.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Қонуне, ки интизораш будем

Янв 20, 2018 Диданд: 812
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти худ бо фаъолон ва намояндагони ҳамаи табақаҳои ҷомеаи кишвар бахшида ба 10-солагии қабули Қонуни ҶТ «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон» изҳор дошт, ки яке аз сабабҳои қабули қонуни мазкур аз он иборат буд, ки бо пайдо шудани равияҳои мазҳабии дорои хусусияти ифротӣ ва вусъат гирифтани тарғиботи зарарнок тавассути баъзе шабакаҳои интернет дар кишвар зуҳуроти бегонапарастиву тақлид ва хатар ба забону фарҳанг, бахусус, расму ойинҳои миллӣ ва ҳатто тарзи либоспӯшии мардуми мо, аз ҷумла занон, торафт қувват гирифта, таассубу зиёдаравӣ ҳангоми баргузории як қатор маросиму маъракаҳо ба ҳукми анъана даромада буд.
Дар ҳақиқат, бо қабули қонуни мазкур ҳодисаҳои бетартибӣ дар тӯйҳо, то ҳадди содир шудани ҷиноятҳои вазнини авбошӣ ва одамкушӣ, вайрон гардидани қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳо ва садамаҳои нақлиётӣ ҳангоми ҳаракати мошинҳои арӯсу домод асосан аз байн рафтанд.
Дар даҳ соли амалӣ гардидани қонун беш аз 1 400 000 маърака ба қайд гирифта шудааст, ки барои баргузории онҳо ба ҳисоби миёна 4 500 000 000 сомонӣ харҷ гардида, сарфаи умумӣ аз ҳамаи намуди маъракаву маросимҳо беш аз 18 миллиард сомонӣ (беш аз 2 млрд доллар)-ро ташкил кардааст.
Ба гуфтаи Сарвари давлат, тибқи маълумоти оморӣ, танҳо дар шаш моҳи баъди қабули қонун шумораи ақди никоҳ дар кишвар то 23 ҳазор зиёд гардида, соли 2007 ба 97 ҳазор ва соли 2008 ба 106 ҳазор расид.
Парлумони Тоҷикистон моҳи августи соли 2017 тағйиру иловаҳо ба Қонуни танзими расму ойинҳоро қабул кард. Бар асоси ин тағйирот, забҳи чорво ва додани таом дар маъракаҳои азодорӣ комилан манъ шуда, тӯйи хатна аз ин ба баъд бидуни даъвати санъаткорон бояд доир шавад. Бо тӯйи дигар муштарак кардани хатнасӯр ҳам акнун манъ мешавад.
Хуб, чаро забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маъракаҳои азодорӣ, бо шумули ҳафту чил ва сол манъ шуда, маросими тӯйи хатнаи кӯдакон бидуни даъвати санъаткорон баргузор карда мешавад? Ба ин сабаб пеш аз ҳама зиёдаравӣ, худнамоӣ, харҷи беҳуда, латтабозию латтапарасии занон, дурӯғу воҳимаҳои бебунёд шуданд. Ҳамоно баъди қабул шудани ин Қонун бо тағйироту иловаҳо мардум ҳис кард, ки бо шарофати танзим зиндагиашон чӣ қадар беҳтар шуд. Ин Қонун ва ҳеҷ кадоме аз тағйироти пешниҳодшуда мухолиф ба муқаррароти дини Ислом нест, баръакс, пеши роҳи хурофотро гирифт, зеро бисёре аз маъракаҳоро иштибоҳан исломӣ фикр карда, анҷом медоданд. Дар назар аст, ки бо манъи бисёре аз ин маъракаҳо ба муҳоҷирати корӣ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон коҳиш меёбад, зеро онҳо асосан барои пӯшондани хароҷоти маъракаҳо ва пардохтани қарзҳои миёншиканашон ба мардикорӣ мерафтанд.
Чӣ қадар бамаврид ва хуб шуд, ки маъракаи «Ақиқа», «Ҳоҷизиёрат», маъракаҳои «Ноншиканон», «Модарталбон», «Падарталбон», «Чодарканон», «Муборакбодӣ», «Шаҳтоз» (роҳбандон), даъвати санъаткорон ба тӯйи хатна, инчунин даъвати санъаткорон ва забҳи чорво дар маъракаҳои «Номгузорӣ», «Гаҳворабандон», «Чиллагурезон», «Мӯйсаргирони тифл» ва дигар маъракаҳои ба таваллуди кӯдак вобаста, забҳи чорво ва додани таом дар тамоми маросими дафну азодорӣ, аз ҷумла дар маросими «Се», «Чил» ва «Сол», «Оши сари тахта», «Душанбегӣ», «Ҷумъагӣ», «Ҳафт», «Бист» ва «Шашмоҳагӣ» манъ карда шуданд!
Мо худ шоҳидем, ки вақти оростани дастурхон дар идҳо чи қадар маблағ сарф мешуд ва аҳли хонавода, бахусус занон чи қадар заҳмат мекашиданд. Азбаски дар ҳар хона чунин дастурхон ороста мешуд ва мардум мадору имконияти хӯрдану гирифта бурдани ин қадар ғизоро надоштанд, бароварда партофтани ғизо, пӯсидану куҳна шудани он сар мешуд. Бемороне, ки гирифтори бемориҳои меъдаву рӯда, дил, фишорбаландӣ буданд, дар ин рӯз худро комилан бад ҳис мекарданд.
Дар ҳафтаномаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ҳикояи ҳаҷвие дар он шабу рӯз ба чоп расида буд, ки мазмунаш чунин буд: марде аз кор ронда мешавад ва то пайдо кардани кори дигар хурсандӣ мекунад, ки бинобар даргузашти ҳамсояи мӯйсафедаш акнун метавонад 120 рӯз бехавотир бошад, зеро дар ин 120 рӯз вай ҳар ҳафта оши душанбегию ҷумъагӣ мехӯрад, аз маъракаи сею ҳафту бисту чилу сол, ки албатта, аз 2 то 4 рӯз доир хоҳанд гашт, низ ишкамашро сер мекунад. Мард дар охир мегӯяд:
- Агар ду кампири бемори дигари маҳалла низ аз олам даргузаранд, 360 рӯз ошхӯрӣ хоҳам кард!
Албатта, ин ҳикояи тахайюлист ва пеш аз ҳама ҳаҷв аст, вале ҳаҷве, ки камбудиву ҷаҳолатро зери тозиёнаи танқид гирифтааст.
Бадтарин коре, ки дар маъракаву оинҳои сохтаву бофтаи солҳои охири мо ба назар мерасиду мушоҳида мегардид, дар маросими азодорӣ муҳобот кардану зиёдаравӣ буд. Рӯзҳои дароз дар пеши дарвоза истодан, тамоми сол сиёҳпӯш шудан, чандин рӯз ба кори давлатӣ нарафтан, ё аз кори дашту саҳро мондан, худро ғамгин вонамудан, забҳи чорво, одатан қарз гирифтан ва худро саховатманду дуоталаб вонамудан аз ҳад гузашта буд.
Бояд иқрор шуд, ки бо гузашти як даҳсола қонуни мазкур барои ҳифзи арзишҳои фарҳанги миллӣ асос гузошт, суннатҳои диниву мардумиро ба танзим даровард, анъана ва маросиму ҷашнҳои миллиро мушаххасу дақиқ намуд, пеши роҳи хурофоту таассуб, худнамоиву зоҳирпарастӣ ва исрофкориву зиёдаравиро гирифт ва ба ҷорӣ гардидани низому тартиботи ягонаи баргузории чорабиниҳои милливу мардумӣ роҳ кушод.

Соира АЗИЗМУРОДОВА,
омӯзгори МТМУ №51, шаҳри Душанбе

Тағйироти охир Шанбе, 20 Январ 2018 12:39
Хонданд 812
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.