.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Муроҷиати шаҳрвандон

Номаи кушод

Нояб 18, 2017
Диданд: 903

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Дуруду пайёми самимии моро бипазиред, Ҳомии бузурги миллат, Қаҳрамони халқи тоҷик, Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмони азиз! Шумо номбардори Ватан, чашми бедор ва ойинаи пурҷилои миллат ҳастед.
Таърих ин сатрҳоро бо оби тилло дар саҳифаҳои ҷовидонааш навиштааст, ки баъд аз садсолаҳои талхи бегонагароӣ ва бедавлатӣ Шумо бо тафаккури баланд ва доштани андешаи миллӣ дар шонаҳои кӯҳҳои азим пояҳои давлатдории миллиро пайванд кардаед. Мо хуб медонем, ки Шумо ҳар як ваҷаби ин замин ва хар як сокини ин ватанро чун фарзанди хеш дӯст медоред, зеро маҳз дар партави сиёсати созанда ва инсонгароёнаи Шумо мо ба ин рӯзҳои офтобӣ расидем. З-ин рӯ, ҳастии Шумо кафили ояндаи дурахшони мо ва андешаҳои хирадмандонаатон бақои ин миллат аст.
Падари азиз, Президенти маҳбуб, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон! Мо чанд нафар аз кормандони ширкати «Умед - 88», хешу таборон ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ аз Шумо, ки набз ва қалби ин миллат ҳастед, барои бемасъулиятӣ ва сари вақт иҷро накардани вазоифи ба ӯҳда гирифтаи масъулини ширкати мазкур, ки боиси нигаронӣ ва нороҳатии Шумои азиз гаштаанд, узр мепурсем ва назди назари пурмуҳаббат ва садоқати поки Шумои азиз, ки нисбат ба ҳар яки мо доред, сархаму шармандаем. Аммо инро бояд бигӯем, ки мо ба ҳайси кормандони ин ширкат борҳо шоҳид гаштаем, ки роҳбарияти ширкат дар симои Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович дар ҳама гуна сӯҳбатҳо, ҷаласаҳои корӣ аз сиёсати хирадмандонаи Шумои азиз ёдовар мешуданд ва ҳар яки моро таъкид мекарданд, ки даст ба дасти ҳамдигар дар ободии Ватан саҳм бигузорем ва ба қадри сулҳу ободие, ки Шумо бароямон овардаед, бирасем. Ҳамчунин, номбурда бо дарназардошти дастгириҳои Шумо нисбат ба фаъолияти соҳибкорон ва имтиёзҳои Ҳукумати ҷумхурӣ, борҳо ба хонаи маъюбон, ятимхонаҳо, хонаи пиронсолон ва барои ҷарроҳии беморони оилаҳои ниёзманд дасти кӯмак дароз кардааст. Инчунин, ширкати мазкур тӯли фаъолияташ дар ғанӣ гардонидани буҷаи давлат зиёда аз 2 миллиард сомонӣ тариқи супоридани андоз саҳм гузоштааст ва зиёда аз 500 нафар шаҳрвандонро бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудааст.
Бояд гуфт, ки мувофиқи шартномаи байни ҶСК «НБО Роғун», Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҶДММ “Умед-88” ба ширкат ҷиҳати рушди комплекси агросаноатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи таъмини ҳоҷагиҳои кишоварзӣ бо маҳсулоти сӯзишвории дизелӣ ба маблағи 171 000 000 сомонӣ бо меъёри 18% солона то мӯҳлати 31.12 соли 2015 қарз дода шудааст. Аммо, мутаассифона, бо сабаби ба бӯҳрони молиявӣ дучор гаштан, ширкат натавонистааст дар мӯҳлати дар боло зикргашта қарзи мазкурро баргардонад, вале тӯли ин муддат ҷаримаҳо ва фоизҳо дар ҳаҷми 33 миллион сомонӣ ба ташкилотҳои бонкӣ супорида шудааст.
Ҳоло муассиси ширкат Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович бо дастрасии моддаҳои 246, қисми 3 ва 295, қисми 2-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳабси пешакӣ гирифта шудааст. Аммо сари вақт супурдани фоиз ва ҷаримаҳо дар ҳаҷми 33 миллион сомонӣ, ҳамчунин қисм ба қисм бозпас гардонидани қарзи мазкур ба ташкилотҳои бонкӣ далолати он аст, ки масъулини ширкати «Умед-88» аз супурдани қарзи мазкур саркашӣ накардаанд ва нияти баргардонидани қарзро доранд.
Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат, Президенти маҳбуб Эмомалӣ Раҳмон! Мо бақои миллатро дар андешаҳои хирадмандона ва кафолати адолатро маҳз дар оинаи чашмони бедори Шумои азиз мебинем. Зеро маҳз Шумо, мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, бо ҳастии пурмаънои хеш пояҳои ин давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро дар асоси қонун бунёд гузоштаед, ки хар як хишти бинои ин давлати миллӣ нақши дастони созандаи Шуморо чун мӯҳр дар хазинаи таърих ҳифз кардааст. Мо бо чашми ақл шоҳиди ҳазорҳо хидматҳои шоистаи Шумо баҳри ободии ин ватан гаштаем. З-ин рӯ, ба ҳар як ҳарфи Шумо, ки ҳарфи таърих аст, аз самими қалб бовар дорем, зеро ҳастии Шумо - кафили зиндагии босаодати ҳар яки мо мебошад.
Шумо, Президенти маҳбуб, борҳо дар баромадҳоятон аз волоияти қонун ва арзишҳои ҳуқуқи инсон ёдовар шуда, мақомоти қудратиро хушдор дода будед, ки дар пойдории адолат, ки мояи ҳастии миллат аст, боандеша ва боэҳтиёт бошанд, то оинаи пурҷилои таърихро ғуборе наафканад. Ҳамчунин, зикр карда будед, ки барои як кадрро тарбият кардан ҳудудан 40 сол лозим меояд ва сокинони ин сарзаминро, ки Шуморо чун фарзанданд, набояд ба хотири содир кардани як гуноҳ пушти панҷараи зиндон гузоранд.
Ҳоло мо кормандони ширкати «Умед-88» ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ, аз Шумо Падари хирадманд, ки қалбе бузург чун кӯҳҳои сарбафалак ва шаффоф, чун чашмаҳои кӯҳистон доред, авфи гуноҳ металабем. Илтиҷо мекунем, ки ба Раҷабалӣ Одинаев, ки аз шарофати дастони пурбаракаташ фарзандони азизамон нон хӯрдаанд ва ҳамеша бо лабханди гарм дар ғаму шодиямон ҳузур доштанд, чораи пешгирӣ аз намуди дар ҳабс нигоҳ доштан ба намуди тарк накардани ҷои зист ва ё дигар чораи пешгирӣ тағйир дода шавад.
Ҳар яки мо тариқи соядастҳои хеш, ки дар поёни номаи мазкур мегузорем, кафолат медиҳем, ки дар ҳолати ғайриҳабс будан Одинаев Р. Ғ. метавонад қарзи мазкурро бипардозад, зеро мувофиқи хулосаи экспертизаи нархгузории ВА ҶТ нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории ширкати ватании «Умед-88» дар айни ҳол маблағи зиёда аз 175 миллион сомонӣ нархгузорӣ карда шудааст ва илова бар ин, амволи хешу таборони номбурда низ метавонад маблағи муайянеро ташкил бидиҳад. Ҳамчунин, Одинаев Р. Ғ. дар ҳолати ғайриҳабсӣ будан метавонад бо дарназардошти кафолати моликияти ширкат ва боварии соҳибкорони Федератсияи Русия, ки давоми ҳамкориҳои бисёрмуддат сазовор гардидааст, 40 миллион доллари ИМА-ро барои амалӣ намудани ин ӯҳдадориҳо тариқи шартномаи қарзии бисёрсола бигирад.
Бояд зикр кард, ки вазъи саломати Одинаев Р. Ғ. бо иллати осеби сутунмӯҳра, бемории шуш ва сактаи қалб хуб нест ва нигоҳ доштани ӯ дар боздоштгоҳ боиси авҷ гирифтани бемориҳои мазкур мегардад.
Мӯҳтарам Пешвои муаззами миллат, Эмомалӣ Раҳмони азиз! Мо муштариён ва хешовандони Одинаев Р. Ғ. аз Шумо, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ки соябони сари ҳар яки мо мебошед, қаблан илтиҷо мекунем, ки модари пиронсоли азизи ин соҳибкорро, ки дидаҳои камнураш дар роҳи бозгашти фарзанди азизаш чор аст ва қалби афгоре доранд, ба дидори фарзанди азизаш бирасонед. Зеро мо борҳо тариқи симову садои ватанӣ шоҳид гаштаем, ки қалби пурмуҳаббат ва инсонгароёнаи Шумо ҳатто кӯчактарин ҳоҳишу илтиҷои мардумро беҷавоб нагузоштааст. Аз ин рӯ, боварии комил дорем, ки моро низ аз неъмати бахшоишҳоятон бенасиб намегардонед.
Боқӣ, чун ҳар вақти дигар мо аз самими қалб бо муҳаббати гарм барои саломатии Шумо ва пойдории давлатдории миллӣ дасти дуо мебардорем.

Бо эҳтироми самимӣ, як гурӯҳ ҳамкорон, хешу таборон ва волидайни Одинаев Раҷабалӣ Ғафорович

Хонданд 903

Сокинони Мирзочул: Мо ташнаем!

Нояб 18, 2017
Диданд: 627

Ба таваҷҷӯҳи раиси ноҳияи Рӯдакӣ Муҳаммадраҳим Юсуфӣ

Мо, сокинони деҳаи Мирзочул дастуру супоришҳои Сарвари давлат, Президенти Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кори худ қарор дода, баҳри ободии ватани маҳбубамон аҳлона меҳнат мекунем.

Деҳаи Мирзочул дар шафати шаҳри Душанбе ҷойгир бошад ҳам, мардумаш аз набудани оби нӯшокии тоза хело азият мекашанд. Аксари беморон аз истифодаи оби нӯшокии ифлос ба касалиҳои гуногуни сироятӣ гирифтор шудаанд. Аҳолии деҳа то ба имрӯз 3221 нафарро ташкил дода, шумораи хоҷагиҳои деҳа ба 326 адад расидааст. Дар деҳа МТМУ №68 фаъолият намуда, дар он 678 нафар фарзандонамон ба таълим фаро гирифта шудаанд. Соли гузашта қисми бештари хонандагони таълимгоҳ ба касалии сироятии «обакон» ё «гул» гирифтор шуданд. Ҳатто аз ин касалӣ фавти кӯдакон ба қайд гирифта шуда буд. Таълимгоҳ аз набудани оби нӯшокӣ хеле азият мекашад. Дар байни аҳолӣ касалиҳои гузаранда вуҷуд доранд, ки манбаи онро аз об медонанд.
Мо, сокинони деҳа оби нӯшокиро аз канали Ҳисор мегирем, ки он аз дохили шаҳр меояд ва чиркину ифлос буда, микробҳои касалиовар дар он зиёд аст. Ҳангоми набудани об дар канали мазкур оби нӯшокиро бо мошинҳои кироя меорем. Бинобар он, бо эҳтиром хоҳиш мекунем, ки барои пешгирии бемориҳои гуногун, беҳшавии саломатии мардуми деҳа дар таъмини оби нӯшокии тоза ба мо мадад намоед. Ҳалли масъалаи мазкурро дар кофтани ду адад чоҳҳои амудӣ мебинем. Супоришу кӯмаки бевоситаи Шумо ба ташкилотҳои дахлдори ноҳия метавонад деҳаи моро бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намояд. Интизори мадад ва чораандешии Шумоем.

Бо эҳтиром, раиси маҳаллаи деҳаи Мирзочули ҷамоати деҳоти Чоряккорон С. Тошев, истиқоматкунандагон А. Ашӯров, Ҳ. Раҷабов, И. Қудратуллоев, К. Зоидов, Н. Раҷабов ва дигарон. Ҷамъ, 60 нафар сокинони деҳа.

Хонданд 627

Ба раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Ш Шоҳиён.

Ба раиси суди шаҳри Душанбе, муҳтарам Гиёзода М.Қ.

Дар рӯзгори мо муроҷиаткунандагон ҳолати ноодилонае рӯй додааст, ки дар ин мушкилӣ танҳо Воситаҳои ахбори омма мушкили моро осон менамояд ва дарди дили моро ба мақомотҳои болоӣ, аз он ҷумла роҳбари давлат мерасонад, зеро мо мустақилона ба тамоми мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак ва ғ. муроҷиат намудем, вале мутаассифона муроҷиатҳои мо бе натиҷа ва ҳатто баъзеҳояшон бе ҷавоб монданд.
Шояд дар бораи қазияи мо маълумоте дошта бошед. Мо собиқ роҳбаладони ҶСК “Тоҷик Эйр” мебошем, ки ғaйpиқoнyнӣ моро аз вазифаҳоямон озод намуда, пеш карданд. Қабл аз оне, ки моро аз кор озод намуда буданд, мо бо номаи кушод ба унвонии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барои мадад ва дастгирӣ муроҷиат намуда будем, зеро роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” бе ягон асоси қонунӣ шароити пардохти музди меҳнати тамоми кормандони ҶСК “Тоҷик Эйр” -ро тағйир дода, музди маошамонро ба андозаи аз 50 то 60 % кам карданӣ буд, ҳоло он, ки ин тағйирдиҳии пардохти музди меҳнат танҳо ба роҳбаладон дахл дошт на ба ҳамаи кормандони Ҷамъият. Ҳоло ба мо маълум гардид, ки тaғйиp додани шароити пардохти музди меҳнат танҳо ба роҳбаладон ва ҳайати техникӣ равона карда шуда, нисбати ҳайати маъмурии ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҳавонавардону сарҳавонавардон дахл надорад (оид ба ин тасмим фармони директори генералии ҶСК “Тоҷик Эйр” мавҷуд аст).
Мо коллективи роҳбаладон иборат аз 73 нафар дар муроҷиатномаи ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фиристодаамон имзо гузошта, онро ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва дигар мақомоти дахлдор супорида будем.
Вале роҳбарияти ҶСК «Тоҷик Эйр» пас аз оне, ки мо ба унвонии Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номаи кушод муроҷиат намудем, нисбати коллективи роҳбаладони ҶСК «Тоҷик Эйр» хусумат пайдо намуда, мо 14 нафар роҳбаладонро аз байни 73 нафар ҷудо карда, бе ягон тафтишу хулосаи дуруст ва розигии Иттифоқи касабаи корхона дар санаи 26.05.2017 сол, пас аз вақти корӣ, тахминан соатҳои 20:00 дақиқаи ҳамин рӯз, дар моҳи шарифи Рамазон, ки моҳи хайру эҳсон аст, дар асоси моддаи 42, қисми 1, зербанди 3-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне- “бе сабабҳои узрнок уҳдадориҳои меҳнатиро, ки шартномаи меҳнатй ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи корманд гузоштаст, мунтазам инро накардани ӯ, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ татбиқ шуда бошанд”, аз вазифаҳоямон озод намуданд, ҳоло он, ки нисбати мо 14 нафар пеш ягон муҷозоти интизомӣ (огоҳӣ, танбеҳ, танбеҳи қатьӣ) татбиқ нашуда буд. Баръакс, аксарияти мо муроҷиаткунандагон дар давраи кориамон бо грамотаҳо ва ифтихорномаҳо сарфароз шуда будем ва дар хислату кирдори мо ягон амали ғайриқонунӣ мушоҳида намешуд.
Ҳама роҳбаладони аз вазифа бе асос озодшуда, дараҷаи “Роҳбалади калон” дорем. Се нафари мо бевосита сардори Хадамоти роҳбаладон дар Ҷамъият кор кардаем ва дар кори худ соҳибкасбем. Ҳангоме, ки моро аз кор бе сабаб озод карданд як нафари мо, яъне Қурбоналии Назаралӣ дар рухсатии меҳнатӣ қарор дошт, ду нафари мо, яъне Мирзоева Фарангис ва Ахмедова Малика дар сафари корӣ дар хориҷи кишвар дар парвоз буданд, як нафари мо, яъне Леонидова Ирина бо сабаби дар курсҳои такмили ихтисос қарор доштанаш, аз иҷрои уҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, дар ҷараёни таълимӣ қарор дошт.
Аз 14 нафаре, ки ғайриқонунӣ аз вазифаҳоямон озод шудаем, 12 нафари мо занҳо мебошем, ки 2-3 нафарӣ кӯдаки хурдсол дорем. Баъзеи мо модарони танҳо буда, ягона таъминкунанда дар оила ҳастем ва бори гарони зиндагӣ ба уҳдаамон мебошад. Як нафари мо, яъне Леонидова Ирина дар даст кӯдаки ширмаки то яксола дорад. Як нафари дигари мо ҳомиладор аст (Алиназарова Елена). Ҳайратовараш он аст, ки Леонидова Ирина пас аз оне, ки аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд (декретный отпуск) ба кор баромад, ҳатто ба уҳдадориҳои меҳнатии худ шуруъ накарда, бе ягон огоҳӣ ӯро ва дар маҷмуъ ҳамаи мо 14 нафарро аз кор озод карданд. Дар байни мо як нафар зан, яъне Қурбонова Инобат мебошад, ки 40 соли ҳаёташро дар авиатсияи тоҷик сарф кардааст ва ягона зани тоҷик мебошад, ки 40 сол бе фосила дар вазифаи роҳбалади ҳавопаймо кор кардааст ва дорандаи бисёр ордену медалҳо ва грамотаҳо мебошад. То ба нафақа баромадани Қурбонова Инобат ҳамагӣ се моҳ монда буд, вале инро ҳам ба назар нагирифта, ба ӯ имкон дода нашуд, ки бо обрӯй ба нафақа барояд.
Вақте ки аз ҷониби Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” нақшаи азкорпешкунии кормандон амалӣ мешуд, онҳо пеш аз ҳама кормандони бесарпаноҳро, ки ин ҳам занон, занони танҳо, модарони танҳо, ки танҳо фарзандони хурдсолашонро ба воя мерасонанд, ҷудо карда аз кор пеш карданд.
Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” занон, модарони танҳоро, ки фарзандони хурдсол доранд бе ягон сабаб аз кор озод карда, ягон кафолату имтиёзҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси меҳнат ба онҳо додааст ба эътибор нагирифт ва амалҳои ноодилонаи ӯро ин қонунҳо сади роҳ нашуд. Ҳуқуқи модар, кӯдак, зан ва дар маҷмуъ инсон ба мисли матоъи таҳдарӣ поймол мешуд, ки ин амал дар ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёд басо нанговар аст. Дар тамоми давраи кориамон ҳоло дар ёд надорем, ки чунин поймолкунии ҳуқуқ бараъло нисбати занон ва модарон равона шуда бошад. Мутаассифона, ин доғи рӯз имрӯз ба души мо афтидааст ва сарсону саргардон шуда дар ба дари мақомотҳо медавем.
Аҷибаш он аст, ки сабаби аз кор пеш карданамон ин ҳамон муроҷиатномае, ки ба унвонии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон навишта будем асос шудааст. Яъне ба Роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр” маъқул нашудааст, ки камбудиҳои дар Ҷамъият ҷойдошта ва норозӣ буданамон барои кам кардани музди меҳнатамонро ба унвонии Роҳбари давлат арз кардаем. Магар ба Роҳбари давлат арз кардан гуноҳ аст? Мо ёд надорем, ки барои ба Роҳбари давлат арзу шикоят кардан касеро муҷозот карда бошанд. Вале акнун бо чашми cap инро дидем ва дар ҷисми худ мушоҳида кардем. Шояд ин дар ояндаи наздик таҷриба ҳам шавад барои дигарон!
Вақте ки ҳуқуқҳои конститутсионии мо дағалона поймол мешуд, мо муроҷиаткунандагон ба Прокуратураи нақлиёти Тоҷикистон муроҷиат намуда будем ва Прокурор нисбати фармонҳои ғайриқонунии ҶСК “Тоник Эйр”, ки бо он мо аз кор ронда шуда будем эътироз оварда, талаб намуд, ки фармонҳои ғайриқонунии Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” бекор карда шуда, моро ба кори пештараамон барқарор намоянд. Вале роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр” амри прокурорро низ иҷро накард. Хеле андуҳгин гардидем, ки ҳоло замоне шудааст, ки бархе мансабдорон худро аз қонуну инсоният авлотар мешуморад ва ҳатто амру эътирози прокурорро, ки баҳри барқарорсозии адолат ва қонуният қабул мешавад пеши пой мекунанд. Пешвои миллат дар ҳама баромадҳояш зикр менамояд, ки шахсони мансабдор волоияти қонунро таъмин намоянд. Вале дар ҳолати мо, ин амру дастури Пешвои миллат рӯи қoғaз монд. Магар дар ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки волоияти қонун ва иҷрои он аз ҷониби ҳар як фард шарт ва зарур аст, мумкин аст, ки ҳамин гуна поймолкунии ҳуқуқи инсон, модар ва кӯдак ба роҳ монда шавад? Албатта не!
Пас аз ин амалҳои ғaйриқонунӣ 12 нафари мо маҷбур шудем, ки барои ҳимояи ҳуқуқҳоямон ба суди ноҳияи Шоҳмансури ш. Душанбе бо даъво дар бораи барқарор намуданамон ба кори пештара ва ғ. муроҷиат намоем. 2 нафар занҳои дигар, ки дар якҷоягӣ аз кор ронда шуда будем, дар алоҳидагӣ бо даъвоҳои алоҳида муроҷиат намуданд.
Ҳатто ҳуқуқҳои мо то он дараҷа поймол мешуд, ки борҳо ба ҶСК “Тоҷик Эйр” барои гирифтани нусхаҳои фармонҳоямон ба таври хаттӣ муроҷиат намуда будем, то ки ба суд муроҷиат намоем. Вале роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” на ба талаботҳои Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва на ба талаботҳои Қонуни Ҷуҳурии Тоҷикистон “дар бораи муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ” итоат накарда, ба мо нусхаҳои фармонҳоямонро надоданд ва ҳатто ҷавоби хаттӣ ба муроҷиатамон нагирифтем. Мо як илоҷ карда, ба суд муроҷиат намудем ва танҳо дар охирон рӯзи мурофиа нусхаҳои фармонҳоямонро ба суд пешниҳод намуданд ва мо бо он шинос шудем.
Мо хеле аз адолати судӣ умедвор будем ва боварӣ доштем, ки ҳокимияти судӣ ба ин бедодию беадолатии роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” бо қарори одилонаи худ нуқта мегузорад. Вале сад афсӯс, ки ин тавр нашуд. Судяи суди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе Чӯрахонзода Масрур умеди моро ба рӯзи хубу обод, барбод дод.
Новобаста аз он, ки мо занҳо-модарон аз рӯи қонунҳо имтиёзҳо дорем ва моро ғaйpиқoнyнӣ аз кор озод намуда буданд ва гарчанде, ки Прокуратураи нақлиётии Тоҷикистон, Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи Тоҷикистон ва Хадамоти давлатии назорат дар соҳаи меҳнат ва шуғли аҳолӣ ба манфиати мо даъвогарон хулоса дода, аз суд талаб намуданд, ки даъвои мо қонеъ карда шуда, ба ҷои кори пештараамон барқарор карда шавем, вале судя аз тарсу фишор буд ё ин, ки аз чизи дигар тарсид, ки талаботҳои даъвогии моро бе асоси қонунӣ рад намуда, фармонҳои ғайриқонунии Роҳбари ҶСК “Тоҷик Эйр”-ро асоснок шуморид. Охирон мурофиаи судии мо ба тарзе гузашт, ки гӯё аз паси судя касе тела дода истодааст, ки тезтар қарорро қабул кунад. Ҳатто баъзе дархостҳои мо баррасӣ нашуда монд. Шояд, судя пас аз қарори қабулнамудааш ором хоб карда бошад, вале оромии ӯ барои худаш буд, на барои 9 нафар занони танҳою кӯдаки хурдсолдошта. Чунин шахсон, ки оби дидаи модаронро рехтанд, бе ризқу рӯзӣ монданд ва сарсону саргардон карданд, оё ором хоб карда метавониста бошанд?
Дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, ки дар вохӯрӣ бо кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ироа мегардид ва ҳидоятҳои дигари ӯ вобаста ба санадҳои судии қонунӣ қабул шудан боз ҳам рӯи қoғaз монд? Албатта, роҳбар ва намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр”, аз он ҷумла судя зану фарзанд доранд. Магар наметарсанд, ки ин гардиши фалак дар рӯзгори онҳо низ омаданаш мумкин аст?
Ҳоло мо аз болои қарори ғайриқонунии судяи суди ноҳияи Шоҳмансури ш.Душанбе Ҷӯрахонзода М. ба суди шаҳри Душанбе шикояти кассатсионӣ овардем. Аз эҳтимол дур нест, ки боз нисбати ҳалли мунсифонаи парвандаи мо Роҳбарият ва намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр” дахолат кунанд. Аммо мо умед ба ҳақиқат ва адолат дорем ва умед дорем, ки Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди шаҳри Душанбе адолатро барқарор менамояд! Дар давраи баррасии парвандаи мо Роҳбарият ва намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр” моро ба ҳаргуна гуноҳҳо туҳмат карда, дар назди судя ва дигар мақомот сиёҳ карданд. Бо ин иғвовy дурӯғ ва туҳмат, мақомоти судиро таҳти фишор ва тарс қарор доданд ва маҷбур кунониданд, ки ҳалномаи ғайриқонунӣ қабул намуда, вайронкуниҳои қонунро, ки аз ҷониби Роҳбарияти ҶСК “Тоҷик Эйр” содир мешуд бо номаи адл рӯйпӯш намоянд. Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханҳои пандомӯзаш ишора менкунад: “Судя ҳуқуқи хато карданро надорад!”. Бале, судя ҳуқуқи хато карданро надорад, зеро тақдири инсонҳоро ҳал менамояд. Судя барои ҳар як қарори худ, ҳам дар назди қонун ва ҳам дар назди Худо масъулият дорад ва хатои кардааш нобахшиданист.
Намояндагони ҶСК “Тоҷик Эйр” бо туҳмату иғвo қариб буд, ки моро душмани миллат эълон мекарданд ва ҳаргуна суханони бадро дар ҳаққи мо паҳн карда, туҳматҳоеро бар сари мо бор карданӣ мешуданд, ки гӯё бар зидди сиёсати давлат бархоста бошем. Вале Худо моро эмин дошт ва ба туҳмати ноҳақ гирифтор накард. Бо ин туҳматҳояшон бехабаранд, ки аксарияти мо аъзои Ҳизби халқии демократии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошем ва сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дастгирӣ ва ҷонибдорӣ менамоем! Рӯзноманигорони муҳтарам!
Мо муроҷиаткунандагон аксарият занон ва модарон мебошем ва аз дастгирӣ ва ҳимояи Шумо умед дорем. Мо боварӣ дорем, ки Шумо тавассути Васоити ахбори омма ба мушкилоти мо расидагӣ карда, дарди дили моро тавассути ВАО ба Роҳбари давлат ва дигар мақомоти дахлдор мерасонед. Мо дар навбати худ ба Шумо изҳори сипос намуда, дар корҳои эҷодиатон муваффақиятро аз даргоҳи Худо талаб менамоем.
Мо омодаем, ки вобаста ба ҳолатҳои дар боло зикршуда маводҳои заруриро пешкаш намоем.

Бо камоли эҳтиром,
Собиқ роҳбаладони ҶСК “Тоҷик Эйр”:
Ахмедова М.Р.
Алиназарова Е.А.
Бобоева Н.А.
Леонидова И.О.
Мирзоева К. Р.
Мирзобекова Ш.В.
Юнусова М.М.

Хонданд 768

Ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон


Салому дуруди самимонаву беназиру модаронаи худро ба Шумо, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азиз, фарзанди фарзонаву фархундаву номдору абармарди тамоми модарони тоҷик, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мерасонам.

Пешвои муаззами Тоҷикистони азиз, аз Шумо модарона хоҳиш дорам, ки ин номаи дардолуди маро ҳарф ба ҳарф, хат ба хат, дил ба дил, ҷон ба ҷон бихонед, то аз дарду андӯҳи як модари чашм ба роҳи фарзанд, ки чандест аз ҳам зиндаҷудоем, огоҳӣ ёбед.
Шумо инсони бузургу фарзанди накӯрафтору накӯгуфторе ҳастед, ки мақому манзалати модарон дар дилатон ҳамеша ҷойи алоҳида дорад. Шумо аз он, ки модари азизи худро хеле зиёд дӯст медоштед ва бе як каф дуои сабзи ӯ, ки ҳамеша бароятон сабзҷониву комёбӣ мехост, як қадам берун намерафтед, мо модарон эҳсос мекунем, моро низ дар радифи модари худ медонед.
Чанд сол қабл тавассути телевизион суханронии Шуморо дар ҷаласаи ботантанаи Иди Модар шунида будам, ки то ҳол дар ёдам мондааст. Шумо гуфтед: “Яке аз чунин ривоятҳо ба номи Султон Увайси Қаронӣ, ки байни мардум ихлосмандони зиёд дорад ва ин қиссаро айёми наврасӣ аз модарам шунида будам, алоқаманд мебошад: замоне модари Ҳазрати Султон бемор мешавад ва аз фарзанд об талаб мекунад. Вақте ки ӯ косаи обро гирифта вориди хона мегардад, хоби модар бурда буд. Субҳ модар чашм боз мекунад ва Ҳазрати Султонро коса дар даст мебинад, аз бими он, ки шарфаи пояш модарро нороҳат насозад, тамоми шаб дар остонаи дар рост истода буд». Яъне тавассути ин ривоят Шумо ҳамагонро ҳушдор додед, ки модарро иззату эҳтиром бояд кард, зеро зиндагӣ аз модар сарчашма мегирад. Гумон мекунам, баъд аз шунидани суханронии пурарзишу пурмӯҳтавои Шумо, фарзандон боз бештар ба модарашон арҷу эҳтиром гузоштаанд. Ин дӯстдориву эҳтироми беандозаи Шумо буд, ки ба хотири тамоми модарон санаи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Модар унвон додед, ки ин рамзи сипоси бепоён ба мақому мартабаи модар аст.
Ман низ модаре ҳастам, ки баъди андешаҳои зиёд ба хулосае омадам, бояд ба номи муборакатон нома ирсол намоям, ки танҳо Шумо метавонед ба оҳи дили шикастаи мани модар бирасед. Фарзанди ман Раҷабалӣ Одинаев тӯли 20 сол ширкати “Умед - 88”-ро роҳбарӣ мекард ва гумон мекунам, ки дар ин муддат тавонист кӯмаки худро ба кишвари худ бирасонад.
Ман ҳамчун модар ҳис мекунам, ки фарзанди ман Раҷабалӣ дар тӯли кору фаъолияташ дар ин ҷода бо ҷоннисорӣ ва сарсупурдагӣ ба кораш муносибат мекард ва ҳаргиз ба роҳату фароғати худ намеандешид. Яъне ӯро ман ҳамин гуна тарбия кардаам, ки дар ҳар ҷодае бошад, масъулиятро эҳсос кунад. Писари ман ҳамеша саъй мекард, ки корашро хуб анҷом бидиҳад, дасти дармондагон бигирад, ватанро ободу зебо бубинад.
Аммо дар зиндагӣ иллатҳое ҳастанд, ки мӯҷиби нофаҳмиву ноогоҳии инсон мегарданд. Ман дар ин нома тасмим нагирифтаам, ки фарзандамро таърифу тавсиф намоям, қазияи ӯро сӯе мегузорам, фақат ба ҳайси як модар аз Шумо таваллову тазарруъ мекунам, ки писарам то рӯзи саршавии додгоҳ озод карда шавад, то тавонад қарзашро бигардонад ва тавонам аз дидори азизаш дар ин айёми пирӣ қудрату қувват бигирам, вагарна, пур аз армон аз дунё навмед меравам. Ман хуб медонам, ки Шумо ҳаргиз наметавонед касеро аз даргоҳи хеш ноумед кунед, ба вижа модари паршикастаеро, ки имрӯз дурии фарзандаш ҳоли ӯро табоҳ кардааст. Шумо бо родмардиву ҷасорату меҳрубониву авф намудан дар олам намунаед, ки баъзе сиёсатмадорони дунё ба амалҳои накӯятон пайравӣ мекунанд.
Фарзанд баҳонаи будани модар аст, хоҳ нек асту хоҳ бад, аммо барои модар чун ҷону ҷигар азизу ширин аст. Ба таъбири шоире, ҳатто фарзанди нолоиқе, ки дили модарро аз синааш биканад ҳам, он пораи дил садо мебарорад: “Оҳ, дасти писарам ёфт харош, Оҳ, пойи писарам хӯрд ба санг”. Яъне модар ягона шахсест, ки ҳаргиз наметавонад ба фарзандаш хиёнат бикунад.
Ман, як модари зору парешону маҳзун бо ҳазор умеду орзу эҳсос мекунам, ки дар поёни роҳам чароғе ҳаст, ки иншоаллоҳ рӯшаниям меорад ва он чароғи орзуву умедҳоям Шумо ҳастед, ки рӯзгори тираву торамро Худо агар хоҳад, нурафшон месозед. Шумо чун хуршеде ҳастед, ки гармиву муҳаббати беназиратон ба тамоми мардуми Тоҷикистон мерасад. Охир, Шумо доди Худо, атои Худовандед, ки мардум ба буданатон ниёз дорад.
Мани модари зору фигору дилшикаставу паршикаста, синну солам ҳам ба ҷойе расидааст ва чандест, ки писарамро надидаам, хеле зиёд ёдаш кардам. Охир, ӯ ҳар субҳ «очаҷон» гуфта, зиёратам мекард ва дуо металабид, аммо имрӯз ӯ аз ман дур асту фазои зиндагиям рӯҳшикану дардолуду ҷонсӯз гаштааст. Ин зиндаҷудоӣ диламро хун кардааст ва андеша мекунам, ки оё бори дигар насиб мешуда бошад, ки писари азизамро бубинам, зеро набудани фарзандам Раҷабалӣ умри маро рӯз то рӯз кам мекунад...
Ягона умедам Шумо, Пешвои муаззами миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон ҳастеду халос, зеро сароғози ҳама нишоту шукуфоии ин Ватан, мушкилкушои гиреҳи дарди мардум, сардафтари сулҳу ишқу зебоӣ, сароҳанги фарҳангу доноии маърифату маънавиёти мо ҳастед ва хуб медонам, ки танҳо Шумо метавонед ба дарди мани модари зор дармон бубахшед. Чӣ хубест касеро авф намудану бахшидан, тавре гуфтаанд:
Авф фармудан муборак хислатест,
Ҳар кӣ дорад авф, соҳибдавлатест.
Барои Шумо таманно мекунам, ки ҳамеша, ҳар лаҳзаи умратон аз шодӣ боровар ва Тоҷикистон чун даргоҳи умеди ҳамагон, маркази нишоту тавҳид дар канори Шумо то ҷовидон бимонад.
Бо эҳтироми самимӣ, Кандалиева Бибиҷон, сокини ноҳияи М. С. А. Ҳамадонӣ, ҷамоати Дараи Калод

Хонданд 857

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.