.

Alternative flash content

Requirements

Get Adobe Flash player

Скачать шаблоны для Joomla бесплатно
Светлые Joomla шаблоны.

Ҳукумат

Шумо дар Ҳукумат

Зафар Ҳусейнов: Бояд ифтихор дошта бошем

Сен 02, 2017 Хонданд: 1013
Уникальная программа снижения веса от Фаберлик.
Новинки косметики фаберлик на faberllena.ru

Муассисаи давлатии Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ яке аз муассисаҳои калонтарини илмию табобатӣ ва тадқиқотӣ буда, дар шаҳраки Шифокорон (Қарияи боло) дар қисмати 10 воқеъ мебошад. Ин муассисаи давлатӣ чи аз лиҳози потенсиали илмию тадқиқотӣ ва чи аз нигоҳи табобатӣ дар миқёси минтақа ва берун аз он яке аз муассисаҳои тандурустии беҳтарин шинохта шудааст. 

Дар ин марказ 11 нафар докторон ва 17 нафар номзадҳои илмҳои тиб фаъолияти корӣ доранд. Дар асоси базаҳои муҷаҳҳази ин маркази табобатӣ ду кафедраи Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва Муассисаи давлатии баъдидипломии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доранд, ки дар як вақт ба беморону ниёзмандон кӯмаку маслиҳатҳои худро арзонӣ медоранд. Ин муассисаи давлатӣ дорои 235 кати табобатӣ буда, аз ҳашт шуъба, аз қабили шуъбаи бемориҳои репродуктивӣ (30 кат), шуъбаи онкопроктоурологӣ (25 кат), шуъбаи кӯдакона (30 кат), шуъбаи кимиёдармонӣ ва ёрии полиативӣ (30 кат), шуъбаи нурдармонӣ (40 кат), шуъбаи тороко-абдоминалӣ (30 кат), шуъбаи умумӣ (30 кат) ва шуъбаи маммалогӣ ва ҷарроҳии реконструктивию барқарорсозӣ (20 кат) иборат мебошад. Қисми ташхисӣ аз шуъбаи ташхис ва табобати амбулаторӣ (дармонгоҳӣ), шуъбаи ташхиси рентгенологӣ, эндоскопӣ ва ултрасадо, озмоишгоҳи клиникию биохимиявӣ, озмоишгоҳи иммунологӣ, озмоишгоҳи бактереологӣ, шуъбаи ташхиси морфологӣ бо имунногистохимия ва қисми ёрирасон, ки аз шуъбаи ташкилию методӣ, лобараторияи истеҳсоли маҳлулҳои тамизшуда, шуъбаи хунгузаронӣ, шуъбаи хӯрока ва шуъбаи хоҷагидорӣ иборат мебошад. Ин муассисаи давлатӣ дорои дармонгоҳи машваратӣ мебошад, ки дар як рӯз қобилияти қабул намудани зиёда аз 300 беморро дорад. Инчунин, дар дармонгоҳи машваратӣ беморон метавонанд ба табибони гӯш, гулӯ ва бинӣ, табиби бемориҳои занона, ҷарроҳони кӯдакон ва калонсолон муроҷиат намоянд. Дар марказ лобараторияи морфологӣ фаъолият менамояд, ки ин боиси осон шудани ташхисгузаронии морфологӣ гардидааст.
Давоми нимсолаи авали соли 2017 дар дармонгоҳи марказ 6307 нафар беморонро қабул намудаанд, ки аз онҳо 3518 нафарашон бистарӣ карда шудаанд. Аз ҷамъи умумии муроҷиаткунандагон 5496 нафар муроҷиаткунанда калонсолон буда, 811 нафари боқӣ беморони хурдсол мебошанд, ки ин рақам нисбат ба нимсолаи аввали соли 2016-ум 963 бемор зиёд аст. Нисбат ба нимсолаи аввали соли 2016-ум 175 бемор зиёд ба қайд гирифта шудааст. Дар муоина ва муайян намудани ташхиси беморони Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ ҳиссаи шуъбаи рентгенология ва ултрасадо мавқеи муҳим дорад. Дар ин шуъба мутахассисони баланддараҷа кор мекунанд. Шуъба бо дастгоҳи рентгенӣ ва дигар лавозимоти лозимӣ барои кори пурраи он таҷҳизонида шудааст. Дар шуъба аз моҳи сентябри соли 2010 дастгоҳи маммограф фаъолият дорад, ки дар шаш моҳи соли 2017-ум 329 ташхиси маммография гузаронида шудааст. Дар шуъбаи ташхиси дарунӣ муоинаи ултрасадои узвҳо ва ташхиси эндоскопӣ гузаронида мешавад. Шуъба бо чор адад таҷҳизоти ултрасадо, гастроскоп, клоноскоп, брохоскоп таҷҳизонида шудааст.
Аз ҷумлаи беморони гирифтори бемории бадсифат, ки 1395 нафарро ташкил медиҳанд, ҷойҳои аввалро бемориҳои зерин ишғол мекунанд:
1) Саратони ғадуди ширӣ.
2) Саратони пӯст.
3) Саратони гарданаки бачадон.
4) Саратони меъда.
5) Лимфомаҳо.
6) Саратони шуш.
Дар марказ барои табобат ва ҷарроҳии дилхоҳ омос ва дигар варамҳо, ки ба категорияи бемории саратон дохил мегарданд, тамоми шароит муҳайё карда шудааст. 98,6%-и умумии табибон ва 78,2%-и кормандони миёнаи тиб дорои дараҷаҳои корманди тиб мебошанд, ки ин рақам беҳтарин дар мамлакат ба ҳисоб меравад. Аз лиҳози дараҷанокии илмии кормандон бошад, 49,4%-и табибон дараҷанокии илмиро соҳиб мебошанд, ки ин гувоҳи масъулияти баланд доштани мутахассисони ин муассисаи давлатӣ мебошад, ки аз ду нафар корманд як нафараш дараҷанокии илмиро соҳиб мебошад ва баҳри пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ дар ин муассисаи бонуфузи тандурустии кишвар барои бурдани корҳои илмию тадқиқотӣ ва пешгирӣ намудани бемориҳои саратонӣ дар давраҳои аввал тамоми шароитҳо муҳайё карда шудааст. Саҳми кормандони илмии ин муассиса миёни дигар чунин муассисаҳои минтақа бағоят калон буда, танҳо давоми шаш моҳи аввали соли ҷорӣ кормандони ин муассиса дар даҳҳо конфронсу семинарҳои дохилию байналмилалӣ иштирок намуда, маърӯзаҳо кардаанд.
Танҳо давоми шаш моҳи аввали соли 2017 дар марказ 2840 нафар бемор табобат ёфтааст, ки ин 74,6% иҷроиши кат-рӯзро ташкил медиҳад. Дар асоси дастовардҳои илмӣ соҳаи саратоншиносии ҷумҳурӣ ба натиҷаҳои хуби корӣ ноил гардидааст.
Дарёфти бемории саратон дар марҳилаи аввали табобат аз 50,5 % то 71,1% афзоиш ёфта, марҳилаи чоруми табобатӣ бошад, аз 18,3% то 17,2% паст карда шудааст.
Дар натиҷаи ҳамкориҳо бо МАГАТЕ шуъбаи нурии Муассисаи давлатии илмию саратоншиносӣ пурра бо таҷҳизоти ҳозиразамон ҷиҳозонида шуда, мутахассисон барои кор кардан бо чунин таҷҳизот дар хориҷи кишвар омӯзонида шудаанд, ки дар асоси ин дастовард лоиҳаи ташкили шуъбаи табобати нурӣ дар вилояти Суғд аз тарафи МАГАТЕ ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирӣ ёфта, сохтмони он оғоз ёфт. Бо дасгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шуъбаи кӯдакона таъмири пурраи капиталӣ гузаронида шуда, он бо таҷҳизоти нави муосир таъмин карда шуд.
Дар ҳамаи марказҳои саратоншиносӣ, ки дар ҷумҳурӣ чортоянд, дорухонаҳои махсус барои фурӯши дорувории кимиёдармонӣ ба роҳ монда шудааст. Лабараторияҳои имунноферментӣ барои муайян кардани онкомаркерҳои бемории саратон дар ҷумҳурӣ ба роҳ монда шудааст. Базаҳои моддию техникии муассисаҳо аз ҳисоби дастрасии таҷҳизоти муосири эндоскопӣ, рентгени рақамӣ, ултрасадо барои бахши эҳё ва наҷот беҳтар кунонида шудааст. Дар амалия ҷарроҳиҳои басо мураккаб дар муассисаҳои махсусгардонидашудаи табобатӣ ворид карда шудаанд.
Сафи кормандони илмӣ дар соҳа аз ҳисоби ҳимояи рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ афзуд. Кадрҳои саратоншинос ба воситаи интернатура ва ординатураи клиникӣ дар ДДТТ ва ДТИ бо БКТТ тайёр карда мешаванд.
Дар Маркази илмии саратоншиносӣ дар натиҷаи таъмири капиталӣ ва дастрасии лавозимоти тиббӣ барои гузаронидани табобати паллиативӣ шароити хуб ташкил карда шудааст. Дар ҳамкорӣ бо ташкилоти умумиҷаҳонии тиб реестри ягонаи беморони саратон ташкил карда шудааст.
Дар асоси дастгири бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар ва махсусан бо дастгирии бевосита ва ҳаматарафаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз дар ин муассиса барои пешгирӣ, ташхис, табобат ва гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ тамоми шароит муҳайё буда, дилхоҳ беморони саратон дар давраи аввали беморӣ дар ин муассиса пурра табобат карда мешаванд. Аз натиҷаи таҳлилҳо муайян карда шуд, ки дар асоси дар вақташ муроҷиат намудан ба табибон аз категорияи якуми беморӣ 99,9% ва аз категорияи дуюми беморӣ 95,7%-и беморон пурра табобат карда мешаванд.
Дар суҳбат бо мо директори ин муассиса, доктори илми тиб Ҳусейнов Зафар Ҳабибуллоевич иброз намуд, ки «дар он комёбиҳои беназире, ки мо ноил гардидему соҳаи тандурустии кишвар басо рушду нумуъ намуд, хизмати фарзонафарзанди миллат, президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиёд аст. Имрӯз мо ба он дастовардҳое ноил гардидем, ки давоми 70 соли гузаштаи замони шӯравӣ онро орзу мекардем. Мо табибон бояд ҳамеша аз сарвари хирадманд ва Пешвои муаззами худ ифтихор дошта бошем».

Саиди ҲАЙДАР, МТЖТ

Тағйироти охир Шанбе, 02 Сентябр 2017 14:17
Хонданд 1013
Баҳо диҳед
(0 )

Медиа

ШУМО НАЗАР Ё ПАЁМЕ ДОРЕД

_______________________________________________

Хабари-рӯз

Календар

« Ноябрь 2018 »
Пн Вт Ср Чт Пт Сб Вс
      1 2 3 4
5 6 7 8 9 10 11
12 13 14 15 16 17 18
19 20 21 22 23 24 25
26 27 28 29 30    

Минбари сардабир

  • симКАРта

    Дар ҳафтае, ки гузашт, дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин калима аз…

Нигоҳи хос

Парадокс

Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№4
Саидмукаррам АБДУҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламо - Зиёда аз ин, тавассути тағйиру иловаҳое, ки ба ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№3
Бег САБУР, раиси Хадамоти алоқа:- Ман қарорамро бекор накардаам.Танз: Офарин ба Шумо, оғои Бег ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№2
Аскар ҲАКИМ, Шоири халқии Тоҷикистон:- Дар замони шӯравӣ мо асареро пайдо намекунем, ки дар ...
Гуфтед? Мегӯянд! (№1
Абдуалим ИСМОИЛЗОДА, раиси шаҳри Қӯрғонтеппа Хонандаи беҳтарин- Кӯшиш мекунам ҳар рӯз лоақал ...

Назарҳо

Яндекс.Метрика

 

Яндекс.Метрика

 

© «Фараж», 2011-2018. Истифодаи маводи сайти мазкур танҳо бо иҷозати хаттии идора мумкин аст.

Нишонии идора: шаҳри Душанбе, хиёбони Саъдии Шерозӣ, 16, ошёнаи 8.
Сайт бо кӯмаки моддии Free Press Unlimited сохта шудааст.