.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Қонунҳои нонавиштаи ҳокимияти судӣ

Янв 05, 2019 Хонданд: 177
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru
Қонунҳои нонавиштаи ҳокимияти судӣ

Муносибатҳои ҷамъиятӣ ба воситаи қонунҳо, санадҳои меъёрии зери қонунӣ ва санадҳои локалӣ (дохилӣ) ба танзим дароварда мешаванд. Санадҳои ҳуқуқӣ санадҳои меъёрӣ ва ғайримеъёрӣ шуда метавонанд. Санади меъёрии ҳуқуқӣ ҳуҷҷати расмиест, ки бо роҳи райъпурсии умумихалқӣ аз ҷониби мақомоти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ё шахси мансабдори ваколатдори давлатӣ қабул мегардад. Мутобиқи меъёри моддаи 10 Конститутсия Конститутсияи Тоҷикистон эътибори олии ҳуқуқӣ дорад ва меъёрҳои он  мустақиман амал мекунанд. Қонунҳо ва дигар санадҳои ҳуқуқие, ки хилофи Конститутсияанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд. Давлат ва ҳамаи мақомоти он,  шахсони мансабдор, шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои онҳо вазифадоранд Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳуриро риоя ва иҷро намоянд. 

Дар асоси меъёри м. 14 қонун “Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ” агар дар худи санади меъёрии ҳуқуқӣ ё дар санади меъёрии ҳуқуқии мавриди амал қарор додани он тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, санади меъёрии ҳуқуқӣ бевосита амал мекунад. Бевосита амал кардан маънои онро дорад, ки татбиқи меъёри ҳуқуқии аз санадаи ҳуқуқӣ сарзадаро ба кадом шарту шароити дигар вобаста кардан мумкин нест. Мутобиқи меъёри қ. 5 м. 82 ҳамин санад Пленуми Суди Олии ҶТ ва Пленуми Суди Олии иқтисодии ҶТ таҷрибаи судиро оид ба амалияи татбиқи қонунгузорӣ ҷамъбаст намуда, тавзеҳоти дастурӣ медиҳад ва он барои судҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошад. Тавзеҳоти дастурӣ маънои муқаррар кардани меъёр (амалу беамалӣ)-ро надошта, танҳо барои дуруст дарк кардани мундариҷи меъёри ҳуқуқи таъиншуда мебошад.

Мутаассифона, дар амалияи судӣ ҳолате рух медиҳад, ки судҳо бидуни талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ талаботи (амалу беамалӣ)-ҳои аз ҷониби худ таъиншударо мавриди истифода қарор медиҳанд. Қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” таъин кардааст, ки (қ. 4. м. 2) тартиби аз тарафи судҳо баррасӣ намудани парвандаҳоро қонунгузории мурофиавии ҶТ муайян менамояд. Талаботи судя, эҳтироми суд ба амалу беамалии судя пурра вобаста мебошад. Бесабаб нест, ки дар қонуни ёдрасшуда (қ. 4 ва 5 м. 13) ибораи “талаботи қонунии судя” ба кор рафтааст, на “талаботи судя”.

Солҳои охир дар фаъолияти баъзе судҳо қоидаҳое амалӣ гашта истодаанд, ки онҳоро ба ҷуз аз маҳдуд кардани ҳуқуқ ва озодии инсон ва шаҳрванд чизи дигаре баҳо додан мумкин нест. Ҳадди ақал, агар ин қоидаҳо тавассути санадҳои меъёрӣ таъин мешуд, он гоҳ гила на аз суд, балки аз мақоми қонунгузор-давлат мешуд. Суд ягона ҳокимиятест, ки тавассути он ҳуқуқ ва манфиати қонунии инсон ҳимоя карда шуда, адолат таъмин карда мешавад. Маҳз дар ҳамин асос ибораи “адолати судӣ” дар маркази диққат аст.

Дар даромади биноҳои суд “кашида гирифтани телефонҳои мобилӣ” анъана шудааст. Кашида гирифтан дар худ аломатҳои мусодираро дорад. Мусодира бошад як навъи ҷазо (м. 47 КҶ-ҷазои асосӣ ё иловагӣ) буда, дар асоси ҳукми суд нисбати маҳкум (м. 57 КҶ) татбиқ карда мешавад. Моддаи 248 КҶ тасарруфи ошкорои молу мулкро ҳамчун ғоратгарӣ муқаррар кардааст. Суоле пайдо мешавад, ки татбиқи ин амал дар асоси муқаррароти кадом санади қонунӣ рӯи кор омадааст? Зарурати ин амал дар чист? Чаро судяҳо (дигар мақомот) аз мавҷудияти дастгоҳҳои мобилии корафтодагон меҳаросанд? Дар баъзе идораҳои суд посбонони даромадгоҳ ончунон бо таҳқир бадани корафтодагонро “кофтукоб” менамоянд, ки шахс танҳо зери ифодаи “замин сахт, осмон баланд” тоқат мекунад. Чунин раванд хуш нест. Муҳаббати мардум ба давлат, садоқати ватандорӣ дар чунин лаҳзаҳои таҳқирӣ коста мегардад. Гӯё ин амал ба хотири таъмини бехатарии судҳо (дигар мақомот) доир мешавад. Ошкор аст, ки шахсони ҷинояткор бо тартиби махсус ба суд оварда ва бурда мешаванд. Дар муносибат бо парвандаҳои оилавӣ, гражданӣ ва маъмурӣ роиҷ донистани амали мазкур танҳо ба иззат расидан, муқаддасоти ҳуқуқи конститутсиониро халадор кардан аст. Сабти мурофиаҳои судӣ худ барои таъмини адолати судӣ (ҳамчун далел, м. 57 ва 80 КМГ) беҳтарин васила аст. Шояд маҳз ҳамин имкониятро аз байн бурданӣ шуда, дар судҳо (дигар мақомот) ба он талош мекунанд, ки дастгоҳҳои мобилӣ вориди суд (идораҳои дахлдори дигар) нашаванд. Посбонон ба суоли “дар кадом асос моли шахсии манро кашида мегиред?” як ҷавоб доранд: Супориши калонҳо аст! Оё роиҷ аст, ки дар асоси “супориши калонҳо” ҳуқуқ ва манфиати конститутсионии инсон ва шаҳрванд, ки онро қонун муқаррар кардааст, халалдор карда шавад? Ҷомеае, ки дар он ҷои иродаи қонунро иродаи мансабдор мегирад, бо бадтарин мафҳуми низоми сиёсӣ ном бурда шудааст. Тоҷикистон дар асоси Конститутсия “ҷомеаи ҳуқуқбунёд” (м. 1) таъин гаштааст. Ҳуқуқбунёдии Тоҷикистон ба он маънист, ки иродаи ҳеҷ мансабдоре наметавонад аз болои меъёри поёнтарин санади ҳуқуқӣ афзалият дошта бошад.

Қоидаи дигаре, ки дар баъзе судҳо амалӣ шудан дорад, ин тавассути “судяи навбатдор” ба котиботи суд супоридани арзу шикоят мебошад. Ва дар бештари вақт “судяи навбатдор” дар мурофиаи судӣ банд буда, шахс соатҳо интизори он мешавад, ки “судяи навбатдор” ҳозир шавад. Ва баъзан чунин рух медиҳад, ки судяи навбатдор умуман пайдо намешаваду корафтода тамоми рӯзи худро пушти дари суд бо асабоният паси сар мекунад. Ба ифодаи баъзе раисони суд ин амал ба хотири он аст, ки мардум ба иллати нодонӣ асноди хаторо ба суд насупоранд ва шароити “афзоиши кор” ба вуҷуд наояд. Ба ифодаи дигар, ин амал гӯё ҳамчун як навъи ёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст. Ба андешаи мо, агар ҳамин аст, хуб аст. Аммо хубӣ дар заминаи мушкилот ва қонуншиканӣ? Ба ин хотир, дуруст мебуд, ки ёрии ҳуқуқӣ бо роҳҳои дигар, аз ҷумла, баланд бардоштани маърифтаи ҳуқуқии ҷомеа, баргузор ва фаъол намудани фаъолияти нуқтаҳои ёрии ҳуқуқӣ амалӣ карда шавад. Қонунро на ба хотири хубӣ ва на ба хотири бадӣ шикастан мумкин нест. Ин мантиқ ғояи системаи ҳуқуқ мебошад.

Масъалаи аз ҳама ташвишовар дар фаъолияти судҳо болои меъёрҳои қонун аз ҷониби судяҳо афзудани талаботи иловагии ғайриқонунӣ мебошад. Ҳолати зиёдест, ки судяҳо аризаҳоро дар асосҳои ғайриқонунӣ бе баррасӣ ва ё беҳаракат мегузоранд. Ва дар Таъинот риоя нашудани талаботи м. 134 ва 135 КМГҶТ (124-125 КМИҶТ)-ро асос меоранд. Ин ҳам дар сурате, ки ҳамаи талаботи моддаҳои мазкур риоя карда шудааст. Аммо судя бо ташаббуси худ замима шудани нусхаи шиноснома, маълумотномаи ҷои зист, маълумотнома оид ба ҳайати оила ва ҳоказоро ҳамчун асоси риоя нашудани талаботи моддаҳои зикргашта меҳисобанд. Чунин амал гузаштан аз ҳадди ваколат ва бор кардани иродаи худ ҳамчун меъёри қонун мебошад.

Дар амалияи судӣ қисме аз судяҳо барои тарафҳои дигари баҳс (тарафи муқобил) замима намудани аснодеро талаб мекунанд, ки ин аснод дар ихтиёрдории тарафи муқобил мавҷуд аст, ё ин аснод маҳз санади қабулкардаи тарафи муқобил мебошад. Амали мазкур аз ҷонби судяҳо дар аксар вақт ба иллат сар мезанад. Яъне судя муҳлати баррасии аризаро ба ҳадди гузаштан расонида, барои барқарор намудани муҳлат даст ба чунин кирдор мезанад. Ва барои судя вақти шаҳрванд гӯё аҳамият надорад.

Дар шароити кунунии Тоҷикистон хизматрасонии алоқа дар ҳоли изтироб ва фалаҷ аст. Бештари кормандони алоқа касбияти расонидани асноди аҳамияти ҳуқуқидоштаро надоранд. Баъзан асноди судӣ дар дохили як минтақа (шаҳр ё ноҳия) дар зарфи моҳҳо рафта мерасад ва ё намерасад. Аксари шуъбаҳои идораи алоқа рӯзҳои шанбе ва якшанбе кор намекунанд. Далели кифоят дар ин эрод мавҷуд аст. Дар асоси низоми вақти корӣ бошад онҳо рӯзи шанбе то соати 12 (14) вақти корӣ дошта, рӯзҳои якшанбе рӯзи истироҳатӣ таъин шудаанд. Идораи алоқаро мебояд рӯзи истироҳатро таносубан дар рӯзҳои корӣ таъин намоянд. Зеро мутобиқи меъёри муҳлат дар қонунгузорӣ рӯзҳои истироҳатии идораву муассисаҳо барои аз даст надодани муҳлат барои татбиқи ҳуқуқ аҳамияти муҳим доранд. Шикояти ҷомеа аз нобасомониҳои хадамоти мазкур боиси чорабиние нагашта истодааст. Ва дар ин замина бесарусомонии робитаҳои иҷтимоӣ ва судиву иқтисодӣ бори гарони вақт мекашанд. Дар баъзе ҳолат судҳои ҷудогона аз ин вазъи “муносиб” истифода мекунанд. Дар суди шаҳри Регар судя Муқимӣ Анис аз додани нусхаи Таъинот саркашӣ намуд. Асос ин ки вай Таъинотро ба воситаи хадамоти алоқа фиристодааст. Ва судя ҳангоми аз тарафи иштирокчии мурофиа дархост намудани нусхаи таъинот ҳукм намуд, ки: Агар хоҳишу илтимос намоед, нусхаи Таъинотро медиҳам, агар талаб намоед, не! Ин ҳам дар сурате, ки дар аризаҳо ва дигар асноди судӣ рақами телефони тарафҳо мавҷуд аст, аммо дар суд маҳз ба хотири гузаронидани вақт санадро ба воситаи алоқа мефиристанд ва ба ин васила ё аз баррасии парвандаи “беарзиш” халос мешаванд, ё муҳлати зери хатар мондаи вақтро барқарор менамоянд.

Аз ҷониби судяҳои ҷудогона риоя накардани меъёри қонун ҳодисаи ҷузъӣ нест. Таассуф, иддаи мардум аз назари “шӯхӣ накун ба арбоб, мезанадат ба ҳар боб”, иддае аз назари надонистани ҳуқуқ хомӯш мешаванд ва ин хомӯшӣ боиси афзоиши қонуншиканӣ мегардад. Судяи суди иқтисодии вилояти Хатлон Давлатзода Т. Ш. ҳангоми талаби Протоколи маҷлиси судӣ барои шиносшавӣ чунин изҳор дошт, ки: Ба номи раиси суд Хайруллозода ариза нависед, агар иҷозат диҳанд, метавонед ба протокол шинос шавед, агар рад карданд, не! Чунин мисолҳо зиёданд. Ва бадии кор дар он аст, ки ҳангоми шикоят аз рӯи амали чунин судяҳо посухҳое дода мешавад, ки онро танҳо истеҳзои қонун ном бурдан мумкин ҳасту халос. Масалан, муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф. дар посух (аз 17.09.2018 №6/7-37) нисбат ба қонуншикании судяи Суди иқтисодии вилояти Хатлон навиштааст, ки: “...муайян карда шуд, ки Шумо барои шиносоӣ пайдо кардан бо протоколи маҷлиси судӣ шифоҳӣ муроҷиат кардаед ва судя Давлатзода Т. муроҷиати Шуморо тариқи хаттӣ, яъне пешниҳоди ариза иброз намудааст.  Шумо барои пешниҳоди ариза розӣ нашуда онро мухолиф ба қонун меҳисобед. Вале пешниҳоди ариза барои шиносоӣ бо протокол мухолифи қонун набуда, балки барои саривақтӣ иҷрои амал мусоидат менамояд”. Дар ҳолате ки судя бо як амалаш талаботи чор моддаи мурофиавӣ (м. 154, 157, 159 ва 182 КМИҶТ)-ро вайрон мекунад, оё месазад муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ чунин посухро раво дорад? Ин ҳам дар сурате ки муовини аввали раиси Суди Олии иқтисодӣ Қодирзода А. ба аризаи дигар оид ба ҳамин қонуншиканӣ посух (аз 15.03.2018 №6/223) додааст, ки: “Доир ... ба он, ки судя Давлатзода Т. Ш. ба Шумо имконияти ба протоколи маҷлиси судӣ шинос шудан надодааст, ... ба судя Давлатзода Т. Ш. суҳбат гузаронида шуда, диққати охирин бобати дар оянда роҳ надодан ба чунин таҷриба ҷалб гардид”. Чунин навъи ҷавоб муносиб ба меъёри кадом қонун аст? Суди Олии ҶТ аризаи шикоятиро нисбати амалҳои қонуншиканонаи судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҳамидзода В.А. баррасӣ намуда посух (аз 02.11.2018 №1-7/393) додааст: “...ваҷҳҳои овардаатон оиди ҳаракатҳои судяи суди ноҳияи Рӯдакӣ Абдуҳамидзода В.А. тасдиқ гардид. Бинобар, ин судя ... мавриди муҳокима(и) ... қарор гирифта, ӯ ҷиҳати оянда ба чунин камбудиҳо роҳ надодан, ... таъкид гардид”.

Инак, суоле пайдо мешавад, ки боби 12 қонун “Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон”-ҷавобгарии интизомии судяҳо аз ҷониби Маҷлиси Олии ҶТ барои чӣ ва кӣ таҳия шудааст? Санади мазкурро Президенти кишвар барои корбарии кӣ тасдиқ кардааст? Меъёри м. 123 (асосҳо барои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя), санксияи м. 127 (татбиқ ва бардоштани ҷазои интизомӣ) барои чист? Чораи “таъкид шуд” дар кадом қонуни нонавиштаи фаъолияти судҳо қарор дорад? Муовини раиси Суди Олии иқтисодӣ Комилӣ Ф. чунин мантиқи ҳуқуқиро аз куҷо пайдо кардааст, ки: “ариза барои шиносоӣ бо протокол мухолифи қонун набуда, балки барои саривақтӣ иҷрои амал мусоидат менамояд”? Оё ин сухан танҳо дифоъ аз қонуншикании судя нест? Ва ба кадом хотир? Посухе, ки танҳо барои “аз рӯ рад кардан” аст!? Ҳуқуқи поймолшудаи инсон ва шаҳрвандро оё метавон бо як ибораи расмгароёнаи “таъкид шуд”, ё қонунӣ ҳисобидани амали ғайриқонунӣ ислоҳ кард? Ончунон, ки суд ба қонуншикан ҷазои аз тарафи қонунгузор муқарраршударо таъин мекунад, судя низ бояд дар назди қонун ҷавобгӯ ва масъул бошад. “Таъкид кардан”-ҳои аз ҷавобгарии қонун дуркунанда бозори қонуншиканиро меафзояд. Ба қавли мардум: “Мурдани кампир ҳеҷ гап не, аҷал омӯхта мешавад”. Президенти кишвар ба судя бовар карда, ӯро дар ин маснад таъин кардааст. Ва судя савганд хӯрдааст. Шикастани ду муқаддасот-боварии Президент ва савганд наметавонад бо “таъкид шудан” гузашт карда шавад. Шаҳрвандон дар бештари ҳолат аз надонистани қонун даст ба кирдори ғайриқонунӣ мезананд. Ва Конститутсия таъин кардааст, ки надонистани қонун ҷавобгариро истисно намекунад (м. 42). Ин дуруст ва мантиқист. Зеро агар субъекти ҳуқуқӣ барои нодониста қонун шикастан аз ҷавобгарии ҳуқуқӣ озод карда шавад, он вақт низоми ҷомеа хароб хоҳад шуд. Вале оё метавон гуфт, ки судя аз нодонистани ҳуқуқ қонун шикаст? Судяе, ки намедонад, чӣ тавр аз комиссияи тахассусӣ гузашта, судя таъин шуд? Бо кадом мантиқ судяи намедониста аз номи Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор қабул мекунад? Маълум аст, ки аз номи халқи Тоҷикистон (аз номи Тоҷикистон) танҳо Президент ва Маҷлиси Олӣ ҳуқуқи сухан дорад (м. 16 Конститутсия). Пас, вақто ки ба судя дар ҳадди ин поя ваколат дода шудааст (м. 2 қонун “Дар бораи судҳои ҶТ”), оё месазад дар татбиқи ин ҳуқуқи олӣ ломасъулӣ кард? 

Дар идораҳои судӣ ба масъалаи марказии фалсафӣ-вақт кам аҳамият дода мешавад. Судяҳо дар як вақт тарафҳоро аз рӯи чанд парванда ба суд даъват карда, “бозор” ташкил мекунанд. Ва баъзан ҳангоме ки шахс дар соати таъиншуда ба суд ҳозир мешавад, аз посбонон, ки танҳо тавассути онҳо ба судя муроҷиат доир шудан дорад, як ҷавоб мешунавад: Судя мурофиа дорад. Яъне, дар телефон ҷавоб намедиҳад. Сабр кунед! Шахс баъд аз интизории 10-15 дақиқаи номуайянӣ асабонӣ шуда, маҷбур мешавад бо посбонон ба муноқиша дарояд. Ва ба ҳамагон маълум аст, ки посбонони даргоҳҳои мазкур ҳатто ҳолати ҳаяҷони руҳии чунин шахсонро ба инобат нагирифта, бо алфози беҳурматона “болои сӯхта намакоб мерезанд”. Ва ҳангоми чунин муноқиша табиист, ки корафтодагони мазкур чун “вайронкунандагони тартиботи ҷамъиятӣ” маҳкум карда мешаванд. Судяро лозим аст, ки иштирокчиёни мурофиаи судӣ ва дигар ба суд даъватшудагонро дар вақти таъиншуда қабул намояд. Дар сурати мухолиф масъулият ва ҷавобгарии масъала на бар уҳдаи шахс, балки бояд рӯи судя бошад.

Дар таҷриба ҳолате мушоҳида аст, ки судя дар дафтари кориаш нишаста аст, аммо ба даъватшуда ё корафтода посух дода мешавад, ки судя дар кор нест. Ва гоҳо сабаби дар кор набудан бо далелҳои беасоси “ба Суди Олӣ даъват карданд”, “бемор аст”, “дар суди сайёр аст” рӯпӯш карда мешавад.  

Аз тарафи судяҳои ҷудогона ба таври ошкор риоя накардани меъёрҳои мурофиавӣ мушоҳида мешавад. Судяи суди ноҳияи Сино Мустафозода Ш. дар рафти мурофиаи судӣ дархости тарафи иштирокчии мурофиаро қабул намуда (м. 169 КМГ ва м. 229 КМГ), изҳор доштааст, ки: “Дархостро кушода монда, мурофиаи судиро идома медиҳем, аммо қарор қабул намекунем”. Ин сухани айнии судя аст. Саволе пайдо мешавад, ки ин меъёр ва тарзи амалро судя барои худ аз кадом кодекси мурофиавӣ пайдо кардааст? Ва чун тарафи мурофиавӣ дар заминаи чунин амали мухолифи меъёри мурофиавии судя аз додани нишондод даст кашида, аз маҷлиси судӣ рафтааст, судя дар асоси маводҳои дар парванда мавҷудбуда бидуни доир намудани ҳеҷ кадом аз қисматҳои талаботи ҳатмии КМГҶТ (м. 155-маҷлиси пешакии судӣ, м. 156-таъини парванда ба муҳокимаи судӣ, м. 158-маҷлиси судӣ, м. 175-моҳиятан баррасӣ намудани парванда, м. 195-музокираҳои судӣ) меъёри м. 170 КМГ-ро асос намуда, ҳалнома қабул кардааст. Ба ин кирдор чӣ баҳо бояд дод? 

Дар суди иқтисодии шаҳри Душанбе судя Р. шахсеро ки вобаста ба парвандаи ба суд дохилшуда (бо риояи муҳлати мурофиавӣ) ҳамчун тарафи сеюм бо талаби мустақил (м. 44 КМИҶТ) ариза пешниҳод намудааст, маҷбур сохтааст, ки аризаашро гардонида гирад ва бо даъвои ҷудогона ҳамчун даъвогар аризаи даъвогӣ пешниҳод намояд. Бо саволи он ки ин талаб дар кадом асос аст, посухи судя ҳамин будааст: - Мумкин нест. Чӣ мумкин нест? Дар кадом асос? Савол дуруст мебуд, ки чаро нисбати рафтори чунин судя ба суди болоӣ шикоят карда нашудааст? Бале. Аммо муносибати судҳои болоӣ ба чунин шикоятҳо аксаран дар заминаи як ҷавоби анъанавӣ рӯи кор меояд: Ваҷҳҳои дар шикоят овардашуда исботи худро наёфт. Вассалом. Аммо суоли дигар ин аст, ки оё чунин судяеро пайдо кардан мумкин аст, ки ба хатои худ иқрор кунад? Гумон аст. Дар муҳлати мурофиавӣ дастрас накардани қарорҳои қабулшудаи судҳо низ аз масъалаҳои доғи рӯз аст.

Дар асоси муқаррароти м. 4 қонун “Дар бораи судҳо” судҳо вазифадоранд, ки ҳуқуқу озодиҳои шаҳрванд, манфиатҳои давлат, дигар субъектҳои ҳуқуқиро дар асоси талаботи қонун ҳифз намоянд. Вазифаи суд ин таҳкими қонуният ва таъмин намудани адолати судӣ мебошад. Ҳар шахс ҳуқуқ дорад талаб намояд, ки парвандаи ӯро суди босалоҳият, мустақил ва беғараз баррасӣ намояд (м. 5 ҳамин қонун). Муқаррароти қонун “Дар бораи судҳо” барои беэҳтиромӣ ба суд (м. 6) ва дахлнопазирии судя (м. 10) ба эҳтироми қонун, бевосита амал намудани қонун ва дахлнопазирии қонун вобаста мебошад. Судяе, ки муқаддасоти мазкурро ба зери суол мегузорад, на танҳо ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии инсонро халалдор менамояд, балки ба савганди худ, боварии Президенти кишвар иснод оварда, муҳимтарин ҷавҳари ҷомеа-ваҳдат ва муҳаббати мардумро нисбати давлат ба зери суол мегузорад. Дар ин замина, раёсати Судҳои Олӣ ва Раисони онро ногузир аст, ки барои таъмини адолати судӣ ва ба ин васила мустаҳкам намудани якпорчагии  ҷомеа, иттиҳоди мардум дар атрофи давлат ва роҳбарияти кишвар қатъияти амалро асоси кор намуда, чашмпӯшӣ ба қонуншиканиро дар ҳокимияти судӣ мусоидат нанамоянд. Дастгоҳи иҷроияи Президентро мебояд дар атрофи ин мавзуъ чораи ҷиддӣ андешад, то шаъну шавкати давлат, ки дар симои Президент таҷассум мешавад, предмети ба зери суолгузории судяи ҷудогона, дигар мансабдоре, ки аз номи давлат ломасъулона амал мекунад, нагардад. Дар Конститутсияи Тоҷикистон дар 8 модда (моддаҳои 17-19, 21, 30, 39, 41, 92) барои риоя шудани ҳуқуқи инсон ва шаҳрванд аз номи Давлат ва дар моддаҳои 64 ва 67 аз номи Президент кафолат дода шудааст. Ва Президент сардори Давлат аст. Пас, кафили маҷмӯии риояи ҳуқуқу манфиатҳои инсон ва шаҳрванд Президент аст. Дар ин замина, мансабдори давлатӣ ва ҳокимияти судие, ки ба ин муқаддасот рахна мезанад, сазовори боварии Давлат ва Президент буда наметавонад.

Агар озод будан хоҳем, бояд ғуломи қонун бошем (Ситсерон).

 

Муҳаммад Алии Нуралӣ

Тағйироти охир Шанбе, 05 Январ 2019 15:12
Хонданд 177
Баҳо диҳед
(1 _)

Медиа

1 Назар

  • Барзу Паём аз Барзу Чоршанбе, 09 Январ 2019 20:50

    Низоми суди ва хостагирии номзадхо ба мансабхои судяги ба ислохоти чидди ниёз дорад. Холо судхои Точикистон зери таъсири омилхои зиёд дар аксар мавридхо адолати судиро ба амал намебароранд. Ин холат хеле ташвишовар буда, боиси норозигии шадиди мардум мегардад. Судхои болои бо судхои поёни як навъ "хамраъйии касби" зохир намуда, санадхои ошкоро гайриконуни судиро бекор намекунанд, Чунин "анъанаи" манфур ба речаи конуният дар чумхури таъсири манфи дошта, эътимоди чомеаро ба дарёфти конунии адолат коста мегардонад.... Умуман, низом хеле фарсуда аст ва ,бидуни дигаргунсозихои амик фаъолияти самарабахши он имкон надорад...

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Январ 2019 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
  1 2 3 4 5 6
7 8 9 10 11 12 13
14 15 16 17 18 19 20
21 22 23 24 25 26 27
28 29 30 31      

Минбари сардабир

  • ДАВоДАВ

    Масофаи роҳ бо машинае, ки 150 ҳазор доллар нарх дорад…

Нигоҳи хос

  • Баҳонаи зистан

    Мақсад доштан маънои баҳонае барои нафас гирифтанро дорад. Соли 2018…
  • МАСЛИҲАТ

    Аз дидаву шунида Салом, хонандагони гиромии ҳафтаномаи «Фараж»! Мо аз…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.