.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Рӯзноманигор

Окт 02, 2017 Хонданд: 1260
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

(Дар ҳошияи 60-солагии Бобоҷон Икромов)

Вақте хабари 60-солагии ӯ расид, ростӣ, як қад паридем. Наход аллакай 60? Гӯё дирӯз аз 50-солагии ӯ мегуфтем ва ҳоло 10 соли дигар сипарӣ шудаву мо бехабар мондем. Кас худро ба ин маломат мекунад, ки аз канори як даҳа таърихи дигар хеле бехабар гузаштааст...
Ӯ як устод ва устураи зиндаи журналистикаи тоҷик аст. Онест, ки агар як ба зиндагиномааш назар андозӣ, мегӯӣ, чӣ рангину ғаниву пур аз ифтихор аст ва ҳамзамон инро ҳам мебинӣ, ки бо ӯ як даврони тиллоие шуруъ ва хатм шудааст. Агар холисанлиллоҳ, на рӯбинии воқеиятҳои мавҷуд, як рӯзноманигори касбиро зарур ояд, ки ном гирем, бахусус, дар соҳаи телевизион, беихтиёр номи ӯ гирди забон мечархад. Номи инсоне, ки як умр аз рӯзноманигорӣ канор нарафт ва то охир ҳар чӣ аз дасташ омад кард. Номи як шогирди муваффақ, ки ба устодии даҳҳо шогирд расид.
Сухан аз Бобоҷон Икромов аст...

Панди Турсунзода...
- Хушбахт аз он будам, ки шогирди устодони арзанда будам ва ҳамеша мекӯшидам, ба боварии онҳо сазовор бошам,- мегӯяд ӯ.
Фарзанди омӯзгорон буд. Падараш устоди риёзиёт, модараш устоди ҷуғрофия буданд. Як зиёӣ тавлид ва бузург шуд. Соли 1972 сарнавишт яке аз боэътибортарин зиёиёни давр Мирзо Турсунзодаро, ки намояндаи мардуми Исфара дар Шӯрои Олии Иттиҳоди Шӯравӣ буд, бо ӯ рӯ ба рӯ кард. Турсунзода ба деҳаи Чоркуҳ - зодгоҳи Бобоҷон барои мулоқот бо интихобкунандагон омад ва бо амри тақдир меҳмони омӯзгор Сайфиддин Икромов шуд. Ин ҳам тасодуф набуд, ки шоири бузург дар чашмони Бобоҷоне, ки дар сафи ҳозирин нишаста, ба ӯ бо ҳавас менигарист, як истеъдодро шинохт. Пурсид: “Шеър медонӣ?”. Бобоҷон банде аз достони «Ҷони ширин»-ро азёд гуфт. Турсунзода аз падари ӯ пурсид: «Мулло Сайфиддин, писаратон дар куҷо таҳсилашро идома хоҳад дод?». Падар ба Бобоҷон нигарист. Ахирӣ рамуз гирифт, ки ин суол ба ӯст ва зуд посух дод: «Мехоҳам муаллими забони англисӣ шавам». Турсунзода ба ӯ хитоб кард: «Бобоҷон, англисӣ хуб аст, вале гуворотару ширинтар аз забони модарии мо нест”. Ва ба ӯ маслиҳат дод, ки ба факултаи суханшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон равад...
Ҳамин тавр ҳам шуд. Панди Турсунзода Бобоҷонро ба саҳнаи сухану суханварӣ - риштаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон овард. Ӯро дарсҳои номоварони илми филологияи тоҷик - Шарифҷон Ҳусейнзода, Додоҷон Тоҷиев, Воҳид Асрорӣ, Соҳиб Табаров, Мукаррама Қосимова, ҳамчунин Худойдод Ҳусейнов, Баҳриддин Камолиддинов, Мадиброҳим Норматов, Худоӣ Шарифов, Абдунабӣ Сатторзода, Наима Қаҳҳорова, Иброҳим Усмонов, Абдусаттор Нуралиев, Султон Воҳидов, Толиб Хаскашев, Саид Ҳалимов, Алиакбар Муминов, Хоҷабек Зулфиқоров, бахусус, Мадиброҳим Норматов интизор буданд. Он устодони зебокалому соҳибфазлу олитабъе, ки аз тамоми гӯшаву канори Тоҷикистон беҳтарин устоду коршиносу пажуҳандаи таърихи забону адаби миллатро тарбия кардаанд...
- Хотираи он айём он қадар ширин аст, ки агар навори зиндагӣ ба ақиб гардад, маҳз он айёмро мехоҳам аз дигар зиндагӣ кунам,- мегӯяд Бобоҷон.- Аммо хуб дарк мекардам, ки дарсҳои зиндагӣ, ки дар чаҳорчӯби соатҳои дарсии донишгоҳ набуданд, дар пешанд.

Аз Ёвон то...
Пас аз хатми Донишгоҳ тақсимоти донишгоҳ ӯро ба рӯзномаи «Коммунисти Ёвон» партоб кард. Фурсати зиёд нагузашт, ки моҳи декабри соли 1978 Искандар Мирзоев ӯро ба телевизиони Тоҷикистон хонд. Ин ҷо низ омӯзгороне назири F. Н. Қаландаров, И. Мирзоев, А. Асроров, М. Муҳаббатшоев, М. Султонов, Р. Додхудоев, А. Самадов, С. Содиқов, Л. Налоева, В. Шпилев, Б. Қобилов, Б. Арамов, К. Бузруков, Н. Латифов, Р. Давидов, В. Бикова, А. Замонов, Х. Келдиёров, С. Fуломова ва даҳҳои дигар Бобоҷонро бо таълиму тарбияи касбиву инсонӣ фаро гирифтанд.
Аммо телевизионе, ки кори тамоми зиндагии ӯ шуд, барои ӯ “армуғон”- ҳое дар пай дошт. Нахустин матлабаш боиси қариб аз кор ронданаш шуд. Вақте муҳаррири хурди шуъбаи ахбор буд, бо ҳунарманди маъруф Ҷӯрабек Муродов мусоҳибае анҷом дод. Раиси Кумитаи давлатии радио ва телевизиони Тоҷикистон Ғоиб Қаландаров на танҳо мусоҳибаро написандид, балки дар ҷаласаи кумита масъалаи «бошад - набошад»-и муаллиф дар телевизионро ба миён гузошт. Марҳум Мазҳабшо Муҳаббатшоев, ки сармуҳаррири идораи ахбор буд, аз ӯ пуштибонӣ кард ва барои собит кардани Бобоҷон ӯро ба Хуҷанду Конибодом ва Шӯробу Исфара барои таҳияи гузоришҳо фиристод, ки хушбахтона, ҷони ӯро хариданд.
Телевизион аз ин ба баъд бо ӯ меҳрубон шуд. Ӯро кашф кард ва барои таҳсил ба шаҳрҳои Тошканд, Маскав, Минск фиристод, ки дониши фаннии ӯ дар кори телевизионро такмил дод.

“Сапеда”
Як замон устод Лоиқ Шералӣ аз сафари Амрико баргашта, ба телевизиони Тоҷикистон омад. Қаламеро чун армуғони сафар ба Бобоҷон туҳфа ва бо оҳанги шӯхӣ гӯё гила кард: «Э, бевафо, бевафо! Ҳоло ҳам дар чанголи коҳилӣ ҳастӣ. Наход, имкони эҷоди як барномаи навро надошта бошӣ?»...
Бо амри тасодуф он рӯзҳо Бобоҷон барномаи «Сапеда»-ро тарҳрезӣ мекард. Ризоияти роҳбарияти кумитаро гирифта буд, аз ин хотир, бадоҳатан ба устод Лоиқ гуфт: «Устод, рӯзи шанбе нахустнамоиши барномаи субҳгоҳии мо «Сапеда» аст, ороставу пероста аз ашъори зебои Шумо».
- Кори телевизион гуруҳист. Агар мақоларо барои рӯзнома як нафар дар сатҳи олӣ нависад, дар кори телевизион аз як даст садо намебарояд. Ба танҳоӣ ба бинанда як барномаи хубро наметавон пешниҳод кард. Он маҳсули сенарияи хуб ва кори ҳирфаии коргардону дастаи эҷодист, ки муҳарриру муҷриву наворбардору садобардору нурпардозу амсоли инро дар бар мегирад,- ин андешаи Бобоҷон Икромов дар бораи кори телевизион аст.

“Давраи тиллоӣ”
Аксарият солҳои 80-уми асри гузаштаро давраи гулгулшукуфии телевизиони Тоҷикистон мешуморанд. Устодоне, ки зикри хайрашон дар боло рафт ва ҳам кормандони маъруфи он - Саёҳат Неъматова, Ҳалим Сангинов, Толибхон Шаҳидӣ, Хайриддин Қосимов, Барно Fайбуллоева, Баҳром Сайфиддинов, Неъматулло Мирсаидов, Ҳикматулло Сатторов, Меҳрубон Раҳмонов, Мақсудшо Имматшоев, Оллоҳвердӣ Шодиев, Наврӯз Аҳмадов, Сергей Ситковский, Костя Кухаренко, Светлана Набиева, Малоҳат Дӯстматова, Акрамалӣ Ҳасанов, Иззат Самадов, Салом Нарзуллоев, Ҳасанҷон Халилов, Саидмурод Раҳимов, Каримҷон Бурҳонов, Неъмат Халилов, Ҷобир Азизмуродов, Шавкат Муҳаммадиев, Саидқул Қурбонов, Абдулло Олимов, Набиҷон Набиев, Раҳмон Остонов, Зулфиддин Муъминҷонов, Кароматулло Аҳмадов ва даҳҳои дигар барномаҳоеро, назири «Рангоранг», «Парасту», «Шоми Душанбе», «Ҷаҳоноро», «Чойхонаи Мушфиқӣ», «Ранда», «Меҳрангез», «Гуфтугӯи мустақими телевизионӣ», «Негатив», «Оҳанги зиндагӣ», «Муҳаббат ва оила» ва ғайра ба мардум пешниҳод карданд, ки то ба ҳол аз бозёфтҳои таърихи журналистикаи телевизионии тоҷик ба шумор меоянд ва онро ба як телевизиони воқеан мардумӣ табдил доданд.
- Чаро “давраи тиллоӣ” буд? Ҳама касбӣ буданд. Ҳама дар кори худ устод буд. Вақте чунин буд, барномаҳо ҳам касбӣ меомаданд. Бо он вуҷуд, ки телевизион сахт аз ҷониби мақомот назорат мешуд ва намегузоштанд, ки аз чаҳорчӯби идеология берун қадам ниҳем, кормандон он гуна кори худро иҷро мекарданд, ки ҳам “ганҷ ба даст меомад, ҳам ёр намеранҷид”. Ҳоло мебинам, ки риояи ин қоида дар замони мо фақат ба хотири касбият имконпазир буд. Ҳар чӣ накунед, телевизион ё расонаҳои дигар, ки аз ҳисоби буҷа, ё андози мардум кор мекунанд, моли мардуманд ва бояд барои мардум хизмат кунанд,- хулоса мекунад Бобоҷон Икромов.

Як роҳи ноҳамвор
Бо ин вуҷуд, кор дар телевизиони давлатии Тоҷикистон барои Бобоҷон Икромов як роҳи ҳамвору бедардисар набуд. Тайи 15 соли кор ӯро чор бор аз вазифа гирифтанд. Бори аввал барои мусоидат ба як барномаи танқидӣ дар бораи буҳрони парвариши занбӯри асал дар Тоҷикистон аз вазифаи директори барномаҳои телевизион сабукдӯш шуд. Аммо он замон “арбобон ба ҳар боб мезаданд”. Масалан, ӯро барои таҳсил ба Мактаби олии ҳизбии шаҳри Минск фиристоданд ва ин як усули халосӣ аз кадрҳои саркаш буд. Бори дуввум, бо фармони президент Раҳмон Набиев се соат аз вазифаи ҷонишини раиси телевизион ва радиои Тоҷикистон сабукдӯш карданд ва сипас, боз ба ҳамин вазифа таъин намуданд. Бори сеюм, моҳи майи соли 1992 нахуст гаравгони Мулло Абдуғаффору дастааш шуд ва баъд ин «пешвои дину мазҳаб» ӯро аз мақомаш барканор кард. Ва ниҳоят дафъаи чорум... Ин қисса тӯлонитар аст.

Байни обу оташ
Ин як давраи комилан дигар аст. Ҷолибтарин нуктаи ин давраи зиндагии Бобоҷон Икромов ин аст, ки ӯ як вазифаи баланд, зоҳиран, дар сатҳи вазириро анҷом дод ва замоне, ки касе намехост вазир шавад.
Соли 1992 дар иҷлосияи 16-уми Шӯрои олии Тоҷикистон аз сӯи раиси вақти он ва ҳоло президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вазифаи раиси Кумитаи радио ва телевизион пешниҳод шуд. Ин иттифоқ, ки дар Қасри Арбоб афтод, бо аввалин ҳукумате рабт дорад, ки таҳти раҳбарии Эмомалӣ Раҳмон бояд фаъолият мекард. 21 нафар ба вазифаҳо таъин гардиданд, аммо кам касе ҳозир шуд, ки ба Душанбе равад ва ба кор шуруъ кунад. Он вақт ҳаёту мамот байни ҳам сабқат доштанд. «Вазирон» дар ғами ҷони ширини худ буданд. Касе намехост зери борони тир адои вазифа кунад. Аз ин бадтар, аксарият ба сулҳу амният ва бақои ҳукумати конститутсионӣ бовар надоштанд.
Баъдтар ҷое президент Эмомалӣ Раҳмон он рӯзҳоро ба ёд оварда, гуфта буд, ки вақте ба бархе ашхос вазифаҳои вазириву раисии ҳукумати навро пешниҳод кард, розӣ нашуданд, балки баҳона пеш оварданд, ки пир шудаанд, ё вазъи саломатиашон хуб нест ва ё... Хулоса, намехостанд масъулияти он рӯзҳои сангинро ба дӯш гиранд. Аммо он рӯзҳои вазнин Эмомалӣ Раҳмон ду нафарро шабона ба наздаш хост ва супориши қатъӣ дод, ки роҳи Душанберо пеш гиранд. Яке, Саидамир Зуҳуров, раиси Кумитаи амнияти миллӣ ва дигарӣ Бобоҷон Икромов, раиси Кумитаи радио ва телевизион буданд. Онҳо ба Душанбе омаданд, шаҳре, ки ҳамоно дар ихтиёри Ҳукумати муросои миллӣ буд, аммо беҳокимиятӣ ҳукмронӣ мекарду пойтахт ба майдони тохтутозу даргириҳои гуруҳҳои мусаллаҳу ҷиноӣ табдил ёфта буд. Ва онҳоро чӣ интизор буд, намедонистанд.
Чаро Бобоҷон Икромов ба монанди дигарон баҳонаҷӯӣ накард? Шарҳи ӯ:
- Ҷавон будам, хунам ҷӯш мезад. Шукри Худо, аз чизе камӣ надоштам. Ошноҳоям аз хориҷ ба расонаҳои ҷаҳонӣ ба кор даъват мекарданд. Аммо ҳуқуқи маънавии тарки Тоҷикистонро надоштам. Наметавонистам ба сарнавишти ватан - модар, ки ба кӯмаки фарзандон эҳтиёҷ дошт, бефарқу нозири он бошам, ки замини падариям аз оташи як ҷанги таҳмилӣ чӣ тур месӯзад. Ихтилофи шадиди мазҳабиву ақидатӣ - зиддияти исломиву коммунист, қавмпарастӣ ва маҳалгароии сунъиву даҳшатовар, бетаваҷҷуҳӣ ва хомӯшии ҷуброннопазири сиёсатмадорону зиёиён ба сарнавишти кишвар ва дахолати хастагинопазири ҳамсоягони наздику дур ин бадбахтии миллиро ба сари мо оварда буд ва мо бояд ба баҳои ҷон бо он ҳама муқовимат мекардем. Ҳоло шояд барои бехабарон хандаовар намояд, аммо воқеан Тоҷикистонро таҷзияву нобудӣ, тавре имрӯз ба Ироқу Сурия мушоҳида мешавад, таҳдид мекард. Оё марг беҳтар аз ин зиндагӣ нест тамошобин бошӣ, ки чӣ тавр ватан - модаратро барбод медиҳанд? Худоро шукр, ин ифтихорро дорам, ки бигӯям, афроде даст ба кор шуданд, ки ба қавли шоир, “шишаи номуси миллат дар бағал доштанд”. Ва садҳо шукр, ки ман дар қатори онҳо будам...

Шаби хотирмони 7-уми декабри соли 1992
Бобоҷон тариқи ҳавопаймо мустақим аз Хуҷанд ба Душанбе омад. Дар фурудгоҳ ӯро сарбозони пойгоҳи 201-и Русия бо се танк пешвоз гирифта, ба бинои Хонаи Радио оварданд. Он шаб... Шояд ҳеҷ шабе дар зиндагии Бобоҷон Икромов он қадар хотирмон, фаромӯшнашаванда ва дар навбати худ даҳшатнок набуду нахоҳад буд, ки он шаб буд. Гоҳо он шаб ба хобаш медарояд ва ин кобус ҳатто ӯро дар бедорӣ таъқиб мекунад.
Аз соати 6-и бегоҳи ҳамон рӯз то соати 1-и шаб бинои Хонаи Радио аз сӯи як гуруҳи силоҳбадаст тирборон шуд. Ҷолиб ин буд, ки кормандони радио ва телевизион набуданд. Бино холӣ буд. Танҳо се - чор нафар кормандони техникӣ ҳузур доштанду халос. Он рӯзро Бобоҷон Икромов, ки раиси Кумитаи радио ва телевизиони ҳукумати нави Тоҷикистон буд, чунин ба ёд меорад:
- Хато накунам, 7-уми декабри соли 1992 буд. Банди кор будам, ки ногаҳ борони шадиди тири “Калашников” ба бино рехт. Худои меҳрубон некӯ нигаҳ дошт, ки ба 48 ҷои девори утоқи корам тир асобат кард, аммо ҷони ин банда дар амон монд. Ин мудҳиштарин сӯиқасд ба ҷони ман буд. Пас аз он ба худ гуфтам, ки чун Худованд туро нигаҳ дошт, пас дар роҳи дуруст ҳастӣ ва корро идома деҳ! Мефаҳмидам, ки агар дар ин роҳ ҷонам ҳам равад, беҳуда намеравад...
Ҳамон рӯзҳо зане ба Кумита занг зада гуфт, ки омода аст наттоқӣ кунад. Ӯ Мунаввара Мирхонова буд. Кормандони амнияти миллӣ бо ҳамроҳии танкҳои пойгоҳи 201 ӯро аз хонааш дар минтақаи Автовокзали Душанбе ба Хонаи радио оварданд. Бегоҳи 9-уми декабр Бобоҷон Икромов барои Мунаввара ин сатрҳоро навишта дод: “Ассалому алайкум, тамошобинони азиз! Ҳукумати конститутсионии Тоҷикистон ба фаъолият шуруъ кард!”...
“Ин чӣ ҳукумати конститутсионӣ буд? Чӣ аҳдоферо дунболагирӣ мекард? Ва аз ҳама муҳим: то куҷо ин аҳдофро воқеӣ ба миён гузошта буд?”. Ин суолҳоро пеши Бобоҷон Икромов матраҳ мекунему чашмонаш дар нуқтае аз канори утоқ хира мешаванд. Гӯё ба худ мегуфт, ки “бале, ҳоло ки замонаи дигар аст, дарки он рӯзҳо содда ба назар меояд, аммо чунин нест...”. Ӯ як нафаси чуқур мекашаду ба сухан медарояд:
- Пеши ҳукумат дар раъси Эмомалӣ Раҳмон як ҳадафи аслӣ гузошта шуда буд: сулҳ ва амнияти мардум. Ин ҳадаф эълон шуда буд, аммо мо зиёд сари он таъкид намекардем, зеро боз гуруҳҳое буданд, ки аз вазъ мехостанд барои худ суди бештар бардоранд, балки мехостанд, ба истилоҳи мардум, “обро лой нигоҳ дошта, моҳӣ доранд”. Ман ин гуруҳҳоро мушаххас намекунам, зеро ҳамчун шоҳиди айнӣ он чӣ мегӯям, як ҳарфи оддӣ нахоҳад буд. Ман дар майдони набард набудам. Дар ягон сохторҳои қудративу низомӣ ҳам хизмат намекардам, ки мустақим бо мухолифин ё ягон гуруҳи дигар ҷангида бошам. Майдони набарди ман садову симо буд. Як журналисте будам, ки таблиғоти ҳукуматро роҳбарӣ мекард. Он рӯзҳо барномаҳое, назири «Хоки Ватан» ва «Тоҷикистон - хонаи умеди мо»-ро роҳандозӣ кардем, ки ҳатто дар маҳфилҳои наздик ба ҳукумат барои сарзаниши мо баҳона дода буд. Ҳатто мегуфтанд, ки бо мухолифин ҳамдастӣ мекунем. Аммо худи таърих собит кард, ки роҳи мо ҳақ буд. Тариқи ин ду барнома мо тавонистем даҳҳо ҳазор муҳоҷири тоҷикро аз Афғонистону дигар кишварҳо ба Тоҷикистон баргардонем. Ҳамватанони мо баргаштанд, оғӯши бародарӣ кушодем ва чароғи умед дар манзилу маъвои онҳо дубора фурӯзон шуд. Ростӣ, агар пуштибонии бевоситаи Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон намебуд, шояд ҳамин барномаҳо ҳам набуданд. Як замоне буд, ки ҳама “ман” мегуфт ва мехост ба тасмимҳои раҳбари давлат таъсир расонад. Аммо он кас ба китфи мо мезад, ки пеш равед, ман бо шумоям!
Рафт ва расид… На фақат ӯ, балки тамоми миллат.
- Хуб, пас чаро соли 1994 Шуморо аз вазифа гирифтанд?
Бобоҷон Икромов мегӯяд:
- Он сол ҳанӯз ҷанги дохилӣ идома дошт, аммо ҳукумат ҳукумати соли 1992 набуд. Нуфуз карда, дар арсаи байнулмилал соҳиби эътибор гашта буд. Зарур донистанд, аз вазифа гирифтанд. Ман ҳам сахт хаста шуда будам. Тавре дар боло гуфтам, афроди алоҳида ё “ман”-ҳое ҳанӯз буданд, ки фишор меоварданд. Аммо ман аз он даврон хеле қаноатманд ҳастам. Ба иловаи он, ки дар боло гуфтам, корҳои дигарро низ анҷом додем, ки имрӯз самараашро тамоми миллат мебинад. Тайи ду соли корам ҷавононе, ки то ҷанг бо мо буданд ва ё дар замони ҷанг ба мо ҳамроҳ шуданд, назири Сафаралӣ Эргашев, директори ТВ “Кӯлоб”, Мунира Самадова, раиси ТВ “Суғд”, Асадулло Раҳмонов, собиқ раиси Кумитаи радио ва телевизион, ҳоло мушовири кадри Президент, Садриддин Шамсиддинзода, собиқ директори Агентии миллии “Ховар”, ҳоло “Ҷаҳоннамо”, Носир Саидов, директори ТВ “Сафина”, Набиҷон Набизода, директори ТВ “Синамо”, Иззатманд Саломов, собиқ раҳбари намояндагии “Интернюс” дар Тоҷикистон ва даҳҳо нафари дигар низ аз мактаби ҳамон рӯзҳои Кумитаи радио ва телевизион гузаштанд. Аз ин рӯ, рафтан аз вазифа ё мақом барои ман фоҷеъа набуд. Шахси ман нисбати амри раҳбарият ҳассосияте нишон надодам…
Ҳамин тавр, бори охир Бобоҷон Икромов моҳи апрели соли 1994 бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, он замон раиси Шӯрои Олии Тоҷикистон аз телевизиони давлатии Тоҷикистон рафт...

Аз “Мир” то “Вароруд”
Аз соли 1994 то соли 2000 Бобоҷон Икромов дар Маскав мушовири мудири телевизиони “Мир”, як расонаи русӣ буд, ки барои тамоми кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои муштаракулманофеъ барнома пахш мекунад. Ӯ дар умури Осиёи Марказӣ машварат медод.
Соли 2001 ба Тоҷикистон баргашт ва то соли 2016 сармуҳаррири ҳафтаномаи “Вароруд”, яке аз бонуфузтарин расонаҳои минтақаии Тоҷикистон буд. Онро ба як мактаби тарбияи рӯзноманигорони ҷавон табдил дод. Ҳоло иддае аз онҳо дар расонаҳои дохиливу хориҷӣ (Хуршед Халилбеков, хабарнигори “Россия - сегодня” (Русия) ва Каюмарси Ато, хабарнигори радиои “Озодӣ” (ИМА) кор мекунанд.
Ҳамин тавр, Бобоҷон Икромов ҳамчун рӯзноманигори касбӣ, дигарбора ба майдони рӯзноманигории Тоҷикистон баргашт. “Вароруд” тайи ин ҳама солҳо ба яке аз расонаҳои муҳими минтақаӣ табдил ёфт, ки майдони иттилои вилояти Суғдро ба даст гирифт ва бо расонаҳои вилоятҳои кишварҳои ҳамсоя дасту панҷа нарм кард.
Аз ин хотир, худи ҳафтанома соли 2004 ва сармуҳаррираш соли 2016 ба муътабартарин мукофоти рӯзноманигории тоҷик - Ҷоизаи устод Лоҳутӣ сазовор дониста шуданд...

Охирсухан
Ҳамин тавр, Бобоҷон Икромов аз як шогирди хуб ба устоди мумтоз табдил ёфт. Он чиро омӯхт, ба дигарон дод ва бар иловаи ин, як чиро ба шогирдон дод, ки аз касе нагирифта буд: мактаби бузурги инсоният!
Онҳое, ки ӯро мешиносанд, бар иловаи як раҳбари кордону рӯзноманигори касбӣ буданаш, сатҳи баланди фарҳангу муомила ва инсонияти ӯро низ зикр мекунанд. Ҳар касе бо ӯ ҳатто як бор ҳамсуҳбат шавад, ӯро болотар аз тасвиру тасаввуроте мебинад, ки қаблан шунида буд.
Устод ҳоло ба синни мубораки 60 қадам мезанад. Ва ин суханони ӯро метавон нақли қавл кард:
- Ҳарчанд аз вазифаҳо канор рафтаам, ҳамоно вақте мепурсанд, ки чӣ кор мекунам, беихтиёр посух медиҳам: “Рӯзноманигор!”. Вақте мепурсанд, ки дар куҷо кор мекунӣ, мегӯям: “Рӯзноманигори мустақил!”. Ва инро бо ифтихор мегӯям. Худоро шукр, ки як умр рӯзноманигор будам. Ба рӯзноманигорони ҷавон гуфтаниям, ки аз касби худ ифтихор кунанд, зеро ин касбест, ки барои дифоъ аз манфиатҳои мардуму миллат эҷод шудааст. Агар Худованд бори дигар маро халқ кунад, боз аз роҳи рӯзноманигорӣ хоҳам рафт...

“ФАРАЖ”

Тағйироти охир Душанбе, 02 Октябр 2017 13:46
Хонданд 1260
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.