.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Дар орзуи телефони Ленин

Янв 27, 2018 Хонданд: 774
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ин ҳодиса хеле солҳо пеш рух додааст...


Бобоям соли 1916 аз ҷониби Импротурии Рус ба мардикорӣ рафта, инқилоби февралиро дар Новосибирск истиқбол намуда, аз ташкили аввалин колхозҳо хоҷагии хурдакаки “Колхозобод”-ро дар деҳаи Молотов сарварӣ карда, соҳиби ордени Ленин шуда, иштирокчии ВДНХ, сохтмончии Канали Фарғона буданд. Вале ин ҷо гап сари тилфон меравад, на сарнавишти бобоям.
Зимистони соли шастум буд ва як рӯз бобоям, ки баъди муттаҳид шудани колхозҳо бознишаста шуда буд, хостааст ба як рафиқаш, ба деҳкадаи Ворух занг занад. Аз деҳаи Молотов то маркази ноҳия 40 километр, то идораи колхоз се километр роҳ буд ва тилфон ҳам дар ҳамин миқдор масофа буд. Хуллас, бобоям субҳи дигар бояд барои телефон мерафту маро низ ҳамроҳ мегирифт, чун набераи нахустин ва хеле эрка будам. Тамоми шаб хобам набурд: метарсидам, ки бобоям бе ман наравад. Субҳ аввалин бор бе нозу нуз “қаҳрамонона” дасту рӯй шуста, омодаи сафар шудам. Бобоям харро ем додаю полон зада баромад ва ҳарду бо бероҳаҳо, қад-қади заҳбур сӯи маркази колхоз равон шудем. Ҳарчанд бобо мани шашсоларо ба пӯстинаш печонда буд, сардии ҳаво аз бару почаам медаромад, аммо ҳаваси дидани тилфон маҷбур мекард, ки тоқат кунам. Хари пир бошад, қадамашро шумурда мемонд.
Раиси колхоз моро нағз истиқбол гирифт, ҳатто аз ҷевонаш ба ман ду дона қанд ҳам дод. Баъд ба як чизи мошинмонанди болои мизаш даст бурда, дасташро мисли дастаи мошини дарздӯзии модарам ғар-ғар чарх занонд. Баъд ба ким-каси ноаён амр дод: “Маро ба район бипайванд!”. Баъди иҷро шудани амраш, раис бо овози баланд “алло, сентрални? Сентрални мегӯям! Маро ба Исфара пайваст кунед! Исфара?! Исфара, маро ба Ворух пайваст кунед! Алло, алло, ин Ворух?! Ворух мегӯям! Ҳа, рафиқ раис, шумо нағзед? Мана бо фарзанди барӯманди диёри мо, рафиқ Юлдошбой гап занед” гӯён, гӯшакро “тантанавор” ба бобоям дод. Гуфтугӯи бобою дӯсташ як соат тӯл кашид, зеро дар ин миён борҳо алоқа канда шуд, телефон фих-фиху хир-хир кард ва раис борҳо дастакро чарх занонда ба “сентрални” радду бадал кард.
Хуллас, ҳамон бегоҳ хушнудона ба хона баргаштем. Бобоям аз шунидани овози дӯст, ман аз дидани як муъҷиза, ки “тилфон” ном доштааст...
Чи айёми хуше буд! Хабари НҶН-ро бастану боз кушодан ва дубора бастани Бег Сабурӣ маро ба ёди он айём бурд ва аз ин иқдоми Бег-акои азиз дудаста истиқбол намудам. Зеро бо он тилфонҳо суҳбат кардан лаззату кайфияти хос дошт. Имрӯз ҳама танбал шудаанд, аз хона набаромада, сари мизу рӯи ҷойхоб ба чор тарафи дунё занг мезананд. Ин ба ягон қолаби одамигарӣ намеғунҷад. Дар як худи оилаи мо ҳашт телефон, ҳатто модари навадсолаам телефон дорад. Тилфон бояд ташвишҳо дошта бошад, дар он сурат гуфтугӯ ба кас кайфият хоҳад бахшид. Бинобар ин, ҳама НҶН-у “Вайбер”-у “Вотсап”-ҳоро баста, ҳатто интернетро зери боли “Тоҷиктелеком” гирифтани Бег Сабурӣ хушам меояд.
Барои амнияти кишвар, барои барҳам додани ин ҳама хараҷу мараҷ аз Хадамоти алоқа хоҳиш дорам, ҳама ширкатҳои мобилиро баста, ба ҳамон телефонҳои бобои Ленин баргардад. Ҳатман ба ҳамон шакли коммутаториаш, яъне як кас дар марказ “сентрални” шуда мешинаду дигарон аз нуқтаҳо чархаашро ғар-ғар гардонида, тавассути коммутатор тамос мегиранд. Дар ин сурат назорати зангҳо осон мешаваду гуфтугӯи мардумро бемалол сабт кардан ҳам имкон дорад. Сониян, ба гузашта арҷ гузоштан ҳам қарзу ҳам фарз, ӯртоқҳо! Бо он телефонҳои табаррукӣ Ленину Сталин, Нусратулло Махсуму Шоҳтемурҳо гап задаанд! Айфону кайфону ким-чиҳоро дида, ба он телефонҳо ношукрӣ накунем. Агар ба ҳамон телефонҳои қадима баргардем, шояд моро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид намоянд.
Хоҳиши дигар ин ки, вакилони муҳтарам ҳарчи зудтар Қонуни танзими телефонҳоро қабул карда, ҳукумат дубора нуқтаҳои гуфтугӯ -“переговорний пункт”-ҳоро барқарор намояд. Як “переговорний пункт”-и ақиби “Почтамт”-и Душанберо ба ёд оред. Ҳар касеро гум мекардӣ, аз ҳамон ҷо меёфтӣ. Аз субҳ то шом интизор мешудӣ, аммо бекор намемондӣ, бо дӯстон суҳбат мекардӣ, духтарони зеборо таги чашм мекардӣ. Эҳ-ҳе, чи қадар одамон бахти худро ин ҷо ёфтаанд. Ҳоло ҳам садои телефончидухтарон бехи гӯшам садо медиҳад: “Канибадам - вторая кабина”, “Куляб - десятая”, “Мургаб не отвечает, ждите”, “Хорог - связь отсутсвует”.
Хуллас, ҳамин хел гапҳо! Баъде ки масъалаи тилфонҳои мобилиро ҳал карда, саросар ба тилфонҳои ленинӣ гузаштем, масъалаи тракторҳоро ба чиниҳо, барои оҳанпора супурда, бо ҷуфти гов рондани заминҳоро ба миён мегузорем. Баъд бо асп бурдани хату хабару рӯзномаҳоро. Эҳ, перспектива бисёр, ҷанобон!

Маҳмуди АШӮРМУҲАММАД

Тағйироти охир Шанбе, 27 Январ 2018 14:47
Хонданд 774
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.