.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

СОЛИ ҶАВОНОН РАФТ, АММО...

Янв 06, 2018 Диданд: 832
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ба касе пушида нест, ки Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ, дар рушду такомули ҳамаҷонибаи ҷомеа нақши барҷаста дорад. Яке аз анъанаҳои хос зимни ироаи Паём ихтисос додани сол ба як қишри муҳими ҷомеа мебошад. Чуноне, ки дар паёми имсола - соли 2018 дар кишвар соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон карда шуд.

То кадом андоза дар самти мазкур тараққӣ ва пешрафт мешавад, ҳоло ҳадс задан барвақт аст. Аммо эълон гаштани соли 2017 ҳамчун соли ҷавонон, чи натиҷаҳо ба бор овард, барои ҷомеаи мо маълум аст. Агар соли 2017 дар ҳаёти илмӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва ахлоқии ҷавонони мо тағйиру таҳаввул ба миён оварда бошад, шукр мегӯем ва умед мебандем, ки ин тараққиёт ба солу моҳу рӯз тааллуқ нагирифта, бо маром идома меёбад. Яъне соли ҷавонон рафт, аммо худи ҷавонон, ақл, илм ва нерӯву тавони онҳо аз байн нарафтааст ва он дастовардҳои моддиву маънавие, ки дар соли гузашта, дар ҳаёти ҷавонони мо рӯи кор омад, умед мекунем, ки дар солҳои оянда низ даҳчанд зиёда мегарданд. Бояд зикр намуд, ки гарчанде дар соли сипарӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷавонон пешрафту тараққӣ рӯи кор омад, аммо аз ҷиноёти сангин ва каҷгардиву бадахлоқии ҷавонон орӣ набуд. Бо ин мақсад бо такя ба хулосаҳои донишмандон чанде аз авомили инҳироф ва ҷинояткории ҷавононро мавриди зикр қарор медиҳем, ки ба андешаи мо аз фоида холӣ нахоҳад буд.
Равоншиносон мегӯянд, дар кишварҳои Аврупо бекориву оворагардии ҷавонон яке аз бузургтарин омили ҷинояткорӣ ба ҳисоб меравад. Ба ақидаи онҳо агар ҷавон вақти холӣ пайдо кунад, ҳатман дар мағзаш фикрҳои фармондеҳ, ҳавову ҳаваси шайтонӣ ва хаёлҳои шаҳватангез ҷой мешаванд. Дар ин ҳол, нафси аммора баҳри амалӣ намудани он фикрҳову хаёлот ба ҳаракат даромада, соҳибашро водор мекунад, то ба корҳои ношоиставу ҷиноёти сангин даст занад. Ин амалкард хоси мамолики Аврупо нест, мутаассифона ағлаби кишварҳои дунё аз ҷумла кишвари моро фаро гирифтааст. Ин ҷараён дар ҳоле идома дорад, ки дар тамоми кишварҳои дунё ба ҷавонон такя мекунанд. Нависандаи амрикоӣ, Хелен Адамас Келлер гуфтааст, “Имкон надорад, ки фарҳангу тамаддун ба қафо равад, дар ҳоле, ки ҷавонон дар олам вуҷуд доранд”. Имрӯз дар ҷомеаи мо низ сатҳи ҷинояткорӣ ба маротиб зиёд мешавад. Чуноне ба мо ошкор аст, дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ дар асари муноқишот мактаббачаҳо сӯиқасд ба ҷони якдигар мекунанд. Гузашта аз ин оворагардиву бетартибӣ дар кӯчаҳои шаҳр рӯз то рӯз меафзояд. Имрӯз бо суръат ҷараён гирифтани ҷинояткориву қонуншиканӣ аз ҷониби сокинон, ба вежа ҷавонон, ҳарзагардии онҳо дар шабонгоҳ, далолат мекунад, ки назорати бошиддати мақомот вобаста ба ин кор таъсиреро дар пай наовардааст. Чунонки хонанда огоҳ шуд, имрӯз аксари коршиносон яке аз сабабҳои умдаи ҷинояткориро аз ҷониби ҷавонон дар бекорӣ мебинанд, ки асоси шаръӣ дорад. Паёмбари Худо (с) гуфтааст, “Ду неъмате аст, ки аксар мардум дар истифодаи онҳо фиреб хӯрдаанд, яке тансиҳатӣ, дигар фароғу бекорӣ аст”. Имом Ғаззолӣ мегӯяд, “Ҷавони иззатманд! Агар нафсатро ба кори нек ва дуруст машғул насозӣ, яқин дошта бош, ки туро ба кори нодурусту ботил машғул месозад. Ва дониста бош, ки машғулсозии нафс ба кори нек ин машғул шудан ба илмомӯзӣ ва тарбияву поксозии он мебошад”.
Оилаи носолим, низ метавонад аз ҷумлаи сабабҳои ҷинояткории ҷавонон бошад. Аввалин мактаби тарбия барои фарзанд оила маҳсуб мегардад. Нахустин оғӯши гарм, ки тифлро бо адабу ахлоқ ва ба тарзи дуруст ба камол мерасонад, аввалин ҷомеаи хурд, ки фарзанд вориди он мешавад, оила мебошад. Аз ин нуқтаи назар, волидайн барои фарзанди ҷавон идеали фаъол ва намунаи ибрат ҳисобида мешаванд. Коршиносони соҳа мегӯянд, “Падару модар фарзанди навзодро ба ҳар коре одат кунонанд, бешак тифл ба он амал хӯ мегирад. Ҳар моддаеро, ки ба ӯ таълим бидиҳанд, онро ба зӯдӣ аз худ мекунад. Агар падару модар шахсони нексиришт бошанд, яқинан тифли онҳо бо одобу ахлоқ нашъунамо меёбад ва агар волидайн бадкирдор бошанд, бешак писари эшон бадкирдор ба воя мерасад”. Расули Худо (с) дар ин маврид низ сухани барҷастатаре гуфтаанд: “Ҳар тифл бо имони фитрӣ ба дунё меояд, пас падару модаранд, ки ӯро яҳудиву насрониву маҷусӣ мекунанд” (Ривояти Бухорӣ).
Яке аз омилҳои дигари ҷинояткорӣ муноқишаи оилавӣ ва рафтори нодурусти падару модар мебошад. Ҷомеашиносон мегӯянд, “Муноқиша ва ҷидоли оилавӣ яке аз бузургтарин сабабҳоест, ки насли ҷавонро ба роҳи каҷ мебарад. Фарзанд дар домани волидайне рушд ёбад, ки доиман дар ҳузури ӯ ба ихтилофоту ҷидол бипардозанд, ба ҳадде, ки падар дар як самт бошаду модар дар самти дигар, ё инки падар ба тарбияву риояи оила таваҷҷуҳе зоҳир накунад ва амалҳои нодурустро дар назди фарзанди хеш анҷом диҳад, тамоми ин кирдорҳо нооромии равониро дар руҳи кӯдак ба бор меоварад”.
Волидайн набояд дар ҳузури тифл ихтилофу муноқишоти байниҳамиро барпо кунанд, чунки ин амал ба тарбияи кӯдак таъсири манфӣ мерасонад. Як амали номатлубе, ки аз ҷониби волидайн сурат мегирад, ин аст, ки фарзанди хурдро ҳангоми амали нодурусташ, аз қабили дуздидани як шайъи ночиз мебинанду дар чеҳраи ӯ механданд ва баъзан ӯро барои дубора анҷом додани он амал ташвиқ мекунанд. Таърих ҳикоя мекунад, ки “Як марди миёнасоле моли бисёреро медуздад. Ӯро барои ҷазо додан ба назди қозӣ ҳозир мекунанд. Марди ҷинояткор қабл аз иҷрои ҷазояш талаб мекунад, ки модарашро ба наздаш биёранд. Замоне модарашро меоранд, мехоҳад ӯро бибӯсад. Вақти наздик шудан модарашро ба шиддат мегазад. Аз ӯ мепурсанд, ки чаро дар ҳаққи модарат ин амалро раво дидӣ? Дар посух мегӯяд, дар овони хурдсолиям рӯзе як тухмро аз ҷое дуздидам. Модарам шоҳиди ин амали номатлубам буд, аммо маро аз роҳи хато бознадошт, балки дубора ба ин кор ташвиқам кард ва аз ин амали зиштам розӣ буд. Бетафовутии модарам буд, ки ман то инҷо расидам” (Китоби “Ислоҳи ҷомеа”с. 127. Таълифи Муҳаммад Байҳонӣ).
Мутаассифона, имрӯз дар ҷомеаи мо падар бо фарзандаш корҳои зишту ҳаром анҷом медиҳад. Ибни Қаййим мегӯяд: “Ҳар волидайне, ки нисбат ба таълими фарзандаш беаҳамиятӣ зоҳир мекунад ва ӯро овораву беназорат мегузорад, бидонад, ки дар ҳаққи фарзандаш ниҳояти бадиро раво дидааст. Аксари ҷурму ҷиноятҳо ва ахлоқи бади фарзандон аз ҷониби падарон ва беаҳамиятии эшон сар мезанад” (Китоби “Туҳфаи навзодон”с.139). Фақру тангдастӣ, муҳити носолим, дӯстону рафиқони бадахлоқ, дороии пулу моли зиёд ва инчунин фароҳам сохтани озодии мутлақ барои фарзанд, аз ҷумлаи авомили инҳироф ва ҷинояткории ҷавонон метавонанд бошанд. Аммо уламои Ислом ва дигар равшанфикрони ҷомеа сабаби умдаи ҷинояткории ҷавононро дар заъф ва сустии ҷанбаи динии онҳо мебинанд. Оне, ки Худо ва паёмбари ӯро шинохт, аз осори гуноҳ, оқибати хатарноки дунявӣ ва узравии ҷиноят хабардор шуд, маънои оёти Қуръонро дарк кард, дар вуҷудаш ба қавле полиси имонӣ маскан мегирад, ки ба полису нозири дигар эҳтиёӣ боқӣ намемонад. Чи дар миёни ҷамъ ва чи дар танҳоӣ аз тарси Худо тарки гуноҳу маъсият ва ҷиноят мекунад. Аз ин лиҳоз масъулони моро лозим аст, ки сари ин масъала ҷиддан биандешанд, чун ягона роҳи ҳалли буҳрони ахлоқӣ таълими арзишҳои динӣ мебошад. Дар ин самт ҳама роҳҳоро истифода бояд кард, аз ҷумла барпо намудани барномаҳои ахлоқӣ тавассути телевизион мебошад, ки ин усул корсоз буда метавонад.
Ҳикмати бузургон гуфтаҳои моро хулоса мекунад: “дар пушти ҳар қаҳрамонмарди бузурге волидайни мураббӣ вуҷуд дорад”. Пас, шахсиятсозӣ, худсозӣ мебояд моро, он гуна, ки мегӯянд, “қаҳрамонмардҳо таваллуд намешаванд, балки сохта мешаванд”.

Абдулваҳҳоби АБДУЛМАННОН

Тағйироти охир Шанбе, 06 Январ 2018 12:05
Хонданд 832
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…
  • зодРӮЗ

    Андӯҳи ту, ки хуршедро падруд мегӯяд, ба андозаи ҳасрати як…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.