.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Иҷлосияи наҷотбахши миллат

Нояб 18, 2017 Диданд: 437
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Соли равон ҷашни 25-солагии Иҷлосияи XVI-и таърихию тақдирсози Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки поягузори сулҳу ваҳдат ва давлатдории навини тоҷикон ба ҳисоб меравад, бо шукӯҳу шаҳомати бузург таҷлил хоҳад гардид.
Дар арафаи ин ҷашни бузурги давлатӣ, ҳамчун яке аз иштирокчиёни бевоситаи ин Иҷлосияи наҷотбахши миллат баъзе хотираҳои хешро аз он рӯзҳо баён карданиам, зеро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мӯҳтарами кишвар Эмомалӣ Раҳмон мунтазам таъкид менамоянд, ки насли калонсол - шоҳидони бевоситаи воқеаҳои таърихӣ баҳри тарбияи ахлоқию хештаншиносии ҷавонон доир ба аҳамияти Иҷлосияи мазкур, ҳодисаю воқеаҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ рух додаанд ва дастовардҳои солҳои Истиқлолият, корҳои ташвиқотию тарғиботиро гузаронида истанд.
Бо назардошти он, ки дар он солҳо камина дар вазифаи муовини раиси комиҷроияи Шӯрои депутатҳои халқии вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва дар як вақт, ба ҳайси сардори Идораи молияи вилоят кор мекардам, аз оғоз то ба анҷоми ин Иҷлосия иштирокчии бевоситаи он будам.
Ҳар як қавму миллат ва давлат дар давраи ҳастии хеш, бо мурури замон ба мушкилоту вазъиятҳои ҳассос рӯ ба рӯ мешаванд, вале тадбирандешиҳои саривақтӣ метавонад онҳоро аз чунин ҳолатҳои бӯҳронӣ фавран раҳоӣ диҳад.
Солҳои 90-уми асри гузашта, таърих барои давлати ҷавони соҳибистиқлоли тоҷик низ чунин имтиҳонҳои хеле ҷиддиро пеш гузошт, ки ҳатто хатари дар оянда арзи вуҷуд доштан ё худ, аз харитаи давлатдории ҷаҳон барҳам хӯрдани кишвари моро ба амал оварда буд. Ҳамагон хуб медонанд, ки пас аз пошхӯрии давлати абарқудрати шӯравӣ, моҳи сентябри соли 1991 дар қатори дигар ҷумҳуриҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ, Тоҷикистон низ соҳибистиқлолии худро эълон дошт. Азбаски он солҳо дар бисёр давлатҳои нав ба мустақилият соҳибгардидаи Иттиҳоди Шӯравӣ бинобар пайдо шудани як қатор муаммоҳои иқтисодию иҷтимоӣ, зери ниқоби демократияю ошкорбаёнӣ нооромиҳои сиёсӣ ба амал меомаданд, баъзе гурӯҳҳои манфиатхоҳ бо истифода аз дастгириҳои хоҷагони хориҷиашон мехостанд мардумро ба низоҳои дохилӣ барангехта, соҳиби мансабу сарватҳои калон гарданд ё худ, нуфузи сиёсиашонро дар минтақа қавӣ гардонанд. Дар чунин мавридҳо, бештар усули барангехтани оташи миллатчигию маҳалгароӣ, мансабталошию бо истифода аз номукаммалии донишҳои динии мардум, алалхусус ҷавонон, гумроҳкунии онҳо ба кор бурда мешуд, ки дар натиҷа соли 1992 Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба гирдоби ҷанги шаҳрвандӣ кашида шуд. Таърих гувоҳ аст, ки дар он солҳои барои халқи тоҷик мудҳишу даҳшатбор, кулли мардуми кишвар хеле азият мекашиданд ва он ҷанги шаҳрвандии аз тарафи қувваҳои тундгарои дохилию хориҷӣ тарҳрезишуда ба давлати соҳибистиқлоли ҷавони мо зарарҳои хеле калони ҷонию молӣ расонида буд.
Ба хотир овардани онро зарур мешуморам, ки тибқи маълумотҳои мавҷуда, дар натиҷаи ҷанги шаҳрвандӣ тӯли солҳои 1992-1993 тақрибан 60 000 кас фавтида, бисёр шахсон беному нишон гум шуда буданд, зиёда аз 60 000 нафар сокинони қисми ҷануби кишвар ба Афғонистон, 195 000 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ муваққатан барои зист ба дигар давлатҳои ҳамсояи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ гуреза шуданд. Миқдори гурезаҳои дохилии мамлакат дар он солҳои мудҳиш қариб ба 1 млн нафар расида, 35723 хонаҳои истиқоматӣ сӯхтаю вайрон гардиданд, 25000 занҳо бешавҳар, 53000 нафар кӯдакон бепарастор монданд. Дар натиҷаи ин ҷанги бемантиқ 61 муассисаи табобатӣ, бисёр мактабу муассисаҳои соҳаи маориф, бонкҳо ва дигар нуқтаҳои тиҷоратию истеҳсолӣ ғорат карда шуда, ба нобудӣ расонида шуданд. Тибқи ҳисобҳои мавҷуда, зарари иқтисодии ҷанги мазкур зиёда аз 10 млрд доллари амрикоиро ташкил медиҳад, ки он рушди давлати моро якчанд даҳсолаҳо ба ақиб партофта буд.
Дар солҳои 1992-1993 иқтисодиёти мамлакат пурра фалаҷ гардида, Тоҷикистон ба яке аз давлатҳои қашоқтарини дунё табдил ёфта, ин ҳолат дар назди роҳбарияти нави сиёсии кишвар хеле вазифаҳои мушкил, ҷиддию масъулиятнокро гузошта буд. Ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон он солҳо ба вуқӯъ пайваст, боиси ба ояндаи неки давлати мо нобоварӣ изҳор кардани аксари ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ низ шуда буд. Масалан, моҳи ноябри соли 1993 ҳангоми сафари якҷояи хизматиам бо собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Мирзоев Р. Қ. (рӯҳашон шод бод!) ба Фаронса, шоҳиди бевоситаи он шуда будам, ки дар яке аз ҷаласаҳо намояндаи ташкилоти бонуфузи байналхалқӣ бинобар дар Тоҷикистон идома доштани ҷанги шаҳрвандӣ, ҳамагуна маблағгузориҳоро ба иқтисодиёти кишвари мо бесамар меҳисобид ва хуб дар хотир дорам, ки дар он толор, бо далелҳои асоснок, муваққатӣ будани нооромиҳои сиёсии мавҷудаю барои ширкатҳои хориҷӣ дар ояндаи наздик хеле манфиатовар будани сармоягузориҳоро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон исбот карда будем.
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳама мавридҳои ҷангу нооромиҳо кулли мардум азият мекашанд, вале саркардаҳои ин ҷангҳо бештар ба қатлу куштори шахсиятҳои бузургу донишманд, инсонҳои бозаковату хирадманд ва сиёсатмадорони варзида машғул мешаванд.
Ҳодисаҳое, ки солҳои 1992-1997 дар кишвари мо ба вуқӯъ омад, бори дигар нишон дод, ки мухолифони давлату ҳукумат барои соҳибшавӣ ба мансабу дороиҳо, чандин олимони бузург, соҳибкорони муваффақ, роҳбарони кордону ватанпараст ва сиёсатмадорони варзидаро ба қатл расониданд. Насли калонсол хуб дар ёд доранд, ки яке аз аввалин қурбонии дасисабозиҳою оғози ҷанги шаҳрвандии давлати мо собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум», вакили ҳамонвақтаи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муродуллоҳи Шералӣ буд, ки санаи 5-уми майи соли 1992 аз тири нохалафон дар назди бинои Шӯрои Олӣ кушта шуд. Аз тири ашхоси нохалаф санаи 24-уми августи соли 1992 ба тариқи ваҳшиёна собиқ Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Ҳувайдуллоев, санаи 18-уми октябри соли 1992 санъаткори боистеъдод Кароматулло Қурбонов ва 11 нафар аъзои гурӯҳаш, олимони шинохтаи кишвар Муҳаммад Осимӣ (29-уми июли соли 1996), Юсуф Исҳоқӣ ва Минҳоҷ Ғуломов (6-уми майи соли 1996), собиқ муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Моёншо Назаршоев (10-уми марти соли 1994), рӯзноманигори варзида Муҳиддин Олимпур (12-уми декабри соли 1995) ва даҳҳо дигар шахсиятҳои маъруфи кишвар ба қатл расонида шудаанд, ки он зарари умуман ҷуброннашаванда мебошад.
Дар хотир дорам, ки ҳангоми хабари куштори вакили халқ, собиқ сармуҳаррири рӯзномаи «Садои мардум» Муродуллоҳи Шералӣ ба вилоят расидан, сарвари ҳамонвақтаи Кумитаи телевизион ва радиои вилоят, зани хеле ҷасуру боирода Муҳаббат Мирсаидова аз роҳбарияти он давраи вилоят талаб кард, ки тавассути телевизиони вилоятӣ ба мардум вазъиятро фаҳмонида диҳанд. Бо кадом сабаб бошад намедонам, ҳама аз ин баромад кардан худдорӣ карда, тавсия доданд, ки Карамулло Одилов бо забони тоҷикӣ хуб сухан мегӯяд ва бигзор он кас баромад кунад. Ман он вақт узви кумитаи иҷроияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони вилояти Ленинобод будам ва доир ба вазъи иқтисодию иҷтимоии вилоят, роҳ надодан ба амалишавии тамоми ғаразҳои сиёсии мухолифони давлату ҳукумат, худдорӣ намудан аз тамоми бесарусомониҳо ба мардуми вилоят муроҷиат карда будам. Ин мусоҳибаи ман бо роҳбари ҳамонвақтаи телевизиони вилоят Мирсаидова М. У. санаҳои 6-7-8-уми майи соли 1992 чандин маротиба тавассути оинаи нилгуни вилоят намоиш дода шуда буд ва модарам (рӯҳашон шод бод!) бисёр хавотир буданд, ки барои чунин ошкорбаёниҳо ба ман аз тарафи намояндагони мухолифин зараре нарасад. Вале шукри Худо, ки ҳақ ғалаба карду ман низ аз ин ҳодисаҳо зараре надидам
Ё худ, ҳанӯз солҳои «бозсозиҳои горбачёвӣ» ва махсусан дар аввалҳои соҳибистиқлолии кишвар бисёр сиёсатмадорони маҳалгаро ба саҳна баромаданд ва даъвои онро доштанд, ки тамоми даромадҳои буҷети вилоят бояд ба худи вилоят мононда шавад ва аз ман ҳамчун сардори Идораи молияи вилоят талаб мекарданд, ки ҳиссаҷудокуниҳоро ба буҷети ҷумҳуриявӣ боздорам. Вале, дар тамоми иҷлосияҳо ва ҷамъомадҳои расмӣ ба чунин ашхос қотеъона мефаҳмонидам, ки ин талаботҳои онҳоро дастгирӣ намудан теша ба решаи ягонагии давлат задан аст ва ба ин корҳо ҳангоми фаъолияти хеш умуман роҳ нахоҳам дод. Бар замми ин, тӯли он солҳои мудҳиш дар ҳамаи сатҳҳои ҳокимият бо далелу рақамҳои асосноки иқтисодӣ ва ҳам аз нигоҳи сиёсӣ, оид ба имконнопазир будани ҷудошавии вилоят аз ҷумҳурӣ баромадҳо мекардам ва боварӣ дорам, ки фаъолони собиқи вилоят ин гуфтаҳоро тасдиқ менамоянд.
Ин хотираҳоро баён намуда, ба кулли ҷавонон маслиҳат доданиам, ки агар шахс дар раванди ҳаёти хеш ба халқу давлат содиқ бошад, дар иҷрои вазифаҳои хизматии худ боинсофию адолатпешагиро риоя намояд, дар ҳамагуна вазъиятҳои мушкили баамаломада дурандешии инсонию сиёсиро дошта бошад, ба гурӯҳҳое, ки тавассути ғаразҳои сиёсиашон дар ҷамъият нооромиро ба амал оварда, тибқи мақоли халқӣ, «обро лой карда, моҳӣ медоранд», ҳамроҳ нашавад, бо гузашти солҳо дар назди халқу Ватан бо сари баланд кору зиндагӣ карда метавонад.
Бо назардошти он, ки банда аз бисёр чунин имтиҳонҳои ҳаётӣ сарбаландона гузашта будам, новобаста аз он, ки худ иқтисоддон (молиячӣ) ҳастам, ба хотири тарбияи насли ҷавони кишвар ва ҳушдор додани ҷомеа аз такрори тамоми зуҳуроти бесарусомониҳо дар мамлакат, тавассути воситаҳои ахбори умум ақидаҳои хешро баён карда меистам ва андешаҳои мазкур низ аз қабили онҳо мебошанд.
Баргузоршавии иҷлосияи таърихии XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар «Қасри Арбоб»-и ноҳияи Б. Ғафурови вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) барои мардуми вилоят ин як боварии калон буд ва масъулияти ниҳоят бузургро ба зиммаи роҳбарияти ҳамонвақтаи вилоят вогузор мекард, зеро масъалаҳои муҳайёсозии шароити бехатари фаъолияти вакилон ва таъминоти моддӣ-техникии шахсони ба кори Иҷлосия даъватшударо Ҳукумати вилоят бояд ҳал мекард ва хушбахтона, ин тадбирҳо дар маҷмӯъ бонизом амалӣ гардонида шуда буд.
Ҳамаи қарорҳои дар иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабулгардида бобати заминагузорӣ ба имзои Созишномаи сулҳу ваҳдат дар кишвар муҳим бошанд ҳам, интихоби вакилони мардумиро нисбати ба вазифаи Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин намудани Президенти имрӯзаи кишвар Эмомалӣ Раҳмон амали бениҳоят оқилона ҳисобидан зарур аст. Зеро, тавассути қарори Иҷлосияи таърихии мазкур ба арсаи сиёсат ва давлатдории тоҷикон чеҳраи нави сиёсӣ, шахсияти оқилу хирадманд ва дурандешу ғамхори беназири халқу миллат ворид гардида, тӯли ин солҳо Эмомалӣ Раҳмон вафодории хешро ба аҳди додаашон мунтазам исбот карда омада истодаанд, ки барои чунин хислатҳои наҷиб ин шахсияти таърихии давлатдории навини тоҷик Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат ҳисобида шуданд. Ҳанӯз он солҳо дарк карда мешуд, ки Эмомалӣ Раҳмон аз дақиқаҳои аввалини ба мансаби Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданашон роҳҳои муттаҳидкунии мардумони тамоми гӯшаю канори мамлакат, аз вартаи бӯҳрони сиёсию иқтисодӣ ва иҷтимоӣ ҳарчи тезтар раҳоӣ додани кишвар ва хотима додани тамоми зуҳуроти ҷудоиандозию маҳалгароиро дар байни мардумони минтақаҳои гуногуни ҷумҳурӣ ҷустуҷӯ мекарданд. Ҳамагон шоҳиди онанд, ки тӯли 25 соли охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини тинҷию осоиштагии мардуми кишвар, дар арсаи байналхалқӣ баланд бардоштани обрӯю нуфузи давлати тоҷикон чӣ қадар заҳматҳо кашидаанд. Мо набояд фаромӯш созем, ки ин марди нексиришт бо мақсади пурра амалӣ гардонидани қарорҳои Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати дувоздаҳум ва ба даст овардани сулҳу оштии миллии кишвар мувофиқи ваъдаҳои дар иҷлосия додаашон, ҷони худро борҳо зери хатар гузошта, дар давоми солҳои 1992-1997 чандин маротиба барои вохӯрӣ бо мухолифин ба давлати ҳамсоя - Афғонистон (ки маркази амалиётҳои террористон буд) ва дигар минтақаҳои он замон ниҳоят хавфноки ҷумҳурӣ сафар кардаанд. Дар ҳама ҳолат сабру таҳаммулро пеша карда, ба хотири оромии сиёсии мамлакат гузаштҳои зиёд мекарданд ва натиҷаи роҳбарии хирадмандонаи Президент буд, ки тоҷикон ба имзои Созишномаи сулҳ муваффақ гардиданд.
Таърих гувоҳ аст, ки ҳамаи ақлҳои солими кишвар дар солҳои пурошӯби 1992-1993 дарки масъулият карда, барои боз ҳам васеътар нашудани оташи ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тадбирҳои аз дасташон меомадаро меандешиданд ва дар бобати барқарор гардидани сохти конститутсионӣ дар кишвари азизи мо, бешубҳа, фарзандони вилояти Ленинобод (алҳол Суғд) низ мақоми махсус доштанд. Дар хотир дорам, ки тамоми мардуми вилоят новобаста аз мавҷудияти масъалаҳои ҳалталаби дохилӣ, тарафдори дастгирии бевоситаи моддию маънавии мардуми минтақаҳои ҷануби Тоҷикистон буданд. Зеро хуб медонистанд, ки дар он ҷо одамони бегуноҳ азоби гуруснагӣ мекашанд, оилаҳои зиёд бо сабаби ҷанги бародакушии таҳмилӣ бесаробону бесарпаноҳ мондаанд. Роҳбарияти ҳамонвақтаи вилоят аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода бурда, барои мардуми Кӯлоб ва дигар минтақаҳои қисми ҷануби ҷумҳурӣ орду ғалла, меваю сабзавот, сӯзишворӣ ва дигар асбобу анҷомҳои заруриро мефиристоданд.
Ҳанӯз дар рӯзҳои гузаштани Иҷлосияи мазкур аллакай як қатор намояндагони мухолифин ва тарафдорони онҳо низ ҳис мекарданд, ки одамкушию хунрезиҳо ва хонасӯзиҳои бемаънии дар мамлакат ба амал омада ба ягон талаботи демократию ошкорбаёнӣ мувофиқ намеояд, ноил шудан ба ҳадафҳои сиёсии ҳизбу ҳаракатҳои гуногун танҳо бо роҳи мубоҳисаҳои сиёсӣ ва дигаргунсозиҳои иқтисодии беҳдошти зиндагии мардумро таъминкунанда имконпазир аст. Аз ин рӯ, баъзе шахсиятҳои ҳақиқатан демократияхоҳ бо зудӣ аз қувваҳои носолим алоқаашонро канда, ба меҳнати софдилонаю бунёдкорона баҳри таъмини осоиштагии кишвар машғул шуданд, ки дар ин бобат мисолҳои зиёд овардан мумкин аст.
Хурсандиовар он аст, ки Роҳбари давлати мо аз рӯзҳои аввали фаъолияти давлатдориашон ба масъалаҳои хоста гирифтан ва ҷобаҷогузории кадрҳо, тарбияи мутахассисони ҷавон, баланд бардоштани масъулияти кадрҳои роҳбарикунанда бобати иҷрои вазифаҳои хизматиашон диққати махсус медиҳанд. Зеро ҳаёт борҳо исбот намудааст, ки омили асосии ҳамаи муваффақиятҳо дар тамоми соҳаҳо - ин ҷорӣ намудани интизоми қатъӣ, дарки масъулият, доштани таҷрибаи кофии касбӣ ва муносибати беғаразонаю боинсофона дар иҷрои вазифаҳои бар дӯш доштаи ҳар шахс мебошад.
Дар рӯзҳои охирини кори Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоби кадрҳо маро Раиси навинтихобгардидаи Шӯрои Олӣ Эмомалӣ Раҳмон даъват намуда, номзадиамро ба ҳайси Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намуданашонро гуфтанд ва бо ман сӯҳбати тӯлонӣ доштанд. Ҳамчун инсон ва мутахассиси соҳаи молия барои ба чунин боварии Роҳбари давлат сазовор гаштанам хеле хурсанд будам, аммо танҳо бо сабаби он, ки барои аз назди модари куҳансолам (рӯҳашон шод бод!) дуртар рафтан он рӯзҳо тамоман имконият надоштам, ин таклифро қабул карда натавонистам. Вале, ба Сардори давлат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваъда дода будам, ки дар кадом мансабе кор накунам, барои устувории пояҳои давлатдорию рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат то лаҳзаҳои охирини умрам саҳмгузор хоҳам шуд ва шукрона, дар тӯли солҳои сипаригардида ҳамеша баҳри иҷрои ин қавли додашуда кӯшиш мекардам.
Ҷоизи қайд аст, ки Президенти кишвар ҳамеша дар баромадҳояшон ба хирадмандию заковати бузурги мардуми Хуҷанди бостонӣ ва тамоми халқи вилояти Суғд (собиқ вилояти Ленинобод) бобати таъмини фаъолияти мӯътадили Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нигаҳдории якпорчагии ҷумҳурӣ дар он солҳои пурталотум баҳои баланд медиҳанд ва ин шаҳодати он аст, ки Роҳбари давлати мо ҳамаи шахсиятҳои ҷумҳуриро новобаста аз маҳалли зисташон, ки дар пойдор гардидани пояҳои Ҳукумати конститутсионӣ, рушду нумӯи иқтисодии кишвар ҳиссагузор шуданд, ҳамеша дар хотир нигоҳ медоранд ва қадршиносӣ менамоянд. Хело хуб мешуд, агар ин хислатҳои неки инсонии Сарвари дурандеши давлатамонро ҳамаи ҳукуматдорони сатҳҳои гуногуни ҳокимият ва тамоми роҳбарони ташкилоту муассисаҳо (новобаста аз шакли моликияташон) соҳиб гарданд.
Имрӯзҳо ҳар як фарди солимақл дарк менамояд, ки таҳти роҳбарии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон баҳри амалӣ гардонидани барномаҳои дигаргунсозиҳои иқтисодӣ, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум, пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ тадбирҳои ниҳоят муҳим андешида шуда истодааст. Корҳои азими ободонию бунёдкорӣ, аз қабили сохтмонҳои нақбу кӯпрукҳо ва роҳҳои ба талаботҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ, идома ёфтани корҳо бобати бунёди нерӯгоҳҳои хурду бузург, алалхусус НБО-и «Роғун», ки иншооти бузурги аср ва кафолатдиҳандаи бадастоварии истиқлолияти пурраи энергетикии мамлакат мебошад, ҳамчунин афзоиши мунтазами хароҷотҳои буҷети давлатӣ барои маблағгузориҳо ба соҳаҳои иҷтимоӣ далели ин гуфтаҳо мебошанд.
Ҷоизи зикр аст, ки тибқи дастуру супоришҳои Сардори давлат оид ба тақвият додани корҳои ободонию созандагӣ дар мамлакат, бо иқдоми ватанпарастонаи роҳбарияти вилоят бинои Қасри Арбоб пурра таъмир карда шуда, дар ҳудуди он иншооти боҳашаммати истироҳатию фароғатӣ (чойхонаи миллӣ, амфитеатр, фаввораҳою гулгаштҳои зебо ва ғайраҳо) бунёд гардида, ин макон алҳол ба як минтақаи ниҳоят ободи сайру саёҳат табдил ёфтааст ва он худ гувоҳи бевоситаи мардуми созандаю бунёдкор будани тоҷикон мебошад.
Ба ақидаи банда, онҳое, ки 25 сол қабл, дар рӯзҳои баргузоршавии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин минтақаи кишвар бо дили ғамноку хотири парешон омада буданд, албатта аз дидани манзараҳои имрӯзаи зебою нотакрори Қасри Арбоб ба ҳаяҷон омада, хуб дарк мекунанд, ки танҳо вазъияти ороми сиёсии мамлакат метавонад ба рушди бонизоми иқтисодию иҷтимоии он мусоидат намояд. Ногуфта намонад, ки барои ба чунин роҳи тараққиёт оварда расонидани давлати мо нақши Иҷлосияи наҷотбахши XVI-и Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бешубҳа хеле бузург аст ва нисбати ҳамаи онҳое, ки дар он рӯзҳои даҳшатбор баҳри якпорчагии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор буданд, Сардори давлатамон Эмомалӣ Раҳмон мунтазам сипосгузорӣ намуданашон, худ далели инкорнопазир будани хизматҳои ҳар як шахсияти таърихӣ дар назди давлату халқ мебошад.
Ёди он солҳоро карда, ҳамчун шоҳиди бевоситаи кори Иҷлосияи XVI-уми таърихии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷиикстон таъкид кардани онро зарур мешуморам, ки барқароркунии иқтисодиёти мамлакат, то ба сатҳи имрӯза оварда расонидани рушди иқтисодию иҷтимоии тамоми минтақаҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол танҳо тавассути ҷасорату хирадмандии Сардори давлат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ҳамдигарфаҳмию ҷонфидоии дигар фарзандони фарзонаи миллат ва сабру таҳаммули мардуми дурандеш ва соҳибфазилати давлати тоҷикон ба даст оварда шудааст.
Таҷлили пуршукӯҳи ҷашни 25-солагии Иҷлосияи тақдирсозу наҷотбахши XVI-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба ҷаҳониён хиради азалии мардуми тоҷик, дурандешии сиёсию заковати бузурги фарзандони далеру шуҷои миллатро баҳри муттаҳид намудани тамоми қувваҳои солим ҷиҳати аз вартаи касодӣ халос намудани халқу давлат ва ба роҳи рушди босуботи иқтисодию иҷтимоӣ нигаронидани мамлакат муаррифӣ хоҳад намуд.
Ҳар як фарди баору номуси миллатро зарур аст, ки ба қадри сулҳу ваҳдати имрӯза расида, аз ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузашта ба вуқӯъ омада хулосаҳои лозимӣ бароварда, бобати таҳкими дӯстиву рафоқат, баланд бардоштани иқтидори иқтисодии кишвар ва дар ин асос, ноил гардидан ба зиндагии шоистаи ҳар як сокини мамлакат ҳиссагузор бошад.
Карамулло ОДИЛОВ,
иштирокчии Иҷлосияи XVI-уми Шӯрои Олии ҶТ, Корманди шоистаи Тоҷикистон, Аълочии молияи Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

Тағйироти охир Шанбе, 18 Ноябр 2017 11:04
Хонданд 437
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.