.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Дӯстиву душманӣ бо коррупсия

Дек 09, 2017 Диданд: 660
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Чаро дили халқ ба ришвахӯрон месӯзад?

Мардум дар кӯчаву нақлиёт ошкору ниҳон, аммо дар доираи дӯстони худ баҷуръаттар аз мавҷудияти коррупсия дар сохтори давлатӣ ҳарф мезананд. Ба андешаи онҳо, аз дасти милиса, омӯзгор, духтур, нотариус, судя ва ҳар корманди давлатӣ бӯи тамаъ меояд. Аҷоиб. Агар ин ҳама воқеият аст, пас чаро хомӯшем? Гӯё намедонем, ки Агентии зидди коррупсия дорем, то ҳангоми рух додани чунин ҳолатҳо ба кормандонаш муроҷиат кунем. Афсӯс, ки ин ҳамаро медонем, лек ба як миллати бетараф табдил ёфтаем ва ҳамкорӣ бо ин мақомотро ор меҳисобем. Ҳатто нисбати нафари поквиҷдоне, ки барои дастгир кардани ришвахоре мусоидат кардааст, бо нафрат менигарем. Ҳамсоя, хеш ё ҳамкорамонро, ки бо тамаъу ришва хона сохтаву кайфу сафо дорад, ҳимоятгарона мегӯем: «Молодес, қандаша занад, гург аст, ҳаққи худашро соҳиб аст». Дилхоҳ ҳақиқатҷӯро нафратангез «аризабоз»-у масхараомез «коммунист» гуфта, аз ӯ фосила мегирем. Пас, мо аз куҷо метавонем садои он момодояро, ки дар таваллудхона аз мо 200 ё 500 сомонӣ тамаъ мекунад, сабт кунему назди корманди агентӣ равем. Неъ. Ҳаргиз ин корро намекунем. Бахусус ҳангоме, ки зан тамаъҷӯ аст, мо омодаем ба як порадеҳи шердил табдил ёбем. «Вайҳо ҳам зиндагӣ доранд» мегӯем. Яъне, мо халқи дилсӯзем. Диламон ба тамаъҷӯён месӯзад. Пас биёед якрӯ шавем. Ё бо мақомот ҳамкорӣ намоем, ё ғайбатро бас кунем. Зеро аз ин нигоҳ, муқовимат бо коррупсия мақоли «Ҳам дар наъл мезанию ҳам дар пошна»-ро ба хотир меорад. Ҳол он ки, дар бисёр маврид зимни додугирифтҳои коррупсионӣ на фақат порагир, балки порадеҳ низ манфиатдор аст. Масалан дар донишгоҳ ҳангоми иҷрои ин амал омӯзгор соҳиби «нон» мешавад, донишҷӯ бесаводии худро рӯйпӯш мекунад. Ё «якдигарфаҳмӣ» бо корманди БДА аксар вақт ба манфиати ронанда анҷом меёбад. Ҳар муаллим ё корманди БДА, ки покниҳод асту бо мо «созиш» намекунад, он сӯ рафта «мараз»-аш мегӯем.

Ҳамин тавр, аксари мардум дар бархӯрд бо коррупсия мисли буқаламун (хамелеон) рафтор мекунанд. Яъне, ҷомеаи мо мехоҳад «хитрый» бошад, то бидуни пора камбудиҳояшро рӯйпӯш кунад. Лек, мебахшед, дар зиндагӣ қонунҳои сиёҳи нонавиштаро наметавон гӯл зад.

Дил ба қиблае месӯзад, ки сӯяш тамаъҷӯён саҷда мекунанд
Агарчи фанатҳои динӣ мансабдорони моро дунёпараст мегӯянд, дар асл воқеият чунин нест. Бисёре аз мансабдорон ошкору ниҳон намоз мехонанд. Ҷойнамози чорқатшуда дар ҳуҷраи кории баъзе ташкилоту идораҳо, ки соҳибаш шояд гоҳо пинҳон кардани онро фаромӯш мекунад, аз садоқат ба ислом дарак медиҳад. Лек вақте чунин ашхос порахӯранд, суоле дар зеҳн бозӣ мекунад, ки чаро ин тоифа сарфаҳми намозхонӣ мераванду ҳиҷ намехоҳанд эътироф кунанд, ки тамаъ ҷустан гуноҳ ва ришва ҳаром аст!? Бо онҳое, ки чунин рафтор мекунанд, ғоибона ба ин зайл гуфтугӯ мекунам: «Дар Қуръон ва ҳадисе, ки Шумо хондед, саҳифаи маҳкумкунандаи ришва кандагӣ буд? Медонам, Шумо ҳангоми тамаъҷӯӣ ном ва миқдори пулро ба забон намеоред, то ҷинояткориатон исбот нашавад. Бисёр ҳолат мегӯед, ки «ин гапи телефонӣ нест, биёед аз пеш сӯҳбат мекунем». Чун медонед, ки дар даромадгоҳи коргоҳатон нахуст телефони шаҳрвандро мусодира мекунанд, то мабодо дағалӣ ё суханҳои тамаъолудаатонро сабт накунад. Бо ин вуҷуд, эҳтиёт мекунед. Айёмро гунаҳгор месозед, мегӯед «замона ҳамин, одамгарӣ кардан даркор, чойчақа лозим, дуо диҳед, хабар гиред, дасти холӣ наоед». Хулас, бо ибораҳои нестдарҷаҳон мақсадатонро мефаҳмонед ва пора мегиред. Яъне механизми мубориза бо ришвахории давлатро фиреб медиҳед. Лек Худоро чӣ гуна гӯл мезанед? Магар намедонед, ки бо забон тамаъ кардан он сӯ истад, ҳатто агар бо қалб тамаъ кунед, Худо аз вазъ огоҳ ва луқмаатон ҳаром мешавад. Агар ин шакл рафтор доред, сад ҳайфи қиблае, ки ба сӯяш саҷда мекунед!

Вақте фаҳмиш дигар асту қонун дигар…
Вақте коррупсия мегӯм, он ҳолатеро дар назар надорем, ки як шаҳрванд аз сидқи дил дар заминаи фалсафаи зиндагифаҳмӣ, ноаёнакак ба кисаи духтур ё муаллим 5 сомонӣ мегузорад. Ҳарчанд чунин одат ҳам хуб нест. Сухан аслан сари тамаъ меравад. Вақте духтур маблағ тамаъ мекунад, моддаҳои Конститутсия пеши назар меоянд, ки чунин мазмун доранд: «давлат ҳифзи саломатиро ба инсон ва шаҳрванд ройгон кафолат медиҳад». Бо ин вуҷуд, хаёл мекунӣ тоҷик боре Конститутсия нахонадааст, ки то дар кисааш пул набошад, беморхона намеравад. Аслан ҳам тасаввур кунед, агар дар беморхонаву дорухона ба ҷойи пул китоби Конститутсия бароварда, моддаи даркориро қироат кунӣ, ё ба ҳолат механданд, ё зимни ҷарроҳӣ докапорае дар дохили шикамат фаромӯш мешавад. Яъне зиндагии мо ба қонунҳоям мутобиқ нест. Пас, чунин моддаҳоро бояд аз Конститусия ҳазф кард, то ин санади олӣ назди мардум «дурӯғгӯ» нашавад.

Коррупсия давлатро бадном мекунад!
Воқен, коррупсия як зуҳуротест, ки обрӯи давлатро дар сатҳи байналмилалӣ мерезонад, барои воридшавии сармоя ба Ватан садд мегузорад ва ҳисси эътимоди халқро ба ҳукумат кам мекунад. Бо дарки чунин оқибатҳои нангин - доштани амалҳои коррупсионӣ, давлати Тоҷикистон «Стратегияи муқовимат ба коррпусия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2013-2020»-ро қабул кардааст, ки дар ин замина талошҳо сурат мегиранд, то вазъ ба таври мусбат тағйир ёбад. Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон низ дар Паёми ахири худ аз мушкилоти мазкур изҳори нигаронӣ намуд. Мардум ҳам дар умқи дилашон аз кирдорҳои коррупсионӣ хаста шудаанд. Воқеан, агар мо мехоҳем ҳарчи зудар аз коррупсия халос шавем, бояд ин пешниҳодҳоро баррасӣ кардаву бипазирем ва он гаҳ эҳтимолан тамаъҷӯиву порадиҳию ришвахорӣ аз байн равад:
1. Тамаъҷӯӣ? Курсиро супор! Ҳар кӣ бо ҷурми тамаъҷӯӣ дастгир ва гуноҳаш собит гашт, бигзор аз ҷои кораш маҳрум шавад ва минбаъд дар сохтори давлатӣ кор накунад. Биравад суроғи бахши хусусӣ, каланд занад, бозорнишин шавад ё мардикор бошад, то аҳволи ӯ барои дигар ҳамтоҳояш дарси ибрат гардад. Дар ин сурат хавфи сар задани амалҳои коррупсионӣ аз байн меравад ва дар як вақт кӯдакони чунин афрод ҳам соҳиби як бурда нон гардида, адолати иҷтимоӣ таъмин мешавад. Яъне на сих месӯзад, на кабоб. Аммо дар ҷомеаи мо бозгашти омӯзгорон ё кормандони давлатӣ ба ҷойи кори худ баъди содир кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ воқеиятест, ки ба он ҷомаи қонунӣ мепӯшонанд. Яъне мегӯянд, ки қонун чунин ҳолатро иҷоза медиҳад, агар онро суд манъ накарда бошад. Таҳлилгарони хатлонӣ дар посух ба суоли он, ки «оё чунин «ғамхорӣ» дигар омӯзгоронро ба гирифтани пора шердил намекунад?», мегӯянд: «На». Тарафдорони ин фикр ба он боваранд, ки вақте устоди донишгоҳ ё корманди давлатӣ ба дасти Агентии зидди коррупсия меафтад, ин худ бешарафӣ, хиҷолатмандӣ ва як навъ ҷазост. Хеле аҷиб! Магар корманади бошараф ва нафаре, ки чӣ будани хиҷолатро мефаҳмад, порахӯр мешавад? Вақте ки як масъул ҳангоми пора гирифтан аз соҳиби пул шарм накард, пас чӣ гуна аз ҳамтоҳояш шарм мекардааст, он ҳам дар ҳоле, ки аксарашон шояд мисли худаш тамаъҷӯю порахӯранд?!
2. Телефонатро насупор! Ба корафтодагон иҷоза дода шавад, то бо телефонҳои дастии худ вориди дилхоҳ идораи давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шаванд. Тарс аз сабти телефонӣ боис мешавад, ки мансабдор тамаъ накунад, шаҳрванд мавриди шиканҷа, таҳқир, тӯҳмат ё дашному ҳақорати корманди мақомот қарор нагирад ва дар сурати рух додани чунин ҳолат ҳам гунаҳгор будани кадом тараф зуд муайян мешавад ва судя низ зимни баровардани ҳукм азоби виҷдон намекашад.
3. Ҳамтабақӣ бас! Гирди як миз нишастану бо ҳам тановул кардани мансабдорон (ҷуз тӯю маъракаҳо) манъ шавад. Зеро вақте афроди калидии давлат ё мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳар нисфирӯзӣ якҷо нишаста таом мехӯранд, дар натиҷа миёни эшон муносибатҳо дар заминаи «ҳурмати нону намак» пайдо мешавад ва бо якдигар ба ҳадде унс мегиранд, ки гӯӣ «акаву додар» бошанд. Агар ин пешниҳод пазируфта шавад, барои мисол аз болои қарорҳои суд ба прокуратура ё баръакс шикоят бурданд, мантиқист ва натиҷаи хуб ҳам медиҳад. Чунки мансабдорон якдигарро хуб намешиносанд, аз ҳамдигар шубҳа карда, ба амалҳои коррупсионӣ даст намезананд ва ё ҳангоми баррасии арзу шикваи мардум боадолатона қарор бароварда, «азоби виҷдон» ҳам намекашанд, яъне «ҳамтабақон»-и худро хафа намекунанд. Маҳз ҳамин фарҳанги дастурхондории мо дилхоҳ судяву адвокату корманди дигар мақомотро новобаста аз помириву суғдиву хатлонӣ буданаш дар як лаҳза дӯсту қарин намуда, ба шахси боваринок табдил медиҳад ва талошҳои давлат дар самти решакан кардани амалҳои коррупсионӣ барҳадар меравад. Агар таваҷҷӯҳ карда бошед, аксар вақт мансабдорони сатҳи шаҳру ноҳияро бо ҷурми тамаъҷӯӣ кормандони мақомоти сатҳи минтақавӣ, вилоятӣ ё ҷумҳурӣ дастгир мекунанд, ҳол он ки, мақомоти сатҳи ноҳиявӣ низ тавассути порадеҳони шартӣ метавонист чунин тамаъҷӯёнро ошкор кунад. Аммо «ҳамтабақӣ» имкон намедиҳад, ки ин навъ ҷиноятҳо ошкор карда шаванд.
4. Заминро фурӯшед! Чун дар бисёр маврид объекти додугирифтҳои коррупсионӣ замин аст, бигзор заминфурӯширо қонунӣ кунанд. Зеро замин ҳам чун дигар сарватҳои табиӣ моликияти давлат аст. Ман ҳиҷ сарфаҳми кори ҳуқуқдонҳоро нарафтам. Чаро давлат об, ҳезум, кон, бузҳои кӯҳӣ ва ғайраро фурӯхта тавонаду заминро не? Замин бояд фурӯхта шавад. Зеро, бе ин ҳам ройгон дастрас кардани замини наздиҳавлигӣ қариб ки ғайриимкон аст. Аз ниёзмандии мардум ба замин миёнравҳо истифода карда, пул мегиранд, соҳиби қасру кӯшк ва мошинҳои рангобаранг мешаванд. Аз он, ки маблағи замин ба кисаи корманди ҷамоат ё кадом қаллоби дигар меравад, беҳтар нест, ки он ба кисаи давлат дарояд, буҷа ғанӣ шавад, «Роғун»-ро созанд ё роҳҳоро таъмир кунанд?
Бояд гуфт, заминҳое, ки то 10 км дуртар аз маркази шаҳру ноҳияҳо ҷойгиранд, бигзор ҳар сотихаш 3 ҳазор сомонӣ нарх дошта бошад ва бо назардошти камзаминии Тоҷикистон 6-сотихӣ тақсим ва он ҳам ба ду оила дода шавад. Яке аз оилаҳо дар ошёнаи якум, дигаре дар ошёнаи дуввум зиндагӣ кунад. Лоиҳаи маҳаллаҳо тарзе кашида шавад, ки сокинони ошёнаҳои якум ба як кӯча ва сокинони ошёнаҳои дуюм ба кӯчаи дигар дарвозаи даромаду баромад дошта бошанд. Дар ин сурат сатҳи коррупсия коҳиш меёбад ва мушкили бехонагии мардум то ҷое ҳалли худро меёбад. Ин пешниҳод барои афроде, ки хона доранд, хандаовар аст. Зеро савора кай ғами пиёдаро дорад? Бовар кунед, тӯй кардан ё мурдан дар хонаи худ охирин армони ҳар тоҷик аст. Ин ҳодисаҳоро дар хонаи иҷора пешвоз гирифтан хеле хиҷолатовару дарднок мебошад. Суханҳои гиряолуди як кампир ҳич аз ёдам намеравад, ки мегуфт: «Дар дари хонаи мардум мурдан намехоҳам».
Он ҷанҷолҳои хонаводагӣ, ки ба оилабарҳамхӯрӣ хотима меёбанд, аксаран дар атрофи замин ва хона аст. Агар тақсимоти замин одилона сурат гирад, 3 сотих замин ва як кулбаи муваққатӣ кофист, ки садҳо оила аз парокандагӣ эмин монанд.
Мутаассифона, дар баъзе маврид заминҳо, бахусус заминҳои наздик ба маркази ноҳия насиби соҳибкорону мақомдорон ё афроди наздик ба онҳо мегардад, ки дар асл баъзеашон ҳеҷ ниёзе ба замин надоранд. Ба муаллим ва духтуре, ки дар маркази ноҳия кор мекунад, 10-20 км дуртар аз ҷойи кораш дар як биёбон замин медиҳанд, ки агар он ҷо хона бунёд кунад, маҷбур аст ҳар рӯз 20 сомонӣ роҳкирою 10 сомонӣ «обедпулӣ» сарф намояд. Агар маошро бо ин хароҷот муқоиса кунем, тақсимоти замин ғайримантиқӣ ба назар мерасад. Хона бояд ба коргоҳ наздик бошад, то хароҷот кам шавад. Имрӯз садҳо оилаи зиёӣ дар шаҳрҳо маошро гирифта рост ба ҷайби соҳибхона ҳамчун ҳаққи иҷора месупоранд. Аз ин лиҳоз, ҳиҷ не, ки 1-и онҳо 2 шавад. Зеро хона ба объекти даромати муфти баъзеҳо табдил ёфтааст. Дар як шаҳре, ки анқариб нисфи хонаҳояш ба иҷора дода шудаанд, қариб ҳеҷ соҳибхона ба давлат андоз намесупорад. Дар ин маврид нозирони минтақавӣ, раисони маҳалла ва махсусан масъулони андоз дар даҳон об гирифта мегарданд. «Как будто, нечего не было». Ба ин хотир, ман ҳоло намегӯям, ки бо назардошти камзаминии Тоҷикистон бояд хариди хона маҳдуд карда шавад. Зеро эҷодгарони қонун эҳтимол худ ба як хона қаноат намекунанд. Барои ин ман аввалан пешниҳод карданӣ будам, ки мафҳуми «ҳама дар назди қонун баробаранд» аз Конститутсия ва қонунгузориҳо хориҷ карда шавад. Фақат дар ин сурат депутатҳо қонунҳои барои мардум манфиатнок пешниҳод ва қабул карда метавонанд. Масалан агар дар қонун нависем, ки «шаҳрвандон ҳақи аз як хона зиёд доштанро надоранд ва як вергул гузошта, «ҷуз вакилон» гӯем, он вақт эҳтимол ин қонун қабул гардида, нархи хона поин равад ва мардум аз азоби дарбадарӣ халос шаванд. Аз ду сар ҳама дар назди қонун баробар нестанд. Вакилон ва мақомдорони сатҳи олӣ дахлнопазиранд. Ин меъёр дар Конститусия мустаҳкам шудааст. Як бор Конститутсия хонед! Аз калимаи нобаробарӣ набояд ҳаросид. Дигар ин мафҳум инқилобангез нест. Ҳамаамон ба чунин муҳит одат кардаем. Охир, воқеияти зиндагии мо ҳамин аст. Инсон аз дурӯғ дида, ба ҳақиқат зудтар унс мегирад.
5. Пора додӣ, ҷарима супор! Порадеҳон бояд ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. Зеро вақте як касро бо ҷурми қаллобӣ дастгир мекунанд, «тапар-тупур» сар мешавад. Даҳҳо даъвогар чун замбурӯғҳои баъди борон пайдо шуда, мегӯянд, ки «ин қаллоб аз мо ҳам фалон миқдор доллар гирифтаву ваъдаи замин карда буд». Эъ, то ин вақт куҷо будед!? Гӯё намедонистед, ки заминро намеха-ра-н-д, балки онро бояд мақомот ройгон диҳад. Инро медонистед, аммо барои манфиати худ бо ҷинояткор забон як карда будед-ку! Агар порадеҳро ҷавобгар кунанд (ҷарима банданд), чашми дигарон метурад. Албатта, вақте мегӯяд, ки «тавони пардохти ҷаримаро надорам», ба ӯ бояд гуфт: «Порапулӣ меёбӣ-ку!».
Хуллас, бо ҷазо додани порадеҳон, ки дар бисёр маврид мақомот аз онҳо «фиребхӯрдагон» ном мебарад, метавон то ҷое сатҳи ришвахориро паст кард. Порадеҳ кӯдак нест, ки ӯро «фиребхӯрда» унвон кунем. Дилсӯзӣ ба порадеҳон бас аст!
6. Муборизаи виҷдонӣ пурзӯр карда шавад. Агарчи ҳарфи рӯҳониён дар муқовимат ба коррупсия таъсирбахш ба назар рассад ҳам, лек иштироки онҳо дар фаҳмондадиҳиҳои зидди коррупсионӣ мушоҳида намешавад. Ё шояд масъулон намехоҳанд шунаванд, ки даромади пулӣ аз ҳисоби тамаъҷӯиву порахӯрӣ макрӯҳ аст? Бигзор диндорон ошкоро гӯянд, ки тамаъҷӯӣ гуноҳ ва пули бо ин роҳ ба даст омада макрӯҳу ҳаром аст. Шояд он вақт ақаллан мансабдорони намозхон сари хулосае меоянд. Наход ибодати онҳо барои аз мардум «бонус» гирифтан бошад?

Анҷом
Таҳлилгарон боло бурдани маошро роҳи аслии аз байн рафтани коррупсия маънидод мекунанд. Вақте мансабдоре бо 10-20 ҳазор доллар пора ба даст меафтад, пас маошашон бояд ба ин андоза бошад? Ҳатто чанде пеш як мансабдори тоҷикро дар ҷараёни «обулойкунӣ»-и мабалғҳои грантӣ бо ним миллион доллар пора дастгир карданд. Аз ин нигоҳ, мо бояд маошро 500 ҳазор доллар муқаррар кунем.
Дар маҷмӯъ, суоли матраҳ ин аст, ки агар омӯзгор ё ҳар корманди дигар 2 ё 4 ҳазор сомонӣ маош гирад, аз ришвахорӣ даст мекашад ё на? Таҷриба нишон додааст, ки «на». Чунки дар ҷамъияти мо порагириву порадиҳӣ кайҳо ба як одати хунӣ табдил ёфтааст. Воқеият ин аст, ки фақат инсонҳои бовиҷдон метавонанд бо маоши беҳтар қаноат кунанд. Вақте инсон дониш дораду инсоф не, дониши ӯ ба силоҳи хатарнок табдил меёбад. Бинобар ин, кадрҳоро бояд на фақат аз рӯи дониш, балки аз рӯи дараҷаи инсоф ва қаноатмандиашон ба вазифа таъин кард. Аммо кӣ бояд дар тафаккур ва рӯҳияи наслҳо ҳисси қаноатпешагиро парвариш диҳад? Албатта боз ҳам омӯзгор. Ба шарте, ки ӯ худ қаноатпеша бошад.
Хуллас, барои видоъ бо коррупсия аз ду роҳ якеашро бояд пазируфт. Ё кадрҳоро қаноатпеша тарбия кард ё маошро 500 ҳазор доллар муқаррар мекунем. Тамом, вассалом.

Марҳабо РАМАЗОНЗОДА, рӯзноманигор

Тағйироти охир Шанбе, 09 Декабр 2017 13:14
Хонданд 660
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.