӣ баён карда, итминон дорам, ки дар оянда низ ба хотири пешрафту ободии Ватани азизамон саҳми бештар мегузоред“.
Роҳи миёни Суди шаҳри Хуҷанд ва маҳалли корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо ҳудуди 500 метр аст, ки агар боре ҳам Эраҷ Ализода тай менамуд ва ба вазъи кору бори мо сохтмончиҳо назар меандохт, шояд фикри дигар мекард. Судя, ки дар курсии мулоим нишаста, ба баррасии масъалаи кору тақдири инсонҳо дар додгоҳ сарукор мегирад, масъалаи ободии шаҳр, ҷои кор ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии мардумро низ бояд донад. Аммо, мутаассифона, баъзе судяҳои мо қодир ба ин кор намешаванд ва ба қабули ҳалномаи шитобзадае даст мезананд, ки аз ҳар лиҳоз паёмади он бар зарари кори мо - сохтмончиҳо тамом мешавад.
Ин аввалин маврид аст, ки мо - сохтмончиҳо дар тӯли фаъолияти чандсолаи худ бо он рӯ ба рӯ мешавем. Тӯли ин муддат мо сохтмони як қатор иншооти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, аз қабили сохтмони маҷмааи таълимии Шуъбаи Бонки миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷандро ба иҷро расонидаем. Боре ҳам нашуда, ки иҷрои корҳои сохтмонии мо ба кори кадом ширкати дигар халал ворид кунад, ки моро аз шуғлу кори худ боздоранд. Аммо бори аввал шоҳиди он мешавем, ки чӣ гуна иҷозатномаҳои ҳамаи идораҳои давлатӣ оид ба сохтмон назди судяи Суди шаҳри Хуҷанд беэътибор мешаванд...
Аз чунин ранг гирифтани масъала мо ҳоло намедонем, ки чӣ кор кунем ва ҳисоби зиндагиамонро аз кадом роҳ ёбем? Вақте дар ватан сохтмон ва сохтмончиҳо бо ин гуна мушкил дучор меоянд, ростӣ, кас сардаргум мешавад, ки дар чунин ҳол чӣ кор карда метавонад? Ҳоло боз ҳам дар сар ин фикр мечархад, ки беҳтару хубтар аз ҳама як роҳ дорем: муҳоҷират! Аммо то кай мо шуғли худро дар кишвари бегона ба иҷро расонем? То кай нерӯи худро барои ободии кишвари ғайр сарф кунем? Чаро намегузоред, ки мо Ватани худро обод кунем?
Мо умедворем, ки кори сохтмони бинои нуҳошёна дар кӯчаҳои Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд, ки фармоишгари сохтмон Хайрулло Ёқубов иҷозаи қонунии онро дорад, дар зинаҳои болоии судҳои Тоҷикистон одилона баррасӣ мешавад. Бовар дорем, судяҳои дигар дар фикри ободии Ватан ҳастанд ва мо - сохтмончиҳо, ки шуғламон сохтану обод кардан аст, ватанро тарк намекунему рӯ ба муҳоҷират намеорем.

Набиҷонов Умед Негматҷонович,
сохтмончии бинои 9-ошёна дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо дар шаҳри Хуҷанд

Хонданд 810

“Раҳмат” ба судя Ализода Эраҷ?!

Окт 14, 2017
Диданд: 910

Баъзе судяҳои Суди шаҳри Хуҷанд бо қабули ҳалномаи судӣ сатҳу сифати худро собит мекунанд. Баргузории мурофиаҳои судӣ бо раисии ин қабил судяҳо хеле ташвишовар мебошад. 

Ин ҷо сухан аз касбияти Ализода Эраҷ, судяи Суди шаҳри Хуҷанд меравад. Дар ҳалномаи судӣ, ки ахиран дар мурофиаи судии рӯзи 25-уми сентябр қабул кард, ин судяи Суди шаҳри Хуҷанд чӣ гуна судяи ғайрикасбӣ будани худро маълум намуд. Дар ин ҳалномаи судӣ ӯ бештар сари он тамаркуз кардааст, ки лоиҳаи ангоравии ҶДММ “Диёри Хуҷанд” барои сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматӣ, ки дар ҷаласаи Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасӣ гузоштаро ҳамчун ҳуҷҷати аслӣ ҳисобид ва иҷозаи корҳои сохтмонии мо дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд, ки он тибқи иҷозаи сохтмон ва нақшаи муфассали шаҳрдорӣ бо розигии ҳама мақомоти дахлдорро ғайриқонунӣ хонд. Ҳатто иҷоза ва розигии муовини аввали раиси вилояти Суғд оид ба сохтмон ҳам пеши судя дуруст ҳисобида нашуд, ки ғайриқонунӣ ҳисоб кард.
Аз ин шеваи баррасӣ ва қабули ҳалномаи судии Ализода Эраҷ як чиро мешавад хулоса кард, ки кори ҳама идораҳои давлатии шаҳри Хуҷанд бесаводона будааст. Ва агар чунин нест, шояд ӯ чунин ҳалнома қабул намекарду онҳоро дуруст ҳисоб мекард. Аммо ин амалкарди ӯ на ба доираи ақл рост мегираду на ба қонун, ки гӯӣ наход ҳамаи идоранишинони ҳукуматҳои шаҳри Хуҷанд, вилояти Суғд ва ҳатто ҷумҳурӣ бесаводонанд ва кору хулосаи вазифавии онҳо аз ҷониби судя ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад. Ҳол он ки, пеш аз тасдиқи ҳуҷҷатгузорӣ гирифтани хулоса ва иҷозаи беш аз 50 мақомоти давлатӣ лозим меояд ва барои ин камаш якуним сол вақт сипарӣ мегардад, ки Ализода Эраҷ ҳеҷ ба дарк ва моҳияи ин кору ҳол нарафту ин ҳамаро ғайриқонунӣ донист. Дар чунин ҳол ё мо акнун ҳамаи идораҳои давлатиро барои додани хулоса ва иҷзатномаи аз ҷониби судя ғайриқонунӣ ҳособида ба суд диҳем?
Баргардем сари лоиҳаи маҷмаавие, ки аз ҷониби ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба баррасӣ гузошта шудааст. Ин лоиҳаи ангоравӣ ва нақшаи ҷойгиршавии биноҳои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлонбеков ва Фирдавсии ш. Хуҷанд дар суратҷаласаи №3-и Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11.03.2015 ҷонибдорӣ шудааст. Ба баррасӣ гузошта ва ҷонибдорӣ шудани лоиҳа ҳанӯз маънои ба иҷро расонидани кори сохтмониро надорад. Аз ҷумла, аз сӯи лоиҳапешниҳодкунанда ҶДММ “Диёри Хуҷанд”. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи меъёри сохтмон, лоиҳа барои оянда пешниҳод шуда, бо мурури замон амалӣ намудани он сурат мегирад. Албатта бо иҷозаи мақомоти давлатӣ ва соҳибмулкон. Аммо судяи Суди шаҳри Хуҷанд ҳангоми баррасии мурофиаи судӣ ин меъёри сохтмониро аслан нодида гирифт. Ё ҳамин қадар диду дарк кард, ки ҳамаи корҳои сохтмонӣ дар чунин кӯчаҳо бояд аз сӯи ҶДММ “Диёри Хуҷанд” сурат гирад, ки ин мутлақо хатост. Агар чунин бошад, мешавад як нафар ҳамаи лоиҳаи сохтмонии кулли шаҳри Хуҷандро дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба баррасӣ гузорад ва кай хоҳад, худаш онро сохтмон кунад. Ё ин ки, барои наслҳои баъдини авлодонаш, ҳатто барои набераву абераҳо пеш аз маргаш лоиҳаи сохтмонӣ омада карда монад? Ин ҳол низоми сохтмони монополистиро ба вуҷуд меорад ва дар ҳеҷ кадом шаҳри дунё ин кор нест. Вале қабули ҳалномаи судии Ализода Эраҷ ба монополистии сохтмонӣ дар Хуҷанд асос мегузорад. Зеро ҶДММ “Диёри Хуҷанд”, ки ҳеҷ иҷозаи ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ дар кӯчаҳои И. Сомонӣ, З. С. Раҷабовҳо, Мавлобеков ва кӯчаи Фирдавсии Хуҷандро надорад, аммо бо баҳонаи он, ки иҷрои корҳои сохтмонии мо барои амалишавии лоиҳаи ин ширкат халал ворид мекунад, намемехоҳанд корҳои сохтмонӣ ба иҷро расанд. Ин даъвои беасос ва ғайқонунии ин ширкати сохтмонӣ боис мегардад, ки даҳҳо нафар сохтмончиҳо бе шуғли касбии худ монанд. Ё роҳи монополияи сохтмонӣ боз шавад. Гузашта аз ин, бо ин шеваи кор чӣ гуна Хуҷанд обод шавад? Сари ин масъалаҳо ҳеҷ не, боре Ализода Эраҷ бояд меандешид. Аммо ӯ на дар фикри ободии шаҳр ва на дар фикри сохтмончиҳову сармоягузории соҳибкорони ватанӣ набуд.
ҶДММ “Диёри Хуҷанд” бо он, ки лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматиро ба баррасӣ гузоштааст, ки зимнан бо ҳеҷ кадом сокинони биноҳо ва ҳеҷ кадом аз идораҳои давлатӣ - Раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, идораи савдо ва саноати вилояти Суғд, бонки «Имон интернешнл», меҳмонхонаҳои “Ваҳдат”, “Хуҷанд” ва каҳвахонаи “Хони Хуҷанд”, ки дар кӯчаҳои зиркгардида воқеъанд, ягон шартномаи сохтмонӣ надорад. Яъне ҶДММ “Диёри Хуҷанд”танҳо лоиҳаи ангоравиеро дорад, ки барои ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ кай ва аз тарафи кӣ бояд сурат гирад, инаш ҳанӯз дақиқ нест. Маълум мешавад, ки барои амалишавии он даҳсолаҳо вақт лозим меояд. Чун ин ширкат тавре аз рафти иҷрои корҳои сохтмониаш дар кӯчаи И. Сомонӣ дар масофаи 656, 0 м.м. маълум аст, ба муҳлати зиёда ду сол ба ҷуз аз таҳхонаву ошёнаи аввал дигар кори сохтмониро ба таври назаррас ба иҷро нарасонидааст. Бояд инро ҳам таъкид кард, ки ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ба суд оид ба надоштани маблағ дар суратҳисобаш маълумотнома пешниҳод кардааст. Модоме, ки ширкат маблағ надорад ва зиёда аз ду сол боз сохтмони як даромадгоҳи биноро идома дода наметавониста бошад, чи гуна лоиҳаи сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматиро, ки зиёда аз 50 подезд иборат аст, ба иҷро расонида метавонад? Ё талаботи Нақшаи Генералии шаҳри Хуҷандро, ки сохтмонҳои хуштарҳу замонавиро дар назар дорад, амалӣ мекунад?!
Маълум, ки ҶДММ “Диёри Хуҷанд” ҳанӯз ба чизе, ки маълум нест иҷро шавад, дар суд даъво кардаст. Ва ин даъвои судии ин ширкат танҳо ҳасади сохтмониро дар пай дорад. Ҳасад ба кори сохтмонии мо, ки инро мешавад «ҳасади сохтмонӣ» номид. Зеро, мо дар замини худ, ки ҳама ҳуҷҷатҳо ва иҷозаи лозимро дорем, аммо набояд сохтмон кунем! Инро худи судя Ализода Эраҷ ҳам хуб медонисту медонад. Агар не, то баровардани ҳамчунин ҳалномаи судӣ моро ба суҳбати як ба як ба утоқи кориаш даъват намекард?! Мо ҳам ин ҳамаро ба қазовати худи додрас вогузор карда, аз суҳбати як ба як дар утоқи судя парҳез кардем. Аммо судя Ализода Эраҷ дар ҳалномаи 14-саҳифаии судияш ин қазовати моро бо он собит намуд, ки ӯ на дар фикри адолати судиву на дар фикри бе ҷои кор мондани даҳҳо нафар ва ҳам рушду ободии шаҳр, ки ин ҳама дар барномаҳои давлатии рушди кишвар таъкид шудаанд, андеша намекунад.
Раҳмат ба судя Ализода Эраҷ, ки бо қабули ин ҳалномаи судӣ сатҳи касбии худро маълум намуд.

Х. Ф. ЯЪҚУБОВ,
соҳибиҷозаи сохтмони бинои 9-ошёна дар кӯчаи З. С. Раҷабовҳо, Мавлобеков ва Фирдавсии шаҳри Хуҷанд

Хонданд 910

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.