.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Росташро гӯед, саркашҳоро ҷазо додаед!?

Окт 02, 2017 Хонданд: 648
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Мушкилоти нақлиёти мусофирбарии шаҳри Душанбе солҳост, ки идома дорад. Хусусан бо оғоз шудани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ, дигар ҳатто аз аввали хатсайр ҳам ба нақлиёт нишастан кори саҳл нест: ҳатман бояд чусту чолокӣ нишон дода, ҳатто мошин наистода, дарро кушода, худро дохили нақлиёт партоӣ, вагарна, ба кор ва ё дигар ҷойи лозима саривақт расидан амри маҳол аст. 

Бо дарназардошти чунин вазъ ҳанӯз соле пеш раиси вақти шаҳри Душанбе барои тағйир додани вақти дарс дар муассисаҳои олии таълимӣ дархост карда буд. Вазорати маориф ва илм дархостро қабул ва иҷро кард. Пас аз соати 7-у 30 дақиқа муайян кардани вақти дарс мушкилоти норасоии нақлиёт дар саҳар то андозае коҳиш ёфта буд, зеро муҳассилин аллакай дар ин вақт ба донишгоҳ мерасиданд ва мусофирони дигар, ки шояд аксаран коргаранд, бемамониат дар вақти зарурӣ ба ҷойи лозима роҳсипор мешуданд. Мутаассифона, Вазорати маориф ва илм бо оғоз шудани соли хониши 2017-2018 саросемавор эълон кард, ки «бинобар зарурат надоштан» вақти дарсӣ (дар шаҳри Душанбе) чун солҳои пеш соати 8:00 муайян мешавад. Аммо ҳамагӣ моҳе нагузашта, эҳсос шуд, ки асосан чунин тасмим гирифтани вазири маориф ва илм «зарурат надошт». Зеро шуруъ аз якуми сентябр ҳар субҳ қад-қади роҳҳои шаҳри Душанбе пур аз мусофиронест, ки ҳар лаҳза ба соат менигаранд ва аз дер кардан ба кор нигаронанд.
Воқеан, мушкилотро роҳбарияти шаҳри Душанбе саривақт дарк намуда, барои тағйир додани вақти дарс ба Ҳукумати кишвар ва Вазорати маориф ва илм муроҷиат намуд. Дар ин дархост зарурати гузаронидани вақти дарсӣ ба соати 9:00 нишон дода шудааст, ки оқилона ва саривақтист. Ин иқдоми раиси шаҳри Душанбе қобили дастгирист. Зеро дар шароити имрӯза шояд ягона роҳи сабук карадани мушкилот бошад. Чунки теъдоди микроавтобус ва автобусу троллейбусро зиёд кардан, дар кӯчаҳои бе ин ҳам сермошини шаҳри Душанбе шояд мушкилоти тамбашавиро ба вуҷуд орад.
Директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбехадамотнақлиётрасон» Фирдавс Саидзода зимни суҳбат бо мо гуфт, ки «чунин вазъ дар тамоми шаҳрҳои калон вуҷуд дорад. Дар шаҳри Душанбе ҳолати норасоии нақлиёт ҳамагӣ 20 дақиқа давом мекунад. Мо кор карда истодаем ва рӯзҳои наздик мушкилот бартараф мешавад».
Хеле хуб мешавад, ки то дастгирӣ ёфтани пешниҳоди раиси шаҳри Душанбе аз ҷониби Ҳукумат, саҳар дар вақти зиёд будани анбуҳи мусофирон лоақал як автобуси калон дар хатсайрҳое, ки айни замон танҳо микроавтобусҳо фаъолият доранд, ҷудо карда шавад. Масалан, дар хатсайри рақами 25 ин корро кардан айни муддаост, зеро аксар мусофирбарони ин хатсайр имкони савор кардани ҳамагӣ даҳ нафарро доранд. Аз ин рӯ, ҳангоми зиёд будани мусофирон як автобус ҳам метавонад шиддатро то андозае паст намояд.
Агар корманде бо иллати мушкилоти нақлиёт ба кор дер ояд, ҳатман барои чунин саҳлангорӣ огоҳие аз роҳбарияти корхонааш мегирад. Аммо ба назар чунин мерасад, ки баъзе роҳбарони ширкатҳои хизматрасонӣ дар самти мусофирбарӣ парвои бартараф кардани мушкилотро надоранд. Барои чунинҳо танҳо ҷамъоварии маблағ муҳим асту халос. Вагарна, микроавтобусҳое, ки бо ҷамъияти онҳо шартнома дораду дар хатсайри муайян фаъолият мекунад, баъзан то ними роҳ ва шояд баъзан умуман бе мусофир ҳаракат наменамояд. Баъзан аз муомилаву муоширати дағал ва барзиёд ситонидани роҳкиро аз ҷониби ронандагон ва ё пулчинакҳои нақлиёти ҷамъиятӣ дар ВАО ва шабакаҳои иҷтимоӣ матлабҳо ба нашр мерасад. Роҳбарони ширкатҳои мусофирбар ва Хадамоти назорати давлатии танзим ва назорат дар соҳаи нақлиёт бо раддияи ҳангомавие вокуниш нишон дода, аз ҷарима шудани ронанда ва ё пулчинак бо маблағи зиёд (аксаран аз 1000 сомонӣ бештар) хабар медиҳанд. Вале вазъ на танҳо ислоҳ, балки зиёдтар такрор мешавад.
Воқеан, ҳанӯз саволе беҷавоб мемонад, ки агар масъулини ширкатҳо ва дигар хадамоти лозима чунин чораандешӣ намоянд, пас чаро солҳо боз мушкилот идома дорад? Оё воқеан ронандагони тартиботро вайронмекарда ҷазои сазовор мегирифта бошанд? Ва ё пас аз қатъ шудани шартнома аз ҷониби ширкате бо ширкати дигар шартнома баста, дар дигар хатсайр фаъолият мекунанд?
Ҳамарӯза бо хатсайри рақами 25 омадурафт дорам ва шоҳиди бевоситаи давутози мусофирон дар ин хатсайр ҳастам. Мутаассифона, баъзе аз ронандагони микроавтобусҳои маъруф чун «Старекс» дар вақте ки норасоии нақлиёт шадидан эҳсос мешавад, «нағмабозӣ»-ро шуруъ мекунанд. Ҳамин ки барои азқайдгузарӣ мошинро нигоҳ медоранду мусофирон медаванд, ронанда аз анбуҳи одамон истифода карда, то ними роҳ, аксаран то маҳаллаи маъруф бо номи «Қарияи боло» рафтанашро изҳор медорад. Вақте ки сабаб мепурсем, ҷавоб ҳамонест, ки имрӯз миёни мардум маъмул аст: «кор дорам». Дар асл, ин гуна ронандагон, ки ба ҷуз мусофиркашонӣ коре надоранд, танҳо ба хотири зиёдтар мусофир гирифтан ва аз ин ҳисоб маблағи бештар даромад кардан чунин нағмаро ба роҳ мондаанд. Зеро хуб медонанд, ки аз соати 7 то 7-у 40 дақиқа мусофирони зиёде интизори нақлиётанд ва фаровардани даҳ нафар то Қарияи боло имкон медиҳад, ки 10 нафари дигарро то охири хатсайр савор кунанд. Яъне агар аз аввали хатсайр то охир ҳаракат кунанд, шояд чанд нафаре ҳастанд, ки то маҳаллаи Сирк (бо 1 сомонӣ) ва чанд нафари дигар то охири хатсайр (бо 2 сомонӣ) маблағи роҳкиро месупоранд. Аз ин рӯ, ронандагон нафарони аз аввал то охири хатсайр сафармекардаро чашми дидан надоранд. Бинобар ин, бо баҳонаи «кор доштан»-и ронанда, нафаре, ки то охири хатсайр ҳам ҳаракат карданӣ бошаду аммо ба нақлиёте савор шавад, ки ронандааш то Қарияи боло рафтанашро изҳор дошта буд, ҳатман бояд ба ҷойи 1 сомониву 60 дирам 3 сомонӣ пардохт намояд.
Инчунин, микроавтобусҳои маъруф бо номи «Мерседес спринтер» ба ҳадде аз меъёр зиёд мусофир савор мекунанд, ки нафас гирифтан дар дохили нақлиёт душвор мешавад. Ғайр аз ин, дар ин фосилаи вақт (аз соати 7 то 7-у 40 дақиқа) ронандагон тарзе бо мусофирон мағрурона рафтор менамоянд, ки гӯё соҳиби мутлақи замину замон бошанд. Чунин вазъ дар дигар хатсайрҳо низ ба мушоҳида мерасад.
Шояд масъулин моро ба умумгӯйӣ муттаҳам мекунанд ва рақами мушаххаси нақлиётро талаб менамоянд, аммо ин амал якрӯза ва ё аз ҷониби як нафар содир намешавад, ки бо пешниҳод кардани рақами қайди давлатии автомобилаш мушкилот бартараф шавад. Мутаассифона, шумораи чунин нафарон кам нест. Масъулинро мебояд бо истифода аз рейдҳои ногаҳонӣ ба ин рафтори номуносиби баъзе ронандагон хотима диҳанд. Кифоя аст, ки ҳамагӣ чанд дақиқа дар маҳаллаи Зарафшон интизори нақлиёт бошӣ ва чунин ҳодисаҳоро бо чашми сар мушоҳида намоӣ…

Шариф АТОБУЛЛОЕВ

Тағйироти охир Душанбе, 02 Октябр 2017 13:19
Хонданд 648
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.