.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

КАЙ ИМИҶИ МИЛИСА БОЛО МЕРАВАД?

Окт 28, 2017 Диданд: 1479
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Ҷияни ҳафтсолаам дар роҳ кормандони бозрасии автомобилиро, ки мошинҳоро манъ мекарданд, дида пурсид:

- Тағо, гаишник ҳам милиса аст?
- Бале, - гуфтам.
- Пас чаро аз ронандаҳо пул мегирад?- боз пурсид ӯ.
- Ба ростӣ, намедонистам чӣ гӯям.
Воқеан ҳам, имрӯз ҳатто кӯдаки хурдсол ҳам медонад, ки кормандони БДА ришваситонӣ мекунанд ва имиҷи милисаро коҳиш додаанд. Паст шудани обрӯи милиса пеш аз ҳама аз худи онҳо, аз рафтору муошират ва одобашон вобаста аст. Ба ҳамагон маълум аст, ки милисаҳои боодоб ва хушмуомила ангуштшуморанд.
Дар суҳбате як нафар тоҷики ҳолландӣ дар бораи рафтори пулис дар ин кишвар гуфт, ки онҳо хеле хушмуомилаанд. Агар ронанда қоидаи ҳаракат дар роҳро вайрон карда бошад, гуноҳашро ба хубӣ фаҳмонида ҷарима мекунанд ва боз бахшиш мепурсанд, ки ӯро ташвиш додаанд. Агар дар мошин кӯдак бошад, бахшиш пурсида, ронандаро ҷарима намекунанд, то ки ин ба равони ноболиғон таъсири манфӣ нарасонад ва хусуматро нисбати пулис ба вуҷуд наорад.
Ҳамчунин дӯсти ҳолландии мо гуфт, ки агар дар кӯча аз пеши пулис кӯдак барояд, ӯ ҳатман ба вай пуфак туҳфа мекунад. Ин амал ба хотири аз хурдӣ дарк кардани кӯдакон будааст, ки пулис дӯст ва муҳофизатгари онҳо мебошад. Шояд ба онҳо ҳар саҳар пуфак медиҳанд, ки имижи пулисро байни кӯдакон боло баранд, мегӯяд ӯ.
Дар мо бошад, аксар кӯдаконашонро «милиса омад», «милиса ҳабс мекунад», гуфта метарсонанд. Зеро милиса бо рафтори ношоямаш ба образи манфӣ дар ҷомеа табдил ёфтааст. Дигар мардум дар симои милиса муҳофизатгари қонуну тартибот ва худро намебинад.
Дар Русия аз 20 октябри соли равон меъёрҳои нави фаъолияти кормандони БДА мавриди истифода қарор гирифт. Дар санади мазкур бо ҷузъҳои хурдтарин рафтори корманди пулиси роҳ дар вазъияти гуногун оварда шудааст.
Аксар медонанд, ки кормандони БДА бо ронандаҳо ончунон бовиқорона муошират мекунанд, гӯё пеши онҳо муттаҳаме истода бошад. Ҳол он ки дар ҳама ҳолат бояд кормандони милиса нисбати шаҳрвандон хушмуомила бошанд.
Тибқи санади мазкур кормандони БДА ҳангоми муошират бо ронандагон бояд ҳатман хушмуомила бошанд. Аз ҷумла, кормандони БДА новобаста аз ҷинсият, синну сол, нажод, миллат, забон, шаҳрвандӣ, вазъи иҷтимоӣ, молӣ ва оилавӣ, нигоҳи сиёсӣ ва динии ронанда бояд аз ҳар гуна сухани қабеҳ ва рафтори ношоиста худдорӣ намоянд.
Ҳамчунин тибқи санади номбурда корманди БДА ҳақ надорад, ки дағалӣ намояд, бо оҳанги сахт гап занад, таҳқир кунад, беҳуда маҳкум намояд, луқма партояд ва бо рафтори худ ронандаро ба хашм оварда, ӯро ба ҳаракатҳои ғайриқонунӣ равона намояд.
Аз рӯи талаботи мазкур корманди пулис ҳангоми муроҷиат ба ронанда уҳдадор аст, худро муаррифӣ карда, ному насаб, вазифа ва рутбаашро номбар кунад ва сипас сабаби нигоҳ доштани мошинро бигӯяд. Ҳамчунин агар ронанда талаб кунад, бояд корманди пулис ҳатман ҳуҷҷати хизматии худро нишон диҳад.
Воқеан ҳам, тибқи муқаррароти фаъолият корманди БДА ҳангоми нигоҳ доштани мошин бояд назди ронанда рафта, худро муаррифӣ намояд ва сипас сабаби манъ кардани автомобилро бигӯяд. Мутаасифона, дар камтарин ҳолатҳо кормандони БДА дар кишвари мо талаботи мазкурро иҷро мекунанд. Аксаран онҳо мошинро манъ карда, интизор мешаванд, ки ронанда назди онҳо биравад. Мабодо агар ягон говҷигар аз мошин нафарояд, кормандони БДА хашмгин мешаванд ва аз ӯ бо ҳар баҳона ниқор мегиранд.
Бояд гуфт, ки муқаррароти мазкур дар ҳамаи кишварҳои демократӣ меъёри асосии фаъолият буда, кормандони пулис онро ҳатман риоя мекунанд.
Агар хоҳем, ки милисаи мо обрӯи пешинаи худро чун даврони Шӯравӣ барқарор намояд, кормандони милиса бояд ҳатман нисбати шаҳрвандон хушмуомила гарданд ва рафтори шоистаи таҳсин дошта бошанд.

Ҷовид Муқим

Тағйироти охир Шанбе, 28 Октябр 2017 10:48
Хонданд 1479
Баҳо диқед
(0 )

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари рӯз

Календар

« Сентябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
          1 2
3 4 5 6 7 8 9
10 11 12 13 14 15 16
17 18 19 20 21 22 23
24 25 26 27 28 29 30

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

  • «РИСК»

    Ба назар чунин мерасад, ки нависандагони мо ба «бемории хомӯшӣ»…
  • Чаро бояд китоб хонд?

    Инсон дар таърих ду кашфиёти бузург дорад: яке ҳунари ноширӣ,…

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.