.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Ҷоми ҷаҳон дар Душанбе

Фев 10, 2018 Диданд: 346
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Рӯзи 5-уми феврал дар доираи иқдоми «FIFA World Cup Trophy Tour», ки бо дастгирии ширкати «Coca Cola» баргузор гашта истодааст, Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол (ё худ Ҷоми ҷаҳонии ФИФА) ба Тоҷикистон оварда шуд. 

Ин ҷоизаи олии варзиширо футболбози машҳури дунё, қаҳрамони ҷаҳон ва Аврупо, бозингари маъруфи тими мунтахаби Фаронса - Кристиан Карамбе, инчунин намояндаи Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) ва намояндаи ширкати Coca - Cola ҳамроҳӣ карданд.
Меҳмононро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ пешвоз гирифт. Баъд аз он Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол дар маҷмааи "Кохи Борбад" ба намоиш гузошта шуд. Ҳазорҳо мухлиси футбол барои дидани ин Ҷом ва акс гирифтан бо он дар "Кохи Борбад" ҷамъ омаданд.
Дар пайи намоиш бо иштироки меҳмонон ва намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор гардид.
Ҷоми ҷаҳон оид ба футболро ба кишвари мо рӯзи 5-уми феврал аз Қирғизистон оварданд ва рӯзи 6-уми феврал онро ба Ӯзбекистон бурданд. Ба намоиш гузоштани он 9-уми сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Россия шуруъ шуда буд ва баъд он ба кишварҳои хориҷ баровада шуд. Ҷом ба 50 кишвари 6 қитъа бурда мешавад ва моҳи май боз ба Россия бармегардад.

Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол чист?
Ҷоми ҷаҳонии футбол (The World Cup) ҷоизаи асосие мебошад, ки ба ғолиби мусобиқаи ҷаҳон оид ба футбол супурда мешавад, аммо дар ихтиёри ФИФА боқӣ мемонад. Ин ҷом аз тилло сохта шудааст ва 6,175 кг вазн дорад. Дар он пайкараи ду шахс, ки курраи заминро бо дастонашон бардоштаанд, таҷассум ёфтааст. Ҷом аз соли 1974 ин гуна шакл дорад. То соли 1970 ба дастаи ғолиби мусобиқаи ҷаҳонӣ оид ба футбол Ҷоми Жюля Риме, ки номи собиқ Президенти ФИФА-ро дошт, супорида мешуд. Он Ҷом аз тилло, нуқраи тамғаи 925 ва лоҷвард омода шуда, дар он акси Нику - Худои пирӯзии Юнони Қадим ҳаккокӣ шуда буд. Соли 1970 Бразилия бори сеюм қаҳрамони ҷаҳон гардид ва охирон маротиба соҳиби Ҷоми Жюля Риме шуд. Баъди он ин ҷомро дуздиданд ва он дигар барқарор карда нашуд. Аз соли 1974 ба тими қаҳрамон Ҷоми ҷаҳон оид ба футбол (The World Cup) тақдим карда мешавад. Аввалин бор Ҷоми ҷаҳонро соли 1974 тими мунтахаби Олмон ба даст оварда буд. Бар асоси қоидаҳои Федератсияи байналмилалии футбол, ба ин Ҷом танҳо ғолибон ва сарони кишварҳо ҳуқуқи даст расонидан доранд. Ҷоми мазкур ба ҳеҷ кас ба таври ҳамешагӣ дода намешавад. Аз ин рӯ, дастаи мунтахаби кишвари ғолиби мусобиқа ба ивази ин Ҷом Ҷоми ғолибони чемпионати ҷаҳон оид ба футболро мегиранд.

Россия - мизбони ЧҶ-2018
Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол дар чор сол як маротиба гузаронида мешавад. Имсол мизбонии ин мусобиқаро Федератсияи Россия бар уҳда дорад. Бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии футболи ҷаҳон-2018 аз 14-уми июн то 15-уми июли соли 2018 дар 12 варзишгоҳи 11 шаҳри Россия - Маскав, Санкт-Петербург, Қазон, Сочи, Екатеринбург, Самара, Саранск, Ростови соҳили Дон, Волгоград, Нижний Новгород ва Калининград баргузор мешавад. Ба дастаи қаҳрамони нави ҷаҳон 15-уми июл дар варзишгоҳи «Лужники»-и шаҳри Маскав Ҷоми ҷаҳонии футбол тақдим мегардад.
Ёдовар мешавем, ки охирон маротиба соли 2014 тими мунтахаби Олмон қаҳрамони ҷаҳон оид ба футбол шуда, соҳиби ин ҷом гардида буд.
Хайёми САРАХОН

Тағйироти охир Шанбе, 10 Феврал 2018 11:28
Хонданд 346
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.